JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Сентябри 2026 09:35

Рӯдакӣ ва Мавлоно

Муаллиф:

 

Ақл қувват гирад аз ақли дигар,

Найшакар комил шавад аз найшакар.

                                                   Мавлоно

  Дар бораи таассури Мавлоно аз устод Рудакӣ аввалин бор рӯдакишиноси бузург устод Саид Нафисӣ дар китоби «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» маълумот додааст. Ӯ дар бахши «Мазомини Рӯдакӣ дар ашъори дигарон» таваҷҷуҳи машоихи тасаввуфи Эронро ба устод Рудакӣ зикр карда, ду танро дар ин раҳгузар, яъне татаббуъ дар ашъори Рудакӣ пешгом мешуморад. Яке Абусаиди Абулхайр, дигаре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Бад-ин маънӣ, ӯ дар фасли «Абусаиди Абулхайр ва Рудакӣ» чунин менависад: «Яке аз корҳои бисёр писандидаи машоихи тасаввуфи Эрон ин будааст, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи муридону касоне, ки мехостанд эшонро ба худ наздик кунанд, ашъори шурангези муассиру шево ба забони форсӣ дар мувоизу таълимоти худ мехонданд. Гоҳе ин ашъорро иртиҷолан худ месуруданд ва гоҳе низ аз бузургони сухансарои Эрон истишҳод мекарданд. Ва дар ин замина ду тан аз ин бузургон беш аз дигарон эҳтимом доштанд. Яке орифи машҳур Абусаиди Абулхайр будааст ва дигаре орифи номвар Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ». 1

(дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ)

   Аз фурсати мусоиди соҳибистиқлолӣ ва фазои бози ватанӣ истифода намуда, ҷашни бошукӯҳи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро табрик мегӯям. Ҷашни миллӣ-давлатии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

  Дар ҳошияи 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи мавзуи “Соҳибистиқлолӣ—имкони худогоҳию худшиносӣ” нукоти иҷмолиеро хидмати шумо-хонандагони матбуоти даврӣ ва  корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ арз медорам:

(Андешаҳо дар ҳошияи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ)

    Чун дар арафаи 35-умин солгарди ҷашни бошукӯҳи миллӣ-давлатӣ -- Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, кулли ҳамватанон ва тамомии тоҷиктаборони ҷаҳонро ба ифтихори ин ҷашни умумимиллию умумидавлатӣ шодбош мегӯем ва умед мекунем, ки истиқлолу ваҳдати миллӣ ҷовидонӣ бошад.

   Муҳимтар аз ҳама, истиқлолу озодӣ, дар баробари ҳаёту зиндагӣ ва донишу хиради фардию ҷамъӣ, аслу арзиши калидии инсонист ва танҳо миллату халқиятҳое ба дараҷаи истиқлолу озодӣ расидаву мерасанд, ки пеш аз ҳама, огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ дошта бошанд. Миллате, ки ба дараҷаи огоҳӣ ва истиқлоли фикрию зеҳнӣ нарасидааст, ба қадри озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ҳаргиз нарасидаву намерасад. Шинохт аз худ ва дигарон, ташхиси мушкилоти фикрию зеҳнӣ, шиносоии уқдаҳои сириштию ботинӣ ва мунтаҳо, огоҳӣ аз равандҳои дохилию хориҷӣ миллатро ба сатҳи озодию истиқлол мерасонад ва дар баробари таҳдиду хатарҳои дохилию минтақавию глобалӣ муқовим месозад.

   Истиқлолият барои ҳар як миллат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки эҳёи худшиносӣ, бедории маънавӣ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки дар сарзамини худ таърихи чандинҳазорсола, фарҳанги ғанӣ ва мактаби бузурги илмиву адабӣ дорад, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар охири асри XX рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии худро интихоб намояд.

Саҳифа аз 3 то 299

Китобҳо