(Ин мақола тавассути нармафзор аз ҷониби Толиби Розӣ (Шарипов) аз хатти форсӣ ба тоҷикӣ баргардон шудааст. Бо сабаби мавҷудияти фарқиятҳои имлоӣ байни забони тоҷикӣ ва форсӣ аз иштибоҳоти имлоӣ сарфи назар шавад. Мақолаи аслиро метавон аз нишонии дар боло оварда дастрас кард.)
Агар бихоҳем содатарин таъриф аз ҳуши маснуъиро ироа диҳем ё ба ҳуши маснуъӣ чист посухе диҳем, метавонем бигӯем: ҳуши маснуъӣ маҷмӯъае аз системаҳои компютерӣ аст, ки метавонанд бисёре аз корҳо монанди истидлол (андеша) кардан, тасмимгирӣ, ҳалли масаъла ва ғайраро то ҳади зиёде шабеҳи инсон ва гоҳе ҳатто беҳтар ва дақиқтар аз инсон анҷом диҳанд. Лозим аст ишора кунем, ки то ҳамин чанд соли пеш, бисёре аз мавориде, ки ба онҳо ишора шуд, танҳо тавассути инсон анҷом мешуданду системаҳои компютерӣ дар анҷоми онҳо кам тавон ё нотавон буданд.
(дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи миллӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ)
Аз замоне ки инсон худро дар баробари ҷаҳони перомунаш шинохта, ба марҳилаи огоҳӣ расид, дар пайи барномарезиҳои назарию амалӣ, тадоруки танзими зиндагӣ, офаридани неъматҳои рӯзгор ва ҳифзу ҳимояти фардию ҷамъӣ шуда, дар ин замина иқдомот рӯйи даст гирифт. Дар марҳилаи болотари огоҳию шинохт инсон ба қонунофаринӣ машғул шуда, фаъолиятҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании худро аз тариқи қонунофаринӣ танзим карда, роҳро барои рушди инсонӣ ҳамвор намуд. Бо боло рафтани сатҳи тафаккуру шуури фардию ҷамъиятӣ қонунофаринӣ ва дар доираи қавонини зарурӣ танзим намудани рӯзгору зиндагии инсонӣ ба ҳукми анъана даромад ва бо таваҷҷуҳ ба муқтазиёти замонию маконӣ рушду густариш ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти башар, қонунофаринӣ ба кори давлатӣ ва умури асосии сиёсӣ бадал гашт ва ҳар давлату кишвар дар доираи қонуни асосӣ фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиашро ба танзим дароварда, заминаи пешрафту тараққиро фароҳам меоварад. Дар ин замина, офаридани Қонуни асосӣ (Конститутсия), ки сарчашмаи ҳуқуқ маҳсуб шуда, соири қавонину барномарезиҳои давлатӣ бар мабнои он тарҳу таҳия мешаванд, вежагии аслию асосии давлатдорист.
Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди улуми ақлиро дар ҷаҳони ислом бидуни мушорикати фаъолу созандаи тоҷикон ва куллан мардуми эронитабор наметавон тасаввур кард. Аъроб таъсири маънавии марудуми эронитаборро ҳануз дар замони Ҳахоманишиён ва сипас ба таври густурдатар дар даврони Сосониён эҳсос намуда буданд. Масалан, Фарҳангистони маъруфи Гунди Шопур - маркази зеҳнии Империяи Сосонӣ, ки дар он омӯзишу таълим дар бахшҳои тиб, фалсафа, илоҳиёт ва тамоми дигар илмҳои замон ба роҳ монда шуда, дар даврони ҳукумати Хусрави I Анушервон (531-579) ба авҷи аълои шукуфоии хеш расида буд, дар ривоҷу равнақи минбаъдаи илм дар минтақа ва куллан дар ҷаҳони мутамаддини даврони бостон ва авоили қуруни вусто нақши муҳиме дошт.[1]
Бо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ҳамкорӣ намудан, бемуҳобот, як мактаби бузурги омӯзиши арзишҳои инсонию инсондӯстӣ буд. Эшон дар ҳимояи рисолаи номзадии банда ба сифати муқарризи расмӣ ҳузур доштанд ва ҳамзамон, дар кори рисолаи номзадӣ аз устод ва фазилатҳои илмию инсониашон баҳравар гардидаам. Рисолае, ки ман анҷом додам, ба он дараҷае, ки мехостам, омода нагардид. Мо як гурӯҳ навроҳону навқаламон аз курсии донишҷӯиӣ ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор омада, ба вазъи нооромию носуботи ҷомеаи солҳои 90-ум рӯ ба рӯ шуда, бо вуҷуди мушкилоту саргардониҳо ба навиштани рисолаи илмӣ оғоз намудем.