JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 

Чакидаи мақола:

“Шоҳнома” мероси сутурги эрониён, дорои мазмунҳоест, ки гоҳ ба рамз омадааст ва ҳамин вижагӣ онро барои тамомии давраҳои таърихӣ коромад мекунад. Дар навиштори пеши рӯ, такияи пажуҳиш ба лиҳози истидлолӣ, матни аслии “Шоҳнома” дар бахши асотирӣ аст ва талош бар он аст, ки андешаи сиёсии лояҳо (қабатҳо)-и пинҳони сухани Фирдавсӣ ошкор шавад. Нақши дин ва намуди он ба шакли фарраи эзадӣ бознамоӣ гардад. Ин фарзия матраҳ мешавад, ки дар бахши асотирии “Шоҳнома”, дин бар сиёсат асари мустақим дошта ва гоҳ таъйинкунандаи рафторҳои сиёсӣ будааст. Ниҳоди дин ба унвони як ниҳоди қудрат ва гоҳ ба унвони абзоре дар дасти сиёсатмадороне метавониста дар азлу насби шоҳон асаргузор бошад.

    Дар ҳама   давру замон муҳоҷирати инсонҳо аз як кишвар ба дигар кишвар ё аз як минтақа ба минтақаи дигар вуҷуд дошт. Вале дар асри 19 ин раванд хеле суръати баландро ба худ касб кард. Омили ин зиёдшавии суръати муҳоҷират дар сатҳи ҷаҳонӣ пешравиҳои назарраси саноативу иқтисодӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Австралия буд. Аҳолии кишварҳои Аврупо бо сабабҳои гуногун ба ин минтақаҳои ҷаҳон ҳиҷрат мекарданд, ки асоситарини он расидан ба зиндагии беҳтар буд. Аммо бо гузашти вақт сар аз солҳои 1960-1970-ум мардуми кишварҳои қитъаҳои Осиёву Африқо ҷойи кишварҳои аврупоиро гирифтанд. Дар ин давра кишварҳои аврупоӣ дигар қабулкунандаи муҳоҷирон буданд ва аз Осиёву Африқо дар баробари Амрикои Шимолӣ ва Австралия муҳоҷир қабул мекарданд.

  В настоящее время, когда мир стал максимально открыт и в значительной степени познаваемым, ни у кого не возникает сомнения в том, что современный мир является  продуктом культурных достижений всего человеческого общества. Этот факт подразумевает прежде всего установление подлинного взаимопонимания и активного общения для представителей самых различных, в том числе и музыкальных традиций. 

 Многообразие и самоценность культур регионов мира всегда требует особого отношения и выработки способности к диалогу, а также осознание потребности межпредметного исследования многовековых достижений в области духовного творчества. Сегодня в условиях бурного распространения глобализма можно наблюдать сотни направлений установления новых форм диалога культур разных - близких и далеких континентов.

  Ёдоварӣ аз шахсиятҳои варзидаи музофотӣ бо худии худ кору амали хайру савоб аст. Аз тарафи дигар, тариқи муаррифии шоистаи насли бузургсоли ҷомеа, ки дар масири тарбияи ҷомеа гомҳои устувор бардоштаанд, вазифаи мост. Дар ин радиф аз шахсияте ёдовар мешавем, ки умри бобаракати хешро сарфи таълиму тадрис ва тарбияи насли наврасу ҷавони музофотӣ карда, дар ин ҷодаи сангин, вале пурифтихор қадамҳои устувор бардоштааст.

  Устод Хушқадам Холиқов яке аз шахсиятҳои фарҳангии ноҳияи Ванҷ буданд ва ҳамеша бо истифода аз ҳузури намояндагони табақаҳои иҷтимоӣ ва муҳити мадании музофотӣ доир ба муҳимтарин масъалаҳои рӯзгор, аз ҷумла ахлоқ ва тарбия ибрози назар менамуданд. Дар ин матлаби кутоҳ мо кӯшиш мекунем, ки чанд андеша ва дидгоҳи ахлоқии устод Хушқадам Холиқовро, ки мавриди амал қарор додани он назароту  дидгоҳҳо дар шароити феълии ташаннуҷи таассубу хурофот, беҳувиятию худбохтагӣ ва бетафовутию саҳлангории иддае аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои маданӣ заруранд, ба  хонандагону корбарон пешниҳод созем.

Китобҳо