(дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи миллӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ)
Аз замоне ки инсон худро дар баробари ҷаҳони перомунаш шинохта, ба марҳилаи огоҳӣ расид, дар пайи барномарезиҳои назарию амалӣ, тадоруки танзими зиндагӣ, офаридани неъматҳои рӯзгор ва ҳифзу ҳимояти фардию ҷамъӣ шуда, дар ин замина иқдомот рӯйи даст гирифт. Дар марҳилаи болотари огоҳию шинохт инсон ба қонунофаринӣ машғул шуда, фаъолиятҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании худро аз тариқи қонунофаринӣ танзим карда, роҳро барои рушди инсонӣ ҳамвор намуд. Бо боло рафтани сатҳи тафаккуру шуури фардию ҷамъиятӣ қонунофаринӣ ва дар доираи қавонини зарурӣ танзим намудани рӯзгору зиндагии инсонӣ ба ҳукми анъана даромад ва бо таваҷҷуҳ ба муқтазиёти замонию маконӣ рушду густариш ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти башар, қонунофаринӣ ба кори давлатӣ ва умури асосии сиёсӣ бадал гашт ва ҳар давлату кишвар дар доираи қонуни асосӣ фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиашро ба танзим дароварда, заминаи пешрафту тараққиро фароҳам меоварад. Дар ин замина, офаридани Қонуни асосӣ (Конститутсия), ки сарчашмаи ҳуқуқ маҳсуб шуда, соири қавонину барномарезиҳои давлатӣ бар мабнои он тарҳу таҳия мешаванд, вежагии аслию асосии давлатдорист.
Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди улуми ақлиро дар ҷаҳони ислом бидуни мушорикати фаъолу созандаи тоҷикон ва куллан мардуми эронитабор наметавон тасаввур кард. Аъроб таъсири маънавии марудуми эронитаборро ҳануз дар замони Ҳахоманишиён ва сипас ба таври густурдатар дар даврони Сосониён эҳсос намуда буданд. Масалан, Фарҳангистони маъруфи Гунди Шопур - маркази зеҳнии Империяи Сосонӣ, ки дар он омӯзишу таълим дар бахшҳои тиб, фалсафа, илоҳиёт ва тамоми дигар илмҳои замон ба роҳ монда шуда, дар даврони ҳукумати Хусрави I Анушервон (531-579) ба авҷи аълои шукуфоии хеш расида буд, дар ривоҷу равнақи минбаъдаи илм дар минтақа ва куллан дар ҷаҳони мутамаддини даврони бостон ва авоили қуруни вусто нақши муҳиме дошт.[1]
Бо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ҳамкорӣ намудан, бемуҳобот, як мактаби бузурги омӯзиши арзишҳои инсонию инсондӯстӣ буд. Эшон дар ҳимояи рисолаи номзадии банда ба сифати муқарризи расмӣ ҳузур доштанд ва ҳамзамон, дар кори рисолаи номзадӣ аз устод ва фазилатҳои илмию инсониашон баҳравар гардидаам. Рисолае, ки ман анҷом додам, ба он дараҷае, ки мехостам, омода нагардид. Мо як гурӯҳ навроҳону навқаламон аз курсии донишҷӯиӣ ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор омада, ба вазъи нооромию носуботи ҷомеаи солҳои 90-ум рӯ ба рӯ шуда, бо вуҷуди мушкилоту саргардониҳо ба навиштани рисолаи илмӣ оғоз намудем.
(Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи миллӣ)
Расидан ба марҳилаи Истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Мусаллам аст, ки тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ ва фидокорӣ кардаанд. Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.