Робитаи Бадавӣ бо Иброҳим Шукрӣ
Хабарнигори мисрӣ Саъид Ловандӣ мегӯяд:
–Муҳандис Иброҳим Шукрӣ раиси ҳукумат ва роҳбари оппозитсияи Миср буд. Солҳои 1970 намоянда дар Шарбин (минтақаи Саъид Ловандӣ) буда, ва ӯро ба ёд гирифтааст. Дар ин зиёрати навбатии Париж аз Бадавӣ фаҳмидааст, ки Саъид Ловандӣ ҳаминҷо таҳсил дорад. Он хотиротро ба ёд оварда омадааст, ки ӯро бубинад. Хонаводаи Бадавиҳо ва Шукриҳо аз дер боз бо ҳам робитаи дӯстӣ доштаанд. Ва ин ду оилаи феодал аз пеш заминҳои фаровон доштанд. Яке аз бародарони Бадавӣ (шояд Сарват Бадавӣ) аз Шукрӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми бозгашт аз Конгресс дар сентябри 1989 дар Париж бародараш Абдурраҳмон Бадавиро зиёрат кунад ва аз аҳволаш бохабар шавад.
Вақте ки дар бораи Замин ба сифати макони мавҷудияти ҷисмҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, аз ҷумла инсон меандешем, таъкиди файласуфи шаҳири олмонӣ Мартин Ҳайдеггер пеши назар меояд. Ҳайдеггер, ки яке аз бунёдгузорони фалсафи вуҷудӣ маҳсуб меёбад, дар робита бо сарнавишти инсон дар сайёраи Замин гуфта буд: “Агар аз баландтарин нуқтаи осмон ба ин замин, ки мо маскунаш ҳастем, назар афканем, мебинем, ки чӣ сон хурду ночиз аст ва дар як они воҳид метавонад аз бархӯрди тасодуфӣ ва беинзиботи ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ нест шавад ва аз байн биравад”. Воқеан, пайваста бо хатарҳои гуногуни табиӣ ва кайҳонӣ мувоҷеҳ будани сайёраи инсонӣ – Замин барои донишмандони риштаҳои гуногуни илм, махсусан табиатшиносону кайҳоншиносон маълум буд ва имрӯз ҳам дар пайи шинохти дақиқи ҳаводиси табиӣ, махсусиятҳои физио-химиявии Замин, имконоти зистӣ дар Ҷаҳон ва шароити фазои Кайҳон таҳқиқотҳои бунёдӣ сурат гирифта, дар ин замина корҳои илмию тахассусӣ идома доранд.
Дар замони муосир кишварҳо ҷиҳати ҳифзи бақои худ ва иштирок дар муносибатҳои байналмилалӣ, барои бунёди се кафолати муҳим вазифадор мебошад. Аз ҷумла таъмини бозори озод дар иқтисод, демократия дар сиёсат ва ҳукумронии арзишҳои либерали дар фазои иҷтимоӣ. Ин падидаҳо дар давоми таърихи мавҷудияти давлатҳои натиҷаи ташаккули фарҳанг, бархӯрди тамаддунҳо ва авлавияти арзишҳои ҷаҳони ғарб маҳсуб гардида бо раванди ҷаҳонишавӣ ва тақвияти давлатҳои миллӣ сахт алоқаманд мебошанд. Шояд ба зеҳни камтаринҳо ин суол хутур намояд, ки чаро ҷаҳон чунон аст ки имрӯз мебинем. Чи гуна ҷаҳон ба ин сатҳ расид ва чаро мо дар давлатҳои миллӣ зиндагӣ менамоем. Ва ё инсоният кадом марҳилаҳои рушди тамадунро паси сар намуду дар кадом марҳила қарор дорад. Ҷаҳони сад соли қабл аз ҷаҳони имрӯз ба кулли тафовут дошт ва касе қудрати тасаввури дастовардҳои имрӯзаи инсониро доро набуд. Муссалам аст, ки ҷаҳони сад соли баъд низ аз ҷаҳони имрӯз фарқияти хеле зиеде хоҳад дошт ва назму вазъи сиёсию иқтисодӣ ва авзои бозори меҳнат барои мо дар оянда қобили пешбини нест. Танҳо маълум аст ки як ҷаҳони мутафовит ва комилан дигар хоҳад буд. Дарки ин тафовутҳои аз зарфияти зеҳнии ҳар ҷомеа вобаста буда таҳлилу барраси он ҷиҳати шинохти мавқеи худ дар олами иқтисоду сиесат ва муайян намудани масири миллат дар ояндаи дур , амри зарури мебошад.
(мулоҳизоте куллӣ дар заминаи пешрафтҳои Кореяи Ҷанубӣ)
Дар заминаи омӯзиши таҷрибаи муваффақи рушди иқтисодии кишварҳои пешрафта, муаллиф раванди ислоҳот ва рушди Ҷумҳурии Корея дар давраи муосирро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиддияту сахткӯшӣ ва ҳадафмандии раҳбарони ин кишвар, аз аввали солҳои шастуми асри гузашта то имрӯз, ба омили асосии рушду пешрафти он табдил ёфтааст, ки барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд намуна буда метавонад. Гузоштани ҳадафҳои мушаххас ва маҳдуд, ки имкони амалӣ кардани онҳо вуҷуд дорад, дуруст интихоб кардани шарикон аз бахши хусусӣ ва пайваста ислоҳот ворид кардан дар сиёсат, ҷиҳати мутобиқ сохтани шароити дохилӣ бо тағйирот дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз вижагиҳои ҳукуматҳои ин кишвар дар давраи мавриди назар будааст. Онҳо тавонистанд муҳити кору сармоягузории хуберо нахуст барои ширкатҳои дохилӣ муҳайё созанд ва баъдан аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта батадриҷ онро барои ширкатҳои хориҷӣ низ таъмин намоянд. Ин сиёсат рушди устувори Кореяи Ҷанубиро барои чанд даҳсола таъмин карда, онро ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид намуд.