Вақте ки дар бораи Замин ба сифати макони мавҷудияти ҷисмҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, аз ҷумла инсон меандешем, таъкиди файласуфи шаҳири олмонӣ Мартин Ҳайдеггер пеши назар меояд. Ҳайдеггер, ки яке аз бунёдгузорони фалсафи вуҷудӣ маҳсуб меёбад, дар робита бо сарнавишти инсон дар сайёраи Замин гуфта буд: “Агар аз баландтарин нуқтаи осмон ба ин замин, ки мо маскунаш ҳастем, назар афканем, мебинем, ки чӣ сон хурду ночиз аст ва дар як они воҳид метавонад аз бархӯрди тасодуфӣ ва беинзиботи ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ нест шавад ва аз байн биравад”. Воқеан, пайваста бо хатарҳои гуногуни табиӣ ва кайҳонӣ мувоҷеҳ будани сайёраи инсонӣ – Замин барои донишмандони риштаҳои гуногуни илм, махсусан табиатшиносону кайҳоншиносон маълум буд ва имрӯз ҳам дар пайи шинохти дақиқи ҳаводиси табиӣ, махсусиятҳои физио-химиявии Замин, имконоти зистӣ дар Ҷаҳон ва шароити фазои Кайҳон таҳқиқотҳои бунёдӣ сурат гирифта, дар ин замина корҳои илмию тахассусӣ идома доранд.
Дар замони муосир кишварҳо ҷиҳати ҳифзи бақои худ ва иштирок дар муносибатҳои байналмилалӣ, барои бунёди се кафолати муҳим вазифадор мебошад. Аз ҷумла таъмини бозори озод дар иқтисод, демократия дар сиёсат ва ҳукумронии арзишҳои либерали дар фазои иҷтимоӣ. Ин падидаҳо дар давоми таърихи мавҷудияти давлатҳои натиҷаи ташаккули фарҳанг, бархӯрди тамаддунҳо ва авлавияти арзишҳои ҷаҳони ғарб маҳсуб гардида бо раванди ҷаҳонишавӣ ва тақвияти давлатҳои миллӣ сахт алоқаманд мебошанд. Шояд ба зеҳни камтаринҳо ин суол хутур намояд, ки чаро ҷаҳон чунон аст ки имрӯз мебинем. Чи гуна ҷаҳон ба ин сатҳ расид ва чаро мо дар давлатҳои миллӣ зиндагӣ менамоем. Ва ё инсоният кадом марҳилаҳои рушди тамадунро паси сар намуду дар кадом марҳила қарор дорад. Ҷаҳони сад соли қабл аз ҷаҳони имрӯз ба кулли тафовут дошт ва касе қудрати тасаввури дастовардҳои имрӯзаи инсониро доро набуд. Муссалам аст, ки ҷаҳони сад соли баъд низ аз ҷаҳони имрӯз фарқияти хеле зиеде хоҳад дошт ва назму вазъи сиёсию иқтисодӣ ва авзои бозори меҳнат барои мо дар оянда қобили пешбини нест. Танҳо маълум аст ки як ҷаҳони мутафовит ва комилан дигар хоҳад буд. Дарки ин тафовутҳои аз зарфияти зеҳнии ҳар ҷомеа вобаста буда таҳлилу барраси он ҷиҳати шинохти мавқеи худ дар олами иқтисоду сиесат ва муайян намудани масири миллат дар ояндаи дур , амри зарури мебошад.
(мулоҳизоте куллӣ дар заминаи пешрафтҳои Кореяи Ҷанубӣ)
Дар заминаи омӯзиши таҷрибаи муваффақи рушди иқтисодии кишварҳои пешрафта, муаллиф раванди ислоҳот ва рушди Ҷумҳурии Корея дар давраи муосирро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиддияту сахткӯшӣ ва ҳадафмандии раҳбарони ин кишвар, аз аввали солҳои шастуми асри гузашта то имрӯз, ба омили асосии рушду пешрафти он табдил ёфтааст, ки барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд намуна буда метавонад. Гузоштани ҳадафҳои мушаххас ва маҳдуд, ки имкони амалӣ кардани онҳо вуҷуд дорад, дуруст интихоб кардани шарикон аз бахши хусусӣ ва пайваста ислоҳот ворид кардан дар сиёсат, ҷиҳати мутобиқ сохтани шароити дохилӣ бо тағйирот дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз вижагиҳои ҳукуматҳои ин кишвар дар давраи мавриди назар будааст. Онҳо тавонистанд муҳити кору сармоягузории хуберо нахуст барои ширкатҳои дохилӣ муҳайё созанд ва баъдан аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта батадриҷ онро барои ширкатҳои хориҷӣ низ таъмин намоянд. Ин сиёсат рушди устувори Кореяи Ҷанубиро барои чанд даҳсола таъмин карда, онро ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид намуд.
Ба даст овардани сепаратсияи психологӣ аз волидайн яке аз вазифаҳои меҳварӣ дар инкишофи ҷавонон мебошад (R.Havighurst). Ҷомеаи муосири Тоҷикистон нисбат ба ҷавондухтарону ҷавонписарони баркамолшудаистода талаботҳои баланд мегузорад: махсусан, мустақилият, худтаъминкунии шахсият, инкишофи доимии худ, қобилияти мустақилона гузоштани мақсадҳои ҳаётӣ, «такя ба худ», интихоби озодона, қадр карда мешавад.
Сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ - ин раванди тағйир додани муносибат бо падару модар ба тарафи баробарҳуқуқии бештар аст. Раванди таҷдиди сохтори тамоми системаи оилавии оилаи волидайнӣ мебошад, ки боиси ноил шудан ба мустақилияти шахсӣ аз ҷониби писарон/духтарон дар қисматҳои маърифатӣ, аффективӣ ва рафторӣ мебошад; раванде, ки тағйироти худшиносии писарон/духтаронро дар бар мегирад, ки дар тағйирёбии образи МАН, рушди дарки худ ҳамчун фарди алоҳидаи нотакрор, ки аз образҳои сохтаи волидайн фарқ мекунад, инъикос меёбад ( «индвидуатсия»), тағйирёбии образи волидайн ба тарафи реалистӣ («деидеализатсияи волидайн»). Аз ҷиҳати генетикӣ мафҳуми «сепаратсия аз падару модар» бо назарияи М. Малер алоқаманд аст, ки дар он ҷудошавии кӯдакони хурдсол аз волидон ҳамчун тафриқаи психикии (ҷудошавии) кӯдак аз модар барои мустақилияти бештарро ба даст оварданаш муайян карда шудааст. Марҳилаи «сепаратсия дуюмдараҷа - индивидуатсия», ба ақидаи П. Блос (1962, 1967) давраи наврасӣ ва аввали ҷавониро дар бар мегирад. Сепаратсия дар тарҷума аз забони лотинӣ (лот. separatio) маънои ҷудошавиро дорад. Сепаратсияи психологӣ - ин истилоҳ соли 1955 аз тарафи М. Малер барои шарҳи ду раванди бо ҳам пайваст ва тадриҷан мутақобилашаванда дар рафти инкишофи психикӣ пешниҳод шудааст: аз объект рафтан ва ё қатъ кардани ягон муносибат бо он [3, с-27-34]. Маънои психоаналитикии сепаратсия ин раванди интрапсихикии ба сохтори сепаратсия дохилшаванда-индвидуатсия, ки бо ёрии он индивид ҳисси мустақилӣ ва озодиро аз объекти яклухт ба даст меорад, шарҳ дода мешавад [2,с.71]. Маҳорат ба сепаратсия унсури муҳими Сепаратсияи психологӣ - масъалаи мубрам на танҳо барои илми психология дар умум, инчунин барои соҳаҳои амалии он машварати психологӣ ва психотерапия низ мебошад.