JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ба ғайр аз ду сайёраи аввал (Аторуд ва Зуҳра) дигар ҳамаи сайёраҳо (Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) дар Системаи офтобӣ дорои радифи табиӣ мебошанд. Ғайр аз ин ҷирмҳои хурди сайёрамонанде ҳастанд, ки дар канори Системаи офтобӣ ҷойгирифта, баъзеашон ба астероидҳои Тасмаи асосӣ ва қисми дигарашон ба Тасмаи Койпер мутаалиқанд. Моҳ ягона радифе мебошад, ки аз қадимулайём маълум буда, нисбатан хубтар омӯхта шудааст. Дигар радифони боқимонда бошад, баъдан бо ёрии телескопҳо ва дастгоҳҳои сайёри кайҳонӣ кашф карда шудаанд. Агар рӯшноии Муштарӣ халал намерасонид, чор радифони галилеии он – Ио, Европа, Ганимед ва Калисторо бо чашми оддӣ дидан мумкин буд. Аз ин рӯ ин радифон ба ҳафт радифи калонтарини Системаи офтобӣ мансуб мебошанд.

 (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”)

     Назария ва таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимтарини давлатдории миллати тоҷик ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.

  Дар охири асри ХХ дар таърихи сиёсии ҷаҳон тағйироти кулли ба амал омад. Яке аз давлатҳои абадқудрати олам ИҶШС пароканда шуд. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ин сана дар ҳаёти сиёсии тоҷикон таърихи навтарин оғоз гардид.

  Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (соли 1991) Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд институтҳои давлатдориашро муқаррар мекард. Боиси қайд аст, ки ба вазъи ҳарби сиёси – Ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда  дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат Интихоби Президент, Конститусия, Парлумон, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ таъсис дода шуд.

  Яке аз назарияҳои пайдоиши Коиноти мо назарияи Таркиши Бузург аст. Он бо як идеяи оддӣ ва душворфаҳм асос ёфтааст. Оё Коинот ибтидо дошт? Дар инҷо ин назарияро бо суханони оддӣ шарҳ дода ҳамзамон чӣ гуна рух додани "таркиш"-ро нақл хоҳем кард.

Китобҳо