Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «хурофот» ба маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос омадааст.
Аз рӯзе, ки инсоният дар ҷаҳони илм по гузошт, хурофот домангири ӯ шуда буд. Хурофот ва хурофотпарастӣ дар байни одамон курбониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар рушд ва пешравии ҳама гуна соҳаҳои илм ба олимон халалҳои ҷиддиро пеш овардааст. Ҳатто бо баланд будани ҷаҳолат ва хурофотпарастии одамони оддӣ олимони зиёде дар роҳи илм курбон шуданд. Аз ин рӯ хурофотро метавон дарди вазнини илм ва ҳатто марги илм номид. Асоси ба хурофот ва хурофотпарастӣ гирифтор шудани одамон ин ҷаҳолат, тангназарӣ ва аз илм дур мондани онҳост. Барои аз вартаи хурофот ва хурофотпарастӣ берун кашидани чомеъа зарурати ҳарчи бештари таблиғи ҳама соҳаҳои илм пеш меояд.
Аввалин астероидро 31 декабри соли 1801 олими итолиёвӣ Ҷузеппе Пиатси кашф намуд. Онро Серера ном ниҳоданд. Серера калонтарин астероид ба шумор меравад, ки андозааш ба 977 км баробар аст. Масофаи миёнаи байни Офтобу Серера ба 2,77 в.а. (1в.а. – 1 воҳиди астрономӣ = 150 млн. км) баробар аст. Ногуфта намонад, ки ҳоло Серераро ба гурӯҳи паканасайёраҳо дохил намудаанд. Истилоҳи астероид аз калимаи юнонии астро-«ситора» ва оид «монанд» гирифта шуда, маънояш «ситорамонанд» мебошад. Истилоҳи астероидро олими машҳури асри 18 Уилям Ҳершел ба илми ситорашиносӣ дохил кард. Азбаски ин ҷирмҳо ҳангоми бо телескоп мушоҳида кардан чун ситораҳо медурахшанд, бинобар ин онҳоро бо чунин истилоҳ номгузорӣ кардаанд.
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуѓрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тулияту собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд. Аз ҷониби дигар, силсилаҷашнҳои миллӣ ойину суннати шодзистию ҳамбастагиро ифода мекунанд.