JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 05 Сентябри 2024 06:51

Истиқлолият-орзуи деринаи мардум

Муаллиф: Дидавар Бекзода

  Воқеан, рузи 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст. Чун дар ин сана эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аз ҳамон вақт шуруъ шуда то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мегардад.

Бояд гуфт, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки сивусе сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Агар ба рузҳои аввали истиқлолият назар афканем, чунин ба назар мерасад, ки задухӯрдҳои мусаллаҳонае, ки моҳи майи соли 1992 ба вуқуъ омад, ба мамлакат хисороти зиёде ворид сохт, ҳукумати мусолиҳаи миллӣ пеши роҳи хунрезиҳоро дар кишвар гирифта натавонист. Вазъият дар пойтахти мамлакат хеле ноором буд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи баамаломада Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Ленинобод, даъват карда шуд.

Дар Иҷлосияи мазкур, ки аз 16‐уми ноябр то 2‐юми декабри соли 1992 идома ёфт, 23 масъала матраҳ гардид. Яке аз қарорҳои муҳиме, ки дар Иҷлосия қабул гардид, ба ҷои идоракунии президентӣ ҷорӣ кардани идоракунии парламентӣ буд. Баъди ҷорӣ гардидани низоми идоракунии парламентӣ 19 уми ноябри соли 1992 бо тарафдории 186 вакил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади аввалини худ дар ин иҷлосия чунин  гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оѓоз хоҳам кард. Ман фарзанди деҳќонам, аз авлоди мо танҳо ман аз рўйи ќаламам нон мехўрам… Ман тарафдори давлати демократии ҳуќуќбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар  бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам ояд, талош хоҳам  кард. Ман ќасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар  ҳар хона ва оила барќарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоќатмандона меҳнат мекунам» [4].

Дарки манфиатҳои олии миллӣ Сарвари нави давлатро ба интихоби тарзу усули корҳои ғайримуқаррарӣ ва ҷасурона водор кард. Илова бар ин бояд зикр намуд, ки баъди Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфта бошад ҳам, дар ҳаёти сиёсии мамлакат тадриҷан дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасиданд. Дар вазъияти душвори сиёсӣ пояҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам карда шуда, баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини амният дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон чораҳо андешида шуданд. Сарвари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳаётан зарур таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекарданд. Сарвари давлат аҳаммияти бузурги  таърихӣ доштани иҷлосияи мазкурро дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода карда буданд: «Роҳи мо ба сӯи чунин  низом аз баргузории иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози наҷоти миллати мо аз вартаи парокандагӣ  ва гузоштани аввалин хишти бинои сулҳ дар сарзамини куҳанбунёди  тоҷикон буд, ибтидо мегирад» [3].  

Нахуст, бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, ба гуфтушуниди натиҷабахш оғоз карда мешуд. Сипас, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон баргардонида мешуданд. Ҳамзамон, ба масъалаи ҷорӣ шудани қонуният, барои таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ чораҳои таъҷилӣ андешида шуда, бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Тоҷикистон ҷалб мегардид. Аммо ин корҳо соддаву осон набуданд. Бо мақсади ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба қувваи солими дохилии мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ такя мекарданд. Чунончи, санаи 19 уми ноябр Муроҷиатномаи вакилони Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ фиристода шуд. 20-уми декабр Муроҷиатномаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли СММ ирсол гардид. Баъди Муроҷиатномаи Сарвари давлат Дабири кулли СММ ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, доир ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ қарорҳои махсус қабул намуд. Фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан давлатдори соҳибтадбир буда, ҳалли мушкилоти пешомадаро пайдо мекунанд. Илова бар ин ба аќидаи муҳаққиқи таърихи сиёсии даврони  истиқлолият, профессор Иброҳим Усмонов аҳаммияти таърихии иҷлосия  қабл аз ҳама аз он иборат аст, ки иҷлосияи мазкур, «тавонист роҳбариятеро  интихоб намояд, ки давлат ва сарзаминро аз парокандашавӣ ва миллатро  аз худкушӣ наҷот диҳад» [6, c. 87].

Бо шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва дониши беназири сиёсии худ Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ тавонистанд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, алангаи ҷанги бародаркушро паст намоянд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд. Муҳаќќиќ О.Раҳмон аҳаммияти таърихии иҷлосияро таъкид намуда, ќайд  кардааст, ки «...Иҷлосияи XVI-ум нуќтаи сарҳисобест, ки дар худшиносии  воќеии миллӣ таҳаввулоти куллӣ ба миён овард» [2,c.14].

Мавсуф андешарониҳои хешро перомуни иҷлосия идома дода, таъкид менамояд, ки  «Муҳимтар аз ҳама дар иҷлосия шахсияти бузурги миллӣ рўйи кор омад,  ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи  парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид» [2, c. 9] 

Қайд кардан зарур аст, ки Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар усурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери вожаи “ваҳдат” шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигареро баён карадан ғайри имкон аст. Мусаллам аст, сулҳу ваҳдат неъмати бузург ба шумор рафта, дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд. Мо тоҷикон дар як муддати кӯтоҳ соҳиби Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот гаштем, зиёд нафароне ҳастанд, ки дур аз оилаву хонаву ватани худ, дар ғарибиҳо бо оҳу сӯзи ҳиҷрат зиндагӣ мекунанд. Ин ҳама таҷрибаҳои рӯзгор барои мо шаҳрвандон, аз он шаҳодат медиҳад, ки қадри ин неъмати бебаҳоро бидонем ва онро ҳифз намоем. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ, ваҳдату якпорчагӣ, бузугтарин неъматҳоеанд, ки инсоният метавонад онро дар тӯли зинагияш ба даст орад. Бузургии ин неъматро на танҳо имрӯз, балки аз гузаштаҳои дур низ васфу ситоиш мекарданд. Бузургони ҷодаи назм мафҳуми дӯстиву якпорчагиро ба таври образноку мушаххас ба тасвир гирифтаанд. Яке аз бузургтарин шоирони таърихи адабиёти мо Ҳофизи Шерозӣ дӯстиву бародариро аз афзалтарин неъматҳо шумурда, мардумонро ба ин ҷодаи неки зиндагӣ ташвиқ намудааст. Инчунин, самараи якдиливу якпорчагӣ ва дӯстиву иттиҳодиро аз беҳтарин ва лазизтарин, баҳри ҳаёт донистааст ва таъкид низ намудааст, ки барои чашидани ин меваи лазиз, пеш аз ҳама, бояд ниҳолашро шинонему парвариш диҳем.

Бояд иқрор шуд, ки рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате, пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. На танҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда, то куҳансолони он – ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.

Ҳамеша ваҳдати миллӣ барои кишвар зарур аст, чун 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуда, ин санади муҳими таърихӣ кишвари маҳбуби моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дода, дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ нақши бебаҳо гузошт. Дар бораи аҳамияти сарнавиштсози он дар суханронии Сарвари давлатамон ҳанӯз ҳамон вақт қайд гардид, ки: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд”.

Воқеан, аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд.

Маҳз имзо ва татбиқи Созишнома боиси аз байн рафтани таҳдиди несту нобудии давлати тозаистиқлол, пойдории сулҳу субот, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, тақвияти гуногунандешӣ ва устувории пояҳои давлатдорӣ гардид. Аз қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ то имзои Созишнома Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд марҳилаҳои таърихиро паси сар намудааст. Дар ин радиф, бо боварии комил метавон гуфт, ки 16 ноябри соли 1992 бо баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами аввали расидан ба ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Роҳбари тозаинтихоб хуб дарк намуда буданд, ки ноил гардидан ба ваҳдати комили миллӣ танҳо тавассути муттаҳидӣ, сарҷамъӣ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ имконпазир аст. Аз ин сабаб, масъалаҳои баргардонидани фирориён ба Ватан, таъмини сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа ҳамчун вазифаҳои асосии он давраи душвору ҳассоси гузариш ба сохти нави давлатдорӣ муайян карда шуда буданд.

Хулоса, бояд зикр намоем, ки даврони истиқлоли кишвар ба мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, шароит фароҳам намуд, то тақдири имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро  ба даст гирифта, дар  бунёди ҷомеаи навини ватани худ саҳмгузор бошанд. Таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ ба мо шинохти арзишҳои  олии Ватану ватандорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхт. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта, марҳила ба марҳила ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат муназзаму босубот роҳ ба сӯи рушду нумӯъ гирифтанд ва дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешрафту пирўзиҳо дида мешавад. Воқеан, ин ҳама чорабиниву тадбирҳои судманде, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст, баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, ки хонаи умеди ҳар яки мост, равона гардидааст. 

 Дидавар Бекзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт:

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. -Душанбе: Нашриёти Ганҷ, 2016. -135 с.
  2. Раҳмон О.Э. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон / О.Э. Раҳмон // Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгард).  Маҷмўаи мақолаҳо зери таҳрири Ф.Раҳимӣ ва дигарон. - Душанбе, 2017. - С.7-21.
  3. Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 20.04.2006 / Э. Раҳмон // Садои мардум. - 2006. - 22 ап- рел.
  4. Садои мардум. - 1992. - 20 ноябр.
  5. Салимӣ Н., Шарифзода А. Тоҷики оламшумул. (Нашри дувуми такмилёфта). - Душанбе: Дониш, 2022. - 364 с.
  6. Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Монография / И. Усмонов. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. - 178 с.
  7. Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов - наҷотбахши миллат (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992-1995). -Китоби 1. -Душанбе:  «Деваштич», 2006. -372 c.
  8. Шарифзода А., Айниддин С. Эмомалӣ Раҳмон ва 30 соли Истиќлолият (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021). Китоби 21. -  Душанбе: Дониш, 2022. - 372 c.
Хондан 631 маротиба