JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 08 Сентябри 2024 06:23

Дониши илмӣ ва тавонмандии миллӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

      Якум. Аз байти машҳури Мавлоно шуруъ мекунем:

      Иқтизои ҷон чу ай дил, огоҳист,

      Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.

    Миллат ва ақвоме дар ин гирудорҳои таърих ва кашмакашҳои сиёсию тамаддунӣ сиҳҳату солим мемонад, ки неруи ақлонӣ, сатҳи баланди огоҳӣ, тавонмандии фикрию ҷисмонӣ ва меҳру ихлосу алоқаву самимияти беандозаи инсонӣ ба миллату давлату сарзамини худ дошта бошад. Бубинед, мо дар шароити ҳассос шудани бозиҳои сиёсию барномарезиҳои геополитикӣ ва авҷи бархурдҳои тамаддунӣ қарор дорем ва вазъи мавҷуда моро ба шинохти дақиқи худ ва дигарон вомедорад. Гузашта аз ин, бозшиносию бознигарии ҷиддиро аз мо тақозо мекунад. Маълум шуд, ки дар шароити феълӣ на бархурди тамаддунҳо (тавре ки ҷомеашинос ва сиёсатшиноси амрикоӣ Сэмюэл Филлипс Ҳантингтон (1927-2008) арза доштааст), балки гуфтугӯю муколимаи тамаддунҳо зарурат дорад. Аз тариқи ба роҳ андохтани пружаи бузурги маънавию илмию фаннии “бонги изтироби ҷаҳонию сайёравӣ” (таъбири файласуф ва фарҳангшиноси арманӣ Эдуард Саркисович Маркарян (1929-2011)) ва роҳандозӣ намудани барномаи стратегии баҳамоӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоту таҳдидҳои сайёравию глобалӣ инсоният метавонад бар мушкилоти глобалию сайёравӣ наҷот ёбад. Мутаассифона, тарҳҳои гуногуни геополитикӣ ва манофеи қудратхоҳони ҷаҳонӣ ба роҳандозии ин навъ пружаи барзистӣ (выживание) ва баҳамоии инсонӣ монеа эҷод мекунад. Бинобар ин, ба таъкиди файласуфу фарҳангшиноси маъруфи арманӣ Э.С.Маркарян дар консепсияи илмии “Гуманизми асри 21: идеяи худмуҳофизатии инсоният” ва файласуф ва ахлоқшиноси муосири рус  Абдусалом Абудулкаримович Гусейнов (мутаваллиди соли 1939) дар матлаби “Нақши фалсафа дар гуфтугӯйи фарҳангҳо” баён кардааст, моро ба омӯзишу дониш ва ҳамбастагию ҳамзистии мусолиматомези инсонҳои сайёра водор месозад. Ҳамбастагию баҳамоӣ ба хотири ҳифзи инсоният ва ҷилавгирӣ аз хатарҳои глобалию иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониши илмӣ ва фаросати инсонҳо вобаста аст. Махсусан, тарбияи инсони фарҳангӣ ва роҳандозӣ намудани чунин пружаҳои тарбиятӣ дар маҳдудаҳои таълимӣ зарурати имрӯзист. Чаро 1 сентябр ба унвони Рӯзи дониш ва аввалин дарс дарси сулҳ эълом шудааст? Чунки инсонияти пешрафта ҳамеша муқобили ҷангу хунрезӣ ва алайҳи хушунату истибдод аст. Хушунату истибдод ва зулму ситам бештар рӯйи мардуми ноогоҳу камогоҳу камсаводу бадсаводу бесавод эъмол мешавад. Ин аст, ки маҷмуаи донишщо ва махсусан, донишҳои илмӣ қудрат ва тавоноии башарро афзуда, тасаллути комили гурӯҳҳои манфиатхоҳро бар амволи дунёӣ ва кишварҳои сайёра таъмин намудааст.

          Ҳанӯз дар ибтидои садаи бист, ки амирсолории Бухоро дар хоби гарони асримиёнагӣ ба сар мебурд, равшангари маъруфи замон Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ (1865-1927) дар муроҷеа ба мардуми минтақа гуфта буд:

 

   Агар аз зиндагӣ доред уммед,

   Урупо ҳар чӣ медонад, бидонед.

 

   Агар соҳиби дониши илмӣ намешавем, агар ба умқи сиёсатгузориҳои имрӯзӣ пай намебарем (ки, албатта, тавассути донишу маърифати мантиқӣ даст медиҳад), агар бедору огоҳ намешавем, агар худогоҳу худшинос намешавем, агар роҳро аз чоҳ фарқ намекунем (ки тавассути илму дониши зинда сурат мегирад, на боварҳои хушку холӣ ва иддаоҳои пучу бемаънӣ), ҳатман номуваффақ мемонем ва дастнигари дигарон. Аз ҷониби дигар, ин огоҳону бедоронанд,, ки ба қавли Мавлоно, аз вазъи бавуҷудомада рухзарду пурдард мешаванд:

 

       Ҳар кӣ ӯ бедортар, пурдардтар,

       Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, рухзардтар.

 

     Дар зимн, каси огоҳу бедор ҳамеша аз ноҷуриҳои замон ва беадолатиҳои макон, ки бар асари нодонию ҷаҳолату хурофаписандию истибдодзадагӣ иттифоқ меафтанд, ранҷ мебарад ва алайҳи зуҳуроти номатлуби ахлоқию ҳувиятию иҷтимоӣ бармехезад. Дар бисёр маворид, огоҳону бедордилон ин ҳама бедори гарони нодонию ҷаҳолатро, ки боиси афсурдагию навмедии башар гардидааст, бурдборона таҳаммул карда, рӯйи шонаҳои худ мебардоранд. Аммо, мутаассифона, мардум дар тағйир додани сарнавишти фикрию ҳувиятию иҷтимоии худ даст ба кор намешавад ва аз ин вазъи сукуту хомӯшӣ гурӯҳҳои фурсатталабу манфиатхоҳи ҷомеа истифода карда, барои ҷомеа қонуну қавонин вазъ намуда, мардумро бо хости худ мудирият мекунанд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷомеа ва мардум бедор шаванд ва дар тағйири сарнавишт ба дасти худ саҳим бошанд. Ба ин маънӣ, Иқбол дуруст фармудааст:

 

            Худо он миллатеро сарварӣ дод,

            Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

            Ба он миллат сару коре надорад,

            Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

     Дуюм. На танҳо як Рӯзи дониш, балки тамоми сол ва кулли умр ба омӯзишу маърифат бояд таваҷҷуҳ кунем ва дар роҳи шинохту маърифат кӯшову ҷӯёву пӯё бошем. Миллате, ки ба донишу маърифат ва илму фалсафа арҷ намегузорад, миллати ноком ва ақибмондаю вопасгарост. Ин аст, ки ҳар нафари огоҳу доно бояд ба дигарон огоҳию дониш бидиҳад. Дар устураҳои қадимаи мо, ки аз тариқи китобу рисолаҳои гуногун ва алалхусус “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба мо расидаанд,  воқеияти рӯзгори пурдард ва сарнавишти талхи миллату ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷик баён ёфтаанд. Бахусус, дар доираи асотири Ҷамшеду Фаридун сарнавишти ақвому миллати мо нишон дода шудааст. Ҷамшеду Фаридун шаҳриёрони бохиради моанд, ки барои босаводу бомаърифат шудани мардум талош намудаанд, вале камсаводону камогоҳону бесаводону бадсаводон алайҳи ин ду шоҳ қиём карда, чароғи илму дониши миллатро хомӯш кардан хостаанд. Фаридун мардуми иронитаборро аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки тимсоли бадиву ҷаҳолату хурофоту истибдод будааст, шикаст медиҳад ва дубора нури хираду донишро меафрӯзад. Ба ин маънӣ Фирдавсӣ мегӯяд:

 

        Фаридуни фаррух бинвохташон,

       Зи роҳи хирад пойгаҳ сохташон.

      Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонони миллӣ ва шаҳриёрони эронӣ таъкид мекунад, ки ҳар кӣ донову тавоност, бояд ба дигарон илму дониш омӯзад ва ҳунарашро пинҳон насозад. Ба ин маънӣ:

 

   Чу доно тавоно буду додгар,

   Азеро накард эч пинҳон ҳунар.

 

    Сеюм. Илму ҳунар дунё ва инсонро дигар мекунад ва олами эҷод меофарад. Ба ин маънӣ:

 

  Илму ҳунар ба қудрати гуфту шунуду дид,

 Дунёи фазлу олами эҷод офарид,

 Ҷаҳл арчи пардаи дили шарму ҳаё дарид,

 Асри хирад, замонаи рӯшангарӣ расид,

 Аз тарси нуру рӯшанӣ зулмоти шаб рамид,

 Торикӣ раҳ бурид,

 Хуршед вораҳид,

 Субҳи Ватан дамид!

 

 

    Чорум. Ҳар муваффақияту комёбие, ки ақвому милал дар тули таърих ба даст овардаанд, ғолибан бар асари огоҳиҳои иҷтимоию фалсафию илмию низомию ҳарбию иқтисодӣ иттифоқ афтодаанд. Муҳимтар аз ҳама, аз маориф ва тарзи тарбиятии насли наврасу ҷавон мебояд шуруъ кард. Агар муҳити тарбиятию таълимии мо, аз хонавода шуруъ карда, то ба парваришгоҳу ширхоргоҳу кӯдакистону макотиби мутавасситаю олӣ тағйир ёбад ва бар мабнои донишҳои зинда ва ҳифзу эҳтироми манофеи миллӣ ташаккул дода шавад, ҳатман муваффақ хоҳем шуд. Бар илова, аз тағйироти сифатӣ дар муҳити парваришгоҳҳову кӯдакистонҳову боғчаҳо ва мактаби миёна оғоз бояд кард. Ба сухани дигар, дар доираи барномарезиҳои ихтисосии миллӣ бояд муҳтавою мазмуну мундариҷаи барномаҳои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ тағйир дода шавад ва аз синни хурдӣ (3-5-солагӣ) тарбияи насл бо аслу идеалҳои миллӣ сурат бигирад. Яъне, барномаҳои таълимӣ-тарбиятии хурдсолони синни 3-5-сола бо мушаххасоти миллӣ, аз қабили аксу тасвирҳои қаҳрамонони устуравию таърихӣ Ҷамшед, Фаридун, Манучеҳр, Рустам, Сиёвуш, Спитамен, Маздак, Муқаннаъ, Ибни Муқаффаъ, Яъқуби Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, Мунтасири Сомонӣ, Маҳмуди Торобӣ, Сарбадорон, Восеъ ва амсоли онҳо сохта шаванд, то ин ки хурдсолон аз синни томактабӣ, аз як тараф,  бо қаҳрамонони миллӣ ошно гардида, гӯшашон ба шунидани номи қаҳрамонону паҳлавонони аҷдодӣ одат кунад, аз тарафи дигар, аз ин синнусол дар руҳияи меҳанпарастию ватандӯстӣ тарбия ёбанд. Ба дунболи ин, таҳияи дастуру васоити таълимиӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ бар мабнои равиш ва методологияи илмӣ талаботи замон аст. Кӯдак, мактаббача ва хонанда бояд бо усули ва равиши илмӣ (на хурофотию хушкбоварӣ) таълим гирад ва аз хурдӣ бо усулу ва мабонии илмӣ ва суолоти илмӣ тарбия ёбад. Агар тавонем тасмимоти ҷиддие дар ин замина бигирем, пас, метавон дилпурона гуфт, ки мо аз имтиҳони нави таърих гузашта метавонем. Агар дар ин замина ибтикороти арзандае анҷом надиҳем ва мисли қабл бепарвоию сукуту хомӯширо ихтиёр менамоем, пас, яқин дар чоҳи бетаги ҷаҳолат дармемонему умеди баромад мушкил мешавад.

 Панҷум ва ниҳоят, такя ба ақлу дониш ва парокандани тухмаи маърифату огоҳӣ миллати моро аз гирдоби ҳаводис мераҳонад ва ояндадор месозад:

 

Ҷуз ақл ҷаҳон розкушоянда надорад,

Иқболи наку, бахти физоянда надорад,

Он қавм, ки худ тухмаи зоянда надорад,

Дар арсаи фарҳанг намоянда надорад,

Неруи қавӣ, қудрати поянда надорад,

Оянда надорад!  

 

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 
Хондан 498 маротиба