JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Мақолаи мазкур  доир ба ташаккулёбии ҷараёни равшанфикрӣ дар фарҳанги халқи тоҷик баҳс мекунад. Ҷараёни мазкур дар фарҳанги тоҷик зери  унвони маорифпарварӣ рушд намудааст. Маорифпарварон кӯшиш менамуданд, то ин ки ҷомеаи қафомондаи худро ба як ҷомаи пешрафтаи муосир мубаддал гардонанд. Илова бар ин Садриддин Айнӣ баъди  Инқилоби  Октябр,  огоҳона  ва  ҷасурона  кори Аҳмади  Донишро  идома  дод. Зимни тадқиқотҳои таърихӣ, адабӣ  ва фарҳангии худ миллати  тоҷикро ба худаш ва ба ҷаҳониён бисёр ба таври шоиста ва  равшанфикрона  шинос намуд. Дар ин марҳилаи таърихи халқи тоҷик маҳз ҳамин  худшиносии  равшанфикр  ва  расонидани огоҳиҳои  таърихӣ  ва  миллӣ  ба  ҷомеа  аз  ҳама  кори  муҳим  ва  мубрам  буд,  ки  С. Айнӣ  ин  корро  хеле  ҷолиб  ва  хирадмандона  анҷом  дод.

  Моҳи декабри соли 2023 шумораи 8-уми маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” - (нашрияи Шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз чоп баромад.

Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони соҳа аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон аз ҷумла:  

   Вақте ки дар бораи Афғонистон ҳамчун як кишвари алоҳида бо паҳнои ҷуғрофиёӣ ва густараи таърихию ҳувиятию фарҳангӣ ҷустуҷӯву тафаҳҳус мекунем, қабл аз ҳама, фазою муҳити мағшуши ин қаламрави  ҷангзада, ки бар асари даргирию муноқишаҳою кашмакашҳои бардавом тобу тавон аз даст додааст, пеши назар меояд. Аз ин ҷост, ки шинохти таърихи Афғонистон ва дарки ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию мадании ин минтақаи барои мо тоҷикон азиз  дар авлавияти кори пажуҳишию омӯзишӣ қарор мегирад. Илова бар ин, омӯзиши мантиқии ҷараёни ҳаводис ва рухдодҳои садаи бистум, ки дар таърихи  Афғониситон бозтоб ёфтаанд, шинохти моро дар ростои ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дақиқтар мекунад ва домони тасаввуроту маълумоту иттилоотамонро тавсеаву густариш мебахшад.

   Дар чанд даҳсолаи охир раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод, махсусан молияву сармоягузорӣ, суръати баландеро касб карда, тамоми ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Дар воқеъ, ҳеҷ як кишваре наметавонад худро аз ин раванд канор гирифта, рушду пешрафти устувор дошта бошад. Сармоя, воситаҳои молиявӣ ва донишҳои нави технологӣ ҳамеша майл ба кишварҳое доштанд, ки дар онҳо муҳити мувофиқи сармоягузориву фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дошта бошад. Дар рақобат барои дастрас кардани сармоя ва технологияҳои нав давлатҳои муосир иштироки фаъол дошта, мекӯшанд, ки дар дохили худ як муҳити бартаре созанд ва бо ҷалби сармояву технологияҳо аз саросари ҷаҳон ватани худро обод ва аҳолии онро дорову хушбахт созанд.

Китобҳо