JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 31 Октябри 2024 06:47

Саҳми донишмадони тоҷик дар рушди улуми табиӣ  ва риёзӣ дар олами ислом

Муаллиф:

  Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди улуми ақлиро дар ҷаҳони ислом бидуни мушорикати фаъолу созандаи тоҷикон ва куллан мардуми эронитабор наметавон тасаввур кард. Аъроб таъсири  маънавии марудуми эронитаборро ҳануз дар замони Ҳахоманишиён ва сипас ба таври густурдатар дар даврони Сосониён эҳсос намуда буданд. Масалан, Фарҳангистони маъруфи Гунди Шопур - маркази зеҳнии Империяи Сосонӣ, ки дар он омӯзишу таълим дар бахшҳои тиб, фалсафа, илоҳиёт ва тамоми дигар илмҳои замон ба роҳ монда шуда,  дар даврони ҳукумати Хусрави I Анушервон (531-579) ба авҷи аълои шукуфоии хеш расида буд, дар ривоҷу равнақи минбаъдаи илм дар минтақа ва куллан дар ҷаҳони мутамаддини даврони бостон ва авоили қуруни вусто нақши муҳиме дошт.[1]

  Дар он даврон бар асари фишору таъқиби  императорҳои Бизонс (Руми Шарқӣ) бархи зиёде аз фалосифаи Юнон ва масеҳиёни настурии сурёнизабон ба Эрон фирор намуданд. Анушервон ба донишмандони фирорӣ фармуд, ки матнҳои илмиро аз забонҳои юнонӣ ва сурёнӣ ба паҳлавӣ баргардонанд. Сипас ӯ  ба Шарқ рӯй овард ва Барзуя ном табиби саршиносеро  фиристод, то донишмандони ҳиндию чиниро ба Гунди Шопур даъват намояд. Ва ин донишмандон матнҳои муҳимеро роҷеъ ба нуҷум, толеъбинӣ, риёзӣ ва тиб, инчунин матнҳои чиниро дар мавриди рустаниҳои доруӣ ва шинохти адён тарҷума карданд. Ҳамин тавр, Фарҳангистони Гунди Шопур ба маъруфтарин маркази илмии он даврон мубаддал гардида, муҳимтарин дастовардҳои илмии эрониён, юнониён, ҳиндуҳо ва чиниёнро гиродварию мутамарказ намуда, барои равнақи онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Дар баробари ҷорӣ намудани низоми мураттаби муолиҷа ва равнақи донишҳои илмӣ, донишмандони фарҳангистони мазкур тамоми раванди омӯзиши тиббиро тағйир доданд ва фориғуттаҳсилини он дар саросари ҷаҳони мутамаддин ба унвони беҳтарин пизишкон эътироф гардида буданд. Донишмандони ин маркази илмӣ дар равнақи улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ низ дастовардҳои бузург доштанд.[2]

Пас аз ба сари қудрат омадани Аббосиён ва афзудани нуфуз ва таъсири эронитаборон дар дастгоҳи хилофат, бавижа дар даврони ҳукумати халифа Маъмун (813-833) соли 820 дар Бағдод маркази илмие бо номи «Байт ал-Ҳикма» таъсис ёфт, ки дар он усулҳои омӯзишию пажуҳишӣ ва куллан суннатҳои илмии Фарҳангистони Гунди Шопур мавриди истифода қарор гирифтанд. Яъне эронитаборон аз ин роҳ дар шукуфоии илму фарҳанг дар ҷаҳони ислом саҳми боризе гузоштанд.

Метавон гуфт, ки мардуми эронитабор дар шаклгирии падидае бо номи «тамаддуни исломӣ», ки яке аз дурахшонтарин даврони таърихи башариятро дар худ таҷассум мекард, нақши бузрге ифо намуданд. Пас аз суқути хулафои Уммавӣ (661-750), ки тамоюли қавмгароии арабӣ доштанд, ва ба қудрат расидани Аббосиён, нуфузи эрониён дар дастгоҳи хилофат ва мутаносибан дар саросари ҷаҳони ислом афзуд. Метавон гуфт, ки ба қудрат расидани Аббосиён то андозае натиҷаи аксуламали эрониён дар баробари қавмгароии Уммавиён буд. Зеро Аббосиёнро маҳз мардуми эронитабор бо сарварии Абумуслими Хуросонӣ сари қудрат оварданд. Дар дастгоҳи хилофати Аббосӣ эрониён то ҳадди зиёде зимоми умурро ба даст гирифтанд.  Яке аз ёрону ҳамразмони Абумуслим бо номи Холиди Бармакӣ, ки аз хонаводаи маъруфи ашрофзодагони тоҷики Балх буд, ба мақоми вазорат расида,[3] дар саросари хилофат сохтори давлатдории замони Сосониёнро ҷорӣ намуд. Баъдан аз ҷумлаи намояндагони ин хонаводаи наҷиб, ки дар таърих бо номи Бармакиён (Оли Бармак ё Баромика) маъруфанд, чандин вазирон ва ходимони давлатии сутуҳи мухталиф фаъолият карда, ҷиҳати шукуфоии тамаддуни исломӣ ва пешрафти илм дар марказ ва бузургтарин шаҳрҳои хилофат аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ саҳми бузурге гузоштанд. Яке аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи ислом, Ҷурҷи Зайдон, ин даврони таърихи хилофат (аз соли 750 то 850)-ро «давраи эронӣ» номида, эътироф мекунад, ки ҳарчанд ки хулафо араб ва забони дин дар ин давра арабӣ буд, аммо аз лиҳози сиёсӣ ва идораи умур мамлакат дар дасти эрониён қарор дошт. Ба гуфти ӯ, эрониён ба хилофат кумак карданд, онро бар пой доштанду идора намуданд; вазирону амирон, дабирону ҳоҷибон ҳама эронӣ буданд».[4] Муаррихи маъруфи мисрӣ Ахмад Амин  эътироф мекунад, ки «агар эрониён намебуданд, аъроб бо неъмату осоиш ва зиндагии муназзам ошно намешуданд».[5] Ва мутаносибан имкони омӯхтани улуми мухталиф ва пешрафти фарҳангӣ низ  ба онҳо даст намедод.

Аз тариқи эҷоди шароити созгори иҷтимоию фарҳангӣ ва тавассути таъсиррасонӣ ба аъроб ва дигар ақвоми мусулмон аҷдоди тоҷикон дар шаклгирии тамаддуни исломӣ ва равнақи илм дар саросари ҷаҳони ислом саҳми бузург гузоштанд.          

Дар таърихи илми ҷаҳони ислом вуҷуди созмони махфие бо номи «Ихвон ус-сафо ва хуллан ул-вафа ва ахла ал-адл ва абна ал-хамд» («Бародарони пок, дустони содиқ, аҳли адолат, ва писарони сипосгузор») шуҳрат дорад, ки дар қарни IX шуруъ ба фаъолият намуда, дар қарни X дар авҷи маъруфият қарор дошт.

Бунёнгузорони ин созмони махфӣ (ки ҷанбаи ахлоқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошт) гурӯҳе аз донишмандони мусалмон буданд, ки дар тамоми улуми роиҷи он даврон табаҳҳур дошта, бо нигоҳи вижаи хеш ба эътиқодоти динию масоили ҳуқуқӣ фарқ мекарданд. Ин афрод бо сабабҳои вижае ному насаби хешро пинҳон медоштанд ва ба ҳамин иллат роҷеъ ба теъдод ва зиндагиномаи эшон маълумоти дақиқе дар даст нест. Бархе аз муҳаққиқони муосир онҳоро марбут ба фирқаи исмоилия ва бархи дигаре мансуб ба муътазила дониста, қисме аз муҳаққиқон эшонро аъзои созмони мустақиле мешуморанд. Муҳаққиқи шинохтаи фаронсавӣ Анри Корбен, аъзои гурӯҳи мазкурро пайрави таълимоти исмоилия дониста, бо баррасии қисмате аз афкорашон таъкид месозад, ки дар ин далел тардид нест.[6] Донишмандони “Ихвон ус-сафо” доиратулмаорифи азими тамоми улуми то замони онҳо маълумро дар 52 ҷилд бо номи “Рисолаҳои “Ихвон ус-сафо” гирдоварӣ намуда, низоми муайяни таснифи улумро пешниҳод намуданд. Аз ҷумлаи ин расоил 4 адад ба масоили риёзию мантиқ, 17 адад ба масоили табиатшиносӣ ихтисос гирифта, боқӣ 10 рисола ба масоили илоҳиёт ва 11 рисола ба масоили қавонини динӣ марбут буданд.

Метавон гуфт, ки аъзои ин созмони махфии илмӣ асосан тоҷикон ва дигар эронитаборон буданд. Масалан, файласуфи қарни XI-и араб Абуҳаёни Тавҳидӣ аз панҷ нафар аъзои ин созмон ёд мекунад, ки чаҳор нафарашон мушаххасан тоҷик (эронитабор) буданд.[7] Ва ин далели боризест чиҳати таъйиди он нукта, ки аҷдоди мо дар шаклгирӣ ва равнақи илм ва махсусан, улуми дақику риёзӣ дар саросари ҷаҳони ислом нақши бузурге ифо намудаанд. 

Тоҷикон, инчунин ба таври инфиродӣ аз тариқи намояндагони маъруфи худ низ, ки чун ситораҳои равшане дар самои илму фарҳанги ҷаҳонӣ дурахшиданд, дар тарвиҷ ва иртиқои илму дониш дар саросари ҷаҳони ислом тайи тамоми даврони қуруни вусто саҳмгузор буданд. Дар ин росто метавон ба унвони намуна аз чанд фарде ном бурд, ки ҷаҳониён онҳоро ба увнвони бузургтарин донишмандон дар таърихи бани башар эътироф намудаанд. Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мусои Хоразми (783-850) бахши чудогонаи илми риёзӣ, яъне алгебраро бунёд гузошт ва имрӯз илме дар риёзиёт бо ҳамин ном ва равише марбут ба қаводи мантиқии ҳалли бархе аз масоил бо номи “алгоритм” ба ному амали ӯ вобастаанд. Донишмандони муосир бар ин назаранд, ки ӯ барои рушди илми риёзӣ беш аз ҳар нафари дигаре дар даврони қуруни вусто мусоидат намудааст.

Ва дигаре Умари Хайёми Нишопурист, ки дар бахши алгебра яке аз бузургтарин донишмандони қуруни вусто маҳсуб мешавад ва таҳқиқоти ҷолибе дар заминаи ҳалли муодилаҳои дараҷаи дуюму сеюм дорад. Хамин тавр, истифода аз алгебра барои ҳалли масъалаҳои ҳандаса ва истифода аз мафоҳими ҳандасӣ дар алгебра нахустин бор аз тарафи Умари Хайём ва дигар донишмандони эронӣ роҳандозӣ шуд, ки ин амал муҷиби шаклгирӣ ва равнақи ҳандасаи таҳлилӣ гардид.[8]  

Ҷолиб он аст, ки дар тамоми даврони мавҷудияти Руми Бостон ва пас аз таҷзияи он ба ду бахши шарқию ғарбӣ ва тайи тамоми даврони шукуфоии Руми Ғарбӣ, яъне Бизонс-Византия (то соли 1453), румиён ва куллан аврупоиён таваҷҷуҳи чандоне ба улуми табиатшиносию риёзии юнониёни Бостон надоштанд. Масалан, аввалин тарҷумаи осори Уқлидус (Евклид) аз тарафи аврупоиён дар асри X (ба забони лотинӣ) анҷом шуд.

Таҳқиқоти мусулмонон дар бахши нуҷум низ хеле ҷиддӣ буданд. Донишманди қарни IX тоҷик Абумаъшари Балхӣ бо истифода аз дастовардхҳои бобулиён, ҳиндуҳо ва эрониён маҷмуи ҷадвалҳои нуҷумиро тартиб дод, ки дар он харакати ситораҳо дар асоси додаҳои ҳиндуҳо ва расадхонаи эронии Гангез ҳисоб шуда буд. Тарҷумаи ин дастовардҳои Абумаъшари Балхӣ чандин бор дар Аврупо бо забони лотинӣ  мунташир шуда, ба муллифашон шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд, аммо на ба унвони ситорашинос, балки ҳамчун мунаҷҷими толеъбин. Дар китобаш бо номи “ал-Мадхал ул-кабир”, ки ба масоили нуҷум ихтисос гирифта буд, ин донишманди тоҷик аввалин бор табиати мадду ҷазрро таҳлил кард.

Чун сухан аз нуҷум рафт, бояд аз дастоварди бузурги Хайём, ки бо номи “Тақвими Ҷалолӣ” маъруф аст, ёд кард, ки дастоварди дастаҷамъии чандин нафар донишмандони тоҷик буда, аз лиҳози дақиқӣ тайи чандин садсола беҳтарин тақвим дар ҷаҳон маҳсуб мешуд. Дастовардҳои Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино дар улуми тиб, мантиқ ва риёзӣ (бо истифода аз дастовардҳои Уқлидус) низ ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Ӯ буд, ки тамоми донишҳои тибби башариро дар шакли муназзаму мураттаб баён намуда, барои рушди фалсафа, ҳандаса ва улуми табиию риёзӣ низ хидматҳои бузурге анҷом дод.

Донишманди дигари тоҷик Абурайҳони Берунӣ бошад, дар улуми табиӣ дастовардҳои ҷаҳоншумул дорад. Ӯ мафҳуми вазни хосро вориди илм намуд, вазни хоси 16 моддаро то дақиқии ҳайратовар ҳисоб кард, куррашакл будани заминро собит намуда, мавҷудияти қитъаи номаълумеро дар самти ғарби Замини мо пешгӯӣ намуда, ба таври нисбатан дақиқ бо истифода аз дастовардҳои илми ҳандаса ва тригонометрия радисуси заминро андозагирӣ кард.[9] Абурайҳон ба унвони муҳаққиқи борикбин ва донишманди нотакрор дар осораш дар баробари андешаи мантиқӣ истифода аз таҷриба ва озмоишҳои муназзами илмиро низ хеле зарур шуморидааст. Ин матлаб, масалан дар асари маъруфаш “Мо лил Ҳинд” ба таври возеҳ ба назар мерасад. Ӯ ба таври одилона, беғаразона ва муҷаз аз дастовардҳои ҳиндувон дар бахшҳои фалсафа, табиатшиносӣ, риёзӣ, илоҳиёт ва ғайра ёд намуда, онхоро бо тасаввуроти эрониёни бостон ва муслимин муқоиса мекунад. Ин навъи баён дар таърихи илми ҷаҳон як навоварӣ махсуб мешуд.  

Пешгузаштаи Берунӣ, Закариёи Розӣ, ки аз  тамоми улуми даврони хеш огоҳии комил дошт, дар ихтирои чандин пайвастагиҳои химиявӣ ва минҷумла спирт даст дорад.

Роҷеъ ба таъмини мушорикати фаъоли донишмандони тоҷик дар раванди ташаккул ва такомули улуми исломӣ сухан ронда, набояд аз падидае бо номи “Давлати аламут” сарфи назар кард.

Давлати Аламут дар таърихи мардуми эронитабор як падидаи хориқулоддаест. Забони форсӣ (тоҷикӣ) дар ин давлат ба унвони забони расмии коргузорию давлатдорӣ ва забони илму фарҳанг эътироф гардида буд. То ин замон бо баракати сайъу талоши бузургмардоне аз қабили Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва дигар донишмандони фарҳехта, ки бо забони модариашон осори  гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошта буданд, забони форсӣ аз пойдевори устувори илмӣ ва корбурдӣ дар бахшҳои мухталифи донишҳои башарӣ бархурдор гардида буд. Ин аст, ки бештари осори илмӣ дар Аламут маҳз бо ҳамин забон, яъне забони форсӣ (тоҷикӣ) офарида шуд. Донишмандони зиёде дар тули таърихи 170-солаи Давлати Аламут аз таъқибу фишори ҳуккоми турку аббосӣ ва руҳониёни мутаассиби бумӣ фирор намуда, ба қалъаҳои кӯҳии он паноҳ мебурданд. Ҳаёти илмӣ тайи ин муддат дар Давлати Аламут ба таври мудовим ва дар шакли фаъол дар ҷараён буду, донишмандон, сарфи назар аз мансубияти мазҳабию эътиқодиашон, ба таври озод ва бидуни монеъа машғули баҳсу мунозираи илмӣ буданд ва бо истифода аз китобхонаи азими Аламут аз дастовардҳои беҳтарини донишҳои башарӣ баҳравар мешуданд. Бисёре аз донишмандон барои аз нобудӣ наҷот додани  таълифоташон онҳоро ба китобхонаи Аламут тақдим мекарданд. Аз ин лиҳоз Давлати Аламут ва қалъаҳои кӯҳии он ба маркази муқтадири илмию фарҳангии он даврон мубаддал гардида буданд.

Дар Аврупо тайи чандин сада аз исмоилиёни низорӣ ба унвони «ҳашшошиюн» («ассасин») ёд мекунанд: гӯё фидоиёни исмоилӣ бар асари истеъмоли ҳашиш ва ваъдаи биҳишт даст ба амалиёти террористӣ мезадаанд. Ва вожаи «ассасин» (ба ҷои вожаи «террорист») дар забонхои аврупоӣ низ реша дар ҳамин тасаввури ботил дорад. Ин гуна тасаввури нодуруст дар заминаи навиштаҳои сайёҳи венезӣ Марко Поло ва он ҳам бар асоси ривоёти бофтае, ки ӯ аз салибиюн шунида буд, ба миён омад. Вале ахиран собит шуд, ки тамоми он ривоёт асоси воқеӣ надошта, фидоиён ҷони худро дар заминаи эътиқоди росих ва тамоюли адолатхоҳию ватанпарастӣ ба хатар мегузоштанд. Ва фидоиёни Аламут, воқеан афродеро ҳадаф қарор медоданд, ки намояндагони ақвоми мутаҷовизу ғосиб, яъне туркони салҷуқӣ ва салибиюни аврупоӣ буданд, ки нисбат ба мардуми бумӣ бо бераҳмии хосе рафтор менамуданд. Аз посухе, ки Ҳасани Саббоҳ ба ҳокими салҷуқӣ Маликшоҳ навишта буд, маълум мешавад, ки  фаласафаи низориён  ҷанбаи динию сиёсӣ ва ватанхоҳӣ дошта, он аз ҳимояи ҷомеаи мусулмонони бумӣ, аз харобию вайронӣ ва пирӯз шудан бар салҷуқиёни ғосиб ибрат буд.[10] 

Таърихи башар намунаи ин гуна ҷоннисориҳоро зиёд дар ёд дорад. Масалан, партизанҳои белорус дар даврони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм тавассути аз байн бурдани намояндагони бонуфузи душман намунаи ин гуна амалҳоро анҷом медоданд. Тибқи «Фарҳанги бузурги ҳақуқшиносӣ», партизан шахсест, ки барои озодӣ ва истиқлоли ватани хеш дар қаламрави ишғолнамудаи душман ихтиёрӣ, ба таври инфиродӣ ва ё гурӯҳӣ    фаъолияти низомии ғайрирасмӣ ва махфӣ анҷом медиҳад.[11] Ба ин маъно,  Аламут бо бурузи оини ҷавонмардӣ дар баробари ҳифзи шараф ва номуси миллии ақвоми эронитабор дар муқобила бо мутаҷовизони турк ва бегонагони араб, ҳамзамон ба унвони маркази муқтадири илмию фарҳангӣ арзи вуҷуд намуда, дар афзун намудани дастовардҳои илмии мардуми бумӣ ва ҳифзи шарафу ифтихороти онон хидмати бузурге анҷом дод.[12]

Хоҷа Насируддини Тусӣ, ки аз тарафи муҳақкиқони таърихи илм ба унвони «бузургтарин донишманди қарни XIII эътироф гардиааст, маҳз дар Аламут ба сатҳи баландтарини улуми замонаш даст ёфт ва дар фалсафа, риёзӣ ва махсусан, дар бахши тригонометрияи курравӣ осоре таълиф кард, ки дар он замон бехтарин дастовардҳои илмӣ махсуб мешуданд. Бо назари интиқодӣ ба назарияи заминмарказии Батлимус, ӯ афкоре пешниҳод намуд, ки баъдан дар заминаи онҳо назарияи офтобмарказии Коперник шакл гирифт.

Баршумурдани дастоварҳоди илмии донишмандони тоҷик ва саҳми онҳо дар равнақи тамаддуни исломӣ ҳатто ба таври иҷмолӣ фурсат ва саъю эҳтимоми зиёде мехохад ва дар доираи як мақолаи кӯтоҳ ҳатто ёдоварии сатҳӣ аз онҳо ғайри қобили имкон аст.

Ин ҷо чунин савол бамаврид аст, ки чӣ авомиле боис шуданд, ки падидае бо номи “тамаддуни исломӣ”, ки дар шаклгирӣ ва равнақи он тоҷикон саҳми боризе доштанд, аз миён рафт?

Ба ақидаи ин ҷониб, ин ҷо далоили зиёде таъсиргузор будаанд, аммо муассиртарини онҳо ду далел будааст.

  1. Лашакаркашиҳои харобиовари салибиюн.
  2. Таҷовуз ва ғорату куштор ва амалҳои ҳалокатбору харобиовари кӯчиён (муғулҳо, Темури Лангу бозмондагонаш, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитҳо), ки марокизи ободи илмию фарҳангиро хароб менамуданд ва донишмандонро аз миён мебурданд.   

Он чи дар боло омад, ишороте чанд буд роҷеъ ба саҳми ҷаҳоншумули аҷдоди тоҷикон дар шаклгирӣ ва рушди улуми табиӣ ва риёзӣ дар ҷаҳони ислом.

 

Мухаммадсалом Махшулов 

ходими пешбари илмии

 Маркази синошиносии, Институти фаласафа,

сиёсатшиноси ва ҳукуқи АМИТ.

 

Адабиёт:

[1] The Cambridge History of Iran: Vol. 4. Cambridge University Pressр, 1975.  P. 396. – 747 р.

2Joseph, George Gheverghese. The crest of the peacock: non-European roots of mathematics. — London : I. B. Tauris, 1991. P. 138

3 Абдулғанӣ Ҳасан. Абумуслими Хуросонӣ, Теҳрон: «Сипеҳр», 1353.  С. 17-18.

4Зайдон, Ҷорҷӣ. Таърихи тамаддуни ислом. Ҷ. 2. -Теҳрон: Интишороти «Амири Кабир», 1377. С. 749.

5Наййирӣ Нурӣ, Абдулҳамид. Саҳми арзишманди Эрон дар фарҳанги ҷаҳон. – Ҷ. 2. – Теҳрон, «Маркази фарҳанг ва интишороти ислом», 1375. С. 995-996. 

6 Корбен, Анри. История исламской философии. Перев. с фарнц. А.А. Кузнецова; Научный редакт. Р.М. Шукуров. – М.: Прогресс-Традиция, 2010. – 360 с. С. 135.

7 История социальной мысли в исламе. Учебное пособие для иранских вузов. Перевод Махшулова М. Москва: Издательство «Вече», 2012. С. 80.

8 Зарринкуб, Абдулҳусайн. Исламская цивилизация. Перевод Махшулова М. Москва: Изд-во «Андалус», 2004. С. 37.

9 Тавонофар М. Религиозно-философские и социально-политические воззрения низаритов Аламута. //Вестник Педагогического университета. Издание Таджикского Педуниверситета, № 3, (64-2). Душанбе, 2015. С. 4.

10 Волосов. М.Е., Капинус Н.И., Додонов  В.Н. Большой юридический словарь. Москва: ИНФРА-М, 2009. Статья «Партизаны».

11 Дафтарӣ, Фархад. Кратая история исмаилизма. Москва, 2003. С. 126 – 163.

 

 

[1] The Cambridge History of Iran: Vol. 4. Cambridge University Pressр, 1975,  р. 396. – 747р.

[2] Joseph, George Gheverghese. The crest of the peacock: non-European roots of mathematics. — London : I. B. Tauris, 1991. . P.138

[3] Абдулѓанӣ Ҳасан. Абумуслими Хуросонӣ, Теҳрон, «Сипеҳр», 1353.  С. 17-18.

[4] Зайдон, Љорљӣ. Таърихи тамаддуни ислом. љ. 2, Теҳрон, интишороти «Амири Кабир», 1377, с. 749.

[5] Наййирӣ Нурӣ, Абдлҳамид. Саҳми арзишманди Эрон дар фарҳанги љаҳон. – Ҷ. 2. – Теҳрон, «Маркази фарҳанг ва интишороти ислом», 1375. –С. 995-996.  

[6] Корбен, Анри. История исламской философии. Перев. с фарнц. А.А. Кузнецова; Научный редакт. Р.М. Шукуров. – М.: Прогресс-Традиция, 2010. – 360 с. С. 135.

[7] История социальной мысли в исламе. Учебное пособие для иранских вузов. Перевод Махшулова М, , Москва, издательство «Вече», 2012. С. 80.

[8] Зарринкуб, Абдулҳусайн. Исламская цивилизация, перевод Махшулова М., Москва, изд-во «Андалус», 2004. С. 37.

[9] Ҳамон љо. С. 83.

[10] Тавонофар М. Религиозно-философские и социально-политические воззрения низаритов Аламута. //Вестник Педагогического университета. Издание Таджикского Педуниверситета, № 3, (64-2), Душанбе, 2015. С. 4.

[11] Волосов. М.Е., Капинус Н.И., Додонов  В.Н. Большой юридический словарь. Москва: ИНФРА-М, 2009., Статья «Партизаны».

[12] Дафтарӣ, Фархад. Кратая история исмаилизма. Москва: “Ладомир”, 2003. С. 126 – 163.

Хондан 358 маротиба