JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 30 Октябри 2024 09:58

Сардабири номаи миллат (хотирае бар  бузургдошти  устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ)

Муаллиф: Нурмуҳаммад Одинаев

   Бо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ҳамкорӣ намудан, бемуҳобот,  як мактаби бузурги омӯзиши арзишҳои инсонию инсондӯстӣ буд. Эшон дар ҳимояи рисолаи номзадии банда ба сифати муқарризи расмӣ ҳузур доштанд ва ҳамзамон, дар кори рисолаи номзадӣ аз устод ва фазилатҳои илмию инсониашон баҳравар гардидаам. Рисолае, ки ман анҷом додам, ба он дараҷае, ки мехостам, омода  нагардид. Мо як гурӯҳ навроҳону навқаламон аз курсии донишҷӯиӣ ба  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор омада, ба  вазъи нооромию носуботи ҷомеаи солҳои 90-ум рӯ ба рӯ шуда, бо вуҷуди мушкилоту саргардониҳо ба  навиштани рисолаи илмӣ оғоз намудем.

  Имрӯз ба сатрҳои парешону ноустувори  нигоштаҳоям  назар андохта, андеша мекунам, ки чӣ қадар норасоию ноҷӯриҳоро  дар ин нигоштаи худ роҳ додаам. Вале муҳити илмию адабие, ки дар он солҳои душвор дар Институт мавҷуд  буд, аз ҷиҳати  илмию эҷодӣ  хеле солим ва  босубот буд. Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расулхон Ҳодизода, Хуршедахон Отахонова, Бозор Тилавов, Раҷаб Амонов, Ҳамроқул Шодиқулов, Шарофиддин Рустамов барин устодон ба шогирдону унвонҷӯён бо эҳтироми махсус муносибат менамуданд ва ба омодашавии рисолаҳои илмиашон ёрии беғаразона менамуданд. Баҳсҳо солим, муҳокимаи рисолаҳои номзадию докторӣ  ором, бидуни ҷангу хархаша мегузашт.  Камарзиштарин бозёфти илмӣ аз ҷониби устодон дастгирӣ пайдо менамуд. Ёд меорам, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба рисолаи камарзиши банда сарсухан навиштанд ва баъди мутолиа ё таҳрири маводи омодгардидаи мо-ҷавоно  сареҳан  таъкид менамуданд, ки бештар мутолиа намоему камтар нависем.

   Бо устод қариб бист сол дар шуъбаи адабиёти муосир ва робитаҳои адабӣ кор кардем. Устод  Шакурӣ дар муҳокимаи рисолаҳои илмӣ  ва таҳрири мақолаҳои нигоштаи муҳаққиқон хеле дилсӯзона муносибат намуда, ба андешаҳои  илмию эҷодии  ҷавонон эҳтиром мегузоштанд. Агар мақолаеро барои хондан пешниҳод менамудем, ба он хеле бо эҳтиёт қалам мезаданд ва ҳеч гоҳ эродҳои худро ба сари шогирдон бор намекарданд.  

   Дар бораи устод ва фазилатҳои эшон китобҳо навиштан кам аст. Устод Шакурӣ ба маънои хақикияш ашрофзода буданд; хоҳ дар муҳити хонаводаи шарифашон ва хоҳ дар мубоҳисаҳои институт ҳамеша бо атрофиён боэҳтиром муносибат менамуданд. Дар беҳтаршавии мақолаҳои илмӣ маслиҳатҳо медоданд, агар лозим бошад, таҳрир мекарданд, адабиёти заруриро пешниҳод менамуданд ва баъзе китобҳои нодирро аз фонди шахсиашон барои истифода медоданд.

Бо устод сафарҳои зиёд кардаем ва дар сафарҳои хидматӣ ё муқаррарӣ ҳамеша бо ҳамсафарон бо лаҳни ширину пурзарофат муносибат менамуданд. Баъзан мақола ва китобҳои илмиашонро барои хондан ба мо-ҷавонон пешниҳод карда,  андешаҳои ночизи моро хеле гарм истиқбол менамуданд. Профессор Ҳамроқул Шодиқулов таъкид менамуданд, ки дар ибрози андешаҳои худ нисбати китобҳои устод Шакурӣ боэҳтиёт бошед.  Ҳамин ҳам расм шуда буд, ки пеш аз изҳори андешаҳо  мо бо профессор Ҳамроқул Шодиқулов машварат намуда, аз эшон маслиҳатҳо мегирифтем. 

Солҳои охир устод аз бемориҳои зиёд ранҷ мекашиданд, вале дар ҳузури ҳамкорон ва атрофиён боре ҳам аз дарду ранҷҳои  худ сухан намекарданд. Муаллим моҳҳои охири ҳаёташон хеле хаставу бемадор шуда буданд. Ба аёдаташон рафтем ва ман аз муаллим пурсидам, ки:

 – Устод, дирӯз хеле солим будед, куҷоятон дард мекунад.

Муаллим хеле хастаҳолона аз ҷояшон балан шуданд, оҳи дардноке аз қаъри дил бурун кашида,  каме сукут карда, аз пиёлаи наздашон як қулт чой нӯшида, ҳалқашонро тар карда, хастаҳолона изҳор намуданд, ки:

– Шумо, фарзандон, танатон дардро набинад, пурсед, ки куҷоят дард намекунад. Хаёл мекунам, ҳатто ҳар тори мӯям ҳам дард мекашад.

Аз байни шогирдонашон ба Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Носирҷон Салимӣ, Абдухолиқ Набавӣ, Мирзоҳасани Султон, Шоҳзамон Раҳмонзода, Шаҳобиддини Шуҷоъ, Матлубаи Мирзоюнус, Шамсиддини Солеҳ ва шодравон Пайванди Гулмуродзода умеди зиёд доштанд ва нисбати онҳо  ҳамеша боэҳтиром муносибат менамуданд. Бо ташаббуси устод мо – як гурӯҳ ҳамкорон, дар Маркази фарҳангии Эрон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба таҳияи маҷмуаи “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо” сар кардем. Ҳар як мақолае, ки аз рӯзномаи “Овози тоҷик” ва маҷаллаи “Раҳбари дониш” таҳия мегардид, ҳатмӣ аз назари устод Шакурӣ мегузашт. Муаллим дар зери заррабин ҳар як мақоларо тафтиш мекарданд ва ғалатҳои зиёде пайдо карда, ислоҳи онҳоро назорат мекарданд. Сафири  Ҷумҳурии исломии Эрон Носир Сармади Порсо чун огоҳ гардид, ки маҷмуа зери назари академик Муҳаммадҷон Шакурӣ омода шудааст, чопи онро ба ихтиёри худ гирифт.  Маҷмуаи “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо” аз ҷониби аҳли таҳқиқ хеле хуб пазируфта шуд ва  аҳамияти илмии маводи илмии онро дар назар дошта, устод Шакурӣ дар сарсухан ин маҷмуаро  “сарчашмаи муҳимми илмӣ” унвон кардаанд.

Бо муаллими азиз кор кардан барои мо – навроҳон, хеле ифтихор буд, зеро аз ҳар сухану гузориши илмии устод  маъниҳои зиёд бардоштан мумкин буд. Боре устод хоҳиш намуданд, ки дар омодасозии китоби “Адабиёти тоҷик дар садаи бисти тоҷик” дастёрӣ намоям. Матнро ҳуруфчинӣ намуда, ба устод пешниҳод намудем, то эшон аз назар гузаронанд. Дар  мақолае, ки “Аз пайи фаҳмишҳои нав” унвон дошт, муаллим ҳарчанд хондаанд, ғалате пайдо нагардид. Дилашон ором наабуд, аз мо хоҳиш намуданд, ки фурсате пайдо намуда мақоларо бори дигар мехонам, сипас ба чопаш иҷозат медиҳам. Ҳарчанд мо- шогирдон ва ҳамсари азизашон Дилафрӯз Икромӣ, ба устод мефаҳмондем, ки модоме ки ғалат пайдо нагардид, ба чопи китоб иҷозат диҳед. Муаллим хуб гуфта, моро чанд рӯзи дигар боздоштанд.  Баъд маълум гардид, ки аз матни асосии китоб  чанд ҷумла а афтидааст ва муаллим инро дарк карда, то ҷойи ҷумлаҳоро наёфтанд, барои чоп иҷозат надодаанд. Муаллим дар чопи асару мақолаҳояшон ҳамин тавр масъулиятшинос буданд.

Ба хонаи муалллим солҳои охир аз серкорӣ камтар мерафтем. Рӯзе профессор Олимҷон Хоҷамуродов хоҳиш намуданд, ки устод Шакуриро ба маъракаи тӯйи фарзандашон раҳнамоӣ намоям. Роҳи хонаи устодро пеш гирифтем ва эшон моро хеле гарм пазироӣ намуданд. Ба устод даъватномаи  профессор Олимҷон Хоҷамуродов расондем, хеле хурсанд шуданд, як лаҳзае нишастанду аз камнамоии мо хеле гилаҳо карданд:

– Мо дар ин синну сол танҳоем. Аз мо бохабар бошед. Вақтатонро пайдо намуда, биёед, то аз будани мо баҳравар гардед. 

Ман дидам, ки дар чашмони устод ашк ҳалқа зад ва рӯйи ожангҳои рӯяшон қатраҳои оби дида роҳ гирифт. Ба худ ва муҳити илмию адабие, ки ба устод  Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ пайравӣ доштанд, малолам омад ва эҳсос намудам, ки мо ҳамагӣ нисбат ба устодон сангдил шудаем.

Муаллимро ба мошин савор карда, аз назди ҳайкали Ибни Сино мегузаштем, ки офтоби сари кӯҳ ба ғуруб мерафт. Муаллим мошинро боздошта, хоҳиш карданд, ки аз мошин пиёда шавем. Мо назди ҳайкали Ибни Сино истода, чанд лаҳза суҳбат намудем. Муаллим ба сӯи офтоби сари кӯҳ ишора намуда:

           – Бародарон, ҳамон офтоби сари кӯҳро мебинед? Баъди чанд муддат ба қаъри ғуруб фурӯ меравад. Мо ҳам чун офтоби сари кӯҳем. Аз мо бохабар бошед.

           Дар ҳақиқат, ин офтоби илму адаб баъди чанд муддат паси кӯҳҳои осмонбӯс  ғуруб намуд. Вале ёди некашон  дар дилу дидаи ҳамагон маскан дорад.

                  ***                                                       ***

  Ба устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ  шоирони зиёде шеър бахшидаанд.  Дар ин ҷо шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи  Хуҷандиро меорем, ки он бо меҳру муҳаббати беандоза ва ихлоси зиёд ба  бузургдошти устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ  эҳдо гардидааст:

 

                                                                            Фарзонаи Хуҷандӣ

ФАТВОИ ВАСЛ

(ба ёдбуди устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ)

Соҳибтариқате ба муридон мурод дод,

Фархундафитрате  ба чигилҳо кушод дод.

 Дар ғафлати дуқарнаи мо офтоб рехт,

Бар шабравони субҳталаб офтоб дод.

 Бар миллате, ки ҳофизааш кӯр гашта буд,

Пайғоми Рустаму дараки Кайқубод дод.

Хасмона бар Шакурии мо ҳам нигоҳ кард,

Он миллате, ки Рустами худ бар Шағод дод.

Аз мо чӣ дид, он ки ба мо чашм ҳадя кард,

Аз мо чӣ бурд, он ки ба мо бас зиёд дод.

Пирона фикри хоб намудему пири мо,

Завқу шабоб доду мадори ҷиҳод дод.

Илми мадунияш зи ниё ёдгор буд,

Бар офтоб шуълавариро кӣ ёд дод?

Он сардабири номаи миллат дами сафар,

 Фатвои васлу маслиҳати иттиҳод  дод.

Олам аз одамияти ӯ дар шигифт монд,

Ин рутбаро Худоӣ ба ӯ умрбод дод.

Бар додгоҳи арш шуд он додварзи мо,

Милён дил аз ғафас бизанад дод, дод, дод.

Нурмуҳаммад Одинаев

муҳаққиқ

Хондан 205 маротиба