JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 28 Октябри 2024 08:40

Конститутсияи соли 1994 – заминаи қонунофариниҳои баъдии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Муаллиф: Нозим Нурзода

    (Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи миллӣ)

   Расидан ба марҳилаи Истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Мусаллам аст, ки тайи таърихи  башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ сари исми Истиқлолияти давлатӣ  савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ ва фидокорӣ кардаанд. Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф  ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро  дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.

   Маълум аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ -- Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф  шуд. Зимнан, Истиқлоли давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Насли миёнсол ва солманди  Тоҷикистони азиз хуб дар ёд доранд, ки Истиқлоли давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор -- ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, ки кишварҳои дигари тоза истиқлол бадастовардаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буданд.

   Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ  роҳи таърихии тоҷик муайян гардид, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд ва раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон тавонист, ки ин сарҳадафи стратегиро бомуваффақият амалӣ созад.

  Мусаллам аст, ки Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ аососҳои рушди муҳити давлатдории навинро фаро мегирад (см.: Достиев А. Конституция  Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001.-С.3). Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия рамзи соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлат буда, давлатро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Раванди қонунофарӣ ва тасвиби Конститутсия ба унвони сарчашмаи ҳуқуқ давра ва марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар кардааст. Муҳаққиқони ҳуқуқшинос бар ин назаранд, ки давраи муосири рушди раванди қонунофарӣ ва конститутсионӣ аз охири солҳои 80-уми садаи ХХ шуруъ шуда, то имрӯз идома ёфта истодааст. Оғози ин давра, асосан ба аз байн рафтани давлати Шуравӣ ва пошхурии ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ бастагӣ дорад. Баъди барҳам хурдани давлати Шуравӣ  ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълом дошта, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари ин, ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ (ба истиснои Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам) барҳам хурда, аз ин низом даст кашиданд. Баъди интихоб намудани роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ онҳо конститутсияҳои нави худро дар асоси модули конститутсионии Ғарб қабул намуданд. Ба ин тартиб, аз 15 ҷумҳурии собиқи шуравӣ моҳи декабри соли 1991  танҳо 12  ҷумҳурӣ  шакли нави ҳамкориро дар қолаби иттиҳоди ҷадиди сиёсӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  пазируфтанд (ба ҷуз ҷумҳуриҳои назди Балтика, феълан  аъзои ИДМ — нуҳ ҷумҳурии собиқ шуравӣ мебошанд). Баъди эълом доштани истиқлоли давлатӣ дар  ин ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ масъалаи таҳия ва тасвиби конститутсия ба миён омад. Ҷумҳуриҳои назди Балтика — Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 консти­тутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ, аз ҷумла Туркманистон 18 майи соли 1992, Узбекистон — 8 декабри соли 1992, Федератсияи Россия — 12 декабри соли 1993, Молдова — 29 июли соли 1994, Қирғизистон — 5 майи соли 1995, Арманистон — 5 июли соли 1995, Гурҷистон — 24 августи соли 1995, Қазоқистон — 30 августи соли 1995, Озарбойҷон — 12 ноябри соли 1995, Украина — 28 июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус — 24 ноябри соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

       Ба ин тартиб, Ҷумҳурии Тоқикистон баъди як дараҷа хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи аз нав омода кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 июни соли 1993  матраҳ гардида, бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке, бар лоиҳаи конститутсия  бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва дигаре, бар шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ такя мекарданд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод шуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва баррасии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқа, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 идома ёфт. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 доир шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои қабули он тариқи  раъйпурсӣ дар таърихи 25 сентябр қарори дахлдор ба тасвиб расид.  Баъдан бо қарори Иҷлосияи бистуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 сентябри соли 1994  муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

     Бояд тазаккур дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, ки барои хомӯш шудани оташи ҷанги хонамонсӯзи ҳамватанӣ дар паҳлуи раҳбарияти олии давлати миллӣ қарор доштанд, дар таъйни сарнавишти минбаъдаи давлати тоҷикӣ тавассути қабули Конститутсияи миллӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ин буд, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дар сади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд, ки 87,59 дар сади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз он ба баъд Рӯзи 6 ноябри соли 1994 ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардида, ҳамасола ботантана таҷлил мешавад.

    Чи хеле ки болотар ишора рафт, халқи тоҷик иродаи худро ба таври расмӣ тавассути Конститутсия соли 1994  баён дошт. Гузашта аз ин, дар таҳияи Конститутсияи соли 1994 таҷрибаи қонунсозӣ ва санадофарии давлатҳои тараққикарда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.161). Ин аст, ки Конститутсияи давлати нави Тоҷикистон баёнгари тафоҳуми миллӣ ва ҳамбастагии мардумӣ буда, ҳамин шеваи демократӣ дар раванди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар то имрӯз пайгирӣ шудааст. Ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бардошта истодааст (см.: Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.). /Сост. Ф.Т. Тахиров. –Душанбе: ТНУ, 2019. -С.3) ба мазмуну муҳтавои Конститутсияи кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, бо қабули Конститутсияи соли 1994 халқу давлати Тоҷикистон дар самти сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдоми ҷиддӣ бардошт ва иқдомоти минбаъдаи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ ва ҳунарӣ давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ соҳибобрӯ сохт. Бо қабули ин санади калидӣ, ки бозгӯкунандаи сатҳи тамаддун ва фарҳанги давлатмадории миллӣ мебошад, Тоҷикистон ба доираи давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ шомил гардид ва имрӯз ҳарфи раҳбарияти олии моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои қудратманди минтақавию ҷаҳонӣ эҳтиром мекунанд.

     Ҳанӯз сӣ сол қабл (20 июли соли 1994) Раиси вақти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шурои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конс­титутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст” (ниг.: //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ  маҳсуб меёфт. Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (унитарӣ) мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ  муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.13).

   Яке аз вежагиҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (манзур Конститутсияи соли 1994 аст) дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад,  ки барои конститутсияҳои қаблӣ ин мафҳум бегона буд.

   Дар бахши муқаддимотӣ ё ба истилоҳ, преамбулаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи ҷумҳурӣ чунин нукоти ҷолибе дарҷ гардидааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллатқу халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем” (ниг.: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон. Конституция Республики Таджикистан. The Constitution of the Republic of Tajikistan. –С.3).

     Ногуфта намонад, ки тавассути моддаҳои марбутаи Конститутсияи соли 1994  ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъйин гардид ва озодии андеша тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид манъ шуд. Ба унвони мисол, аз моддаи 30-и Конститутсия ёдовар мешавем: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ барои танқид манъ аст” (ниг.: Маҷмӯаи  Конститутсияҳои Тоҷикистон. /Муҳаррири масъул Гадоев Б.С. –Душанбе, 2015. -С.470). Таъйни меъёрҳои озодии виҷдон ва андеша (моддаи 26), ки аз муҳтавои Конститутсияи соли 1994 бармеояд, роҳи сохтмони давлати дунявиро ҳамвор намуд. Маҳз давлате, ки бар мабнои низоми давлатдории дунявӣ устувор аст, метавонад озодии виҷдон ва андешаро таъйиду тазмин кунад. Ин нуқтаи меҳварии озодиҳои инсонро Конститутсияи соли 1994 муқаррар кард ва аз ин тариқ барои ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маданӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

   Ба таври куллӣ, бар асоси Конститутсияи соли 1994 шароити мусоиди такмили қонунияти конститутсионӣ ва истеҳкоми пояҳои демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Ин санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсияи миллии соли 1994 раванди низоми давлатдории дунявӣ ва тафаккури секуляриро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид. Ба сухани дигар, Конститутсияи соли 1994 гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷикиро ҳамвор сохт.

            

         Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 
Хондан 321 маротиба