JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

    Прежде всего, позвольте поблагодарить организаторов за возможность принять личное участие в работе академического форума молодых ученых стран большой Евразии, а также с удовольствием отметить высокий уровень организации нашего мероприятия.

   В современном мире для каждой страны проблема национальной идентичности считается одной из важнейших. Сильное и устойчивое государство невозможно представить без национального единства, чувства понимания  национального  общества, общих национальных интересов и оценки. По мере укрепления национального единства, гражданская ответственность  становится прочнее,  и  увеличиваются   возможности  совершения общенациональных действий от имени конкретного этноса.

  Воқеият ва чигунагии муносибат, рафтор ва тарзи тафакури инсонҳо ҳамеша ба навъу тарзи андешаашон бастагӣ дорад. Як фард аз замони таваллид дар доираи хонаводае ва муҳити иҷтимоие тарзи баррасӣ ва қолабҳои фикрии он ҷомеаро қабул менамояд. Худӣ ва шахсияти фард ҳам он замон ошкор мешавад ва аз худ дарак медиҳад, ки дар фикр ва андешаи худ мустақил мешавад ё ба истилоҳ соҳиби назар мегардад. Соҳиб аз будан ба он маъно нест, ки дар мавриди ҳаводис назари содаву омиёна ва ғайри илмӣ дошта бошад, балки баръакс ҳар ҳарфу ҳиҷояш бо далел, собитшаванда ва бо асоси мантиқӣ бошанд.

  Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар баробари «шаҳри сабз» унвон гирифтанаш боз ба маркази саноатии пешрафтаи мамлакат ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ  мубаддал мегардад. Кушода шудани силсилакорхонаи саноатӣ дар Душанбе дар оғози ҳафтаи равон баёнгари он аст, ки сиёсати рушди саноат дар пойтахти мамлакат мақсаднок буда, давраҳои минбаъдаро низ пешбинӣ менамояд.

 Дар зимн андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаровро оид ба ин мавзуъ пешкаши хонандагони Агентӣ менамоем. 

Панҷшанбе, 02 Ноябри 2023 10:34

Хатлон: ташаккул ва рушди китобдорӣ

Муаллиф:

  Пас аз касби истиқлол, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи анъанаю суннатҳои неки ниёкон ва рушди бахшҳои мухталифи фарҳанг, ба соҳаи китобдорӣ низ хеле афзуд. Махсусан, дастгирию ғамхориҳои Пешвои фарҳангпарвари миллати тоҷик аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар тамоми гӯшаю канори кишвар қасрҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ҷадиду замонавӣ бунёд гардида, ба насли меросбари миллат тақдим карда мешаванд. Аз ҷумла, яке аз ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар, таҳти сарварию роҳнамоии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар соҳаи китобдорӣ бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2012) мебошад. Ҳамзамон, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Президенти кишвар баргузор мешавад, ҳамасола ба як чорабинии бағоят муҳимму пуршукӯҳ табдил меёбад. Мусаллам аст, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дар маҷмӯъ, шаҳрвандони кишвар доир мегардад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи мардуми китобдӯсту китобхони тоҷик нисбат ба китоб зиёд гардида, китобхонаҳои тамоми гӯшаю канори кишвар барои кулли хонандагонашон тамоми шароити мусоидро муҳайё менамоянд.

Китобҳо