JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 30 Сентябри 2024 10:23

Мавлоно ва мо (Ба муносибати Рӯзи Мавлоно)

Муаллиф: Нозим Нурзода

        30  сентябр дар силсилаи таҷлилоти ҷашну маросимоти миллӣ ба унвони Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шинохта шудааст ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳам мардум, доираҳои адабию фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию ҳунарӣ аз ин Рӯз таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз доираҳои адабӣ, қишрҳои фарҳангӣ, ҳафзаҳои илмӣ ва муҳитҳои донишгоҳӣ гирди ҳам меоянд ва атрофи шахсият, андеша, дидгоҳ, мавқеият ва мероси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суҳбатҳои ҷолиби адабию ихтисосӣ ва мубоҳисоти илмию фаннӣ сурат мегирад. Дар феҳристи баррасиҳои мавзуие, ки дар партави Рӯзи Мавлоно ҳамасола матраҳ мегардад, масъалаи нигариш ва дидгоҳҳои фалсафии Ҷалолуддини Балхӣ низ ҷой дорад. Ба сухани дигар, нишон додани симои фалсафӣ, шахсияти ғайримаъмулӣ  ва чеҳраи чолишгару ҷуръатманди Мавлоно аз талаботу муқтазиёти баҳсҳои ихтисосӣ ва фалсафӣ мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар ҳошияи Рӯзи Мавлоно чанд нуктаи мухтасарро ироа медорем:

        Якум. Номи Мавлоно, ба иттифоқи тазкиранависон, Муҳаммад ва лақабаш Ҷалолуддин будааст ва ҳама муаррихон вайро ба ҳамин ному лақаб шинохтаанд. Дигар ин ки ӯро ба ҷуз Ҷалолуддин ба лақаби Худовандгор низ хондаанд. Лақаби “Мавлавӣ”, ки аз дер замон миёни суфия ва дигарон ба ин устоди ҳақиқатбин ихтисос додаанд, дар замони худи вай ва ҳатто дар урфи тазкиранависони қарни нуҳум (асри понздаҳуми милодӣ) шуҳрат надоштаааст ва ҷузви ановин ва лақабҳои хоси ӯ нест ва зоҳиран ин лақаб аз рӯйи ановини дигар, яъне Мавлонои Рум гирифта шудааст. Дар муншаоти қарни шашум (дувоздаҳуми милодӣ)  алқобро ба муносибати зикри “ҷаноб” ва амсоли он пеш аз онҳо бо “йо”-и нисбат истеъмол кардаанд, мисли “Ҷаноби Авҳадии Фозилии Иҷлӣ” ва Итлоқи унвони “Мавлавӣ” ҳам аз ин қабил будааст (ниг.: Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Мутобиқ бо нусхаи тасҳеҳшудаи устод Бадеуззамони Фурӯзонфар. –Теҳрон: Паймон, 1379. –С. Се). Лекин шуҳрати Мавлоно ба Мавлонои Рум мусаллам аст ва ба гуфтаи Ҳамдуллоҳи Муставфӣ ва итлоқоти тазхкиранависон истифода мешавад ва дар “Маноқиб-ул-орифин”-и Аҳмади Афлокӣ, ки дар омӯзиш ва шинохти Ҷалолуддини Балхӣ аз манобеи муҳим маҳсуб меёбад, ҳар куҷо лафзи “Мавлоно” зикр мегардад, мурод ҳамон Ҷалолуддин Муҳаммад аст.     

         Дуюм. Мавлоно бар мабнои дониш, биниш, таҷриба, андӯхта ва мушоҳидаҳояш коргоҳи фикрии вежа бунёд намуда, аз ин тариқ ба мушкилоту муаммоҳои давру замони худ бархурд кардааст. Дар зимн, Мавлоно мавзуъ, масоил ва мушкилоти давру замонро дар коргоҳи фикрӣ баррасӣ карда, воқеиётро дар доираи равиш ва сабки вежа, ки мунҳасир ба фарди ӯст, бозгӯ сохтааст. Муҳимтар аз ҳама, дар ташаккул ва таҳаввули андешаву афкори Мавлоно ва ба дараҷаи як шахсияти матраҳи фикрӣ расидани ӯ муҳит ва фазои замон ва ҳамнишинӣ бо ашхоси саршиноси даврон нақши калидӣ доштаанд. Бинобар ин, ковишу талошу ҷустуҷӯҳои эҷодӣ Мавлоноро минҳайси як шахсияти ҷуръатманди иҷтимоӣ муаррифӣ месозанд ва ӯ дар баррасии масоил ва мушкилоти иҷтимоӣ аз сабку шеваи махсуси омӯзишию таҳлилӣ истифода мебарад.

       Мавлоно, пеш аз ҳама, шахсияти ҷуръатманд буд ва бар мабнои ҷасорати иҷтимоӣ муаммо ва мушкилоти гуногуни ахлоқӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва маданиро матраҳ намудааст. Махсусан, ҷуръат ва ҷасорати ӯ дар заминаи аз қолиби маъмулӣ берун кашидани тасаввуфи исломӣ, бузург ҷилва додани мақому мартабаи инсонӣ, ҷойгоҳи вежа қоил шудан ба инсони ҷӯёву пӯё, шикастани қолибҳои шахшудаи иҷтимоию фикрӣ, урёну бепарда арз доштани навоқиси замонӣ, баёни мушкилоти ақидатӣ ва уқдаҳои равонию ахлоқии ҷомеа сазовори таҳсину офарин аст. Ба ин тартиб, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун шахсияти ҷаҳонӣ дар се буъди фарҳангу маънавиёти башарӣ: дин – мазҳаб; тасаввуф – ирфон; ҳикмат – фалсафа қувват санҷидааст. Ба таъбири дигар, Мавлоно дар таълифоти арзишманди хеш масоили се қисмати ҷаҳонбинии инсониро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки ҳар яке бо бинишу диде хос шарҳу тафсир гардидаанд. “Маснавӣ” ва “Девони Шамс” - и ӯ моломоли андешаҳои зоҳидона, орифона ва ҳикматона мебошанд.

       Севум. Силсилаи мавзуъ ва масъалаҳое, ки Мавлоно сари онҳо тамаркуз кардааст (аз ҷумла мавзуоти хирад, дониш, ақл, ҷабру ихтиёр, инсонсолорӣ, бузургманишӣ ва амсоли инҳо, ки аслҳои фалсафианд), дар таълифоти ӯ бо биниши динӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

      Чаҳорум. Мавлоно бо ҷуръат ба мушкилот, уҳдаҳо ва печидагиҳои замонию маконӣ даргир мешавад. Бавежа, мушкилоти ҷиддии замонӣ – ташаннуҷу нуфузи хурофоту таассуби мазҳабӣ, ихтилофоти динӣ, танишҳои ақидатӣ, фақри маънавӣ, ноҷуриҳои равонӣ, тасаллути бемайлони нодонӣ, истибдоди дохилию хориҷӣ ва амсоли инҳо Мавлоноро ором намегузошт ва хоби ӯро мепаронд. Ин буд, ки бо мушкилоту печишҳои равонӣ, ақидатӣ, мазҳабӣ ва фикрӣ, ки мардум ва табақаҳои иҷтимоии замонро бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад, даргир мешавад ва алайҳи истибдоди фикрӣ мешӯрад. Барои ба ҳам овардани бинишҳои гуногун ва таъмини рангорангии фикрию ақидатӣ Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ ҳикоёту ривоёти ҷолиб ироа медорад ва аз ин тариқ таниш ва ихтилофоти мазҳабӣ ва фикриро аз миён бармедорад. Масалан, вежагиҳои ақидатии элитаи динӣ-мазҳабиро дар симои паёмбарон, аз як тараф ва мушаххасоти ибодатии авомро, ки дар содагии ибодӣ ва шаффофияти ақидатӣ инсиҷом ёфтаанд, аз тарафи дигар, арзёбӣ карда, як навъ қиёси мактабҳои парастишию ниёиширо ба сомон мерасонад, ки ин корро касе бо назокат ба андозаи Мавлоно анҷом надодааст. Дар дафтари дувуми Маснавии Маънавӣ Мавлоно ривояти машҳури Мусо ва Шубонро мисол мезанад ва аз ин тариқ тафовути фаҳмишҳои ақидатиро нишон дода, бартарии ибодатҳои отифии мардумӣ (дар мисоли Шӯбон)-ро дар баробари ибодоти хушку шахшудаи расулон (дар мисоли Мусо) хеле ҷаззоб ба риштаи тасвир бармекашад. Ба гунаи намуна, ба чанд абёти Мавлоно, ки дар заминаи қиссаи Мусо ва Шубон оварда шуда, ду дидгоҳ ва мавқеъгирии ибодӣ – яке, диди Мусо ва мавқеъгирии хушки ақидатӣ, ки бо тарсу тааддӣ пайванд аст ва дигаре, дидгоҳи Шубон, ки бо ибодати содаю самимию отифӣ пероста шудааст, матраҳ гардида, дидгоҳи шубонӣ бартарӣ ва тавҷеҳ меёбад. Таваҷҷуҳ мекунем ба дафтари дувум, боби “Инкор кардани Мусо алайҳиссалом бар муноҷоти шубон”:

Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: ай Худову ай илоҳ.

Ту куҷойӣ, то шавам ман чокарат,

Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.

Ҷомаат шӯям, шабушҳоят кушам,

Шир пешат оварам, ай муҳташам.

Дастакат бӯсам, бимолам поякат,

Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.

Ай фидои ту ҳама бузҳои ман,

Ай ба ёдат ҳайҳайю ҳайҳои ман!

Ин намат (тарз, тариқа, усул) беҳуда мегуфт он шубон,

Гуфт Мусо бо кӣ аст ин, ай фалон.

Гуфт: Бо он кас, ки моро офарид,

Ин замину чарх аз ӯ омад падид.

Гуфт Мусо: Ҳой хирасар шудӣ,

Худ мусулмон ношуда кофар шудӣ.

Ин чӣ жод асту чӣ куфр асту фишор,

Пунба андар даҳони худ фишор.

Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,

Куфри ту дебои динро жанда кард.

Чоруқу потоба лоиқ мар турост,

Офтоберо чунинҳо кай равост.

Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,

Оташе ояд, бисӯзад халқро.

Гар ҳамедонӣ, ки Яздон довар аст,

Жожу густохӣ туро чун бовар аст.

В-ар барои банда-ш аст ин гуфтугӯ,

Он ки Ҳақ гуфт, ӯ ман асту ман худ ӯ.

Гуфт: Ай Мусо даҳонам дӯхтӣ,

В-аз пушаймонӣ ту ҷонам сӯхтӣ.

Ҷомаро бидриду оҳе карду тафт,

Сар ниҳод андар биёбону бирафт.

(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.199-200).

      Дар боби “Итоб кардани Ҳақ таъоло бо Мусо алайҳиссалом аз баҳри он шубон” давоми қиссаро хеле зебо мепардозад:

Ваҳй омад сӯйи Мусо аз Худо,

Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.

Ту барои васл кардан омадӣ,

Не  барои фасл кардан омадӣ...

Мо забонро нангарему қолро,

Мо равонро бингарему ҳолро...

Хун шаҳидонро зи об авлотар аст,

Ин хато аз сад савоб авлотар аст.

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,

Ошиқонро миллату мазҳаб худост.

(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.201).

      Ва дар ниҳоят, дар боби “Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шубон” ниёиши самимии мардумиро, ки бар мабнои меҳру отифат бунёд ёфтааст, бар тарзи ибодати расулӣ, ки бо тарсу ваҳомат иртибот доштааст, пирӯз ҷилва додааст:

Баъ аз он дар сирри Мусо Ҳақ нуҳуфт,

Розҳое, к-он намеояд ба гуфт.

Бар дили Мусо суханҳо рехтанд,

Дидану гуфтан ба ҳам омехтанд...

Чунки Мусо ин итоб аз Ҳақ шунид,

Дар биёбон аз пайи чӯпон давид...

Ҳеҷ одобеву тартибе маҷӯ,

Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат бигӯ.

Куфри ту дин асту динат нури ҷон,

Эманӣ в-аз ту ҷаҳое дар амон...

Маҳрами носути мо лоҳут бод,

Офарин бар дасту бар бозут бод...

Ҳамди ту нисбат бад-он гар беҳтар аст,

Лек он нисбат ба Ҳақ ҳам абтар аст.

Чанд гӯйӣ чун ғато бардоштанд,

К-ин набудаст он кӣ мепиндоштанд.

Ин қабули зикри Ҳақ аз раҳмат аст,

Чун намози мустаҳоза рухсат аст.

(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.201).  

         Ба ин тартиб, дар бобҳои “Инкор кардани Мусо алайҳиссалом бар муноҷоти шӯбон”, “Итоб кардани Ҳақ таъоло бо Мусо алайҳиссалом аз баҳри он шубон”, “Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шӯбон”, “Ваҳй омадани Мусоро алайҳиссалом дар узри он шӯбон” бо шевотарин ва ширинтарин тариқа тафовутҳои ибодии ин ду қишри иҷтимоӣ – Мусо ва Шӯбон ва саранҷом тарзи ибодати отифии мардумиро бар шеваи парастиши расулӣ тарҷеҳ дода, пирӯзии мафкуравии мардумиро эълом медорад (муфассалтар нигаред: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.199-201).

      Панҷум. Ба дунболи ин, Мавлоно аз мушкилоти фикрии ҷомеаи мусулмонии замон, ки ҳамеша ба хурофоту таассуб мутамоил будааст, дам мезанад ва дар қолиби ривояти дигар дар мисоли габру мусалмон бовардоштҳои отифиро дар муқобили хушкандешии мазҳабӣ, ки одатан аз риёкорию худнамоӣ таркиб ёфтааст, мавриди интиқод қарор медиҳад. Дар Дафтари панҷум дар доираи боби “Ҳикояти кофире, ки гуфтандаш дар аҳди Боязид ки мусулмон шав ва ҷавоб гуфт ӯ эшонро” Мавлоно масъалаи мазкурро ҷасоратмандона ва мунсифона нақд мекунад:

Буд габре дар замони Боязид,

Гуфт ӯро як мусулмони саид.

Ки чӣ бошад, ки ту ислом оварӣ?

То биёбӣ сад наҷоту сарварӣ...

Дорам имон, к-он зи ҷумла бартар аст,

Бас латифу бофурӯғу бофар аст...

Боз имон худ гар имони шумост,

Не бад-он майл астаму не муштаҳост.

Он ки сад майлаш сӯйи имон бувад,

Чун шуморо дид, он фотир шавад.

З-он ки номе бинаду маъниш не,

Чун биёбонро мафоза гуфтане.

Ишқи ӯ з-оварди имон бифсарад,

Чун ба имони шумо ӯ бингарад.

(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.695)

      Дар зимн, Мавлоно аз риёкориҳои мазҳабӣ ва худнамоиҳои элитаи динӣ, ки имрӯз ҳам зиёд иттифоқ меафтанд, ғаш мекунад ва садои эътирозу интиқод дармедиҳад. Дар Дафтари дувум дар қолиби боби “Гуфтани шайхе Боязидро Каъба манам, гирди ман тавофе мекун” ҳикоёти  ибратбахше аз саргузашти сӯфии машҳури асримиёнагӣ Боязиди Бастомӣ нақл мекунад, ки далели муҳкамест бар риёкориҳои қишри риёкори ҷомеа. Боязид ҳангоми сафар ба Каъба бо пире барнодил мулоқот мекунад ва ӯ воқеияти динмадорӣ ва тақводориро шарҳу баён менамояд. Ба мазмуни ҳикоят таваҷҷуҳ мекунем:

Боязид андар сафар ҷустӣ басе,

То бибояд Хизри вақти худ касе.

Дид пире бо қадде ҳамчун ҳилол,

Дид дар вай фарру гуфтору риҷол.

Дида нобинову дил чун офтоб,

Ҳамчу пиле дида Ҳиндустон ба хоб.

Чашм баста хуфта бинад сад тараб,

Чун гушояд, он набинад, ай аҷаб...

Гуфт: Азми ту куҷо, ай Боязид,

Рахти ғурбатро куҷо хоҳӣ чашид.

Гуфт: Қасди Каъба дорам аз пагаҳ,

Гуфт: Ҳин, бо худ чӣ дорӣ зоди раҳ.

Гуфт: Дорам аз дирам нуқра дувист,

Нук бубаста сахт дар гӯша радист.

Гуфт: Тавфе кун ба гирдам ҳафт бор,

В-ин накутар аз тавофи ҳаҷ шумор.

В-он дирамҳо пеши ман неҳ, ай ҷавод,

Дон, ки ҳаҷ кардиву ҳосил шуд мурод...

Чун маро дидӣ Худоро дидаӣ,

Гирди Каъбаи сидқ баргардидаӣ.

Хидмати ман тоату ҳамди Худост,

То напиндорӣ, ки Ҳақ аз ман ҷудост.

Чашм неку боз кун, дар ман нигар,

То бубинӣ нури Ҳақ андар башар.

Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт,

Ҳамчун зарринҳалқае дар гӯш дошт.

Омад аз вай Боязид андар мазид,

Мунтаҳо дар мунтаҳо охир расид.

(ниг.: Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Маснавии Маънавӣ. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон: Соянимо, 1386. С.216)

     Аз тарафи дигар, Мавлоно барои инсоният ҳадду ҳудуде муайян ва мушаххас мекунад ва бар он пофишорӣ месозад, ки расидан ба марзи мусулмонӣ роҳи дурударозест, чи расад ба роҳи инсонӣ, ки болотар аз мусулмонист. Таваҷҷуҳ мекунем:

Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Агар зи нақшу зи наққош бошадат хабаре,

Саманди фикр ба болои арш барронӣ.

Бузургворнажодӣ ба қадру аслу насаб,

Вале чӣ суд, ки ту қадри худ намедонӣ…

(ниг.: Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Мутобиқ бо нусхаи тасҳеҳшудаи устод Бадеуззамони Фурӯзонфар. –Теҳрон: Паймон, 1379. Ғазали 3285. –С. 732). 

        Шашум. Иддаоҳои фалсафӣ ва ҷасоратҳои эҷодии Мавлоно дар ғазалиёти ӯ ҳам инъикос ёфтаанд, ки дар шароити имрӯзӣ дар сохтмони шахсиятҳои вораста аз қайдубандҳо корсозанд. Даъвиҳои фалсафии Мавлоно дар заминаи шикастани қолибҳои шахшудаи ақидатӣ ва стереотипҳои маҳаллию иҷтимоӣ сахт заруранд. Ба ғазали машҳури Мавлоно, ки як навъ инқилоби фикрии ӯст, таваҷҷуҳ мекунем:

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст…

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.

Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,

Он нури рӯйи Мусии Имронам орзуст.

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,

Он ҳой-ҳуйю наъраи мастонам орзуст.

Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом,

Муҳр аст бар даҳонаму афғонгам орзуст.

Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

Гуфтанд: ёфт менашавад гуфтаем мо,

Гуфт: он кӣ ёфт менашавад, онам орзуст.

Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,

Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст…

(ниг.: Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммад бинни Муҳаммад. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Мутобиқ бо нусхаи тасҳеҳшудаи устод Бадеуззамони Фурӯзонфар. –Теҳрон: Паймон, 1379. Ғазали 441. –С. 167).      

         Ҳафтум. Навӣ, навшавӣ, таҷдиду навандешӣ ва навсозӣ, ки заминаи кулли тағйироти сифатию миқдорӣ дар инсонҳо ва умуман, ҷаҳону табиату кайҳон мебошад, дар меҳвари кори фикрию эҷодӣ ва маслакию мадании Мавлоно қарор доштааст. Ин аст, ки Мавлоно ҳангоми шӯру ғалаёни фикрию ҳиссию отифӣ ба ин асли меҳварӣ таваҷҷуҳ мекунад ва навию навандешию навгаройиву навсозиро бар куҳнагию куҳнагаройиву куҳнафикрию куҳнагӯйӣ тарҷеҳ дода, дар ин замина садо баланд менамояд:

              Ҳар нафас нав мешавад дунё ва мо,

              Бехабар аз нав шудан андар бақо.

       Ё ки:

              Навбати куҳнафурӯшон даргузашт,

              Навфурӯшонему ин бозиори мост.

     Ё ин ки:

               Рӯзи наву шоми нав , боғи наву доми нав,

               Ҳар нафас андеша нав, нав хушию нав ғиност.

               Нав зи куҷо мерсад? Куҳна куҷо меравад?

               Гарна варои назар олами номунтаҳост.

      Ҳаштум. Талабот ба омӯзиши бардавоми  зиндагинома ва мероси  Мавлоно дар шароити феълӣ зиёд шудааст. Ба ин далел, ки донишмандони амрикоӣ Вилям Читтик (мутаваллиди соли 1943, соҳиби китоби “Ман ва Мавлоно”), Коулман Баркс (мутаваллиди соли 1937, соҳиби китоби “Ҷавҳари Румӣ”), Брэд  Гуч (мутаваллиди соли 1952, муаллифи асари “Асрори Румӣ: зиндагиномаи сӯфӣ ва шоири ишқ”), Франклин Люис (муаллифи китоби “Румӣ: Гузашта ва имрӯза, Шарқ ва Ғарб. Зиндагинома, таълимот ва ашъор”) дар замон ва  марҳилаи  навини  сиёсию  иҷтимоӣ ва тамаддунӣ ба омӯзишу таҳқиқи осори Мавлоно камар бастаанд ва ин ҳолат моро водор месозад, ки ба орову андешаҳои инсонсози ин нобиғаи миллӣ ҷиддитар таваҷҷуҳ намоем. Муҳимтар аз ҳама, Мавлоно фаротар аз як шоир, як мутафаккир, як ориф ва як донишманд аст, бинобар ин, ҳангоми мувоҷеҳа бо ашъор, андеша, оро ва мероси ӯ шахсияти чандбуъдиашро ба назар бояд гирифт. Ба ин маъно, бояд аз шахсият, орову андешаи Мавлоно маҳорати мунтақидӣ (қабл аз ҳама, интиқодпазирӣ), ҳунари наққодӣ, тариқаи решашиносӣ ва шеваи қолибшиканӣ (албатта, ба маънои хуби калима)-ро ёд бигирем ва дар зиндагии иҷтимоию фикрию маданӣ ба таври густурда истифода бубарем.

        Рӯзи Мавлоно барои кулли алоқамандони фарҳангу адабиёти миллӣ муборак бошад!

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 517 маротиба