JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 03 Октябри 2024 05:14

Нақши геофарҳангии забони тоҷикӣ-форсӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ (ба муносибати Рӯзи забон 5 октябр)

Муаллиф: Мирсаид Раҳмонов

    "Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён  муаррифӣ кардааст". (Иқтибос аз суханони Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забон 5 октяри соли 2019)

 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин сана чун  Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.  Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ карда шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ  фароҳам оварда шудааст.

Ҳамин тавр, ҳамасола  5-уми октябр  ҳамчун  Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ки соли равон ба 33 солагии Истиқлоли кишвар рост меояд. Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни асосии давлатдорӣ миёни қавму мардуми ҷаҳон  буда, дар раванди давлатдорӣ нақши муҳим мебозад. Ба ин муносибат ин ҷо хостем, нигоҳи кутоҳе  ба нақши забони тоҷикиву адибони тоҷик дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистону Бангладеш  дошта бошем, ки аз даврони пеш собиқаи фарҳангӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ дорад.

Мавриди зикр аст, ки  кишварҳои олам бо тамаддун, фарҳанг, забону адабиёт ва донишмандону мутафаккирони худ  мақому макону  манзалати худро дар ҷаҳон пойдору устувор нигоҳ медоранд. Зеро ин ҳама   ба монанди нардбоне мебошанд, ки ин ё он кишвар тавассути он метавонад худро ба сӯи қуллаҳои баланд  расонад. Ин ҳама чун сутуну пояҳои қавии кишварҳо  мебошанд, ки дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳамсоягӣ боқӣ мемонанд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон аз кишварҳое мебошанд, ки  бо тамаддуну фарҳангу таърихи қадимаи муштараки худ бо Осиёи Марказӣ  ба хусус Тоҷикистон  робитаҳои хубу  ҳасана  доранд.

Бояд қайд, ки  Ҳиндустону Покистон аз сераҳолитарин кишварҳои дунё буда, дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгиранд, ки ҳар сол дар нимаи моҳи август ё дақиқтар 14 ва 15-уми август истиқлолии худро дарёфт намуда, таҷлил менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки забони давлатӣ як сарвату сармояи  бебаҳо мебошад. Зеро  тавассути ҳамин забон метавон эҳсос ва фикру андешаҳои худро хубу ифоданок иброз намуд. Дар воқеъ забон  ойинаи пурҷило, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор рафта, он дар фарҳангу тамаддуни халқу миллати мо - тоҷикон чун зербинои худшиносиву ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи онҳо ба шумор меравад. Тибқи назарҳо забони тоҷикӣ-форсӣ дар шумули қадимтарин  забонҳои бостонист, ки то ба имрӯз дар марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор мегирад.

  Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди он ки Ҳиндустону Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон  дар фосилаҳои дур қарор доранд, аммо мардумони ин  сарзамин аз давраҳои гузашта бо ҳам равобит ва пайванди муштараки қавӣ доштанд, ки дар он саҳми шоирон, адибону нависандагон назаррас мебошад. Қатъи назар аз ҷангу ғоратгариҳои давр пайванди тамаддун, забон, фарҳангу тиҷорат сурат мегирифт, ки то ба имрӯз  идома дорад.

Ин буд, ки бештари донишмандони Осиёи Марказӣ ба хусус адибону ходимони давлатӣ  ба ин сарзаминҳо сафар карда, забону адабиёти тоҷикӣ-форсиро бо нашри девону осори пурарзишашон ҳифз карда, ташвиқу тарғиб менамуданд. Имрӯз ин сарзаминҳо саршор аз шахсиятҳост, ки осорашон то ҳол дар китобхонаву марказҳои илмии он ҷо маҳфузанд. Ҳамин тариқ,  шаҳрҳо ва маҳаллаҳои гуногуни ин манотиқ ба монанди  Деҳлӣ, Агра, Тӯғлақобод, Муршидобод, Колката, Лоҳур, Мултон, Пешовар, Кашмир, Ҳунза, Гилгету Свот аз ҷойҳое мебошанд, ки  шахсиятҳои донишмандон аз қабили Мирзо Ғолиб, Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрав, Низомиддин Авлиё, Масъуди Саъди Салмон, Саид Шоҳ Фатҳи Алии Вайсӣ (1816-1886)-ро чун ёрони меҳрубон ба мисол овард, ки дар васфашон Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шефтаи забону адаби онҳо шуда чунин сурудааст:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Дар зимн, Муҳаммад  Иқбол аз ҳунару маҳоратҳои ин донишмандон низ ёдоварӣ  намуда чунин таъкид намудааст:

Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд...

  Бо чунин эҷодиёт ва маҳоратҳо  донишмандону ҳунармандон тавонистанд дар адабу забони мардумони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ таъсиргузор бошанд, ки осорашон то ба имрӯз  боқӣ мондааст. Ҳамаи ин донишмандон аз касоне буданд, ки барои давлатмардони даврони худ чун мушовири умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ машварату маслиҳатҳои муфид доданд, ки дар натиҷаи хадамоти илмии онон корҳои давлатдорӣ хело хуб анҷом меёфт.

Ҳамин корҳои шоиставу накуи онҳо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин донишмандон ҳамеша арҷгузорӣ намуда, зимни сафари худ ба Ҳиндустон  дар соли 2006 аз марқади шоири ширинзабони тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил дидан намуд. Президенти кишвар зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ иброз доштанд, ки мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст[1].

Мавриди зикр аст, ки  тибқи сарчашмаҳо дар сарзаминҳои Осиёи Ҷанубӣ беш аз 600 сол ё дақиқтар аз соли 1203 то соли 1837 забони форсӣ-тоҷикӣ чун забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси забони гуфтугӯи байни миллатҳо мавриди истифода қарор мегирифт. Ҳамин тариқ, он на танҳо забони аҳли дарбор, балки забони адабиёт, сиёсат, маориф ва мақоми иҷтимоӣ дар Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла  Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш маҳсуб меёфт ва ё ба қавли Ҳофизи Шерозӣ:

Шакаршикан шаванд, ҳама тутиёни ҳинд,

З-ин қандӣ порсӣ ки, ба Бангола меравад...

Ахиран ҳукумати Ҳиндустон забони форсӣ-тоҷикиро дар доираи сиёсати нав оид ба маориф ба феҳристи забонҳои классикии Ҳиндустон шомил намуд, ки то ин замон забонҳои тамилӣ, санскрит, каннада, телегу, малаялам ва ория ба он шомил будаанд.

Тибқи сарчашмаҳо дар заминаи ҳамин забони ширину шевову форам  дар ин сарзамини сермиллат забони урду эҷод шуда,  вожаҳои зиёде ба забонҳои дигар аз ҷумла  панҷобӣ, синдҳӣ, банголӣ, гуҷаратӣ ва кашмирӣ таъсир гузаштанд, ки имрӯз ҳар кадоми ин забонҳо миллионҳо нафар гӯянда дорад.

Дар асри XVI донишмандони зиёди форсу тоҷик  аз Эрону Афғонистону Мовароуннаҳр ин ҷо  даъват шуданд, то дар  омӯзиши забону адабу ҳунар ба мардум кумак расонанд. Ҳамин тавр, тавассути ин бузургони адаб  забони форсӣ-тоҷикӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳот низ паҳн гардид ва то дараҷае шуҳрату маъруфият пайдо кард, ки ба андешаи муҳаққиқ Музаффар Алам наздик буд мақоми забони якумро ишғол намояд.  Дар тӯли таърих ин забон  дар соҳаҳои маориф, адабиёт, мақомоти судӣ ва мавзеъҳои ҳукмронии ҳокимон  аз ҷумла  дар Ҳайдаробод то соли 1884 мақоми расмӣ истифода мешуд. Мансабдорону коргузорони англистабор дар коллеҷҳои таъсисдодаи ин ҷо забони форсӣ-тоҷикӣ омӯхта, ба дараҷаи профессорӣ расиданд. Ҳамин тариқ, забони форсӣ-тоҷикӣ миёни аҳли илму адаби Ҳиндустону Покистону Бангладеш нуфуз пайдо карда, тавассути шоирону нависандагон аз ҷумла Ғолибу Бедилу Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  бо истифода аз забону заковати шеърӣ онро ташвиқу тарғиб доданд, ки то имрӯз дар осори пурғановати онҳо боқӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, то ба имрӯз дар  марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои Ҳиндустону Покистон  ин забон мавқеи шоиста дошта, дар радиоҳои  ин ҷо ба ин забон барнома таҳия мекунанд. Дар Донишгоҳи  Панҷоби Покистон таълими забони форсӣ дар соли 1870 бо таъсиси Коллеҷи шарқӣ оғоз шуда дар соли 1922 дарсҳои зинаи болоӣ аз ҷумла магирстратура (М.А)  ба роҳ монда шуданд. Зимнан дар Донишгоҳи Сринагари  Кашмир  аз соли 1969 маҷаллаи «Дониш» ба забони форсӣ-тоҷикӣ нашр мешавад.

  Дар ин даврони тӯлонӣ китобу дастхатҳои зиёде нивишта шуд ва садҳо шоирону орифон шеъру ғазалҳои худро эҷод карданд, ки то имрӯз дар баъзе китобхонаву марказҳои манотиқи Осиёи Ҷанубӣ ва Бенгал нигоҳдорӣ мешаванд. Дар шаҳри Колкатаи Ҳиндустон 5 то 6 рӯзномаҳои форсӣ-тоҷикӣ бо шумули "Султон-ул-ахбор" ва "Дурбин" дар миёнаҳои асрҳои 18 ва охирҳои асрҳои 19 мураттаб нашр мешуданд, ки арзишу шуҳрати забони тоҷикӣ-форсиро дар минтақа нишон медиҳад. Тибқи маҷаллаи Анҷумани дӯстдорони адабу забони тоҷикӣ-форсӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии устоди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Доктор Муҳаммад Исҳоқ (1898-1969) анҷумани мазкур барои рушду нумӯи адаб дар соли 1944 таъсис додааст.

Зимнан, аввалин маротиба рӯзномаи "Мирот-ул-ахбор" дар шаҳри Колката дар солҳои 1822-23 зери роҳнамоии Раҷа Рам Моҳан Рой ва ҳафтаномаҳои форсӣ-тоҷикии «Ҳиндустон» (1810) ба чоп мерасиданд, ки чун намунаи беҳтарини тарғиби забону адаб маҳсуб меёбанд.

  Аз ҳамон сол то имрӯз Анҷумани мазкур чун яке аз машҳуртарин маркази фарҳангӣ дар Ҳиндустон мебошад, ки мухлисону муҳиббони он аз ҳама қишрҳои ҷомеа буда, барои рушд ва нумуи забону адабёт ва илму маърифат бо гузаронидани семинару маҳфилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунад. Бояд зикр кард, ки Марказ дорои утоқи коллексияи шахсии Доктор Муҳаммад Исҳоқ, толори китобхонӣ ва маҳфилу семинарҳои илмӣ ва китобхонаи арзишмандест, ки пур аз китобу дастхатҳои нодир, қадима ва муосир ва маҷаллаҳои илмии дузабона (англисӣ ва форсӣ-тоҷикӣ) зери унвони "Индо-ироника" мебошад, ки муҳаққиқон метавонанд аз он истифода намоянд. Анҷумани мазкур ба таври доимӣ семинару чорабиниҳои илмӣ бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, урду ва форсӣ-тоҷикӣ мегузаронад, ки аз дастовардҳои пажуҳишии он маҳсуб меёбанд.

  Бо ташаббусҳои хубу олии  шоир ва қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода адибони маъруфи Ҳиндустону Покистон  ба хотири арҷу эҳтироми бузургони адабу забон ва ворисони онҳо ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Ҳамин тариқ,  донишмандон бо адибон ба хусус Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон робитаи адабӣ ва дӯстӣ барқарор намуда, чун рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар рушди дипломатияи фарҳангӣ миёни ин кишварҳо маҳсуб меёбад.

  Дар воқеъ,  Мирзо Турсунзода бо асарҳояш аз ҷумла «Қиссаи Ҳиндустон», «Аз Ганг то Кремл», «Садои Осиё» тавонист пайванди адабу забону фарҳанро  бо олимону шоирони муборизи меҳанпарасти Ҳиндустону Покистон чун рамзи дӯстии миёни тамоми халқҳои ин кишварҳоро фароҳам созад. Барои боз ҳам нигоҳ доштани ин пайвандҳои илмиву адабӣ донишманду давлатмардони кишварҳоро зарур аст, то рафту омадро байни марказҳои илмӣ таҳким бахшида, омӯзишу ҳифзи дастхатҳои қадимаи форсӣ-тоҷикиро муштаракона роҳандозӣ намуд.

Ҳамин тариқ,  моро зарӯр меояд то пайванди фарҳангиро байни минтақаи Осиёи Миёна  ва Осиёи Ҷанубӣ нигоҳ дошта, дӯстиву равобитро миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Кулобу Хорӯғу Лоҳуру Пешовару Деҳливу Колкатаву Муршидобод, Ҳайдарободу Агра  хуб ба роҳ монда, дипломатияи мардумиро бештар тақвият бахшем.

  Хулосаи калом,  минтақаи  Осиёи Ҷанубӣ  хусусан Ҳиндустону Покистону Бангладеш бо донишмандони бузурги форсу тоҷик  чун муаллими башар дар тарбияи маънавии инсоният, фурӯғу равнақи забону адаб ва ҳунару меъморӣ нақши таърихӣ гузоштаанд. Ҳамин тариқ, ташрифи олимон, коршиносон ва роҳбарону намояндагонии ин кишварҳо нишони дӯстӣ ва ҳамгироӣ буда, заминаро  дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи миёни кишварҳо  дар партави рушди дипломатияи мардумӣ фароҳам хоҳанд овард.

 

Мирсаид Раҳмонов

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии ИОМДОА-и АМИТ

 

[1] https://khovar.tj/2024/09/dar-dushanbe-baroi-ta-lili-r-zi-zaboni-davlat-omodag-mebinand/

 
Хондан 550 маротиба