9 майи соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи навбатии асарҳои рассоми маъруфи тоҷик Далер Миҳтоҷев баргузор гардид. Намоишгоҳ, ки беш аз 140 асари муаллифро дар бар мегирифт, дар се толори осорхонаи миллӣ барои намоиш ҷойгир карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони ҷомеаи пойтахт, ходимони фарҳанг ва санъат, ҳамкорони Д.Миҳтоҷев, меҳмонони хориҷӣ, сайёҳон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок карданд.
Дар таърихи 13-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе мизбони як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Дар давоми ин рӯзҳо, Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоишҳои илмии ниҳодҳои илмии кишварҳои минтақа ва даҳҳо форуму ҳамоишҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардиданд. Пеш аз ҳама, баргузории чунин чорабиниҳои муҳим, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои минтақа баргузор мегардад, гувоҳ аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа мебошад.
Мусаллам аст, ки инсон, аз бозе ки пай бурд, мавҷуде тавлидкунанда мебошад (ниг.:Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият: гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, 1386. -С.7), ба тавлиди фикру андешаи созанда сари кор гирифта, ҷаҳонро тибқи фаҳмиш, эҳтиёҷот ва муқтазиёти замонию маконии худ аз нав офарид. Омӯзиши ҳаводиси таърихӣ, бурду бохти маънавӣ, мафкуравӣ ва фикрӣ, панд гирифтан ва бо чашми ибрат нигаристани фаҷоеи миллию мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки насли ҷавон(албатта, бо кумаку дастгирии бевоситаи насли миёнсол ва солманди ҷомеа) ба умқи мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ сар дароваранд ва дар рафъи буҳронҳои гуногуни мунтазира ва ғайримунтазира бо тасмимоти шахсӣ ва инфиродӣ саҳм бигирад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди энергетика, пеш аз ҳама, гидроэнергетика таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Бе таъмини истиқлоли энергетикӣ фароҳам овардани шароит барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ғайриимкон аст, иброз доштааст доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров.
Дар зимн матни пурраи андешаҳои коршинос мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор мегирад.