JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Феврали 2024 12:50

Ҳифзи як унсури грамматикии куҳан дар забони яғнобӣ

Муаллиф:

Ба муносибати рӯзи байналмилалии забони модарӣ

  Забони яғнобӣ бисёр унсурҳои сарфии забонҳои азбайнрафтаи бостон ва миёнаи эрониро ҳифз кардааст. Яке аз чунин унсурҳои грамматикии бостонӣ аугмент буда, таърихи мавҷудияти он ба давраи бостонии забонҳои эронӣ мерасад. Дар забони яғнобӣ аугмент дар сохтмони замони гузаштаи феъл иштирок намуда, имконияти дар аввали калима, мобайни пешванд ва асоси феълӣ, феълҳои таркибӣ омаданро доро мебошад.

  Аугмент калимаи лотинӣ буда, маънои “калоншавӣ, зиёдшавӣ”-ро дорад. Дар забоншиносӣ зери истилоњи “аугмент” пешванде фаҳмида мешавад, ки он дар оғози феълҳои сода ва дар байни пешванду решаи феълҳои сохтаи баъзе забонҳои ҳиндуаврупоӣ омада, барои бунёди шаклҳои замони гузашта, монанди “плюсквамперфект”, “имперфект” ва “аорист” хизмат мекунад”. Унсури грамматикии мазкур дар як қатор забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ ба монанди санскрит, фриқӣ, юнонии ќадим, армании бостон дар ташаккули замони гузаштаи феъл иштирок кардааст. Аз гурӯҳи забонҳои эронӣ бошад, дар забонҳои порсии қадим, авестоӣ, суғдӣ, хоразмӣ, толишӣ ва яғнобӣ ба чашм мерасад.

   Дар забони яғнобӣ имкониятҳои сохтори шаклҳои замони гузаштаи сода, дур, дури давомдор, ҳикоягӣ, нақлӣ, дури нақлӣ, ҳикоягии нақлӣ, дури давомдор мавҷуданд. Аз шаклҳои зикргардида аугмент дар ташаккули шаклҳои сода ва ҳикоягӣ мавқеи намоён дошта, он бо роҳи ба асоси феъл ҳамроҳ кардани аугменти а ва бандакҳои шахсӣ сохта мешавад: анижим (баромадам), адорим (доштам), ахант (хандид): Ангуштарин чи дастш ахаш анос- ангуштаринро аз дасташ кашида гирифт.

  Шакли замони гузаштаи ҳикоягӣ бо ҳамроҳ кардани феъли асосӣ, аугменти а ва бандакҳои шахсӣ сохта шуда, бардавом воқеъ шудани амалро дар замони гузашта мефаҳмонад, ки анҷом ёфтан ё наёфтанаш маълум нест. Масалан дар  феъли арантимишт (меруфтем) унсури нахустини он яъне а аугмент мебошад: И со ҳар мет кат арантимишт-як сол ҳар рӯз хона меруфтем.

  Пешванди на- дар забони яғнобӣ ягона пешвандест, ки ба феъл ҳамроҳ шуда, шакли инкорӣ (манфӣ) месозад ва иҷро нагардидани  амалу ҳолатро фаҳмонида, дорои гунаҳои не- ва ни- мебошад. Истеъмоли унсури грамматикии на- ҳамчун пешванди шаклсози феълӣ ба чанд гуна он дар гӯишҳо мушоҳида мегардад. Чунончи, худи пешванди на- бештар дар гӯиши шарқӣ истифода мешавад. Агар аугмент баъди пешванди на- ояд, он гоҳ андак дароз талаффуз карда мешавад: наáҷах (нахест), наáуфс (нахобид) ва ғ.: Чи очайш наапурс – аз модараш напурсид.

Гунаҳои не- ва ни- дар гӯиши ғарбӣ истеъмол мешаванд, онҳо дар аввали шаклҳои замони гузаштаи феъл омада, мавқеи аугментро то дараҷаи хориҷгардӣ танг мекунанд. Масалан, дар феълҳои немун (намонд), неғор (нигоҳ накард), нинид (нанишаст),  аввал пешванд, баъдан реша омада, аугмент афтидааст.

Аз таҳлили маводи бадастомада маълум гардид, ки мавқеи аугмент дар ташаккули замони гузаштаи феълҳои пешванди на- доштаи забони яғнобӣ ба истеъмоли гунаҳои пешванди на- дар гӯийшҳо вобаста мебошад, зеро аугмент дар феълҳои гӯиши шарқӣ имкон дорад дар байни пешванд ва реша қарор гирад, вале дар гӯйиши ғарбӣ дучори ихтисор мешавад.

Унсури грамматикии аугмент дар забони яғнобӣ натанҳо дар аввали ва мобайни пешванду решаи феъл қарор мегирад, инчунин дар ташаккули феълҳои таркибии номӣ ва феълӣ мавқеи назаррас дорад. Аугмент дар ҳиссаи дуюми феълҳои таркибии номӣ яъне ба феъл ҳамроҳ мешавад. Чунончи, дар феъли таркибии арк акун “кор кард” аугмент ба ҷузъи феъл яъне акун “кард” ҳамроҳ гардидааст. Ба ҳамин минвол метавон боз чанде аз феълҳоро овард, ки феъли карак дар ташаккули онҳо мавқеи намоёнро дорад: Орта акун (орд кард): Ке авовор, маслаҳат акунор- баъд омада, маслиҳат карданд.

Аугмент бо баробари иштирокаш дар феълҳои таркибии номӣ боз метавонад дар феълҳои таркибии феълӣ низ ояд.  Хусусияти фарқкунандаи аугмент дар феълҳои таркибии феълӣ аз номӣ дар он зоҳир мешавад, ки аугмент дар ҳар ду ҷузъи феъли таркибии феълӣ меояд: Анижим ашав (баромада рафтам), аҷахим ағор (хеста дидам): Тик аҷах авес атир- боз хеста фаромада рафт.

Аз ин ҷо ба хулосае расидан мумкин аст, ки аугменти бостонӣ имрӯз дар сохтори шаклҳои сода ва ҳикоягии замони гузаштаи феъли забони яғнобӣ мавқеи хоса дошта, инчунин имкони дорад, ки дар аввал, мобайни пешванд ва асоси феълӣ, феълҳои таркибӣ ояд. Ҳаминро бояд гуфт, ки аугмент дар таркиби феълҳои таркибии номии яғнобӣ дар ҳиссаи дуюм ва дар феълҳои таркибии феълӣ ба ҳар ду ҳиссаи феъл ҳамроҳ мегардад.  Маҳз чунин вижагии забони яғнобӣ дар ҳеҷ забони дорои аугмент ба назар намерасад.

 Самадов Рамазон

Хондан 1866 маротиба