JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 23 Феврали 2024 12:07

Аз навандешӣ бикардӣ ибтидо

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Набарди куҳнаву нав дар ҳар давру замоне иттифоқ меафтад ва махсусан, замоне ки созмону гурӯҳҳои ифротгарою ҷаҳолатпараст рӯйи кор меоянд, вазъи таҷаддугаройӣ ва ба истилоҳ, модернита бад мегардад. Дар меҳвари ҳаракати модернита ё таҷаддудгаройӣ қишри равшанфикру равшангари ҷомеа қарор доранд ва намояндагони ин қишр, бо истифода аз неру ва тавони фикрию эҷодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар баробари лашкари ҷаҳолатписандон вомеистанд ва ҳамин тур, муборизаи наву куҳна шакл мегирад. Ба қавли шоир:

Аз навандешӣ бикардӣ ибтидо,

Умри навгонӣ надорад интиҳо.

  Албатта, дар ибтидои ҷараёни мубориза миёни наву куҳна, ғолибан ниҳодҳои вопасгаройи иҷтимоӣ. ки барои ҳифзи арзиш ва мафкураи ақибмондаи худ аз ҳар гӯшае муттаҳид ва муташаккил мешванд, пирӯзӣ ба даст меоваранд. Маҳз дар ҳамин гуна вазъ порчаи зайли манзум, ки баёнгари ҳолу ҳавои вақту замон ва муҳимтар аз ҳама, эҳсоси афсурдагию навмедӣ аст, буруз кардааст:

        Асри нав асту куҳнагадоӣ шиор шуд,

        Навгӯйӣ, навшавӣ. навӣ хоки мазор шуд,

        Дар мулки дин дурӯғу риё шаҳриёр шуд,

        Кину хурофадовариҳо ифтихор шуд,

        Дар рӯзи рӯша илму хирад инҳисор шуд,

        Шабзиндадор шуд,

        Беэътибор шуд,

        Бас хору зор шуд! 

   Ва дар пораи ахирӣ, муаллиф тағйири ҳолу вазъ мекунад ва дар партави  илму ҳунар, донишу хирад ва хушбинӣ (оптимизм) алайҳи ҷаҳолат мешӯрад, аз замону шароити нав, ки ба баракати навандешию таҷаддудгаройӣ ба тағйироту таҳаввулот мувоҷеҳ гардидааст, истиқбол намуда, аз дамидани субҳи Ватан паёму мужда медиҳад:

       Илму ҳунар ба қудрати гуфту шунуду дид,

       Дунёи фазлу олами эҷод офарид,

       Ҷаҳл, арчи пардаи дили шарму ҳаё дарид,

       Асри хирад, замонаи рӯшангарӣ расид,

       Аз тарси нуру рӯшанӣ зулмоти шаб рамид,

       Торикӣ раҳ бурид,

       Хуршед вораҳид,

       Субҳи Ватан дамид!

       Ба ин тариқ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва арзандаю шоистаи зист аз бисёр ҷиҳат ба навандешӣ ва таҷаддудгаройӣ бастагӣ дорад. Ба сухани дигар, сохтану бунёди дунёи нав, ки ба истилоҳи имрӯзӣ “дунёи модерн” талаққиаш мекунанд, вазифа ва рисолати насли таҷаддудгаро ва навандеш аст. Бад-ин манзур, дунёи модерн (нав, ҷадид) ҷаҳони дониш, маърифат, фазилат ва биниши наву ҷадид аст. Он бар мабнои хиради фардӣ ва фазилати ҷамъӣ сохта мешавад ва барномарезиҳое, ки дар ин замина рӯйи кор меоянд, танҳо дар маҳдудаи давлати дунявӣ татбиқ мегарданд. Дар он ҳар инсон, вобаста ба сатҳи тафаккур, шуур, фарҳанг, эҷод, ҳунар ва ҷаҳоншиносиаш ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад. Ин аст, ки ҳакимону файласуфон аз қадим дар орзуи сохтмони як давлат ва ҷомеаи озоду ободи ормонӣ будаанд, ки дар он инсон меҳвари зиндагӣ ва арзишҳо дониста ва пазируфта шуда, кору фаъолиятҳои инсонӣ дар партави хирад ва ойини меҳрварзию вафодорӣ сурат бигиранд. Ба ин далел, ҳанӯз дар қадим ва асрҳои миёна тарҳҳои фикрӣ, фалсафӣ, адабӣ, ирфонӣ, сиёсӣ ва мадание матраҳ гардиданд, ки бар мабнои ормонгаройӣ таҳаққуқ ёфта буданд. Аммо, ба иллати ин ки ҷомеаҳо дар ҳолати карахтии фикрию эҷодӣ ва фақри маънавӣ қарор дошта, таҳти таъсири бевоситаи рӯҳониёну сиёсиёни мустабиди замон буданд, пружаҳои фикрию эҷодӣ ва фалсафии донишмандону равшанфикрони вақт (манзур аҳли илму фалсафаи даврони қадим ва асрҳои миёна аст) на танҳо татбиқ нашуданд, балки дар қолаби назария боқӣ монда, соҳибону ҷонибдорони чунин назарияҳо ҳамеша таҳти фишору таъқиб қарор доштанд. Ба ин тартиб, меъёри асосӣ дар барномарезиҳо ва ё ба истилоҳ, пешфарзияҳои ормонӣ, ки аз ҷониби мутафаккирону андешамандон ва ҳакимону файласуфони гузаштаи шарқию ғарбӣ матраҳ гардида буданд, хирадмандӣ ва меҳрварзӣ интихоб шудааст. Инсон дар натиҷаи хирадварзӣ ва фазилатмандӣ дунё ва тафаккури модерн меофарад ва таҷаддудро ба сифати меъёри зиндагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор месозад. Ба ин маъно инсони тавонманд ҳамон инсонест, ки хирадро ба унвони асл ва меъёри зиндагӣ шинохта, дар партави фазилат ҷаҳони наву модерн ба вуҷуд меоварад. 

    Ин ки дар фалсафа ва афкори фалсафии муосир инсон ба унвони меҳвар ва маънои вуҷуду ҳастӣ талаққӣ шудааст (манзур фалсафа ва ҷараёнҳои муосири фалсафианд, ки инсон ва вуҷуду ҳузури пурранги ӯро дар арсаи ҳаётӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳанд), маънои онро надорад, ки дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна андешаҳое, ки бар мабнои инсонмеҳварӣ ироа гардидаанд, вуҷуд надоштаанд. Чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб анвои андешаҳое, ки дар қолаби осори манзуму мансур мунсаҷим гардида, вежагии инсонмеҳварӣ доштанд, кам набуданд. Гузашта аз ин, ҳакимону файласуфон ва мутафаккирону шарқию ғарбӣ  барои аз қайдубанду асорати фикрию идеологӣ ва ақидатию иҷтимоӣ наҷот додани инсон саъю кӯшиши фаровон карда, дар ин замина осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳунарӣ ба мерос гузоштаанд. Мероси арзишманди ҳиндӣ, чинӣ, эронӣ, мисрӣ, юнонӣ ва румӣ гувоҳи он аст, ки мавзӯи инсонмеҳварӣ дар тавъамӣ бо хирадварзӣ ва меҳрпарастӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доштааст. Ҳарчанд ки дар осори фарҳангии бостонӣ ва асримиёнагӣ, махсусан мероси шарқӣ мавзӯоти динӣ ва ирфонӣ бештар инъикос ёфтаанд (ногуфта намонад, ки дар асрҳои миёна, дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб теократизм ва ё илоҳимеҳварӣ ба сифати мафкураи калидӣ дар тамоми шууни зиндагӣ салтанат доштааст), таваҷҷуҳ ба ҳайсият ва шахсияти инсони пӯё, ҷӯё, ҷуръатманд ва офаранда аз авлавиятҳои фикрию фалсафӣ ва эҷодию ҳунарӣ ба шумор мерафтааст. Ба ҳар сурат, фарҳанги бостонӣ ва асримиёнагии шарқию ғарбӣ аз матраҳ кардани масъалаҳои ҷиддии давру замон канор намондааст.

    Муҳимтар аз ҳама, дин ва мазҳаб аз қадимтарин замонҳо ба сифати қудрати сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дар ҷомеа нуфуз доштааст ва сардамдорони динӣ на танҳо умури мазҳабӣ ва ойинӣ, балки тамоми фаъолиятҳои инсониро таҳти назар мегирифтаанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки муносибати мутақобили “дин ва сиёсат” тайи 5 ҳазор соли ахир ба масъалаи дин ва контрол иртибот мегирад. Дин ва контроли ҷомеа тайи асрҳои тӯлонӣ, ки ба даврони набуди осори хаттӣ марбут мешавад, масъалаи меҳварӣ будааст (ниг.: Гараджа В. И. Социалогия религии: Учебное пособие для студентов и аспирантов гуманитарных специальностей. -Москва: Аспект Пресс, 1996. -С.146). То падид омадани давлат дин тавассути васила ва приёмҳои сиёсӣ ҷомеаро идора мекард ва аз ин тариқ бо системаи сиёсӣ пайванд ёфт. Муҳокимаи инсонҳо, бадарға ва муҷозот кардани онҳо дар доираи фармудаҳои динӣ дар ҷомеаҳои ибтидоӣ иттифоқ меафтодааст ва ин навъ муносиботи аввалияи иҷтимоӣ алоқамандии динро бо сиёсат дар давра ва мароҳили ибтидоӣ таҳаққуқ бахшидааст (таваҷҷуҳ шавад ба: Гараджа В. И. Социалогия религии: Учебное пособие для студентов и аспирантов гуманитарных специальностей. -Москва: Аспект Пресс, 1996. С.145-148).

    Гузашта аз ин, муборизаи равшанфикрону мутафаккирон бо динмадорону руҳониён, ки аз пуштибонии бевоситаи шоҳону амирон ва сиёсиёни даврон бархӯрдор буданд, далели он аст, ки инсон ва озодиҳои фитрию зотии ӯ сарчашмаи баҳсҳои ҷиддии ҳар давру замон будааст. Агар дар Шарқ маобиди динӣ ба унвони фронти сиёсию идеологӣ ва фикрию ақидатӣ хидмат мекарданд, дар Ғарб калисо минҳайси неруи тавонои сиёсию мафкуравӣ ва динию мазҳабӣ дар пушти давлатҳо қарор гирифта буд. 

   Ба сухани дигар, калисо дар Ғарб ба дастгоҳи пурқудрати ақидатӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта, бо давлат ва сиёсат дар иртиботи қавӣ қарор гирифта буд ва ин ду неру (калисо ва давлат) тамоми умури зиндагиро назорат мекарданд. Илова бар ин, ҳар ду неру (калисо ва давлат дар назар аст) танҳо ба хотири ба ҳам ҷур омадани манфиатҳояшон ҳамкорӣ мекарданд (мутаассифона, имрӯз ҳам дар бархе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки низоми давлатдории дунявӣ доранд, баъзан ҷараёни ҳамкории элитаи сиёсию давлатӣ бо руҳониён ба мушоҳида мерасад. Албатта, ниёзҳои муштарак онҳоро ба ҳам меоварад ва дар як масир қарор медиҳад). Бад-ин минвол, дар Ғарби асримиёнагӣ табақаи руҳонӣ дар симои калисо ва табақаи давлатӣ дар симои давлатмадор бо ҳам ҳамкорӣ мекарданд ва барои расидан ба манофеи худ як ҳадафро дунбол менамуданд. Ин буд, ки дахолат дар корҳои динию мазҳабӣ  (аз тарафи шоҳону давлатмадорон) ва вуруд ба умури сиёсию идорӣ ва давлатӣ  (аз ҷониби динмадорону рӯҳониён) ҳодисаи муқаррарӣ ба шумор мерафт. Бавежа, ҳамкории ин ду неруи тавонманд дар самти фишор болои озодандешону равшанфикрон ва аз саҳнаи сиёсию маданӣ ва иҷтимоию фикрӣ дур андохтани донишмандону мутафаккирон ҷиддӣ будааст. Барои намуна, яке аз императорони Рум ба номи Константин ва ҳамчунин ҷонишини ӯ бо хости худ дар умури дин дахолат ва барои расидан ба манофеи худ аз дин баҳрабардорӣ мекарданд. Як рӯҳонии бузург хитоб ба императоре ба исми Теодосиюс чунин гуфта буд: “Императури ман! Сарзамини маро аз кофирон поксозӣ кун, ман дар баробар биҳиштро ба ту пешкаш мекунам. Маро дар нобудии нобоварон ёрӣ деҳ ва ман туро дар аз байн бурдани эрониён мадад хоҳам дод” (ниг.: Иронӣ Аҳмад. Ҷудоии Ҳукумат аз дин. Лос-Анҷелес, 1994. -С.16). Ин аст, ки калисо ва руҳониёни масеҳӣ ҳаргиз равшанфикрон ва озодандешонро таҳаммул намекардаанд ва ба ин далел дар он замон мадорои мазҳабӣ ва ҳамзистии эътиқодӣ аслан вуҷуд надоштааст.

     Ҳамин тариқ, бо ибтикороти табақаи равшангари ғарбӣ  дар Аврупо мавҷи нави таҳаввулоту пешравӣ ба вуҷуд омад, ки онро ба таври истилоҳӣ “Даврони Эҳё” (Эпоха Возрождение) ном бурдаанд. Даврони Эҳё (Ренесанс) дар Аврупо илм ва хирадро дар муқобили хурофоту таассуби мазҳабӣ қарор дод ва роҳи мубориза ва муқовиматро алайҳи калисоиён ва рӯҳониёни масеҳӣ ҳамвор сохт. Махсусан, озодии виҷдон ва ҷудойии дин аз давлат, ки аз мавзӯоти бунёдӣ ва калидии системаи давлатдории дунявӣ ва демократӣ маҳсуб меёбанд, дар тарҳҳои фикрию сиёсии андешамандони ғарбӣ, назири Волтер, Дидро, Монтискиё, Руссо ва дигарон таҷассум ёфтанд. Кору пайкори мутафаккирону маорифпарварони франсавӣ асрҳои баъдӣ самараи хуб ба бор овард ва ҷомеаро сифатан тағйир дод. Ба дунболи ин, бо барқароршавии шаҳрҳо ва инқилобҳои дохиликалисоӣ қадам ба сӯйи демократия ва  ҳукумати мардумӣ дар Аврупо аз нав ҷон гирифт ва дар манотиқе, ки имрӯз кишварҳои Шветсия, Шведсария, Белгия, Голландия, Олмон ва  Фаронса мустақаранд, шуълаҳои ҳукуматдории демократию дунявӣ барафрӯхта шуд. Аллакай дар соли 1688 дар Англия ва соли 1720 дар Шветсия шаклҳои нави давлатдории модерн, ки ба намояндагони мардумӣ асос ёфта буданд, пайдо шуданд (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.41). Андешамандону сиёсатмадорони ғарбию аврупоӣ бо истифодаи аз неруи тафаккури илмӣ ва фалсафӣ тавонистанд, ки дунёро ба самти демократия ва дунёмадорӣ бикашонанд. Элитаи сиёсию маданӣ ва ҷомеаи муосири ғарбӣ ва аврупоӣ, ки дар доираи модели  давлатдории дунявӣ ва демократӣ зиндагӣ мекунанд, хидматҳои бедареғи маорифпарварону мутафаккирони бузургро арҷ мегузоранд ва дар ҳамкорию ҳамбастагӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагӣ талош меварзанд.     

    Тамоми пешравӣ, таҷаддуд ва модернитаи Ғарб ба инсонмеҳвар ва донишбунёд будани системаи сиёсию давлатӣ марбут аст. Ҷомеаи муосири аврупоӣ системаи давлатдории дунявӣ (секулулярӣ)-ро ба унвони меъёри сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ шинохтааст ва ин низоми сиёсию идорӣ ва маданию фикрӣ инсонро ба сифати арзиши олӣ пазируфта, ба озодии виҷдон ва ҳаққи интихоб эҳтиром мегузорад. Озодии виҷдон озодии интихоби ақида, мафкура, дину мазҳаб ва соири эътиқодоту бовардоштҳо аст. Дар кишварҳое, ки демократия устувор аст, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи инссонӣ арзишҳои баланди ҷомеа ва давлат шинохта мешаванд. Дар давлат ва кишварҳое, ки демократия ва дунёмадорӣ дар маънои томаш нуфуз  ва тасаллут доранд, намояндагони дину мазоҳиб ба таври озод фаъъолият мекунанд. Афзун бар ин, ҳеҷ дину мазҳабе аз адён ва мазоҳиби дигар имтиёз надорад ва давлат дар миёни адёну мазоҳиб нақши бетарафиро иҷро мекунад (ниг.: Иронӣ Аҳмад. Ҷудоии Ҳукумат аз дин. Лос-Анҷелес, 1994. -С.4-5).

     Ба таври куллӣ, инсони хирадварз инсони офаранда аст ва офаринандагӣ сифати асосии ҷомеаи модерн маҳсуб меёбад. Гузашта аз ин, инсон маҳз дар фазо ва муҳити бозу муътадили давлати дунявӣ имкони васеи озоди интихоб дорад ва тавассути аз бар кардани донишҳои наву замонавӣ худ ва ҷаҳони перомунашро тағйир дода, аз нав меофаринад. Муҳимтар аз ҳама,  ибтикороту ташаббусоти созандаи инсон аз худсозӣ шуруъ мешавад ва худсозӣ нахустзаминаи силсилаи офаридаҳои инсонӣ дар идомаи ҳастӣ ба шумор меравад. Афзун бар ин, дар раванди давлатсозии миллӣ ҳам тафаккури модерн ва маҷмуаи донишҳои муосир корсозанд, чаро ки модели ҷомеаи секулорӣ ва давлатсозии миллӣ маҳсули андешаи инсонҳои медерн мебошанд.

      Хушбахтона, ҷомеаи тоҷик, ки солҳост дар масири модернита ва таҷаддуд иқдом бармедорад, бо такя ба мероси фалсафӣ ва сиёсию мадании ниёкон, ҳамчунин бар мабнои таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ ба пеш – ба сӯйи касби донишҳои наву замонавӣ ҳаракат мекунад. Мутмаинем, ки ковишу ҷустуҷӯҳои ҳадафмандонаи илмию эҷодӣ ва фарҳангию ҳунарӣ ҷомеаро дар баробари хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ муқовиматпазир сохта, роҳро барои сохтмони ҷомеаи модурни тоҷикӣ ва давлати мутамаддини миллӣ ҳамвор менамояд.

                   Нозим Нурзода,

              пажуҳишгар

Хондан 1721 маротиба