JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Инсон аз бомдоди зиндагӣ ба донистану дарк кардани ҳастӣ ва вуҷуду ҳайсияти худ талош варзида, то имрӯз дар ин масир ҳаракат мекунад. Саъю талошҳои инсонӣ дар ростои шинохти ҷаҳону ҳастӣ ва шахсияту ҳайсияти фардию ҷамъӣ боиси ба вуҷуд омадани мактабу маслак, ҳазбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои гуногуни фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва маданӣ гардид. Дар меҳвари фаъолиятҳо ва барномарезиҳои рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд ҳамеша беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии инсонӣ қарор доштааст ва барои пиёда кардани пружаҳои сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ инсон аз ирода ва неруи илму хирад истифода кард. Ба ин тартиб, маҳз ба воситаи талошҳои мудавом ва рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд тайи таърихи тӯлонӣ ҷомеа ва давлатҳои инсонмеҳвар ва хирадбунёд ба вуҷуд оварда шуданд. Намуна ва ё моделҳои давлат ва ҷомеаҳои инсонмеҳвар ва илмбунёдро имрӯз дар симои давлатҳои пешрафта ва модерну мутамаддини имрӯзӣ метавон мушҳоҳида кард. Албатта, дар ба вуҷуд овардан ва тавсеа бахшидани ҷомеаҳои хирадбунёд ва инсонмеҳвар дониш, биниш ва тпҷрибаи гузашта васеъ истифода бурда шудааст.

  Аз  шумораи зиёди   забонҳои мавҷудаи миллӣ  дар ҷаҳон (беш аз 2000)  ками дар кам  забонҳое воқеӣ гардидаанд, ки бо истифодаи онҳо осори бузурги илмӣ боқигузор  шуда бошад ва ин асар то имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён, хусусан  илмпешагон қарор гирифта бошад. Хушбахтона, забони тоҷикии порсӣ  низ дар радифи забонҳои юнониву  лотинӣ, хитоиву суриёӣ, арабиву англисӣ, русиву олмонӣ, фаронсавию итолиёӣ аз ин гуна  афзалият бархӯрдор будааст. Ин забони илмии тоҷикӣ аст, ки дар  тамаддуни ҷаҳонӣ  таърихи кӯҳани бештар аз 1000-сола  дошта, хиштҳои нахустини пойдевори он дар асрҳои миёна, дар замони ташаккули аввалин сохти давлатдории тоҷикон  - давлати  Сомониён гузошта шудааст.

  Бархе аз донишмандон ва шоҳномапажӯҳон “Шоҳнома”-ро минҳайси устураматни ҳувиятсоз муаррифӣ кардаанд, вале ин шоҳасари миллӣ асрҳо боз дар мақоми як падида-феномени ҳувиятӣ арзи ҳастӣ мекунад ва бо паси сар шудани муруру фосилаи  зиёди замонӣ  он  ҳамчунон  арзишмадтар ва бадардхӯрдтар  ба назар мерасад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи мухтасарро  дар робита бо“Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ироа мекунем:

  Дар мақолаи мазкур нақшу аҳамияти муҳити сармоягузорӣ дар рушду пешрафти иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Муаллиф бахши хусусиро ҳамчун сутуни аслии иқтисод нишон дода, аҳаммияти як муҳити сармоягузории мувофиқро барои фаъолияти он муҳим арзёбӣ мекунад. Бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ қавитарин манбаи пайдо шудани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ ва манбаи устувори даромади буҷаи давлат мебошад. Ин аст, ки ҳар як ҳукумат барои дастгирии ин бахш талошҳо мекунад ва бо ҷорӣ кардани ислоҳоти муайян барои он шароити мусоид фароҳам меоварад. Чунки муҳити сармоягузорӣ дар давлатсозӣ нақши мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки сохтани муҳити сармоягузории мувофиқ яке аз ҳадафҳои аслии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Китобҳо