JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” тайи рӯзҳои 27 апрел – 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар доираи он 21 намоишнома манзури бинандагон гардонида шуда, ҳамчунин рӯнамоии китоби “Дар масири ёдҳо”-и Саодат Азизова, мизи мудаввар дар мавзуи “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва нишасти ихтисосӣ дар мавзуи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор шуд. Аз феҳристи 21 намоишнома 1 намоишнома ғайриозмунӣ (намоишномаи ғайриозмунии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода “Дод аз дасти Афандӣ” аз рӯйи асари Ғ. Ашӯр дар таҳияи Сомон Алимов) буда, 20 намоишномаи дигар дар доираи Фестивал-озмун мавриди тамошо ва радду бадалҳои ҳайати ҳакамону бинандагон қарор гирифт.  

   Соли 1992 муҷоҳидин ҳукумати коммунистии Ҷумҳурии Афғонистонро сарнагун карда, ба қудрат расиданд. Набудани иттиҳоди муҷоҳидин ва сустии онҳо дар заминаи тақсими қудрат ва идораи кишвар Афғонистонро ба ҷанги дохилӣ-шаҳрвандӣ кашид. Дар чунин шароит гурӯҳи «Толибон» бо ҳадафи хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва таъсиси як «низоми ноби исломӣ» арзи ҳастӣ кард. Мардуми аз ҷангу бесарусомонӣ хасташуда аз гурӯҳи «Толибон» пуштибонӣ карданд ва дар натиҷаи дастгирии мардум ин гурӯҳ дар як муддати кӯтоҳ дар соли 1996 Кобулро ишғол намуд ва кишварро «Аморати исломии Афғонистон» эълон кард. Гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон дар байни солҳои 1996-2001 ҳукмронӣ кард. Дастгирии «Толибон» аз гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, тафсири маҳдуди онҳо аз ислом ва иҷрои қонунҳои сахт дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ боиси эътироф нашудани онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа гардид ва ин вазъ боиси фақру бекорӣ ва муҳоҷирати бештари афғонҳо ба кишварҳои хориҷи дуру наздик гардид.

 (гузоре иҷмолӣ дар ҳошияи конфронси илмӣ-назариявии Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ”)    

  Омӯзиш, таҳқиқ ва бозшиносии чеҳраҳои бонуфузи миллӣ дар шароити муосири бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва тезутунд шудани бозиҳои геополитикӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳими илмӣ, ихтисосӣ, маданӣ ва умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи бозшиносии илмию ихтисосии таърихи миллӣ ва ташхиси ҳаводиси муҳими сиёсию иҷтимоӣ сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияту ифтихороти миллӣ боло рафта, роҳ барои рушду тавсеаи фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ ҳамвор мегардад. Гузашта аз ин, дар заминаи шинохту муаррифии симоҳои таъсиргузору номдори миллӣ доир намудани нишасту конфронсҳо ва маҳфилу семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ ва эҷодӣ талаби давру замон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 23-юми майи соли ҷорӣ дар ростои шинохту муаррифии симои матраҳи сиёсию мафкуравии қаламрави Хуросони таърихӣ амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ конфронси илмӣ-назариявиеро таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ” баргузор намуд, ки дар кори он доираҳои илмию пажӯҳишӣ ва ҳавзаҳои маданӣ-маърифатии дохилию хориҷӣ фаъолона ширкат варзиданд.

  Оғоз

   Ҳар гоҳ ки ба хотири дидорбонӣ ва анҷом додани вазифаҳои хидматӣ ба гӯшаву канори кишвар сафар мекунем, ҳатман шарафи мулоқот бо мардуми маҳаллӣ, ки аз симимияту отифати баланди инсонӣ бархурдоранд, муяссарамон мегардад. Аснои дидору мулоқот бештар вежагиҳои ҳувиятии мардуми маҳал моро маҷзуб мекунанд ва бовару эътиқодамон ба иззату икроми миллати куҳанбунёди тоҷик зиёдтар мегардад. Ростӣ, мардуми маҳаллоти гуногуни кишвар, минҷумла сокинони кӯҳистонии тоҷик бар мабнои як вежагии муштарак ташаккул ёфтаанд ва он ҳам самимияту отифати фардию ҷамъӣ аст. Аз сӯйи дигар, муҳаббату отифати сокинони маҳаллӣ моро водор месозад, ки сари сарҷамъии миллӣ тамаркуз кунем ва онро чун мавқеъгирӣ-ориентатсияи калидӣ дар қолиби як барномарезии ҷиддии ватанӣ таблиғу ташвиқ намоем. Дар сафари ахирӣ ба чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб бори дигар мутақоид шудем, ки тоҷик, қатъи назар аз мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ рӯйи як нуқта – отифату самимият тамаркуз мекунад ва барои расидан ба сатҳи баланди инсонӣ ҷаҳду талош меварзад.

Китобҳо