JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии кишвар дар арсаи ҷаҳон дар шароити имрӯза бисёр зарурӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ нақш ва рушди тафаккури илмҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Махсусан дар ин замина дастгириҳои ҳамаҷониба ва аҳамияти махсус зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтист. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳама баромад ва суханрониҳои худ дар баробари омӯхтани илмҳои гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ азхудкунии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳамқадами замон бо технологияи навро таъкид месозанд. Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳз дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26.12.2019 мебошад. Роҳандозӣ ва дастгирии иқдоми мазкур ба мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ нерӯи мусбӣ мебахшад. Пеш аз ҳама барои илм омӯхтан шароити хуби таълиму тадрис бояд амалӣ карда шавад, ки толибилмон бе мушкилӣ ба омӯзиш машғул шаванд. Ин нукта низ дар партави сиёсат ва дастгириҳои ғамхоронаи президенти мамлакат баръало намоён аст. Исботи ин гуфтаҳо таъсиси мактабҳои типи нав ва ба хориҷа сафарбар намудани мутахассисон барои такмил ва сайқал додани дониш буда, моро маҷбӯр месозад, ки кӯшишҳои худро ҳамаҷониба равона карда барои амалӣ гаштани нақшаҳои мазкур замина устувор фароҳам оварем.

   Муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси ватандӯстӣ дар шахс аз куҷо оѓоз меёбад? Албатта ин ҳолат аз он вақте шурӯъ мегардад, ки шахс дар аёми кӯдакӣ бо эҳсос олами гирду атрофро дарк менамояд. Ин марҳила як равандест, ки дар таълимоти ҷомеашиносӣ онро «иҷтимоишавии шахс» меноманд. Дар навбати худ «иҷтимоишавии шахс ин раванди ҳамгироии шахс ба низоми иҷтимоӣ тавассути азхудкунии меъёрҳо, қоидаҳо, малакаҳо ва донишҳое мебошад, ки ӯ дар ҷомеа онҳоро ба таври мӯътадил қабул мекунад ва дар фаъолияташ истифода мебарад». Ҳамин тариқ, шахс субъект ва объекти муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, яке аз омилҳои муҳимтарини муайянкунандаи ҷомеа мебошад.[2]

Панҷшанбе, 16 Марти 2023 16:14

 Наврӯз оҳангу таронаҳо дорад...

Муаллиф:

  Ҷаҳонишавии иди Наврӯз дар даврони Истиқлолияти давлати Тоҷикистон иқдоми басо рамзӣ ба шумор меравад. Замоне ин суннати бузурги фарҳангиро маҳз аҷдодони мо аз ҷиҳати илмӣ собит сохтанд, соати тавлиди табиати навро муқаррар намуданд ва гардиши фалакро дақиқа ба дақиқа, соату рӯзу моҳ тақсимбандӣ намуданд. Яъне муқаррар гардид, ки  маҳз дар ҳамин лаҳзаи оғози гардиши тозаи чархи фалак табиат аз нав бедор мешавад, сабзаву райҳон зи нав сар аз хок берун мекунанд, фасли навбаҳор мерасаду дили ҳасратзадаи Одам низ саршори фараҳу шодӣ ва умедҳову ниятҳои тоза мегардад.

 Ё СУХАНЕ ЧАНД ОИД БА ФАЛСАФАИ ИНСОНДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГИИ НАВРӮЗ

  Дар таърихи башарият расму ойинҳо ва анъанаҳо нақши муҳимро ифода менамуданд. Анъанаҳо ҳамчун ниҳодҳои иҷтимоии фаъолияти ҷомеа дар низоми танзими тарзи ҳаёти халқу миллатҳо нақши калидӣ мебозиданд. Анъанаҳо бо инкишофи ҷомеа ва метавон гуфт бо диалектикаи ҳаёт сахт алоқаманд будаанд. Мондагор будани ҷашну маросимҳо аз ду ҷанба дорои аҳаммият мебошад. Якум, расму оинҳо ва анъанаҳои мардумӣ ифодагари хотираи таърихии як халқ будааст, ки бо воситаи он мо имрӯз метавонем аз рӯзгори пешини миллати худ огоҳ шавем. Ҷанбаи дуюм он аст, ки анъанаҳои мардумӣ бо маънавиёти миллати мо алоқаманд буда, ҷузъи шуури ҷамъиятӣ ва ҳамчун арзишҳои маънавӣ ва миллианд. Аз ин рӯ, анъанаҳо ва расму оинҳо унсури муҳимми ҳастии иҷтимоӣ ва фарҳанги маънавӣ буда, дар натиҷаи фаъолияти якҷоя дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадаанд, ки воситаи муҳимми робитаи гузаштаи як халқ бо имрӯз аст.

Китобҳо