JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 

 Ман ба унвони нависанда ва узви Маркази тадқиқот ва стратегияи Масарат дар Яман ба хабарҳои Тоҷикистон, дақиқтараш аз замони ба Истиқлолияти давлатӣ мушарраф шудани мамлакат дар соли 1991 то ба имрӯз таваҷҷуҳ дорам ва гоҳ-гоҳе дар заминаи таҳаввулот ва дигаргуниҳои кишвар андешаҳоямро ба таври мухтасар манзур месозам.

  Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” яке аз технологияҳои калидии “ҷангҳои омехта” ба ҳисоб мераванд ва ба амнияти миллии тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд.

  Аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ исбот шудааст, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” як навъ таъсири мақсадноки иттилоотӣ барои ба даст овардани манфиати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии субъектҳои пиёдакунандаи чунин ҷангҳо маҳсуб мешаванд.

  Ба ин масъала ҳанӯз соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишора карда буданд: «Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Агар шумо эътибор дода бошед, солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад.

  Ҷаҳони муосир зери хатарҳои зиёди табиӣ ва сунъӣ қарор дорад. Дар байни онҳо хавфи ба Замин афтидани ҷирмҳои осмонӣ, аниқтараш чирмҳои хурди Системаи офтобӣ мавҷуд аст. Ин ҷирмҳо одатан вобаста ба андоза ва хосиятҳояшон ба чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо ҷудо мешаванд. Параметри асосӣ, ки аз рӯи он ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ тасниф карда мешавад, андозаи онҳо аст.

Ҳар як ҷирми хурди Системаи офтобӣ (чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо) дар вақти ҳаракати худ дар фазои коинот ба Замин наздик шуда, ба Замин афтода метавонанд.

  Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Китобҳо