JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

             (Бардошти муқаддимотӣ)

   Инсони ҳушманд аз тариқи ба кор андохтани барномаҳои зеҳнию ақлонӣ ҳамеша худро дар баробари таҳдидоти дохилӣ, таҳоҷумоти берунӣ ва хатароти эҳтимолӣ муқовим сохта, бад-он талош меварзад, ки дар набарди зиндагӣ на бозанда, балки пирӯз бошад. Пирӯзӣ ва бозандагии инсон ҳам ба кайфият ва чигунагии тадбиру тасмимоти ақлонии ӯ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, инсон аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг мунсаҷим мешаванд. Минбаъд, чун имконоти моддию маънавии инсонӣ бартар шуд ва шаҳди қудрату тавони физикӣ-ҷисмониро чашид, тасмим гирифт, ки хосту ѓаризаҳояшро болои мардум ва ҷомеаи камзарфият ва камқувват таҳмил созад. Аз ин ҷо раванди таҳоҷуми маънавӣ  ва фишори равонӣ болои ақвому милали заиф дар таърихи башарӣ машруият пайдо намуда, фазосозии сиёсӣ, мафкуравӣ-идеологӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ шакл гирифт. Бад-ин минвол, ҳаракати мафкураи бегона дар масири зиндагии ақвому миллиятҳо оғоз  шуда, дар бофтҳои иҷтимоӣ ҷо гирифта, бегонашавӣ ва бегонасолорӣ миёни ҷомеаҳо густариш ёфт. Ин гуна таҳмилсозӣ ва таҳоҷуми фарҳангию сиёсӣ ва мафкуравӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо (замони муосир дар назар аст) вусъати тоза касб  кардааст.

  Прежде всего, необходимо пояснить, что во всех странах мира, включая и Республику Таджикистан, очень актуальным являются вопросы безопасности, которые затрагивают наиболее важные стороны жизнедеятельности человека, общества и государства. Система обеспечения национальной безопасности считается основным способом обеспечения безопасности любого самостоятельного субъекта международного права.

  В Законе Республики Таджикистан о безопасности отмечено, что систему обеспечения национальной безопасности Республики Таджикистан представляют взаимодействующие между собой силы, обеспечивающие безопасность, иные государственные органы, органы самоуправления посёлков и сёл и организации, несущие в пределах своих полномочий всю полноту ответственности за обеспечение безопасности[1].

  Муҳтавои филми нави Муҳиддин Музаффарро метавон чунин номгузорӣ кард, зеро тайи наздик ба ду соат аз экран миёни қаҳрамонони он баҳси тан ба тан вобаста ба моҳияти арзишҳои асили аҳлоқиву маънавӣ, иҷтимоиву инсонгароӣ сурат гирифтааст. Қабл аз он ки доир ба вижагиҳои бадеӣ ва ҳунарии ин асари тозаи синамои тоҷик сухан ронем, бояд ёдовар гардид, ки муаллифи он дар фазои фарҳангии имрӯз, хусусан дар ҷодаи филмофарӣ шахсияти нав нест. Муҳиддин Музаффар дар ду даҳсолаи охир бо офаридани силсилаи аҷоиби филмҳои кӯтоҳмуддат ва иштирок дар фестивалу намоишҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ худро ба тамошобинону мутахассисони соҳа ба хубӣ муаррифӣ намуда буд.

   Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ бардошти таҳрифшуда аз воқеиятҳо ва фарзияҳоест, ки зери таъсири пешдовариҳо, манфиатҳо, тарс ва тамаъ, дар бардошт, қазоват ва истидлоли одамон дохил шудаанд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ боиси таҳрифи идрок, қазовати нодуруст, тафсири ғайримантиқӣ ва бехирадона мешаванд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ аз хурофотҳое бармеояд, ки дар ҳофизаи ҷамъиятӣ вуҷуд доранд ва ин ба дарки дурусти тасвири илмии олам ва паҳншавии он, ки аз қолабҳои ҷорӣ дар шуури тӯдаҳо фарқ мекунад,  монеъ мешавад. Одамон дар ҷустуҷӯ ва тафсири маълумот, маъмулан тамоил ба он доранд, ки хурофоту пешдоварии худро дуруст нишон дода, ҳар як маълумоте, ки дидгоҳҳояшонро рад мекунанд, беэътибор нишон диҳанд. Ба ҷаҳон аз даричаи таассуби худ нигариста, ҳар як маълумотро филтр мекунанд ва танҳо он назарҳоеро қабул мекунанд, ки тасдиқкунандаи бовару назари худашон буда, мақбули тӯдаҳо ҳастанд. Назари инсони маъмулӣ, аҳёнан аз худи ӯст, ки  дар натиҷаи санҷиши комил бо ҳама усулҳои имконпазир ба даст омада, асоснок ва аз тарозуи ақлу мантиқ гузаронида бошад. Дар бештар маврид, назарҳои мо намунае аз фарзияву истидлолҳои дигарон ҳастанд, ки ба воситаи падару модар, кӯча, мактаб, телевизиону радио ва китобу интернет ба даст омадаанд.

Китобҳо