JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Январи 2024 05:39

Магар сарватманд будан айб аст?

Муаллиф: Саъдуллоҳ РАҲИМОВ

   Борҳо мушоҳида кардаам, ки мардуми камбизоат аз афроде, ки соҳиби машинҳои зебои хориҷӣ ҳастанду дар даст телефонҳои қиматбаҳои кисагӣ, дорои "ноутбук"-ҳо, дар тан либосҳои озодаву шинам бо одоби ҳамида сайл мекунанд, рашк мебаранд. Балки онҳоро бад мебинанд. Ин ҳолатро дида, нидои устод Тоҳир Собиров – коргардони шинохтаи “Тоҷикфилм” ба ёдам меояд, ки мегуфтанд: “Мурад камбағалӣ” ...

  Дуруст аст, ки миёни одамони сарватманд гоҳе нафароне дида мешаванд, ки аз ҳисоби нопокию авомфиребӣ соҳиби чизу чора шудаанд. Ва ин ҳолат воқеан нафрати касро бедор месозад. Вале ин гуна афрод дар ҷомеа бо фоизи кам вуҷуд доранд. Аз ин сабаб ҳамаи аҳли дороро ба ин нафарон шабоҳат додан аз рӯи воқеияту адолат намебуд.

  Ба андешаи ман бо кору фаъолити ҳалолу дӯстдоштаи худ машғул будаву сарватманд шудан ниятест табиӣ ва мантиқӣ.

  Ҳисси танаффури сарватмандонро аз замони федализму давраи Шуравӣ дар мо мепарастиданд. “Камбағалӣ айб нест” мегуфтанд дар урфият. Лекин замона дигар шуд. Имрӯз камбағалӣ айб аст! Чаро ки имрӯз давраи бо меҳнати ҳалолу касби дӯстдошаи худ ифтихор кардан ва дар натиҷа сарватманд шудан расидааст. Имрӯз шиори “даст ба кору дил ба ёр” мубрам аст. Аз фарди бекор ҳама безор. Фарди озод нафаре мебошад, ки камбағалӣ азияташ медиҳад, намехоҳад, ки худаш ва хешовадонаш аз нодорӣ ночор бошанд. Зиндагиро барои хушбахтӣ офаридаанд.

  Албатта, сарватманд будан ҳадафи асосӣ ва охирини инсон нест, набояд бошад. Вале натиҷаи кору фаъолияти дӯстдоштааш ин фазоро бояд ба вуҷуд орад.

  Давлату ҳукумат ҳама чораҳоро барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандонаш мебояд биандешад. Ва ҳамчунин худи шаҳрванд низ набояд интизор шавад, ки кай ба ӯ бо дасти адаб кору вазифаи дилхоҳ эҳдо мекунанд. Тарзи зисти наву замонавӣ расидааст. Инсони имрӯза бояд фаъол бошад, бунёдгар, эҷодкор. Аз ин рӯ вай бояд озод бошад. Побанди хурофоту суннатҳои ақибмонда набошад. Маҳз озодӣ шахсро эҷодкор менамояд. Файласуфи шинохтаи рус Н.А. Бердяев дар мавриди иртиботи озодиву эҷодкорӣ чунин андешаҳоро арз кардааст.

  Эҷодкорӣ ва озодӣ бо ҳам тавъаманд. Танҳо фарди озод эҷодкорӣ карда метавонад. Эҷодкорӣ чизест, ки аз дарун, аз умқи бепоёни нофаҳмо, пасошуурӣ бармеояд, на аз берун, на аз зарурати моддӣ. Худи кӯшиши майлу хоҳиши фаҳмо гардондани амали эҷодӣ, дарёфт кардани асос барои он, аллакай нодуруст фаҳмидани он аст. «Озодӣ пояи асосии ҳастӣ аст ва он аз ҳама мавҷудот амиқтар аст»[2], – таъкид кардааст Бердяев.

  Озодии рӯҳи инсонӣ барои Бердяев рамзи муқаддасест, ки маънои онро бо шаклҳои муваққатӣ ва гузариши ин ё он давра алоқаманд кардан норавост. «Озодии ҳақиқии инсон манбаи маънавӣ дорад, на манбаи иҷтимоӣ, балки амри вуҷуд доштани он дар олами маънавӣ муайян карда мешавад, на дар асоси олами иҷтимоӣ» [3].

  Дар баробари ин, расидан ба озодӣ кори осон нест: «Одам аслан дар ҳолати ғуломӣ қарор дорад”. Ин ҷо ғуломиро Бердяев ба сифати рамз истифода мекунад. Аксаран “ғуломии” худро пай намебаранд ва гоҳо “ғуломиашонро” дӯст медоранд [3]. Гумон кардан хато мебуд, ки одами одӣ озодиро дӯст медорад. Фикр кардан аз ин ҳам хатост, ки озодӣ кори осон аст. Муҳаббат ба озодӣ, хоҳиши озод будан аллакай нишондиҳандаи баландии мақоми худшиносии инсон аст. Ин чиз шаҳодат медиҳад, ки шахс дар ботини худ аллакай “ғулом” буданро инкор менамояд [3].

  Озодӣ бори вазнинест, ки одам бар дӯш мегирад. Инсон агар дар вуҷудаш вазъияти болоравии эҷодиро эҳсос намояд, озодиро дарк мекунад. Ҳамин тариқ, эҷодкорӣ – озодии инсон аз асолат аст. Эҷодкориро Бердяев инчунин ҳамчун "парвоз ба беохирият, беканорӣ" маънидод кардааст. Вай навишта аст, ки «эҷодкории ҳақиқӣ» майли дигаргун сохтани ҷаҳонро дорад, ки боиси пайдо шудани «кайҳони нав ва сарзамини нав» мегардад.

  Бердяев моҳияти озодӣ ва эҷодиётро аз назари ман аслан дуруст қайд кардааст. Иштибоҳи ӯ фақат дар он аст, ки ин падидаҳоро новобаста аз иҷтимоиёт дидааст. Озодӣ ва эҷодиёт сахт бо иҷтимоиёт вобастаанд. Чун ин мақулаҳоро вай моли имону дин медонад, пас имону дин худ падидаи иҷтимоӣ мебошанд[7, C. 17-21].

  Боз як идеяи асосии Бердяев – идеяи шахсият аст, ки бароям ҷолиб намуд. Вай мегӯяд, ки шахсият будан – ин сарвати асосии инсон аст ва ҳар як фард дорои шахсияти беназир шуда метавонад ва ҳар кас олами атрофашро қадр мекунад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки шахси дигарро муҳокима кунад. Ҳар кас подшоҳи худ ва “ғуломи” худ мебошад [5].

  Боз мегардем ба сари мавзуи сарватмандиву камбағалӣ. Чаро ин рӯҳияро ба мо идеологияи Шуравӣ, идеологияи пролетарӣ, идеологияи дохундаҳо таблиғу тарғиб мекард?

  Хуб. Гӯем, ки шумо дуруст қайд мекунед, ки рӯҳияи дохундаҳоро дар вуҷуди мову шумо ҷаҳонбинии "тафаккури пролетарӣ" ғунҷонда буд. Ва шояд яке аз сабабҳои фавтидани ин "диктатура" маҳз ҳамин ғалат буд, ки идеологияи камбағалиро таблиғ мекард. Зиёда аз 30 сол мешавад, ки "раҳматӣ" аз байн рафтааст. Кишварҳои собиқ Шуравӣ кайҳост, ки ҳадаф, ғоя ва тамоилҳои миллии худро иваз кардаанд. Ва яке аз он ҳадафҳо сарватмандии шаҳрвандон аст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ин рӯҳия дар вуҷуди аксари мо тоҷикон ҷо намегирад. Мо то ҳанӯз "камбағалӣ айб нест мегӯем". "Бигзор гадо бошам, – месароем, – дар хоки ватан бошам".

  Албатта, камина инҷо мақсади гӯяндаву сарояндаи ин матнро мефаҳмам – дар он васфи ҳисси ватанпарастӣ зуҳур ёфта. Вале  мусаллам аст, ки бойигариву сарватҳои ману шумо ва дигар ҳамватанон ватани моро иқтидор меорад, шуҳратманд месозад, ба бозори ҷаҳонӣ раҳ мекушояд.

  Камбағалии мову ватани моро касе кор надорад. Оё мушоҳида кардаед, ки ба камбағалон одатан қарз намедиҳанд, метарсанд, ки баргардонда наметавонад…

  Дар Русия силсилаи латифаҳо паҳн шудааст, ки намояндагони "новый русский"-ро зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Оё таваҷҷуҳ кардаед, ки ҳадаф аз ин латифаҳо на танқиду маҳкуми сарватмандӣ, балки сарватмандони бехирад аст, сарватмадоне, ки аз ҳисоби авомфиребӣ ба ин мартабаи дороӣ расидаанд…

  Чаро мо тоҷикон аз рӯҳияи камбағалӣ халос шудан намехоҳем? Дуруст аст, ки барои бой шудан фазои казоӣ надорем. Вале мусаллам аст, ки ин фазоро барои мо ба ғайр аз худи мо каси дигар муҳайё нахоҳад кард. Аммо барои ин мо бояд аз рӯҳияи дохундапарастӣ озод шавем. Яке аз сарчашмаҳои иҷтимоии он, ки сохти феодализму ҳокимияти Шуравӣ буд, аз байн рафт. Монд сарчашмаи дигар – психологияи миллӣ, ки дар он ҳисси бадбинӣ ба сарвату моддиёт, парастиши зиндагии дарвешона зуҳур меёбад. Ин сарчашма устувортар аст, чунки он асрҳои аср таблиғу тарғиб меёфт ва мутаассифона дар давраи Шуравӣ он дубора қувват гирифт. Ва шароити зиндагии камбизоатии қишре аз аҳолии имрӯза.

  Воқеан, дар омади гап, дар тамаддуни маздоясноӣ, бахусус зардуштия сарвату бойигарӣ парастида мешуд. Зардуштиён агар ба якдигар мадҳе гуфтанӣ мешуданд, ҳатман дар қатори аввал сарватмандии якдигарро таманно мекарданд. Қурбонии бемору нотавонҳоро қабул надоштанд. Тиллову нуқра ва ҷавоҳиротро меписандиданд. Эзидбонуи зеботарини маздоясноӣ Ардвисура Анаҳита дар сару либоси зебову шинам, қиматбаҳо, бо лавозимоти ороишии тиллоиву сангҳои қиматбаҳо пеши муғон падидор мегашт… [1. С. 23-52.]

  Боз пеши назарам нигоҳи маҳкумкунандаи қисми зиёди шаҳрвандон меояд ва кинояҳои дағалонаи ишонро оиди ҷавонони хушандому мошинсавор, ки ба куҷое шитоб доранд, мешунавам. Чаро мо онҳоро бад мебинем?! Барои он ки онҳо бойанд, сарватманданд?! Барои он ки ишон иртибот бо бозори моддию маънавии ҷаҳонӣ доранд, аз иттилооти ҷаҳонӣ бохабаранд ва моле доранд, ки ҷаҳониён ба он ниёз доранд?! Чӣ содаем мо дар ин ғазаби беасоси хеш. Чаро мо ба ин масъала аз тарафи дигар нигоҳ намекунем – аз он тараф, ки мо худамон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳамин зайл бою сарватманд гардем, инглисидон шавем, тоҷик будани худро на барои худ, балки барои ҷаҳониён собит созем?! Шояд кӯшиши бой шудани мо беҳтар будагист аз он, ки асрҳои аср моро дар рӯҳияи камбағалӣ тарбия менамуданд. Итминони комил дорам, ки имрӯз тоқат намудан ба ризқи ночиз ва онро амри тақдир донистан – ҳамаи ин рӯҳияест, ки зимомдорону ҳокимони пешинаи мо барои мо бофтаанд. Дар асл ишон намехостанд, ки дар мисоли авлодони минбаъдаи мо рақибе дошта бошанд, мехостанд танҳо худашон соҳиби мутлақи сарвату моликият бошанд.

  "Камбағалӣ айб нест" аз назари имрӯз хурофот аст, балки ақидаи зарарнок. Ақидаест, ки моро ба қафо мекашад. Мову шумо дар тайи чанд соли охири зиндагии қашшоқона хуб дарк кардем, ки камбағалӣ рӯҳияи хатарнок аст, инсонро рӯҳафтода, аз зиндагӣ дасту дилканда менамояд. Инсони рӯҳафтода дар дил орзу надорад ва ҳатто агар дошта бошад ҳам, мурғи ормонаш паршикаста аст. Камбағалӣ ба инсон пайваста маризиҳо меорад, ки табобати он тавре ки аз таҷриба медонем, хеле гарон аст. Мусаллам аст, ки инсони рӯҳафтода бештар ба маризӣ дучор мешавад ва ғолибан ба касалиҳои рӯҳӣ. Камбағал – инсони муғамбир мешавад, ночору нотавон, дасташ кӯтоҳ, пеши хешону фарзандонаш миннатшунаву шарманда. Аз тарафи дигар камбағал гуфта шахси тамбалу беҳавсала ва бесаводу бехирадро гӯянд. Аз ин хотир биёед ба одамони сарватдор эҳтиром гузорем, ба онҳое, ки бо истеъдоду меҳнати ҳалоли худ раҳ ба бозори ҷаҳонӣ ёфтаанд, аз он истифода кардаанд ва худашонро ба он муаррифӣ кардаанд. Ва пайрави онҳо шавем.

  Шиори миллии мову шумо дар асри нав мебояд сарватманд шудан бошад. Сарватмандӣ ба хотири пешравӣ, ба хотири дастро дар набзи ҷаҳон доштан. Ба хотире, ки Бердяев моро ба озодии маънавӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят кардааст, биравем.

  Минбаъд пирӯзу дастболо касеву қавме хоҳад шуд, ки агар набзи ҷаҳонро ҳис кунад. Ба ин хотир биёед ҳамакаса тарзе меҳнат бикунем, ки доро бошем. Барои сарватманди асил будан неруҳои худододиву меҳнати ҳалол кардан лозим мешавад ва худшиносиро дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ қиёс кардан лозим меояд. Давлатдорӣ мову шуморо оптимист месозад, аз мо созандаву эҷодгар тарбия менамояд.

  Ашрофони Юнони Қадим маҳз тавассути сарватмандӣ шоҳасарҳои адабию ҳунарӣ, фалсафию илмӣ эҷод кардаанд.

  • Чӣ, Эзоп [8] ғулом буд, мегӯед-мӣ? Дуруст аст. Вай ғулом буд, вале рӯҳан озод буд. Олами ботонии вай озод буд. Аз ин ҷост, вақте ки ғуломдор аз ӯ таоми болаззат талаб мекунад, вай забонро меорад. Ва баъд бо дархости соҳибаш таоми белаззат меорад – ҳамон забонро ...

  Шояд гӯянд: муаллифи ин мақола сафсатаҳои умумиро мегӯяд. Мушаххасан чӣ кор кардан мумкин, ки мардум аз пайи ин кор шаванд?

  Масъалае, ки оидаш мо баҳс мекунем, кашфиёт нест. Инҷо дубора велосипедро ихтироъ кардан нашояд. Пешниҳоди мушаххасе, ки муаллиф ба таваҷҷуҳи хонанда вогузошта метавонад ин пеш аз ҳама омӯхтани таҷоруби Урупову Амрико ва Ҷопон аст дар ин бахш. Масалан, психология ва усулу услубҳои сарватмандшавӣ, дар асарҳои Дейл Корнегӣ [6], ки хушбахтона дастрас кардан мумкин аст, хеле содаву омафаҳм баррасӣ шудаанд. Қироати асарҳои Корнегӣ хонандаро ба устувории чунин ақида меорад: худи ҳозир ҳар кадоми мо баробар бидуни истисно соҳиби хазинаи гаронбаҳоем. Яъне чи хел? Бойигарии аз ҳама гирову арзишнок ин мағз аст, мағзе, ки эҷод мекунад. Дар тамаддуни пешсафи башарӣ маҳсули мағзи эҷодгар ҳамеша қадру арзиши воло дошт ва дорад ва хоҳад дошт.

  Потенсиали интелектуалии миллати мо тавре ки медонем, бе шак қавию бой аст. Ин ҳолат дар қиёс бо ҳамкорӣ бо хориҷиён хеле рушан мушоҳида мешавад. Дар баъзе мавридҳо қобилияти фикрии намояндагони миллати мо болотар аз хориҷиён менамояд. Вале мо дар дигар чиз дасткӯтоҳ ҳастем ва маҳз аз ҳамин сабаб неруи ақлии моро хориҷиён мисли маҳсулоти агросаноатиамон беғаразу боғараз ба сифати "маҳсулоти хом" истифода мекунанд. Неруи ақлии мо ба "технологияи" пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқ кунонида нашудааст. Мисоли одии ин идда дар он аст, ки олимони мо дар таҳқиқи баъзе масоили хосаи илмӣ хеле пеш рафтаанд, вале аз баски инглисиро намедонанд, аз тарзу низоми нави пешниҳоди кашфиётҳои илмӣ бехабаранд ва ҳам аз ҷараёни умумиҷаҳонии фаъолияти илмӣ берун мондаанд ва кашфиётҳои хеле гаронбаҳои худро, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзиши хеле баланд доранд, ба маънои мусбиаш ба фурӯш бароварда наметавонанд ё арзон мефурӯшанд.

  Сабзалӣ Шарифов – рассоми халқии кишварамон дар яке аз суҳбатҳои хоса нақл кард, ки чанд сол пеш дар Олмон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардида буд [9] ва нафарони зиёди хориҷӣ ба асарҳои ӯ мароқ зоҳир карда, аз ӯ хариди онҳоро дархост намудаанд, вале аз сабаби он ки низомҳои маъмули умумиҷаҳонӣ дар ин кор риоя нашуда буданд, фурӯши асарҳои рассоми хеле боистеъдоди мо ба амал наомад. Ин ҳама нишонаи беиттилоотии мо аст. Низоми технологияи маънавиёту моддиёти бозори ҷаҳониро намедонем ва нисбати он беэътиноӣ зоҳир мекунем.

  Дар кишвари мо як иштибоҳи умумимиллӣ аз азал реша давондааст.  Мо ақлу хираду истеъдодро худодод дониста, барандагони онҳоро  иззату эҳтиром мекунем, вале маҳсули меҳнати онҳоро сазовор, тарзе ки ин кор дар тамаддуни пешсафи ҷаҳонӣ суннат шудааст, музд намедиҳем. Вале умед ҳаст, ки дер ё зуд мо аз ин суннат даст хоҳем кашид, чаро ки маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ дигар аст ва чун мо худро ба ҷаҳониён гаравидан мехоҳем, умед аст, дар ҳамин маҷро хоҳем рафт ва воқеан рафта истодаем ҳам. Аз ин нигоҳ, биёед, худамон соҳиби тақдири худамон шавем, дониш бардорем, ҷаҳони навро биомӯзем, технологияи нави онро азхуд кунем, фарзандонамонро дар рӯҳияи нави ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ тарбия намуда, ватандориву ватанпарастиамонро дар қиёсу партави  ҷаҳоншиносӣ бубинем. Аз ин нигоҳ сарватманд будан айб нест. Балки шараф аст...

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчи ҳадисест шариф,

Натавон мурд ба сахтӣ, ки дар ин ҷо зодам [10].

Саъдуллоҳ РАҲИМОВ

файласуф

 

Адабиёт

  1. Авеста. Избранные гимны. Перевод с авестийского и комментарии проф. И.М. Стеблин-Каменского. - Душанбе: Адиб, 1990. - 176 с.
  2. Бердяев Н.А. Истоки и смысл русского коммунизма. М., 1990
  3. Бердяев Н.А. О рабстве и свободе человека. Опыт персоналистической философии. Париж, 1939
  4. Бердяев Н.А. Русская идея. М.: АСТ; Харьков: ФОМО, 2004
  5. Бердяева Н.А. "Эрос и личность. Философия  пола и любви. "- М.: Прометей, 1989,-158с.
  6. Дейл Карнеги. Собрание сочинений в трех томах. - Издательство Азбука, 1998 год.
  7. Хрестоматия по философии. - Учебное пособие. - М.: Проспект, 2009. - 415 стр. 17-21
  8. https://ru.wikipedia.org/wiki/ Эзоп. - Обращение 04 июля 2023.
  9. Шарифов Сабзалӣ. Чанори танҳо. Ҷ. 1. – Душабе, 2012.
  10. https/ guftor.ru/ман-аз-он-рӯз-ки-дар-банди-туам-озодам –Дата обращение 04 июля 2023.
Хондан 1448 маротиба