JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 23 Январи 2024 10:58

Ҷашни Сада пайғоме аз ғалабаи нур бар зулмот

Муаллиф: Муродова Тоҷинисо

   Ҷашни Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форси даврони ботон дар қатори ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз ба шумор меравад. Ин ҷашн яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон ва эронитабори дунё буда, дар оғози  шомгоҳ даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва ягонагиву ҳамбастагӣ, муҳаббату садоқати мардум дар мӯқобили бесадоқатию беотифагӣ аст. Мардуми эронитабор, махсусан дар як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, Шероз, Исфаҳон, Ромсар,   Аҳвоз, Кирмон, Кошон, Язд, Ҳамадон, Сабзвар, Шабистар, Ҳамадон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия ва ғайраҳо бо гирд омадани мардум дар як макон аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар паҳлуи якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.  

  Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан  будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр[1] дониста, онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардум медонанд. Дар замони Истиқлол бо кумаку ташаббус ва дастгириҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ Сада, Меҳргон ва Тиргон эҳё шуда, ҳамчун маросими суннатӣ дар баробари Наврӯз ҷашн гирифта мешаванд.

  Баъзе мутафаккирон номи Садаро аз сад гирифташуда медонанд. Донишманди бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ дар ҷои дигар омадааст: «Шумораи фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни сада аст, сад рӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.   

  Далели дигар аз гиромидошти ин шаб ин аст, ки мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[2]замони неруманд гаштани неруҳои аҳриманӣ медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳ пайваста дуою дархостҳои зиёдеро дар муқобили шар(р)-и неруҳои аҳриманӣ ва зулмот анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо неруҳои бадӣ дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми  баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рӯз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рӯзи Сада кашф шуда буд, ва дар айни ҳол василае  мубориза барои бо Аҳриман буд. Ойини оташ гирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рӯз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рӯз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рӯзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шуруъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасӯзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.

  Аз ин ҷо, ҷашни Садаро «бо номи ҷашни оташ ё ҷашни зимистон низ мешиносанд ва дар баъзе нуқот аз ин ҷашн бо номи «садасӯзӣ» ёд мешавад». Бинобар ин муҳимтарин нишонаи ҷашни Сада ин оташ аст, ки дар дунёи бостони тоҷику форс оташ рамзи нуру рушноии зиндагӣ ва ғалаба ба торикиҳою зулмот ва бадиҳо буд.

  Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсобод дар китоби «Наврӯзнома» бар ин ақидаанд, ки Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.

 Бисёре аз ривоятҳои бостонӣ дар «Шоҳнома»-и чун ганҷе ҷой доранд ва ин шоҳасари безавол дар асоси ҳамин ривоятҳо шакл гирифтааст. Дар яке аз ин достонҳои «Шоҳнома»  Фирдавсии бузургвор навиштааст, ки Ҳушанг подшоҳи Пешдодӣ нахустин касест, ки шеваи сохтумонсозӣ, шаҳрсозӣ, кишту кор, кандани коррез, яъне обанбору ҷӯйҳо, шинондани дарахтон ва амсоли инҳоро ба ӯ нисбат медиҳанд.[3] Рӯзе Ҳушанг дар доманаи куҳ море дид ва санг баргирифту ба самти мор андохт. Аз бархурди сангҳо ҷарақае зад ва оташ падидор шуд. Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳони Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[4]

 Агар садаро аз дидгоҳи таърихӣ дида бароем достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада ба Ҳушанг алоқаманд аст, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз куҳ мегузаштанд, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардоша ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба куҳ бархурд кард ва оташ аз бархурди сангҳо бархост ва фуруғе падид омад:

Фуруғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фуруғ озарранг.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

К-и ӯро фуруғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Якӣ ҷашн кард он шабу бода хурд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод, чун ӯ дигар шаҳриёр.[5]

  Албатта, мори сиёҳу оташи аз бархурди ду санг падид омада ин аз як тарафа ихтирои оташ аз тарафи Ҳушанг буд ва аз тарафи дигар рамзи ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ, хайр бар шар(р) аст, ки яке аз мавзӯҳои асосии достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки дар панду тарбияи маънавию ахлоқии инсонҳо нақши хосае дорад.

Ҳамин тариқ, ҷашни Садаро бисёре аз бостоншиносон бо достони кашфи оташ тавассути Ҳушанг шоҳи Пешдодӣ, ки яке аз подшоҳони афсонавии Эрони бостонӣ будааст марбут медонанд, ки мисраҳои боло шоҳиди ин фикр аст.   

    Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташгирён кардани ҳезуме, ки  мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ  ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада оғоз мешавад. Дар ҷашни Сада маросими афрухтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст. Ҳатто дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон, махсусан Кирмон расм аст, ки кишоварзон аз хокистари оташи ҷашни Сада бар заминҳо мепошанд, чунки бар он ақида будаанд, ки  ин хокистар ба замин баракат меорад. Чунин анъана дар байни баъзе аз кишоварзҳои тоҷикон низ вуҷуд дорад, ки хокистари оташи аз ҳезум сухта барои ҳосилхез шудани замин кумак мекунад ва онро ба заминҳои кишт мепошанд. Шояд ин анъана аз ҳамон замонҳои қадим барои мардуми тоҷик мерос монда бошад ва ё вақте ки баъзеҳо бемории равонӣ мешаванд ҳакимон беморро зери ғор ва ё теппаҳо ва ё дар лаби дарё бурда оташ гирён мекунанд ва бемори равониро бо рамзи рӯҳи палид ва ё қувваи бад ва ё тарс аз вуҷудаш хориҷ шудан аз болои оташ мегузаронанд. Эҳтимол дорад, ки аз лиҳози психиологӣ – ин рамзи боло гирифтани нур ва гармои оташ бар зулмот,  некӣ бар бадӣ аст ва нишонаҳои қадимаи расму анъанаи ҷашнгирии Садаро аз тарафи тоҷикон дар бар гирад.   

    Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ва чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

   Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

    Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ-иҷтимоӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ҳикмати ин ҷашнҳои суннатӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки мардумро ба баракату шукргузорӣ, тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, дӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои суннатӣ  инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии хеш ғалаба кунад ва худро аз зулмоти нафс ба сӯи рушноӣ – нур бикашад.

         

 

Муродова Тоҷинисо 

н.и.фал., дотсент,

ходими пешбари илмии ИФСҲ-и

ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

[1] Меҳр дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Митра, ё Миҳр, дар «Авесто»-и нав изади фурғу рушноӣ ва паймоншиносӣ…. Нигаред: «Авесто». Тавзеҳот. Душанбе – «Бухоро», 2014.- 783 с.-С.702; Дар тавзеҳоти «Авесто» омадааст, ки «дар ҳамаи навиштаҳои асотириву динии эрониён Меҳру Хуршед  номи ду изади људогона аст, ки ҳар яке ниёишҳову ситоишҳои

[2] Аз 22-и декабр то 22-и январ – дей ва аз 22-и январ то 22-и феврал - баҳман

[3] Абумансури …. Соалабии Нишопурӣ. Подщоҳии Ҳушанг. Таърихи Ғурар ус-сияр, маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалабии Нишопурӣ.-415 с.-С.42. Тољнома. Кит. 3. Душанбе- «Бухоро», 2014.

[4] Дар љараёни навиштани кор аз сомонаи интернетӣ низ истифода шудааст

[5] https: //fa/wikipedia/org/wiki/

Хондан 1539 маротиба