JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Январи 2024 08:25

Биниши дунявӣ ва мафкурасозии миллӣ  

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Биниши дунявӣ ё тарзи тафаккури секулорӣ таҷрибаи самараноки башарият ба шумор меравад ва ҳарчанд ки аз нуфузу ҳузури секулоризм ё дунявият дар умури зиндагии башарӣ фурсати чандон зиёде нагузаштааст (зиёда аз сад сол аст, ки дунявият ва тарзи зиндагии секулорӣ дар ҷаҳон машруият пайдо кардааст), аммо муваффақияту комёбиҳое, ки дар заминаи тасаллути ин навъ низоми инсонсоз дар дунёи мутамаддин рӯйи кор омадааст, беназиранд. Ба сухани дигар, дар сад соли охир тарзи тафаккури дунявӣ, ки бо илммадорӣ ва хирадмеҳварӣ тавъам аст, ҷаҳонро ба куллӣ тағйир дода, роҳро барои пешрафту тараққиёти инсонӣ ҳамвор сохтааст. Он чи ки дар умури рӯзмарраи худ истифода мекунем, ҳамагӣ маҳсули зеҳни ҷӯёву пӯёи башар ва бавижа, ҳосили омӯзишҳо, донишҳо, бинишҳо, бардоштҳо, таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳои инсони секулоранд. Ин аст, ки секулоризм ё дунявият бо ақлу мантиқ кор гирифтани башар мебошад.

  Аз тарафи дигар, секулоризм ва дунявият аз тариқи талошу ҷоннисориҳои бебадали зиёиёну равшангарони аврупоӣ иттифоқ афтодааст, ки дар қолиби барнома-лоиҳаҳои махсуси омӯзишӣ, ҳувиятӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва маданӣ рехта шуда, тайи солҳои тӯлонӣ татбиқу роҳандозӣ гардидаанд. Бинобар ин, корнамоию қаҳрамониҳои насли равшанфикрону равшангарони аврупоиро қадр бояд кард, чаро ки маҳз ба воситаи ташаббусоту ибтикороти қишри пешқадами зиёиёну мутафаккирони ғарбӣ аз садаби ҳаждаҳ ба баъд дониш ва тарзи зиндагии секулорӣ тадриҷан миёни омма ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ маҳбубият пайдо кард ва мафкурасозии дунявӣ ривоҷу равнақ ёфт. Ба ин маъно, сохтани мафкураи наву ҷадид, ки онро усулан мафкураи секулорӣ ё дунявӣ талаққӣ мекунанд, ба унвони вазифа ва рисолати қишри равшанфикру равшангари ҷомеа пазируфта шуд.

  Чун сухан дар бораи мафкура ва мафкурасозӣ меравад, лозим медонем, ки чанд ҷумлаи муқаддимотӣ дар ин замина ироа дорем, то ин ки матлаб равшантар гардад. Мафкура ё ба истилоҳ идеология маҷмуи хоҳишу майлҳо ва тасаввуроти инсон аст, ки дар қолаби мушаххас рехта ва аз тариқи барномаи муайяни ҳадафманд роҳандозӣ мешавад. Албатта, идеология ҳадаф дорад ва ҳадафаш ҳам дар бозрасӣ ва бозбиниҳои арзишҳои марзӣ, миллӣ ва мардумӣ зоҳир мегардад. Бар илова, таъйини аҳдоф ва матраҳ намудани масоили зарурии ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ба рифоҳи иҷтимоӣ ва истиқлоли сиёсию давлатӣ сабаб мегарданд, ҳамчун муқаррароти мафкура ё идеологияи миллӣ хидмат мекунанд. Ба таъбири дигар, идеология қутбнамои давлатӣ, сиёсӣ ва миллист, ки тавассути он пайроҳаи ташаккулу инкишофи давлат ва миллат ҳамвор карда мешавад. Давлат ва миллати бе идеология киштии бенохудоро мемонад, ки ба таъбири мардумӣ «рӯ ба раҳми Худо дорад» ва бо ҳукми тасодуф арзи ҳастӣ мекунад. Бинобар ин, мафкура ва ё идеология назарияи таъмини зиндагии шоистаи инсонҳо дар ин ё он маҳдудаи ҷуғрофист, ки ба василаи амалкардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳкиму тақвият меёбад ва ниҳоятан, дар зиндагии рӯзмарраи мардум татбиқ мегардад. Бо як калима, идеологияи воқеӣ, ки аз таассубу хурофот дур аст, тарҳи нави муносибатҳои созандаро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои сиёсӣ мумкин мегардонад ва фазоро барои муколимоти сиёсӣ ва маданӣ боз нигаҳ медорад.

  Баъд аз шикастани низоми давлатдории Шуравӣ ва рӯйи кор омадани давлатҳои миллӣ дар фазои пасошуравӣ мафҳуми идеология аз корбурд бозмонд ва равиши идеологӣ ҳамчун абзори таъсиррасонии ғайримашрӯъ ба ҳошия ронда шуд. Ба сухани дигар, миёни ҷомеаи пасошуравӣ як навъ тарсу ҳарос нисбат ба идеология ва мафкураи сиёсӣ доман паҳн кард. Аммо бо гузашти солҳо ва ташаннуҷ пайдо кардани бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ, алалхусус ҳузури сареи ғатундгаройӣ ва ифротгароии динию мазҳабӣ дар манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ ва Осиёи Марказӣ зарурати таҷдиди назар ба мафкура ва идеология пеш омад. Ин аст, ки аз идеология, махсусан, идеологияи миллӣ набояд ҳаросид, чунки он, зотан бар манфиати ҷомеа ва мардум аст.

  Тарс аз идеология собиқаи якрӯзаю дурӯза надорад, балки аз савобиқи тӯлонии таърихӣ, бахусус, барои ҷомеаи ҷафодидаи тоҷик бархӯрдор аст. Агар, аз як тараф, идеологияи динӣ-мазҳабӣ дар қолаби шариатмадории асримиёнагии исломӣ боиси зулму истибдоди дохилӣ гардида бошад, аз тарафи дигар, дар давраи нави таърихӣ (ибтидои садаи бист ва охири солҳои навадуми асри гузашта) мафкураи коммунистӣ ба ҳайси идеологияи фарогир як навъ тарсу ҳаросҳоро дар пай дошт. Дар шароити феълӣ, ки буҳронҳои паёпайи мафкуравӣ ва сиёсӣ минтақаро дунболагирӣ карда, ҳузури бебандубориҳоро таъмин намуда истодааст, ногузир зарурати вуҷуди идеологияи миллӣ пеш меояд. Суоли матраҳ дар ин замина ин хоҳад буд, ки мо, аҳли ҷомеа ба он чӣ гуна муносибат мекунем ва дар пиёда сохтани ин консепсияи муҳими сиёсӣ бо давлат ва сохторҳои марбутаи сиёсӣ ҳамшарикӣ менамоем ё хайр?

  Аз сӯйи дигар, давлатмардон, нухбагони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси ватанӣ муваззафанд, ки сари масоили миллӣ андешанд ва тамаркуз кунанд, зеро ки дар марҳилаи ҳассоси давлатсозӣ ва миллатсозӣ қарор доранд. Дигар ин, ки баррасӣ ва матраҳ намудани масъалаҳои миллӣ ва арзишҳои миллӣ авлавият доранд ва дар ин замина ҳанӯз мушкилоту муаммоҳои зиёде моро дунболагир мебошанд.

  Дар зимн, мубоҳисаҳои динию дунявӣ дар доираи матбуоти даврӣ, расонаҳои дохилию хориҷӣ ва фазои маҷозӣ солҳост идома доранд ва ин шарти асосии давлатдорӣ ва низоми сиёсии дунявист. Аммо сӯистифода аз озодӣ дар бисёр маврид ноҳамвориҳоро дар татбиқи сиёсати миллӣ ва дунявӣ ба вуҷуд овард. Тавре ки мушоҳида мешавад, додани озодиҳои бештар ба қишри руҳонӣ, ки аксаран тахрибкору фурсатталабанд, тавозунро дар баданаҳои иҷтимоӣ барҳам зад ва яку якбора динмадорӣ ба унвони низоми муассири ақидатию сиёсӣ ҷомеаро таҳти тасаллут қарор дод. Ин қишр, озодиҳо ва демократияро ба манфиати худ сӯистифода бурд ва фазои сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро мағшуш сохт. Кор то ба ҷое расида буд, ки дар матбуоти мустақили вақт (манзур солҳои 2004-2015) баъзан руҳониёни мутаассиб ва пуштибонони мафкураи динию мазҳабӣ пеши роҳи мубоҳисаҳои илмӣ ва фанниро мегирифтанд ва ба зиёиёне, ки бар мабнои мадорики илмӣ ва фалсафӣ суҳбат мекарданд ва ё матолиб интишор медоданд, тамғаи «мулҳиду кофар»-ро бебаркаш мезаданд. Ин вазъи ногувори фикрӣ ва идеологӣ давлатро водор ба гирифтани тасмимоти ҷиддӣ намуд ва агар дар самти мудирияти равандҳои сиёсӣ андак таъхир мекард, кор ба ҷангу даргирӣ ва бенизомию беинзиботӣ мекашид. Мутаассифона, тӯдаи зиёиён дар он марҳилаи ҳассос аз илму фалсафа ва ҷаҳонбинии илмӣ дифоъ накард, баръакс, сукут ва хомӯширо ихтиёр намуд. Маҳз ҳамин сукут ва хомӯшии аксари кулли зиёиён боиси қувват гирифтани мафкураи динӣ гардид (имрӯз ҳам дар ин самт, мутаассифона, кор бо ду по мелангад). Ҳамкорӣ ва робитаи танготанги зиёиён бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар масоили шинохти дурусти авзои дохилӣ, таҷдиди назар ба арзишҳои динӣ-мазҳабӣ ва мероси гузаштаи миллӣ, эҳёи тафаккури зиндаи мантиқӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ боиси беҳбудии кор мегардад.

  Дар баробари ин, эҳёи суннатҳои миллӣ дар мисоли Наврӯз, Меҳргон, Ялдо, Сада зинда кардани ҳикмати дунёмадоронаи Ҷамшедӣ, Фаридунӣ, Ҳушангӣ ва Хусравонӣ мебошад. Дигар ин ки консепсияи идеологияи миллӣ бар пояи тафаккур ва суннатҳои деринаи бостонии миллӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ ва ҷаҳонӣ доранд, таҳаққуқ пайдо мекунад. Агар ба ин оину суннатҳои миллӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунем ва онҳоро дар барномарезиҳои мафкуравӣ ҳамчун аносири калидии зеҳнсозии миллӣ корбаст насозем, миллати муваффақ буда наметавонем. Махсусан, дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию мафкуравӣ дар бозиҳои геополитикӣ вусъат меёбанд, истифодаи хирадмандонаи устураю бовардоштҳо ва оину суннатҳои дерпойи миллӣ ба унвони гузина ва ё алтернативаҳои зарурии фарҳангӣ дар баробари таҳоҷумоти идеологию маданӣ аз роҳкорҳои муҳим ба шумор меравад.

  Нақши зиёиёни асили миллӣ дар ин марҳилаи ҳассос аз чӣ иборат аст? Зиёии асил ҳеҷ гоҳ аз пайи хурофоту таассуб намеравад. Фазо ва муҳити иҷтимоиро мешиносад ва дардҳои фикрӣ ва маънавии миллиро ташхис мекунад, дар ташхиси уқдаю мушкилоти иҷтимоӣ ба саросемагӣ роҳ намедиҳад. Барои ислоҳи вазъияти фикрию фарҳангӣ тадбирҳои назарӣ ва амалӣ меандешад ва ба ҳеҷ ваҷҳ, дар ислоҳи вазъ ба инқилоб ки боиси хисороти бузурги ҷонию молӣ мегардад, роҳ намедиҳад. Ҳамин, ба истилоҳ, рисолатро зиёиёни фаронсавӣ дар симои Волтер, Монтескиё, Дидро, Руссо ва дигарон дар замони худ анҷом дода, ба таври тадриҷӣ муҳити солими андеша ва табодули фикрӣ сохта, ҷомеаи ақибмондаи аврупоиро аз дарун тағйир намуданд. То замоне ки муҳити солими фикрӣ ва табодули андеша созмон наёбад, наметавон ба ҳадаф расид ва ҷомеа ва давлати қудратманди миллӣ сохт. Тайи зиёда аз сесад сол тавассути ҷоннисориҳои мутафаккирони аврупоӣ вазъи фикрӣ ва фарҳангӣ ва табодули сиёсӣ, сифатан тағйир ёфт. Ин аст, ки андӯхтани таҷрибаи ғании ниёгон ва омӯзиши мероси гаронмояи мутафаккирони бузурги шарқию ғарбӣ дар заминаи мафкурасозии миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо, аз як сӯ, давлатдории дунявиро бар мабнои мафкураи миллӣ ҳифз намоем ва аз сӯйи дигар, дар баробари таҳдиду хатарҳои минтақавию глобалӣ ҷуръатмандона истодагарӣ кунем.

 

Нозим Нурзода,

пажӯҳишгар

Хондан 1467 маротиба