Афғонистони имрӯзӣ густараи ҷуғрофиёӣ, таърихӣ ва маъмурию фарҳангиеро фаро мегирад, ки бо ҳувиятҳои таборӣ, иҷтимои чандинниҳодӣ, фарҳангҳою такфарҳангҳои мутафовит маъруфият дорад. Афғонистонро, ҳамчунин сарзамини ақаллиятҳои қавмӣ низ мегӯянд, чаро ки дар ҳудуди он бештар аз 30 қавму гурӯҳҳои этникию таборӣ зиндагӣ мекунанд. Ақвоме чун тоҷикҳо, паштунҳо, ҳазораҳо, узбакҳо, туркманҳо, балучҳо, нуристониҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, арабҳо ва амсоли инҳо дар кишвар зиндагӣ мекунанд ва ҳар кадоме аз лиҳози мавқеияти ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ, забонӣ мазҳабӣ ва ғайра мутафовит буда, танаввуи зебои маънавиеро дар муҳиту қаламрави Афғонистон ба вуҷуд овардаанд (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С.21). Ин ақвому миллиятҳо ба лиҳози дараҷоти рушду такомули иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорои мавқеиятҳои мухталифи иҷтимоӣ низ мебошанд. Умдатарин қавмияту миллияти кишварро тоҷикон, паштунҳо, узбаку туркманҳо ва ҳазораҳо ташкил медиҳанд.
Таърих исбот кардааст, ки тоҷикон яке аз қадимтарин ақвоми ориёӣ дар қаламрави ин сарзамини бсотонӣ ҳастанд, ки дар таҳаввулоти ҳазорсолаҳои таърихии ориёиёни бостон ва Хуросони таърихӣ саҳми бевоситаю мустақими таърихию фарҳангӣ доранд. Ин аст, ки тоҷикон дар матни ақвоми тахорӣ, кушонӣ ва яфталӣ хеле барвақт ба марҳилаи ташаккулу рушди иҷтимоӣ расида, дар даврони исломӣ дар қиёму хезишҳои миллӣ алайҳи аҷнабиён дар қаламрави Хуросон ва ташкили давлатҳои миллие назири Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Ғуриён саҳми асосӣ доштаанд. Дар қаламрави Афғонистони кунунӣ низ тоҷикон дар созмони давлатҳои миллӣ ва ба вуҷуд овардани фазои давлатсозӣ саҳми назаррас доштаанд. Ба ин маъно, қавми тоҷик, ки ба лиҳози нуфусу нуфуз дар Афғонистон соҳибмақом аст, дар садри феҳристи таърихсозону давлатмадорони кишвар қарор дорад.
Мусалламан, зербинои кишваре, ки имрӯз дар нақшаи ҷуғрофиёӣ бо номи Афғонистон шинохта шудааст, соли 1747 аз тарафи Аҳмадшоҳи Дурронии Абдолӣ дар Қандаҳор гузошта шудааст. Аммо Афғонистон бо марзу ҳудудҳои сиёсию маъмурӣ ва ҷуғрофиёӣ дар охири қарни нуздаҳуми мелодӣ тавассути амир Абдураҳмонхон (1880- 1901) пайрезӣ гардид.
Албатта, барномарезии як давлат ва ҳукумати фарогир ва муназзаму систематик, ки минбаъд бо номи Афғонистон арзи ҳастӣ кардааст, дар бастагӣ бо тавофуқоти императориҳои давр сурат гирифтааст. Ин буд, ки Абдураҳмонхон дар тафоҳуму тавофуқи ду императории минтақа: яке Русияи подшоҳӣ дар шимол ва дигаре, имперпатории Англия бо Ҳинди Британиёӣ дар ҷануб ба таъсиси як ҳукумати марказиятёфта ноил гардид. Амир Абдураҳмонхон дар сиёсати дохилӣ истиқлол дошт, аммо сиёсати хориҷии худро бидуни дастуроту пешниҳодот ва муҳимтар аз ҳама, назорати Англия ва гумоштагони он дар минтақа пеш бурда наметавонист. Ба ин маъно, блоки сиёсӣ ва мафкуравии Бритониёиву инглисӣ ҳамеша сиёсати хориҷии амир Абдураҳмонхон ва дар маҷмуъ, ҳукумати Афғонистонро таҳти назар ва мудирият мегирифт.
Муҳаққиқу муаррихи маъруфи афғонистонӣ доктор Соҳибназар Муродӣ бар ин нукта таваҷҷуҳ мефармояд, ки Афғонистон минҳайси як ҳукумати минтақаӣ дар имтидоди садаҳои нуздаҳуму бистум дар лобалои рақобатҳои императориҳои бузурги ҷаҳонӣ ва гирудорҳои геополитикӣ арзи ҳастӣ кардааст. Ба ин маъно, дар ташаккулу рушди Афғонистон ҳамчун давлат ду раванди мусаллати таърихӣ -- рақобатҳои пешини ду императории бузург ва ҳаводиси муртабит ба поёни ҷанги сард дар ҷаҳон асароти боризе гузоштаанд. Мунтаҳо, ин сарзамин нуқтаи буриш ё тақотеъи Осиёи Марказӣ, ғарбу ҷанубу шимолу шарқ бар кулли Осиё ва овардгоҳи қудратҳои мухолифи қавитар аз хеш дар минтақа будааст (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С.Алиф). Ба сухани дигар, бозиҳои геополитикӣ дар ин минтақа бо дарназрдошти манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ ва импературиҳои минтақаӣ сурат бастааст. Мутаассифона, дар ин кашмакашу даргириҳои геополитикӣ ва бозиҳои сиёсӣ мардуми Афғонистон, ки аз қавмияту миллиятҳои мутааддиде таркиб ёфтааст, зиёд зарар дидаанд.
Афғонистон, бо ин ки хатсайри ҳаракатҳои бузурги низомии ҷаҳон аз даврони бостон, замони Искандари Мақдунӣ то ҳуҷуми Чингизхону амир Темури Курагон ҷониби шибҳиқораи Ҳинду Чин буд, дар қарни бистум манбаи бузурги танишу муборизоти низомии ду абарқудрати муосир, яъне Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикои капиталистӣ (блоки Шарқ ва Ғарб) гардид, ки барои татбиқи барномарезиҳои стратегӣ ва геополитикии худ дар минтақа талош мекарданд. Ин воқеият барои Афғонистон тайи таърихи мавҷудияташ фоҷеаофарин будааст ва баҳои онро дар ҳар фасле аз рухдодҳои минтақавӣ ба қимати гарон пардохтааст (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С. Алиф). Аммо заминаи бархурди сиёсию низомии ду қудрати ҷаҳонӣ, ки дар қолиби блоки капиталистию сотсиалистӣ дар набарди доимӣ қарор доштанд, ҳанӯз дар асри нуздаҳум дар қаламрави Афғонистон пайрезӣ шуда, дар доираи барномарезии “Бозии бузург” миёни Британияи Кабир ва Русияи подшоҳӣ роҳандозӣ гардида буд (ниг.: Искандаров, Косимшо. Политические партии и движения Афганистана во второй половине ХХ века. -Душанбе: Ирфон, 2004. С.5-6). Ин аст, ки бархурди манфиатҳо ва ниёзҳои геополитикию иқтисодии қудратҳои ҷаҳонии вақт заминаи бозигузориҳои баъдинаи минтақаӣ шудааст.
Мардуми Афғонистон ҳамеша бар он кӯшидаанд, ки ҷабри таърих ва рухдодҳои замониро бурдборона таҳаммул намуда, алайҳи муҳоҷимину истилогарону аҷнабиён мубориза баранд. Ҳарчанд ки талошу муборизаҳои мардум дар ростои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои ватанӣ хеле гарон афтодааст, руҳи муборизаву муқовимат пойин нарафтааст ва то имрӯз руҳи муқомиматпазири ақвоми Афғонистон дар баробари тавтеаву иғвою дасисачиниҳои худиҳову бегонагон шикаста нашудааст.
Ба ин тартиб, дар даҳаҳои аввали қарни бистум ҳамон сенарияи қаблии геополитикӣ, ки асри нуздаҳ тарҳрезӣ шуда буд, бо тарзу усули нав таҳия гардида, қудратҳои ҷаҳонӣ бар мабнои манофеи сиёсию иқтисодӣ нақшабандиҳоеро дар қиболи кишварҳои минтақаӣ, аз ҷумла Афғонистон амалӣ намуданд. Аз сӯйи дигар, эҷоди системаи ҷаҳонии сотсиализм таҳти шиори интернатсионализми коргарӣ зери раҳбарии Иттиҳоди Шуравӣ дар қолиби Паймони низомии Варшава созмоне таъсис дода, аз ин тариқ стратегияи расидан ба обҳои гарм дар ҷануби Осиё, яъне шибҳиқораи Ҳиндро ҳадафмандона дунбол кард. Дигар, тамаркузи блоки империалистии кишварҳои Аврупо ва Амрико ба сардамдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созмони қавии низомиеро таҳти унвони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъсис дод ва ҷаҳони дуқутбӣ дар симои Иттиҳоди Шуравӣ ва ИМА падид омад, ки бар мабнои боду ҳавои созмондодаи ду императорӣ (Иттиҳоди Шуравӣ ва ИМА) кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба истилоҳ, нафас рост мекарданд ва таҳти тасаллут ва пуштибонии онҳо ба сар мебурданд.
Тағйироти асосие, ки пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ (1939-1945) дар ҷаҳон рух дод, аз ҷумла заиф шудани қудратҳои истеъморӣ, пирӯзиҳои чашмгири ҷунбишҳои озодихоҳи миллӣ ва инқилобҳои коргарию деҳқонӣ дар бархе аз кишварҳои Осиё ва Африқо ҳамагӣ дар минтақа ва Афғонистон таъсиргузор будаанд.
Пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ империализм ва истеъмор қисман заиф гардид ва иддае аз кишварҳои истеъморӣ, бахусус кишварҳои қораи Осиё ва Африқо озод шуданд. Шибҳиқораи Ҳинд низ дар соли 1947 аз истеъмори Англия озод ва ба ду бахш -- Ҳинд ва Покистон таҷзия гардид. Дар ин миён Эрон ҳам аз қувваҳои хориҷӣ ва дахолати берунӣ озод шуд. Ин тағйироти куллӣ дар бархе аз кишварҳои қораи Осиё ва Африқо наметавонист ба аҳволи сиёсию иҷтимоии Афғонистон бетаъсир бошад. Дар ин замина, Афғонистон низ бо такя ба сиёсатҳои императориҳои ҷаҳонӣ ба тағйирот дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ даст ёфт. Аммо табақаи ҳоким ва сарватманд ба ҳеҷ ваҷҳ, намехост, ки тағйироти сифатӣ дар умури сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ворид гардад ва кишвар, ки асрҳову солҳо дар дасти тоифаи ҳокиму давлатманд буд, дар шакли наву модерн зуҳур намояд. Ин буд, ки ин тоифа, ки дар адабиёти шуравӣ аз онҳо ба унвони “аъёну ашроф” ёд мешуд, монеи барномарезиҳои модерну нав ва замонавӣ мешуд ва намегузошт, ки элитаи сиёсию мадании Афғонистон бар мабнои барнома ва стратегияҳои озмудаву илмию ихтисосӣ пеш равад. Ба дунболи ин, миллатҳое, ки ба лиҳози ақлонӣ, зеҳнӣ ва фикрӣ пешрафт накардаанд, ҳамеша мавриди истифода ва муҳимтар ааз ҳама, суъистифодаи дигарон қарор мегиранд ва дар раванди давлатсозӣ нақши камранг ва беранге доранд. Ба ин маъно, миллати бадбахт он аст, ки ба василаи давлаташ ба авомфиребӣ кашонида мешавад ва онҷо на аз садоқат хабаре ҳасту на аз лаёқат. Дигар ин ки ин навъ давлатҳо аз сӯйи манфиатдорони хориҷӣ ҳамвора бар мардум таҳмил шудаанд ва мардуми Афғонистон худ кучактарин нақше дар гузиниши ин давлатҳо надоштааст. Аз тарафи дигар, низомҳои сиёсии Афғонистон, чи пеш аз истиқлоли соли 1919 ва чи аз даврони ҳокимияти Нодирхон ва аслофи вай аз ҳамин гуна давлатҳои таҳмилӣ таркиб ёфта буданд (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С. Бо).
Ин аст, ки бар асари фурсатталабӣ, беҳавсалагӣ, худхоҳӣ, манофиатҷӯйӣ ва худбохтагии давлатмардони минтақа тарҳҳои инқилобие, ки роҳандозӣ гардидаанд, зери таъсири бегонагон мудирият ва иҷро шудаанд. Аз ҷумла, кудетои 7 саври соли 1357 (1978), ки бо номи “инқилоби савр” маъруф аст, оғози даргириҳои хашини низомӣ дар кишвар гардид. Ба дунболи ин, ақибнишинии артиши Шуравӣ дар соли 1989 ва суқути давлати доктор Наҷибуллоҳ минҳайси охирин посдори низоми сотсиалистию коммунистӣ дар минтақа (соли 1992) роҳро барои низоми сиёсии дигаре ҳамвор намуд. Натиҷаи ин таҳаввулот барои Шуравӣ ва Афғонистон фоҷеабор буд ва дар имтидоди салтанати шуравӣ (1878-1992) Афғонистон аз назари низомӣ, ҳарбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид. Аз сӯйи дигар, таҳти пӯшиш ва пуштибонии кишварҳои империалистӣ ва тарафдорони он дар минтақа гурӯҳҳои ҷиҳодӣ алайҳи давлати Наҷибуллоҳ мубориза бурданд ва дар ин муддат кишвар аз лиҳози таслиҳотӣ ва ҳарбию низомӣ заиф гардид. Кишварҳои судҷӯйи минтақа дар ҳамкорӣ бо неруҳои буҳронсози ғарбӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои геополитикӣ ва иқтисодии худ дар буҳронӣ шудани авзои Афғонистон саҳм гирифтанд. Ин буд, ки Афғонистон ба майдони гирудорҳои навбатии геополитикӣ табдил ёфта, иқтисоди мамлакат варшикаста шуда, руҳияи мардумӣ батамом хароб гардид.
Пирӯзии муҷоҳидин дар Афғонистон дар соли 1992 баёнгари ҳаракати дигар, яъне ҳаракат ба сӯйи шимол буд. Дар ин миён, гурӯҳҳои дигари ҷиҳодӣ, ки таҳти пуштибонию ҳимояти молию маънавии хадамоти таҷассусии бархе кишварҳои минтақа ва доираҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ барномарезиҳои худро амалӣ мекарданд, авзои бе ин ҳам бади Афғонистонро муташанниҷтар карданд. Кашмакаш ва даргирию низоъҳои хашин миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷиҳодӣ ва фурсатталаби низомӣ дар охири садаи бистум Афғонистонро ба як кишвари бесубот ва пурмоҷарои минтақаӣ табдил дод. Ҳар як аз гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, ки таҳти сарпарастии ин ё он доираҳои ғарбӣ ва хадамоти иттилоотии кишварҳои ҳамсоя бедод мекарданд, мамлакатро ба харобазор бадал намуданд. Гурӯҳҳои табаҳкор ва фурсатталаб бо кашмакашу бедоде, ки дар минтақа “фароҳам” оварданд, боиси пойин рафтан ва билохира тахриб шудани институтҳои иҷтимоию маданӣ ва ниҳодҳои сиёсию давлатию маданӣ гардида, пояҳои иҷтимоиёт, сиёсат, низомиёт, иқтисодиёт, маориф ва маданияти минтақаро сусту заиф сохтанд. Дар натиҷаи шикасту варшикастҳои сиёсию фикрӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, як Афғонистони ҷангзада, хурофотӣ, таассубӣ, мазҳабӣ, қафомонда, вопасгаро, ҷаҳолатписанд ва дур аз тамаддун буруз кард. Дастгоҳи давлатӣ, қудрати низомӣ, пойгоҳҳои фикрию омӯзишӣ, ниҳодҳои фарҳангию ҳунарӣ фалаҷ шуд ва мардуми минтақа дар ҳоли фақру нотавонӣ ва яъсу навмедӣ қарор гирифт. Падидаву зуҳуроти ахлоқӣ, ҳувиятӣ, ақлонӣ ва зеҳние назири меҳрпарастӣ, инсонгаройӣ, ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, ҷуръатмандӣ, тавонмадӣ, маърифатгустарӣ, доноӣ, огоҳӣ, ташаббусу ибтикороти фардию ҷамъӣ, тамаддунофарӣ, ки дар ҷомеа ва давлатҳои мутамаддину пешрафта амри зарурӣ ва меъёри ҳаётӣ маҳсуб меёбанд, дар Афғонистон харидор наёфтанд ва натиҷатан, кишвар ба гирдоби беинзиботию бесаранҷомӣ мубтало шуд.
Бо зуҳури Толибон (1996-2001) дар саҳнаи сиёсию низомии Афғонистон, ҳамчунин нуфузи таассубу бадбинӣ дар баробари тамоми мазоҳири тамаддун дар охири садаи бист ҷаҳолатро бо тамоми маъно дар минтақа тасаллут бахшид. Ин гурӯҳи табаҳкору мутаассиб дар баробари ҳама дастовардҳои тараққиву тамаддуни башарӣ ба мубориза бархоста, кишварро ба ҷазираи дурафтода аз масири корвони тамаддун эълом кард. Толибон занонро ба ҳайси инсони дасти аввал ва воҷиди ҳуқуқу эътибори инсонӣ намешинохтанд ва ба омӯзиши илму камол барои эшон иҷоза намедоданд. Барнома ва стратегияҳое, ки Толибон дар садри давлатдории худ қарор дода буданд, бар асоси дастуроти куҳнаву фарсудаи асримиёнагӣ созмон ёфта буданд. Ин буд, ки Афғонистон ба фаромӯшхонаи таърих супурда шуд.
Муҳимтар аз ҳама, ҷанг бо кулли тамаддуну фарҳанги башарӣ, таҷаддуду навгаройӣ ва ба истилоҳ, модернита Толибонро ба сифати як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва террористию экстремистии байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносонд. Хидматҳои шоистае, ки дар ибтидои асри бист Амонуллохон дар умури омӯзишӣ, беҳдоштӣ, шаҳрсозӣ, низоми иқтисоди миллӣ, фарҳангу маданияти наву замонавӣ анҷом дода буд, дар замони Толибон бакуллӣ аз байн бурда шуд (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С. Ҷим).
Албатта, он чи ки Амонуллохон (1892-1960) дар доираи барномарезиҳои давлатӣ барои Афғонистон анҷом дод, ҳамагӣ муваффақ набуданд, чаро ки ҷомеаи суннатии минтақа, ки тибқи оморҳои вақт, 80 дар сад дар русто ба сар мебурд, натавонист бакуллӣ тағйироту таҳаввулоти мадании Амонуллохонро ба таври бояду шояд дарк намояд ва дар амри татбиқи он талош варзад. Аз тарафи дигар, гурӯҳҳои муҳофизакор ва руҳониёни мутаассиби минтақа намехостанд, ки пружаҳои омӯзишӣ, парваришӣ, низомӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва мадании Амонуллохон роҳандозӣ гарданд ва ҷомеаи суннатӣ ба ҷомеи модерну пешрафта табдил ёбад. Дар зимн, қавммеҳварӣ ва қабиласолорӣ, чи дар замони Амонуллохон, чи қабл аз ӯ ва чи дар даврони раҳбарони баъдии минтақа ба масобаи абзори таъсиррасонию фишанги сиёсию мафкуравӣ миллияту қавмиятҳои минтақаро дар инзиво қарор дода буд. Ба ин маъно, қавмиятмеҳварӣ ва қабиласолорӣ (дурусттараш, паштунмеҳварӣ ва паштунволигарӣ) дар барномарезиҳои сиёсию давлатӣ ба як ҳақиқати яктарафаи таборӣ бадал шуда буд, ки то имрӯз ин ҳақиқат ва воқеияти талхи Афғонистон роҳро барои пешрафту шукуфоӣ ва рушду тараққии саросарӣ бозмедорад.
Маҳз қавмгаройӣ ва қабиламеҳварӣ дар Афғонистон боиси он гардид, ки нобоварӣ ва суъитафоҳумот миёни соири ақвоми минтақа тасаллут пайдо кард ва роҳи ислоҳоти ҷиддии фарогирро барбаст ва руҳияи ислоҳотхоҳию таҷаддудгаройиро заиф сохт. Ба ин иллат ҳукуматҳои пайиҳами Сардор Муҳаммад Ҳошимхон, Шоҳ Маҳмудхон, доктор Муҳаммад Юсуфхон, Муҳаммад Довудхон, Муҳаммад Ҳошими Майвандвол, доктор Абдузоҳир Нураҳмад Эътимодӣ ва Муҳаммад Мусо Шафиқ натавонистанд дар матни ҳукумати чиҳилсолаи Муҳаммад Зоҳиршоҳ (1933-1973) раванди ислоҳотро ба гунаи лозим таҳкиму тақвият бахшанд ва пойгоҳи дурусту муназзами иҷтимоӣ барои давоми бақои худ фароҳам биоваранд (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С. Дол).
Чунин фазои носолим ва сустӣ то низоми ҷумҳурии Муҳаммад Зоҳиршоҳ (1973-1978) идома ёфт ва шахси раисҷумҳур натавонист ниёзи шадиди кишварро ба ҳамгиройӣ дар маҷмаи кишварҳое, ки Афғонистон бо онҳо равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дошт, дарк намояд. Ин рукуд ва исту таваққуф бо ба қудрат расидани ҳизби демократии Афғонистон ва бо роҳандозии кудетои саврмоҳи 1357 дар ҳам шикаста шуд. Ин кудето, дар канори ин ки интизороти давлати Шуравиро дар қиболи мамлакати Афғонистон бароварда месохт ва дар татбиқи стратегияи сиёсӣ, мафкуравӣ, низомӣ ва ҳарбии императории Шуравӣ комёбии бузург ба ҳисоб мерафт, мавриди хашму ғазаби гурӯҳҳои муҳофизакору суннатписанди ҷомеа, ки ба лиҳози нуфус хеле зиёд буданд, қарор гирифт. Ва, табиист, ки гурӯҳҳои суннатӣ ва муҳофизакор, ки зидди таҳаввулу инкишоф ва рушду тараққӣ буданд, алайҳи кудето ва пуштибонони пасипардагию алании он (шуравиҳо) қад алам намуданд. Фармону дастурҳое, ки ба гунаи ислоҳот тавассути низоми чапгаройи демократӣ аз тариқи режими Нурмуҳаммади Таракӣ (1917-1979) ва Ҳафизуллоҳ Амин (1929-1979) содир гардид, ислоҳоти бисёр шитобзада ва иҷборӣ буд. Ба ин далел, ислоҳоте, ки тавассути машинаи давлатӣ иҷборан роҳандозӣ гардид, на танҳо мавриди қабулу пазиройии ҷомеаи миллӣ ва байналмилалӣ нагардид, балки норизоиятӣ ва нобовариро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фазои сиёсию фикрӣ ба вуҷуд овард. Дар натиҷа, режими сиёсии вақт аз саҳнаи бозиҳои сиёсӣ берун кашонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бофти печидаи иҷтимоии кишвар, ки ғолибан бар мабнои низоми қавмию қабилаӣ устувор шуда буд, татбиқи барномаи ислоҳотии давлатро мушкил намуд. Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи иштибоҳоти давлати кудето миёни давлат ва мардум шикофи ҷиддие ба вуҷуд омад ва усулан, давлат назди ҷомеаи мадании мамлакат эътимоду эътиборашро аз даст дод. Бо он ки артиши сурхи шуравӣ соли 1979 барномаи ишғолгарии худро амалӣ намуд, бо фишори сахти ҷомеаи миллӣ, ҳавзаҳои мазҳабӣ, ниҳодҳои муҳофизакори суннатӣ рӯбарӯ ва саранҷом ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Ба ин тариқ, режиме, ки пушташ шуравӣ ва артиши сурхи шуравӣ қарор гирифта буд, соли 1991 бо пирӯзии муҷоҳидин аз саҳнаи сиёсӣ берун карда шуд.
Баъди шикасти режими доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ, ки аз соли 1986 то соли 1992 таҳти сарпарастии шуравӣ Афғонистонро мудирият мекард, дар минтақа марҳилаи дигари қудратхоҳӣ, даргирӣ ва тохтутозҳои минтақавӣ шуруъ гардид. Бо пирӯзии муҷоҳидин мушкилоти Афғонистон кам нагардид, балки рӯ ба афзоиш ёфт. Бо он ки муҷоҳидин бар ҳукумати дастнишондодаи шуравӣ пирӯзӣ ба даст оварданд, миёни онҳо тухми нобоварӣ, ки бар мабнои манофеи қавмию қабилаӣ парвариш ёфта буд, афзуд. Махсусан, даргирию нофаҳмиҳо миёни Гулбидин Ҳикматёр, ки аз паштунтаборон маҳсуб меёфт ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки тоҷик буд, авҷ гирифт. Ҳарчанд ки муҷоҳидин бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ дар низоми муборизавӣ ва раҳбарии сиёсӣ бартарияти қавмию қабилаиро сарфи назар карда буд, ҳариф-оппоненти сиёсию миллии ӯ Ҳикматёр бар асоси манофеи қавмӣ тасмим мегирифт ва бо ҳукумати муҷоҳидини Раббонӣ сари созиш намекард. Барои пиёда кардани ҳадафи асосӣ -- касби қудрат ва ғасби ҳокимият Гулбиддин Ҳикматёр бо рақибон ва ба истилоҳ, оппонентҳои сиёсию мафкуравии худ (Бурҳониддин Раббонӣ ва ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд мадди назар аст) бо забони тиру туфанг суҳбат мекард (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394. С. Ҳо).
Ин буд, ки ҷангу даргириҳои қавмию қабилавӣ дар Афғонистон дар имтидоди ибтидои солҳои навадум, бавежа соли 1992 буҳрони ҷиддии сиёсиро бо худ оварда, минтақаро ба майдони ҳузуру нуфузи қудратҳои қабилавию қавмӣ табдил дод. Дар натиҷа, сохтори давлати миллӣ, низоми давлатдорӣ ва таркиби ҳукуматӣ аз байн рафта, мамлакат ба минтақаҳо ҷудо гардида, ҳукуматҳои кучаке дар ин ва ё он минтақа бо дарназардошти манофеи қабилавию қавмӣ шакл гирифтанд. Ба сухани дигар, бар асари мунозеот, муноқишот ва муборизоти қавмию қабилаӣ ва мазҳабию ақидатӣ давлат ба маънии машина ва ташкилоти муқтадири сиёсӣ, ки тамоми умурро мудирият мекунад, дар Афғонистон зери суол бурда шуд ва дар гӯшаву канори минтақа ҷангу даргириҳо ба вуқуъ пайваста, марказу музофотҳо дар ихтиёри гурӯҳҳои сиёсӣ, ки манофеи қавмию қабилаӣ ва ақидатию мазҳабии хешро дунбол мекарданд, қарор гирифтанд. Ба ин маънӣ, парешонию суъитафоҳумот дар минтақаҳои гуногуни кишвар тасаллут пайдо карда, Афғонистон миёни гурӯҳҳои силоҳбадасту зӯрманди қабилаиву қавмӣ тақсим гардид.
Ба назари муҳаққиқон, мушкилоти қавмӣ, бартариятҷӯйиҳои қабилавӣ, ихтилофоти идеологию мафкуравӣ ва тазодҳои ақидатӣ дар Афғонистон, чи дар гузашта ва чи имрӯз вуҷуд доштанду доранд. Ин силсилаи мушкилот масоили шинохти ҳайсияту ҳувият, фаҳми эътибору эҳтироми миллат, дарки сиёсату давлат ва механизми муътадили расидан ба қудратро дар минтақа фаро мегирад. Мардум ва ҷомеаи Афғонистон ҳамеша дар баробари интихоби ду роҳ -- ду гузина ва ба истилоҳ, алтернативаи сиёсӣ қарор гирифтанд: яке, интихоби тарзи давлатдории ғарбӣ, ки бо пароканиши сиёсату мафкураи сармоядорию капиталистӣ ва сотсиалистию коммунистӣ дар минтақа нуфуз пайдо кард ва дигаре, интихоби низоми давлатдории суннатӣ, ки бо тарзи зиндагии феодалию исломӣ машруият ёфтааст. Ҳар ду гузина ва алтернатива дар Афғонистон тарафдор доштанду доранд ва баръакс, теъдоди нафароне, ки зидди ин ду тарзи давлатдорӣ ва шеваи рӯзгордорӣ мебошанд, низ дар минтақа зиёданд.
Таъкиди ин нукта ҳам муҳим аст, ки бесаводӣ, ноогоҳӣ, ҷаҳолат, нодонӣ, камсаводӣ, қашшоқӣ, нодорӣ, бенавоӣ, фақри моддию маънавӣ, ки солҳост дар Афғонистон чун вабои ҳамагиру вогир бедод мекунад, иллат ва сабаби хурофаписандӣ ва таассуби ақидатию мазҳабӣ мебошад. Афзун бар ин, бар асари тасаллути ҷаҳлу нодонӣ, фасоди идорӣ, қабилагаройиву қавммеҳварӣ ва зулму истибдоди маҳаллӣ, дар Афғонистон теъдоди гурӯҳҳое, ки ҷонибдори як давлат ва ҷомеаи модерну пешрафта, ки ҳуқуқу озодиҳои тамоми қавмияту миллиятҳои минтақаро таъмин месозад, мебошанд, хеле кам будаву ҳаст. Ҳанӯз ҳам суннатгароёну таҷаддудхоҳон дар Афғонистон сари як нуктаи калидӣ -- ба вуҷуд овардани низоми давлатдорие, ки ҳуқуқу манофеи тамоми қавмиятҳои минтақаро таъмин созад ва илму маорифро барои ҳама табақоти иҷтимоӣ, новобаста аз мақому ҷойгоҳи иҷтимоӣ, тааллуқоти миллию нажодию мазҳабию динӣ дастрас гардонад, тамаркуз накардаанд. Ин аст, ки мардуми Афғонистон дар дуроҳаи фано ва бақои миллат қарор дорад ва саранҷом бояд барои эҷоди як давлати фарогири миллӣ бо фарохонию ҳамиштирокии тамоми ақвому милал ва ақаллиятҳои миллию этникӣ талош варзад.
Мардуми Афғонистон (муҳаққиқону коршиносон Афғонистонро ба феҳристи “ҷаҳони севум” шомил кардаанд) ҳанӯз ба ҳамзистии мусолиматомези ақидатӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва динӣ одат накардаанд ва дар партави ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ барои ободу зебо ва шукуфо намудани минтақа ҷаҳду талош намесозанд. Агар дар Аврупову Амрико сотсиалист бо демократ ва демократ бо масеҳӣ дар ҳолати ҳамзистии ақидатию фикрию маданӣ қарор дошта бошанд, дар як қатор мамолики Шарқи мусулмонӣ, аз ҷумла Афғонистон чунин вазъ тасаллут наёфта, дар ин замина озмоишу таҷрибаҳо то ҳол самараи лозима надодаанд. Ҳарчанд ки дар ибтидои садаи бистум Бритониё, баъдан Шуравию Амрико дар заминаи бозсозию навсозии инфрасохтории Афғонистон барномарезиҳо кардаанд, вазъи беҳдоштӣ, низоми маърифатӣ, ҳолати омӯзишӣ-парваришӣ дар манотиқи гуногуни кишвар беҳбуд наёфт. Бар илова, масъалаи баҳамойӣ, тафоҳуми миллию мазҳабӣ ва ҳамзистии ақидатӣ дар авлавияти барномарезиҳои ҳукуматҳои вақти Афғонистон қарор нагирифт, ки паёмадҳои номатлуберо ба дунбол дошт (ҳузури фарогири Толибон (1996-2001) ва ба чолиш кашидани ҳама гуна навсозию таҷаддуд ва рушду тараққӣ дар Афғонистон аз намунаҳои боризи паёмади номатлуби сиёсатгузориҳои нодурусти элитаи сиёсию давлатии вақти минтақа будааст).
Муҳаққиқону коршиносони умури Афғонистон бар ин назаранд, ки ин қитъа, ки аз ҷумлаи кишварҳои “ҷаҳони севум” ба шумор меравад, бо бисёре аз масъалаҳои тавсеанаёбандагӣ дасту панҷа нарм менамояд: гуруснагӣ, бесаводӣ, заъфи омӯзишӣ, қонуншиканӣ, фасоди фарогири идорӣ, ришвахорӣ, қочоқи маводи мухаддир, бекорӣ, фақр, беамниятӣ, нифоқи сиёсӣ, ихтилофоти қавмию ақидатӣ ва набуди адолати иҷтимоӣ дар миёни ақвоми кишвар. Ин силсилаи мушкилот бар сутунмуҳраи давлат ва ҷомеаи Афғонистон садама ворид сохта, роҳи давлатсозии миллиро дар садаи бист банд намуд. Дигар ин ки дахолати хориҷиҳо дар умури сиёсию иқтисодии Афғонистон ва барномарезиҳои ғайримақсадноки манфиатхоҳони берунӣ дар имтидоди садаи бист минтақаро ба як макони беамну субот табдил дод.
Ба назари муаррихи афғонистонӣ доктор Соҳибназар Муродӣ, сабабу иллати нобасоминию беинзоботӣ ва нокомию нопойдории давлатҳои миллӣ дар Афғонистон ба ҳаводиси дар кишварҳои ҳамҷавору ҳамсояи минтақа бавуқуъпайваста низ бастагӣ дорад. Махсусан, ҳаводиси инқилоби октябри соли 1917, сарнагун кардани амирсолории Бухоро дар соли 1920 аз ҷониби болшевикон ва соири рухдодҳои минтақавӣ дар сохтусози ҳаводиси Афғонистон ва бурду бохтҳои таърихию сиёсӣ таъсиргузор будаанд (ниг.: Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394 (2015). С. Ҳо). Бинобар ин, ҳар гоҳ ки масоили таърихи садаи бисти Афғонистон матраҳ мегардад, ҳатман сари ҳаводису рухдоди минтақа ва таъсирпазирии равандҳои сиёсию мафкуравие, ки дар давру бари Афғонистон иттифоқ афтодаанд, таваққуф бояд кард, то ин ки дидгоҳи мукаммал ва густардае дар заминаи шинохти таърихи садаи бистуми минтақа ироа гардад.
Ба ҳар сурат, Афғонистони садаи бист, чи дар ибтидои кор ва чи дар охири аср бо мушкилоту хатароте рӯбарӯ шуд, ки низоми давлатдорӣ, фазои сармоягузорӣ, танаввуи ҳувиятию таборӣ, ҳамзистии фарҳангӣ, муҳити беҳдоштию маърифатӣ ва роҳкорҳои инфрасохториро ба чолиш кашид. Толибон дар нимаи дувуми садаи бист ба унвони гурӯҳи муҳофизакору суннатписанди қавмӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, дастовардҳои ҳукуматҳои пешинро зери суол бурданд ва бо ҳар чи тамаддун, таҷаддуд ва медернита ба ҳисоб мерафт, ба ҷанг пардохтанд. Бо рӯйи кор омадани салтанати Толибон дар соли 1996 Афғонистон ва мардуми ранҷдидаю ҷангзади он ба маҳдудаи асрҳои миёна баргардонида шуданд ва ба дунболи ин, стратегию ва тактикаи бозиҳои геополитикӣ вобаста ба шароиту фазои сиёсию иҷтимоӣ тағйир пазируфтанд. Ба ин маънӣ, формати дахолати хориҷӣ ва бозиҳои сиёсӣ бо таваҷҷуҳ ба шаклу андозаи манофеи геополитикӣ дар кишвар тағйир дода шуд.
Нозим НУРЗОДА
пажуҳишгар
Феҳристи адабиёт:
1.Искандаров, Косимшо. Политические партии и движения Афганистана во второй половине ХХ века. -Душанбе: Ирфон, 2004. -500 с.
2.Назаров, Ҳақназар. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. Теҳрон, 1379.
3.Нессар, Омар. Современный Афганистан: факторы нестабильности – манбаи интернетӣ: https://afghanistan.ru/doc/149625.html санаи дастрасӣ 10.02.2023.
4.Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон ҷуғрофиёи буҳрон. Кобул: Интишороти Саид, 1390.
5.Муродӣ, Соҳибназар. Сайри тафаккури миллӣ дар Афғонистон. Кобул: Матбааи Афғон, 1390.
6.Муродӣ, Соҳибназар. Афғонистон дар садаи бистум: аз Абдураҳмонхон то Карзай. Кобул: Интишороти Саид, 1394.
7.Паҳлавон, Чингиз. Афғонистон: асли муҷоҳидин ва баромади Толибон. Теҳрон, 1377.
8.Панҷшерӣ, Ҳабиб. Хостгоҳи машрутият дар Афғонистон – манбаи интернетӣ: https://8am.media/the-fall-of-the-republic-according-to-the-narrative-of-the-immigrant-soldiers/ санаи дастрасӣ 13.02.2023.
9.Регистонӣ, Солеҳ. Масъуд ва озодӣ. Кобул: Бунёди Масъуд, 1382.
Ҳошимӣ, Саид Саъдуддин. Ҷунбиши машрутахоҳӣ дар Афғонистон (дар рубъи аввали қарни бистум). Дар ду муҷаллад. Кобул: Интишороти Майванд, 1387.
10.Сайкс, Перси. Таърихи Афғонистон. Тарҷумаи Абдулваҳҳоб Фаноӣ. Кобул, 1382.
11.Таърихи Афғонистон дар як нигоҳ – манбаи интернетӣ: https://herat.mfa.ir/portal/generalcategoryservices/12570 санаи дастрасӣ 15.01.2023
12.Фаррух, Сайид Маҳдӣ. Таърихи сиёсии Афғонистон. Нашри Эҳсонӣ, Чопи дувум. Қум: Исмоилиён, 1371.
13. Ҳазратӣ, Шабнам. Аз суқут то муқовимат; ҷанги ривоятҳои қудрати сиёсӣ дар Афғонистон – манбаи интернетӣ: https://ariapress.org/از-سقوط-تا-مقاومت؛-جنگ-روایت-های-قدرت-سی/ санаи дастрасӣ 20.03.2023