JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Феврали 2024 04:12

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамчун мояи пешрафт ва дастгирии омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ дар саросари Ҷумҳурӣ мебошад

Муаллиф: Буриев А.М.

  Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

 Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»  бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳои нав, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ташкил ёфта, дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бакалаврону магистрон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил дода шуда, баргузории он тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.

  Чуноне, ки ба мо маълум гардид баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар доираи солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.

  Бояд қайд намуд, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»- низ  мисли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳамоиши анъанавӣ табдил ёфтааст. Зеро пешравии ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони китобдӯст ва донандаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ вобастагии хело ҳам калон дорад.

 Боиси хурсанди аст, ки ҳамасола тибқи дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағҳои барои ҷоизаҳои озмунҳои умумиҷумҳуриявӣ пешбинигардида зиёд карда мешавад, ки ин иқдоми хуб барои бозҳам ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ё худ тамоми қишри ҷомеаи кишвар заминаи мусоид ба бор меоварад.

  Аз тарафи Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола супориш дода мешавад, ки ғолибони озмунҳои умумиҷумҳуриявиро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул намуда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин ташкил ва баргузории ин чорабиниҳоро дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монанд.

 Хуллас, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бешак барои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон,  сайқалёбии дониши онҳо дар илмҳои дақиқ саҳми арзанда мегузорад, ва татбиқи илмҳои дақиқ дар амалия  боиси  рушд намудани чи иқтисод ва чӣ саноатикунонии кишвар хоҳад гашт.

Буриев А.М.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

https://www.hgu.tj/tj/news/post/paemi-pesvoi-millat-ranamoi-rusdi-kisvar-va-saodati-halk.html

https://khovar.tj/2021/01/ilm-fur-i-marifat-ta-ti-chunin-unvon-dar-to-ikiston-amasola-ozmuni-um-uriyav-doir-megardad/ 

https://maorif.tj/ahborot/ilm-furi-marifat-barguzorii-in-ozmun-dar-ravandi-rushdi-tafakkuri-tehnik-maomi-hossa-dorad

https://vfarhang.tj/2024/01/26/илм-фурӯғи-маърифат-дар-академияи-м/  

https://constcourt.tj/nashriyai_sk_jt/ahbori-sudi-konstitutsionii-ҷumҳurii-toҷikiston-№-1-2-2021/  

https://www.maorif.tj/ahborot/maorifchiyon-payomi-peshvoi-millatro-dastaamona-tamosho-kardand  

https://phti.tj/низомномаи-озмуни-ҷумҳуриявии-илм/  

https://apa.tj/дастгириҳои-пешвои-миллат-ҷиҳати-омӯ/  

Хондан 1452 маротиба