JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли  ҷавони  худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби  таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст. Бо назардошти ин воқеият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 барҳақ иброз намуданд, ки  «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, барои ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат нақши бузург дорад. Он бо назар доштани арзишҳои ахлоқӣфарҳанги миллӣмероси таърихӣодату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Диққати махсус бояд ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор дорандравона гардад. Чунин нигоштааст корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.  

Ҷумъа, 23 Феврали 2024 12:07

Аз навандешӣ бикардӣ ибтидо

Муаллиф:

   Набарди куҳнаву нав дар ҳар давру замоне иттифоқ меафтад ва махсусан, замоне ки созмону гурӯҳҳои ифротгарою ҷаҳолатпараст рӯйи кор меоянд, вазъи таҷаддугаройӣ ва ба истилоҳ, модернита бад мегардад. Дар меҳвари ҳаракати модернита ё таҷаддудгаройӣ қишри равшанфикру равшангари ҷомеа қарор доранд ва намояндагони ин қишр, бо истифода аз неру ва тавони фикрию эҷодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар баробари лашкари ҷаҳолатписандон вомеистанд ва ҳамин тур, муборизаи наву куҳна шакл мегирад. Ба қавли шоир:

Ба муносибати рӯзи байналмилалии забони модарӣ

  Забони яғнобӣ бисёр унсурҳои сарфии забонҳои азбайнрафтаи бостон ва миёнаи эрониро ҳифз кардааст. Яке аз чунин унсурҳои грамматикии бостонӣ аугмент буда, таърихи мавҷудияти он ба давраи бостонии забонҳои эронӣ мерасад. Дар забони яғнобӣ аугмент дар сохтмони замони гузаштаи феъл иштирок намуда, имконияти дар аввали калима, мобайни пешванд ва асоси феълӣ, феълҳои таркибӣ омаданро доро мебошад.

Китобҳо