JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 15 Марти 2025 02:26

Наврӯз-ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ

Муаллиф: Ҷамолиддин Саидзода

 Ниёкони мо ҳар ки будаст пеш,

Нигаҳ доштандӣ ҳам оину кеш.

                                      Фирдавсӣ

    Мусаллам аст, ки ҷашнҳо ба миллӣ, байналмилалӣ, мазҳабӣ, динӣ, касбӣ, тахассусӣ, оилавӣ, шахсӣ, давлатӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ҷамъиятӣ ва ғайра мунқасим мешаванд. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми мо мебошад, ки ба рӯзи нахустини солшумории шамсӣ-1-уми фарвардин (Ҳамал), яъне 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Қариб ҳамаи  сарчашмаҳо ба таври расмӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.

  Лиҳозо, онро Наврӯзи Ҷамшедӣ ҳам меноманд. Сарчашмаҳое аз қабили «Китоб-ут-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳон Берунӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Шоҳнома»-и Саолибӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Форснома»-и Ибн-ал-Балхӣ  ва ғайра. Албатта, дар ин китобҳо маълумоти зидду нақиз, ки аз ҷанбаи илмии дақиқ бархурдор нестанд, низ мавҷуданд, аммо боз ҳам барои омӯхтани Наврӯз-ҷашни миллии ниёкони мо, аз ҷумла расмият пайдо кардани Наврӯз, сабаби ҷашнгирии он ва ғайра, басо муфиданд. Масалан, Абӯрайҳон Берунӣ расмият пайдо кардани Наврӯз ва сабаби ҷашнгирии онро дар «Осор-ул-боқия» ба қарори зайл меорад: «Баъзе уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд. Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».1 Абулқосим Фирдавсӣ низ расмият пайдо кардани ин ҷашнро аз ҷониби Ҷамшед медонад ва мегӯяд:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.

Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,

Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй.

Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро  рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор

Бимонда аз он хусравон ёдгор. 2

«Наврӯзнома»-и Хайём, ки дар ин замина аз муҳимтарин китобҳост, доир ба ҷашни Наврӯз ва аз замони Ҷамшед шурӯъ шудани он маълумоти нисбатан батафсил дар ихтиёри хонандагон мегузорад. Чунончи, ӯ мегӯяд: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе аз шабонрӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд  бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол муддате кам шавад  ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд…». 3 Дар «Шоҳнома»-и Саолибӣ низ оид ба Наврӯз ва ҷашнгирии расмии он аз рӯзгори Ҷамшед изҳори назар шудааст: «Чун Ҷамшед ба подшоҳии ҷаҳон расид ва париву мардум роми ӯ шуданд, барои онон суханронӣ кард ва гуфт: ман барои вежагиҳо, ки Худованд бар ман арзонӣ дошта ва фурӯғе, ки ба ман додааст, подшоҳи шумо шудаам, то заминро ободон созам ва мардумро бебиму осуда  гардонам ва дод бигустаронам, диҳиши бисёр кунам ва некиҳоро зинда кунам ва бадиро аз миён бардорам. Мардум ӯро намоз бурданд ва аз подшоҳии ӯ шодиҳо карданд… Он гоҳ фармон дод, ки гардунае  аз оҷу соҷ бисозанд ва онро ба дебо фарш кунанд. Сипас, бар он савор шуд ва девонро фармуд, ки  ӯро баргиранд ва ба миёни осмону замин бубаранд ва бо ҳамон чархи якрӯза аз роҳи ҳаво аз Дамованд ба Бобул омад. Ин рухдод дар нахустин рӯзи фарвардин аз нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замин пас аз марги он аст. Мардум он рӯзро рӯзи нав ва ҷашни фархунда номиданд ва сарафрозии фароҳам ва подшоҳии шигарфи кишвар донистанд ва онро ба сони бузургтарин ҷашнҳо баргузиданд ва Наврӯзаш номиданд ва Худои гиромиро барои ин, ки чунин ҷойгоҳи арҷманд ба подшоҳашон бахшидааст, сипос гуфтанд ва низ Худовандро, ки ба фархундагии Ҷамшед ба онон рӯзӣ бахшида ва дар сояи ӯ ононро дар нозу осоиш ҷой додааст, ситоиш карданд. Ва ба ҷашну ромишу шодхорӣ ва пойкӯбӣ пардохтанд ва доди ин ҷашни хуҷастаро бидоданд».4 Мо ингуна маълумотро дар «Форснома»-и Ибн-ал-Балхӣ, ки дар асри  Х11 зиндагию эҷод кардааст, низ боздид менамоем. Ба қавли муаллифи ин китоб,  «Ҷамшед ба як ривоят бародари Таҳмурас  будааст ва ба ривояти дигар бародарзодаи ӯ будааст ва падарашро Ваюнҷаҳон гуфтандӣ… ва муддати мулки ӯ ҳафтсаду шонздаҳ сол буд… Ва аввал касе, ки наққошӣ ва суратгарӣ фармуд, ӯ буд. Ва  Истахри Порсро  дорулмулк сохт ва онро шаҳре азим гардонид… Се қалъа сохт дар миёни шаҳр ва онро Сегунбадон ном ниҳод. Яке қалъаи Истахр ва дувум қалъаи Шикаст ва савум қалъаи Шакнавон… Пас бифармуд то ҷумлаи мулк ва асҳоби атроф ва мардуми ҷаҳон ба Истахар ҳозир шаванд, чи Ҷамшед дар сарои нав бар тахт хоҳад нишастан ва ҷашн сохтан ва ҳамагон бар ин миод он ҷо ҳозир шуданд ва толеъ нигоҳ дошт ва он соат, ки Шамс ба дараҷаи эътидоли рабеӣ расид, вақти солгардиш дар он сарой ба тахт нишаст ва тоҷ бар сар ниҳод ва ҳама бузургони ҷаҳон дар пеши ӯ бистоданд ва Ҷамшед гуфт: «Бар сабили хутба, ки Эзиди таоло варҷу  баҳои мо тамом гардонид ва таъйид арзонӣ дошт ва муқобалаи ин неъматҳо ба хештан воҷиб гардонидем, ки ба раоё адл ва некӯӣ фармоем». Чун ин суханон бигуфт, ҳамагон ӯро дуои хайр гуфтанд  ва шодиҳо карданд ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз оин шуд ва он рӯзи ҳурмуз аз моҳи фарвадин  буд ва дар он рӯз бисёр хайрот фармуд ва як ҳафта мутавотир ба нишоту ҳуррамӣ машғул буданд…».5 

Хулоса, тамоми сарчашмаҳо Ҷамшедро бунёдгузори Наврӯз ва Наврӯзро ҷашни миллии ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикону форсҳо, хондаанд. Аз ин рӯ, Наврӯз  ҳамчун ҷашни қадимию миллӣ ҳамеша барои мо ошно буд, зеро он аз падарону бобоён, яъне ниёконамон  ба мо мерос мондааст. Албатта, дар ин замина хидмати муаллифони  китобу рисолаҳое, ки оид ба Наврӯз маълумоти арзишмандро дар ихтиёри ҳаммиллатони хеш гузоштаанд, хеле бузург мебошад. Аммо мо ба васфи Наврӯз беш аз ҳама дар шеъри ҷаҳонгирамон рӯ ба рӯ мешавем. Агар мо бихоҳем дар ин замина мисол биёрем, дар чандин муҷаллад намегунҷад. Бинобар ин, мо бо овардани чанд намуна дар ин мавқеъ иктифо менамоем:

Рӯзи Наврӯз аст имрӯзу чу имрӯз гузашт,

Кас бад-ин дарнарасад, то нарасад соли дигар.6

                                                                    Фаррухӣ

Наврӯз рӯзгор муҷаддад кунад ҳаме

В-аз боғи хеш боғи Ирам рад кунад ҳаме.7

                                                      Манучеҳрӣ

Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.8

                                             Абулфараҷ

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост,

Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархост.9

                                                                     Саъдӣ

 

       Тавре ки мебинем, аҳли илму адаб дар осори хеш доир ба Наврӯз маълумоти муфид додаанд ва онро аз лиҳози мухталиф  мавриди васфу ситоиш қарор додаанд. Эшон, бад-ин тартиб дар зинда нигаҳ доштани зеҳну хотираву тафаккури миллии мо хидмати пурарзиш намудаанд ва ба наслҳои бадина сабақи худшиносиву худогоҳӣ додаанд. Ба қавли шоир:

Аввал сабақи ту абҷад омад, яъне

Бар сирати аб ва ҷадди худ бояд буд.10

      Воқеан, агар онҳо дар бораи расму русум, ҷашну идҳои ниёгон, аз ҷумла Наврӯзу Садаву Меҳргон ва ғайра, дар кутуби хеш  маълумот намедоданд ва аз ин ҷашнҳо ситоиш ба амал намеоварданд, мо дар бораи ин идҳо ҳеҷ гуна  тасаввуроте  надоштем. Лиҳозо, мо маҳз аз рӯи гуфтори эшон дар бораи Наврӯз, сабабу оғози ҷашнгирӣ, тарзи барпо кардан ва бисёре аз вижагиҳои он маълумот ба даст меоварем ва аз ҷашни қадимию миллӣ будани он огоҳӣ меёбам. Аз ин рӯ, мо бояд  ба муаллифони ин кутубу расоилу ашъор таҳсину офарин хонем, ки Наврӯзро  барои мо муаррифӣ намудаанд ва поягузору оғозгару расмиятбахши он будани Ҷамшедро таъкид ва таъйид намудаанд. Масалан, дар фарҳанги «Бурҳони қотеъ», ки дар асрҳои охир дар Ҳинд иншо шудааст, зимни маълумот доир ба Ҷамшед, аз поягузори Наврӯз будани ӯ низ сухан дар миён оварда шудааст: «Ҷамшед номи подшоҳест маъруф, ки ӯро арабон Манушалх гӯянд. Ва ӯ дар аввал Ҷам ном дошт, яъне султон ва подшоҳи бузург. Ва сабаби Ҷамшед гуфтан он шуд, ки ӯ сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, рӯзе буд, ки Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал омада буд. Фармуд, ки тахти мурассаъеро дар ҷои баланде гузоштанд ва тоҷи мурассаъе бар сар ниҳода бар он тахт нишаст. Чун Офтоб тулӯъ кард, шуъо ва партави Офтоб бар он тоҷу тахт уфтод, шуъое дар ғояти равшанӣ падид омад. Ва чун ба забони паҳлавӣ шуъоро шед мегӯянд,  ин лафзро бар Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне подшоҳи рӯшан. Ва дар он рӯз ҷашне азим карданд ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд». 11

      Мусаллам аст, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳангу адаби тоҷикӣ расму русум ва ҷашнҳои зиёде мавҷуданд, аммо бузургтарини онҳо иди  Наврӯз мебошад, ки аз бостонзамон бо шукӯҳу шавкати хос дар байни ақвоми эронӣ ҷашн гирифта мешавад. Лиҳозо, на фақат муаллифони китобҳои пешин, балки асри гузашта ва имрӯз низ доир ба он маълумоти  арзишманд дар ихтиёри мо гузоштаанд. Ин муаллифон низ дар асарҳояшон Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ,  оғози баҳор, ҷашни табиат, кишту кор, сари сол, бедории замин, рӯишу ҳаракат таъбир ва тавсиф намудаанд ва бо ин роҳ дар подорию устуворию мондагории он саҳм гирифтаанд. Чунончи, устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» гуфтааст: «Иди Наврӯз, ки дар сари соли шамсӣ, дар аввали Ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин халқи тоҷик, дар ҳолате  ки иди рамазон ва иди қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод.Ба сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад. Аз ин ҷост, ки тоҷикон «Ҳамал-ҳама чиз дар амал» мегӯянд. Дар ҳақиқат, ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва сар шудани киштукори дигар ҳосилоти заминӣ буд, ки инсонро сер карда, сабаби бақои ҳаёти ӯ мешуданд. Дар  замонҳои пеш деҳқонони тоҷик пеш аз соли нав-пеш аз моҳи Ҳамал-дар ҳар деҳа ба майдонҳо ҷамъ шуда гӯштигирӣ ва дигар ҳаракатҳои баданӣ карда гӯё ба тани аз сармои зимистон афсурдашудаашон қуввати нав медоданд ва дар аввали Ҳамал се рӯз сайругашти умумӣ карда, ба киштукор медаромаданд. Аммо рӯҳониён ба ин ид ранги динӣ дода, «ҳафт салом» тар карда хӯрданро расм карда, ӯро як манбаи даромади худ қарор доданд. Ҳатто беҳаётарин муллоён «дар бораи шарафи ин ид» аз номи пайғамбар ҳадисҳо сохта бофта бароварданд…» 12  Дар ҳақиқат, аъроб баъди пирӯзӣ кӯшиданд, ки ба ҳар васила бисёре аз расму русум, ҷашну оинҳои миллии моро маҳв созанд ва бад-ин васила ба ёду хотираву худшиносии миллии мо осеб бирасонанд, аммо билкул натавонистанд ба ин мақасади хеш бирасанд, яъне Наврӯзро нобуд созанд, чунки мардум дар баробари пазириши ислом аз расму русум, ҷашну оинҳои миллии худ, аз ҷумла Наврӯз,  даст накашиданд, балки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ онро ба шакли тоза, бо рангу бори дигар, аз ҷумла бо рангу бори мазҳабӣ, эҳё намуданд. Агарчи бархе аз удабову  уламои чоплусу маддоҳ, аз ҷумла Унсурию Фаррухию Ғазолӣ, даст ба бостонситезӣ мезаданд ва ба ҷашни миллии мо метохтанд, аммо ғолибан аҳли қалам барои зинда нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон ва Наврӯз, кӯшо буданд. Дар ин замина, яъне эҳё ва зинда нигоҳ доштани рӯҳи миллӣ, расму оинҳои қадимӣ, шоҳону паҳлавонони асотирӣ,  шахсиятҳои таърихӣ ва ба вижа забон, хидмати муаллифи «Шоҳнома»- Абулқосим Фирдавсӣ хеле бузург ва қобили тамҷид мебошад. Ба қавли худи шоир:

 

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ. 13

 

      Дигар, дар тарвиҷ, зинда мондану эҳёи  арзишҳои бостонӣ  давлатҳои миллию маҳаллии эронитаборон, аз ҷумла Саффориён ва Сомониён, нақши муҳим бозидаанд. Онҳо на танҳо забон, балки расму русум, ҷашну оинҳои бостонӣ, аз ҷумла Наврӯзро низ зинда намудаанд ва бад-ин тартиб тамадун ва фарҳанги миллиро аз марг наҷот додаанд. Ба қавли Муҳаммадамини  Риёҳӣ, «бо ҳимояти давлати Сомонӣ, аз як тараф, фарҳанги эронӣ дар омезиш бо фарҳанги исломӣ ҷилваю таровати навойин ёфт, аз тарафи дигар, баргузории ҷашнҳои эронӣ аз Наврӯзу Меҳргону Садаву Баҳманҷана рӯҳи тозае дар пайкари ҷомеаи Эрон дамид». 14  Аммо,  баъди аз байни рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани Ғазнавиёни турктабор бостонситезӣ авҷ мегирад, ҳикмату андеша, баҳсу истидлол, озодандешӣ рӯ ба завол мениҳад. Девону мадраса бар алайҳи тамаддуну фарҳанги миллӣ мебарояд. Илмҳои  ақлӣ аз мадрасаҳо берун андохта мешаванд, таълим ба забони арабӣ сурат мегирад. Хусусан дар мадрасаи Низомияи Бағдод бозори таассубу хурофоту бостонситезӣ гарм мегардад. Аз ин рӯ, Ғазолӣ, ки аз пешвоёни бостонситезон  буд,  «баргузории маросими Наврӯзу Сада ва фурӯши   лавозимеро барои онҳо «ҳаром» шумурда ва гуфта: «Изҳори шиори габракон аст, ки мухолифи шаръ аст… Наврӯзу Сада бояд, ки мундарис шавад ва касе номи он набарад. Шаби Сада чароғ фаро  набояд гирифт, то аслан оташ  набинанд. Ва нашояд, ки номи ин рӯз баранд ба ҳеҷ ваҷҳ, чунонки аз ӯ худ нишон намонад».15 Агарчи душманони арзишҳои миллӣ, хушкмағзону кӯрдилон ба Наврӯз ба назари манфӣ ва душманӣ менигаристанд, вале мардум ҳамвора ин ҷашнро ба масобаи ҷашнҳои миллӣ баргузор мекарданд ва аз бузургтарин идҳо мешумориданд. Ба ҳарфи дигар, тоҷикон, ки аз дер боз  қудрати иҷтимою сиёсӣ, яъне шамшерро аз даст дода, аз миллати  забардаст ба миллати зердаст табдил ёфта буданд, минбаъд тавассути қалам мубориза мекарданд ва даст ба халлоқият мезаданд.  Мутаассифона, қалам дар  хидмати аҳли зӯру зар буд ва аҳли адабу илм бар муроди аҳли зӯру зар сухан мегуфтанд, зеро  давлаташонро аз даст додаву асири ғуломони худ гардида буданд. Аз ин рӯ, танҳо  ҳузури фарҳангию маънавию адабӣ доштанд ва фақат  бо забон ва бархе аз расму оинҳоии миллии хеш, аз ҷумла Наврӯз, аз вуҷуди хеш хабар медоданд. Аммо, тавре ки гуфтем, истилогарон, ки давлатро соҳибӣ карда буданд ва бо андешаву рӯҳи миллӣ душманӣ меварзиданд, натавонистанд, ки билкул забону расму ойинҳои мо, аз ҷумла Наврӯзро аз байн бибаранд. Воқеан, забон ва Наврӯз ду боли тавонои миллат буд, ки Аҷамро зинда нигаҳ медошт ва муҷиби мубоҳоти мо дар тӯли замонҳо, аз ҷумла замони бедавлатӣ (аз асри Х1 то аввали асри ХХ), буд. Лиҳозо, забон ва ҷашни Наврӯз ҳамеша аз муҳимтарин ифтихороти миллии мо дар дарозои таърих будааст ва худшиносию худогоҳии моро таъмин намудааст. Агар чунин намебуд, аз қалами Мавлоно чунин абёт таровиш намекард:

 

Форсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст.

Бӯи он дилбар чу паррон мешавад,

Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад. 16

 

       Бе сабаб нест,  ки донишманди пурмояи муосири тоҷик  Акбари Турсунзод забони тоҷикии форсӣ ва ҷашни Наврӯзро ду шаҳсутуни хештаншиносӣ хонда ва гуфтааст: «Иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад, ки ба унвони муҷассамаи суннати зиндаи мардум замонати бақои рӯзгор аст: яке забони форсисту дигар ҷашни Наврӯз. Ва  аз ин рӯ, ҳар истилогаре, ки Ориёзаминро забт карду мардуми зодсарвашро таҳти итоати худ нигоҳ доштан хост, пеш аз  ҳама ин ду рукни ҳастии таърихии аҷамиёнро шикастанӣ шуд: ё забони форсиро хонабанд кард  ё ҷашни Наврӯзро боздошт ва ё ҳар ду. Чунончи, юнониёни мақдунӣ, ҳамин ки Эронро забт карданд, нахуст  тахти Ҷамшедро оташ заданд... Сарафшонони Искандар, ки ӯро вассофони таърихиаш шогирди Арасту мехонанд, иҷрои фармони он «шоҳи оқилу одил»-ро аз  китобсӯзӣ сар карданд. Ва нахуст нодиртарин дастхати Авасторо, ки дар чандин пӯсти гов бо оби тилло навишта буданд, аз хазинаи Доро берун оварда, оташ заданд!.. Пас барои ҳокимияти юнониён ё арабҳои ғолибро дар Эрону Турон устувор намудан Искандар ва баъд Кутайбаро мебоист даставвал ҳофизаи таърихии мардуми мағлубро кӯр кардан. Вале чунин кори таърихсӯзро на ину на он аҷнабӣ натавонистӣ кардан!..». 17 Дар ҳақиқат, Наврӯз, ки аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми мост, бо вуҷуди фишорҳои мухталиф аз ҷониби истилогарон ва мутаасибони худию бегона, дар дарозои таърих, на танҳо нест нашуд, коҳиш наёфт, балки батадриҷ  хусусияти ҳамагонӣ касб намуд ва ҳар чи бештар таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намуд, ба ҷашни қавму миллатҳои ҳамсояву ҳамдин табдил ёфт ва билохира мақоми байналмилалӣ пайдо кард, яъне ба таъбири Мавлавӣ, ба дили мову «ҷаҳониён» шодӣ  ва  нишот илқо намуд:

 

Андар дили ман, маҳо, дилафрӯз тӯӣ,

Ҳастанд дигарон, валек дилсӯз тӯӣ.

Шоданд ҷаҳониён ба Наврӯзу ба ид

Иди ману Наврӯзи ман имрӯз тӯӣ. 18

 

       Бояд гуфт, ки ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистони мо маҳз дар асри гузашта хусусияти ҳамагонӣ пайдо намуд, аз зери фишорҳои мухталиф берун омад ва ҳамчун ҷашни миллӣ эҳё гардид. Ба ҳарфи дигар, халқи тоҷик маҳз дар асри гузашта, бо ташкилшавии Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон (1929), на танҳо ҷашнҳои миллӣ, балки номи адибону олимони худро ҳам дигарбора зиндаю эҳё намуд. Маҳз дар рӯзҳои дуюму сеюми Наврӯз таҷлил гардидани «Рӯзи Рӯдакӣ» далели гуфтаҳои метавонанд буда бошанд. Мо ин маъниро дар оғози мақолаи «Рӯзи Рӯдакӣ», ки дар маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» нашр шудааст, бармало боздид менамоем: «Дар таъқиби як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик, чи ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чи аз забони ҷиргаи (ҳайати мушовараи)  Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 2 ва 3- юми иди Наврӯз-Соли навро «Рӯзи Рӯдакӣ» таъйин кард». 19 Гузашта аз ин, дар қарори вижаи барои КМ ПК Тоҷикистон, ки ба ҷашнгирии Наврӯз ихтисос мегирад, чунин изҳори назар шудааст: «Барқарор намудани «Наврӯз», ки иди меҳнат ва баҳор аст, намунаи муносибати эҳтиёткорона ба маросими башардӯстонаи замони гузашта мебошад. Ин ид аз рӯҳияи динӣ тамоман озод буда дар назари мо чун намоиши ҳаяҷонбахши тантанаи фасли баҳор ҳувайдо гардид». 20 Ҳақиқатан ҳам Наврӯз, ки аз идҳои бузург ва қадимии мардуми мо ба ҳисоб меравад, иди меҳнату баҳор, сари соли нав ва ҷашни башардӯстона буда, ба мазҳабе, ба дине алоқаманд нест, балки як ҷашни шодию нишот, бахту нур, пирӯзӣ бар зулмот, сулҳу дӯстию  ваҳдат, айёми баробаршавии шабу рӯз, оғози кишту кор, деҳқонӣ, ҳамраъӣ, ҳамфикрӣ, ҳамдилӣ мебошад, ки роҳи тӯлонӣ ва пур аз шебу фарозро  паймуда, то ба имрӯз расидааст. Бинобар ин, мо бояд ин ҷашни миллиро ба таври боиставу шоиста таҷлил бинамоем ва ба гузаштаи худ жарфтар сар фурӯ бибарем, таърихи онро хубтару беҳтар биёмӯзем ва бад-ин васила дар тарбияи шаҳрвандони Тоҷикистони тозаистиқлоламон, хусусан ҷавонон, ки ояндаи кишвари мо дар дасти онҳост, саҳим бошем. Дар воқеъ, таҷлили бошукӯҳи Наврӯз  барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию бостонӣ тарбия кардани шаҳрвандони кишвар, ба вижа дар замони истиқлолият ва мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз, аҳамияти хос касб менамояд. Алабтта, ин боиси ифтихори мо-тоҷикону форсҳою эронинажодон ва тамоми мардуми мутараққии олам мебошад. Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар, пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои  ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мекунанд. Ин  нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст». 21  Оре, миллати мо фарҳангофарину тамаддунсоз ва дорои орову андешаи қавии миллиию байналмилалӣ мебошад. Ҳамин рӯҳи қавии миллӣ ва байналмилалии тамаддуну фарҳанги мо буд, ки Наврӯз  ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва муҷиби таҷлили он дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон гардид. Ҳамоиш ва чорабиниҳое, ки ҳамасола дар ин замина дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор мегарданд, шаҳодати густариш ва тавсеаи ин иди миллӣ ва ҷаҳонӣ  мебошанд. Мо  боварӣ дорем, ки ин ҳамоиш ва чорабиниҳо ба иди дӯстии халқҳою кишварҳо, шеъру сухани воло, ваҳдату сулҳу сафою одамият  табдил меёбад ва дар таҳкими худогоҳию худшиносии миллати мо нақши муҳим мебозад. Ба қавли шоир:

 

Ҳар сари мӯи туро ҷилваи нози дигар аст,

Нигаҳе сӯи худ андоз, ки дидан дорӣ! 22

 

           Тавре ки гуфтем, қариб тамоми сарчашмаҳо ва нақлу ривоятҳо таҷлили расмии Наврӯзро аз замони Ҷамшед медонанд ва ба номи ӯ рабт медиҳанд. Агарчи Наврӯз то Ҷамшед низ ҷашн гирифта мешуд, аммо маҳз дар замони ӯ расмият пайдо мекунад. Аз ин рӯст, ки ин ҷашнро ҷашни ҷамшедӣ низ мегӯянд. Мисли он ки Рӯдакиро падари шеъри форсӣ ва сабки хуросониро сабки Рӯдакӣ низ ном мебаранд. Албатта, то Рӯдакӣ низ шоирон шеър мегуфтанд, аммо Рӯдакӣ аввалин касе буд, ки дар анвои мухталифи шеъри он замон шеърҳои пухта гуфт ва ба масобаи муассиси шеъри форсии тоҷикӣ қад баланд кард. Бинобар ин, бо як овоз ӯро падари шеъри форсии тоҷикӣ, бунёдгузори шеъри форсии тоҷикӣ хондаанд ва гоҳе сабки эҷодии ӯро ки хуросонист, сабки Рӯдакӣ ҳам гуфтаанд. Таҷлили  Наврӯз низ  ҳамин ранг аст, тавре ки гуфтем, агарчи пеш аз замони Ҷамшед онро ҷашн мегирифтанд, аммо дар замони Ҷамшед расмият пайдо мекунад. Аз ин хотир, ӯро муассиси ҷашни Наврӯз медонанд ва муаррифӣ менамоянд. Донишмандоне чун Берунӣ, Гардезӣ, Саолибӣ, Табарӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём ва ғайра таҷлили  ин ҷашнро ба Ҷамшед нисбат додаанд. Мутаассифона, имрӯз бархе аз донишмандон дар нигоришоти хеш бунёнгузори ҷашни Наврӯз будани Ҷамшедро сарфи назар менамоянд ва бад-ин  тартиб аз ҷанбаи  миллӣ бархурдор будани  ин иди бузурги ориёиёни  эронитаборро зери суол мегузоранд ва онро як иди маъмулии  табиат ва қалам медиҳанд, ки гӯё аз ибтидо ҷашн гирифта мешуд ва ба подшоҳе, аз ҷумла Ҷамшед, иртибот намегирад. Аммо, тавре ки дар боло гуфтем,  сарчашмаҳо нишон медиҳанд ва ривоят мекунанд, ки ҷашни Наврӯз маҳз аз замони Ҷамшед ва бо ибтикори  ӯ ба анъана даромад ва расмият пайдо кард. Аз ин хотир, ӯро бунёдгузори ин ҷашн медонанд. Воқеан, ҳар ҷашне, ки дар рӯи замин мавҷуд аст, таърихи худро дорад. Масалан, ҷашни  Сада, Меҳргон, Иди Қурбон, Рамазон, Иди 8 март ва ё Иди Модар, Иди якуми  май ва ғайра. Лиҳозо, мо оғози ҷашнгирии ин идҳоро медонем. Мо танҳо аз оғози ҷаҳон бехабарем, агарчи дар ин замина ҳам суханони  зидду нақиз зиёданд, аммо аксари донишмандону шоирону нависандагони мутараққӣ аз аввалу анҷоми ҷаҳон изҳори бехабарӣ кардаанд, ки намунаи волои онро мо дар дар ин байти Калими Кошонӣ боздид менамоем, ки забонзади мардум мебошад:

 

Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бехабарем,

Аввалу охири ин куҳнакитоб афтодаст.23

 

       Аммо, тавре ки гуфтем, бисёре аз рухдодҳои дигар, аз ҷумла ҷашнгирии Наврӯз, Сада, Меҳргон, 8 март, Якуми май ва амсоли ин, таърихи худро доранд ва барои ҳамагон маълуманд. Лиҳозо, нодида гирифтани онҳо ва сарфи назар кардани маълумоти сарчашмаҳои  дараҷаи аввал доир ба Наврӯз ва гурез аз ҳақиқати таърихӣ як амали носавобу зиддимиллию зиддиинсонӣ ва таҳрифи воқеият маҳсуб меёбад. Чунончи, баъзе аз амалкарди пажӯҳишгарони эронӣ, ки аз ғаразҳои сиёсию маънавии эшон моя мегирад, барои мо-ворисони ин иди миллии тоҷикону форсҳо хеле нигаронкунанда буда, сахт моро нороҳат месозад, ба рӯҳ ва арзишҳои миллии мо зарба мезанад, зеро онҳо Наврӯзро на як ҷашни миллӣ, ки расман аз Ҷамшед ва бо ибтикори вай шурӯъ мешавад, балки як ҷашне, ки гӯё «онро аз лобалои кӯҳҳо ва синаи даштҳо ва канори наҳрҳо ёфтаанд», медонанд. Масалан, дар баъзе аз китобҳое, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп мешаванд, мо ин гуна  бархурдҳои носаҳеҳу нодуруст ва зиддимиллиро нисбат ба Наврӯз-иди миллии ақвоми эронӣ мушоҳида менамоем. Аз ин хотир, мо бояд ин гуна бархурди носаҳеҳи эшонро, ки аз сиёсат ва мавқеи зиддимиллии онҳо берун меояд, нодида нагирем, балки ҷилавгирӣ намоем ва бо далоилу бароҳини қотеъ исбот намоем, ки ин ҷашн аз ягон ҷо ба кишвари мо (Эрону Хуросону Мовароуннаҳр) наёмадааст, мо онро аз ягон ҷо, масалан, аз домани дашту кӯҳ наёфтаем, зеро он тангаву тилло нест, бузу гӯсфанду гов нест, ки гум карда бошем, балки он иди миллии мост, ки ҳазорон сол боз мо онро ҷашн мегирем. Аммо муассиси он Ҷамшед мебошад ва расман ҷашнгирии онро сарчашмаҳо ба Ҷамшед ва замони подшоҳии ӯ нисбат додаанд. Ба ҳарфи дигар, ба таври расмӣ ҷашн гирифтани Наврӯз аз ҷониби Ҷамшед ва замони ӯ шурӯъ шудааст ва  ҷашни Наврӯз як ҷашни миллӣ буда, муассиси он Ҷамшед  мебошад. Мутаассифона, «муаллифи китоби «Наврӯзгон»-Муртазии Ҳунарӣ, бар хилофи нақлу ривоят ва маълумоти тамоми сарчашмаҳои дараҷаи аввал, ки ҷашнгирии Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд, муассиси ин ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ будани ӯро инкор менамояд ва онро на як ҷашни миллӣ, балки танҳо як ҷашни табиӣ, мардумӣ медонад, аммо кадом мардум зикр наменамояд. Ӯ бад-ин тартиб теша бар решаи арзишҳои миллии ақвоми эронӣ, аз ҷумла тоҷикону форсҳо, ки Наврӯз яке аз муҳимтарин идҳои миллии эшон мебошад, мезанад ва мегӯяд: «Наврӯзро мо-эрониҳо ҳазорон сол пеш дар лобалои кӯҳҳо ва синаи даштҳо ва канори наҳрҳои ин сарзамин ёфтем. Ин моем, ки дар дарозои ҳазорон соли худу сарзамини худу фарҳанги худ як рӯзи бошукӯҳи бузург доштаем. Решаҳои барпоии Наврӯз фаротар аз устураҳо ва қиссаҳост. Ҳеҷ кас, ҳеҷ вақт дар ин диёр Наврӯзро ба хотири Ҷамшед ҷашн нагирифта ва намегирад, он ҳам Ҷамшеде, ки баъд аз подшоҳии дароз ва хидматҳои бисёр, оқибат ба шар шуд ва «аз осмон боло рафт». Аз Худо ва мардум рӯй гардонд ва Заҳҳокро бар тахт хонд. Шояд шоҳон барои ба даст овардани дили мардум ё шодии худ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд… Наврӯзро ҷашн мегирем на бад-он ҷиҳат, ки фалон шоҳ ва фалон ҳоким мехост доддеҳӣ кунад, балки аз он рӯй, ки мо додхоҳӣ кардем… Бо ин ҳол касе Наврӯзро барои «ба мазолим нишастани Ҷамшед дар ин рӯз» ҷашн намегирад… Наврӯз ҷашни шумо ва ман ва падарони мост, ки мехоҳем бо саломату оромиш ва шодӣ дар ин диёр ва дар ин фарҳанг зиндагӣ кунем. Пас ин корҳоро мардум барои саломатӣ ва шодмонии худашон мекунанд, на барои он ки Сулаймон ангуштарашро гум кард ва пайдо кард ё Ҷамшед савори сандалии девон шуд ва аз Мозандарон ба Бобул рафт».

       Бояд донист, ки таҳрифи таърих, воқеият, сарчашмаҳо ва ситез ба рӯҳи миллӣ, ба вижа олимону андешамандони бузурги илму адабу тамаддуни эронӣ, таҳқир ва таҳвин дар ҳаққи эшон, ки дар нигоришоти баъзе аз муҳаққиқони эронии пас аз Инқилоби исломӣ ба чашм мерасад ва аз рӯҳи панисломистию пантуркистонаи эшон поя мегирад, рӯз аз рӯз ривоҷу равнақ пайдо карда, ба авҷи аъло мерасад. Ин амали носавобу бехирадона ва дур аз инсофу ҳақиқати онҳо на танҳо ба фарҳангу адабу тамаддуни сокинону соҳибони асосии кишвари Эрон-форсҳо, балки тоҷикон низ латмаи бузург мезанад. Воқеан, ҳамлаи онҳо ба рӯҳу андешаву тамаддуни миллӣ мо-ворисони ин тамаддуни бузургро наметавонад бетафовут ва бетараф бигузорад.» 24 Бинобар ин, мо аз пажӯҳишгарону донишмандони эронӣ, ба вижа атрок, ки ба рӯҳи миллӣ, орову андешаи миллӣ аз паси панҷа менигаранд ва ҳама чизро мехоҳанд, ки ба номи ислом рабт бидиҳанд ва андешаву рӯҳи миллиро аз осори бостон дур бияндозанд ва андешаву орои ғайри миллиро ҷойгузини он намоянд, даъват ба амал меоварем ва мегӯем, ки эшон иштибоҳи азим менамоянд, зеро Наврӯз аз бузургтарин идҳои миллии ақвоми эронӣ, аз ҷумла тоҷикону форсҳо ва соири мардумони ба ин фарҳангу тамаддун мутааллиқ мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯзро аз Ҷамшед, ки бунмояи тафаккур ва  биниши миллии моро ташкил медиҳад ва дар баробари забони модарии мо баёнгари ҳувияти миллии мо мебошад ва дар байни ҳамаи идҳои мо аз мақоми шомиху вароҷованд бархурдор аст, канда гирифтан, канор гузоштан ва бад-ин  тартиб, ҳақиқатро нодида гирифтан, зери бори сиёсати нодурусти замон рафтан ва теша бар решаи арзишҳои миллӣ задан амали ноҷавонмардона, дур аз инсоф ва як кори беҳуда аст. Воқеан, мо вақте ки Наврӯз мегӯем, пеш аз ҳама, номи Ҷамшед пеши назар меояд, чунки тибқи маълумоти тамоми сарчашмаҳои мӯътабар маҳз дар замони Ҷамшед ва аз тарафи вай ин ҷашн расмият пайдо кард ва минбаъд ба бузургтарин идҳои миллии мо табдил ёфт. Дигар, ҳамин рӯҳи миллию инсонии Наврӯз буд, ки дар аввали асри ХХ1 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуд ва маънию мазмуни тоза касб кард ва ба яке аз ҷашнҳои муҳими ҷаҳонӣ мубаддал гардид. Беҳуда шоир нагуфтааст:

 

Осори беҳрӯзӣ бувад ойини Наврӯзи Аҷам,

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи «Ҷамшеди Ҷам». 25

 

      Албатта, ин ҳодисаи ягона нест. Дар ин замина метавон даҳҳо мисол овард, аммо мо бо овардани як мисоли дигар иктифо менамоем. Чунончи, маҷаллаи Ал-Форобӣ, ки аз соли 2003 дар Қазоқистон бо сармоягузории ҶИЭ нашр мешавад ва қазоқ будани Форбиро таблиғ мекунад, дар шумораи аввали соли 2004 мақолаи донишёри Донишгоҳи Истамбули кишвари Туркия-Абуъақаб Қараро нашр намуда, ҷашни Наврӯзро ба устураи туркӣ марбут дониста ва иртибот надоштани онро ба Ҷамшед чунин гӯшзад менамояд: «Ононе, ки поягузории Наврӯзро ба подшоҳи эронӣ-Ҷамшед нисбат медиҳанд, далел надоранд ва дар асл Наврӯз дар устураи туркӣ марбут ба туркон аст… Душманон тамоми хешовандони Элхон номе аз подшоҳони хоқонати туркро мекушанд ва ӯ бо ҳамроҳии кудаки хурдсолаш Каён ва хоҳарзодааш Туқиз ба ғори Узгинғон меравад ва дар он ҷо ба оҳан ва оташ дастрасӣ пайдо мекунад ва ба кумаки рушании оташ аз ғор берун меояд ва он рузро Наврӯз мехонанд… Ба ҳеҷ ваҷҳ Наврӯз моли ғайритуркон нест «ва агар дигарон низ Наврӯзро ҷашн мегиранд, аз туркон иқтибос кардаанд». 26 Ҳол он ки тамоми сарчашмаҳо, ки мо дар боло руйхати андаки онҳоро овардем, ин гуфтори бемаъхаз ва ғайразноку бадхоҳонаи атрок ва донишмандону донишёрони онҳоро рад менамоянд. Ба заъми Шиблии Нуъмонӣ:

 

Ҳарифи ковиши мижгони хунрезаш наӣ зоҳид,

Ба даст овар раги ҷоневу наштарро тамошо кун! 27

Ҷамолиддин Саидзода

адабиётшинос

ПАЙНАВИШТҲО:

1.Абӯрайҳон Берунӣ. Осор-ул-боқия.Душанбе,Ирфон,1990,с.233-234.

2.Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ.1,Душанбе, Адиб,1987,с.64.

3.Умари Хайём. Наврӯзнома. Душанбе,Адиб,2012,с.25-26.

4.«Шоҳнома»-и Саолибӣ.Душанбе,Бухоро,2014,с.46-47.

5.«Форснома»-и Ибн-ал-Балхӣ.Душанбе,Дониш,1989,с.35-38.

6.Девони Фаррухии Систонӣ.Теҳрон,1385,с.171.

7.Девони Манучеҳрии Домғонӣ.,Теҳрон,1385,с.136.

8.А.Абдуллоев,С.Саъдиев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри Х1 ва аввали асри Х1.Душанбе,Дониш,1988,с.50.

9.Саъдии Шерозӣ.Куллиёт,ҷ.1,Душанбе,Адиб,1988,с.40.

10.Фарҳанги забони тоҷикӣ,ҷ.1,Москва,1969,с.25.

11.Муҳаммадҳусайни Бурҳон.Бурҳони қотеъ,ҷ.1,Душанбе,Адиб, 1993,с.324.

12.Садриддин Айнӣ.Ёддоштҳо,қ.4,Душанбе,2009,с.580.

13.Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». Душанбе, Адиб,1990,с.205.

14.Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ,Душанбе,Шуҷоиён, 2010,с.48.

15.Ҳамон ҷо, с.150.

16.Маснавии маънавӣ.Теҳрон,2001,с.313.

17.Умари Хайём. Наврӯзнома,с.15-16.

18.Гулчини наврӯзӣ.Душанбе,2011,с.8.

19.Донишномаи Рӯдакӣ,ҷ.2,Душанбе,2008,с.428-429.

20.Роҳи васеъ ба расму оинҳои нав.-Тоҷикистони саветӣ, 13 ноябри соли 1967.

21.Гулчини наврӯзӣ,с.7

22.Девони Калими Кошонӣ.Теҳрон,1369,с.315.

23.Ҳамон ҷо. – С.119.

24.Ҷамолиддин Саидзода. Ғалабаи руҳи мазҳабӣ бар руҳи миллӣ. Миллат 11-18 марти соли 2015.

25.Навруз дар ҷаҳон. – Теҳрон, 1379. – С.21.

26.Сафар Абдулло. Нури сухан. – Олмотӣ: Дайк-Пресс, 2005. – С. 200-201.

27.Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам. – Ҷ.1. – Теҳрон, 1368. – С. 108.

 

Хондан 33 маротиба