JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Марти 2025 07:43

Наврӯзи бостонӣ – аслу решаи фарҳанги миллӣ (Паёми Наврӯзӣ)

Муаллиф:

      Накуйи расму роҳу пешаи мост,

    Хирад парвардаи андешаи мост.

      Зи беаслӣ мазан ҳарфе, ки Наврӯз

Забону ҳарфу аслу решаи мост!

    Бар вуруди Соли нави аҷдодӣ соату дақоиқи каме боқӣ мемонад ва пас аз фурсате андак сари Соли нав – Наврӯзи оламафрӯз дари хонадони ҳар яки моро ором-ором кӯбида, аз омад-омадаш муждагонӣ медиҳад. Дарвоқеъ, Наврӯз на танҳо оғози Соли нави аҷдодӣ, балки аслу решаву ҳасту буди мо будаву ҳаст ва тайи таърихи дароз аз тариқи рангомезиҳои ин ҷашни бузурги миллӣ хешро минҳайси миллату мардуми мутамаддину фарҳангофар муаррифӣ кардаем. Ин аст, ки хамирмояи фарҳанги мо бо Наврӯзи бостонӣ сиришта шуда, сарнавишти минбаъдаамонро рақам задааст. Аз ин ҷост, ки ба ин ҷашни дерину ҷовидонаи миллӣ арҷ мегузорем ва ба унвони рамзу намоди нангу номусу ғуруру ҳамияти миллӣ муаррифӣ месозем. Фаразан, агар Наврӯзро гиромӣ намедорем ва бахусус, насли наврасу ҷавон ба он беэътиноӣ мекунанд, ҳаққу ҳуқуқи зиндагии маънавиро аз худ бармегиранд. Ин гуна бетаваҷҷуҳию худбохтагӣ дастаки хубе барои саҳнасозони дохилию хориҷӣ мешавад. Ба ин маънӣ:

                 Ҷашни Наврӯз, ай ҷавони шӯху шанг,

                 Бошадат рамзу намоди ному нанг.

                 Пас, яқин Наврӯз ному нанги мост,

                 Ҷисму ҷону мағзу хуну ранги мост,

                 Мазраъи разму набарду ҷанги мост,

                 Қудрати фарҳанги мост!

           Асотири Наврӯзӣ аз ҳақиқати фикрию ҳувиятию фарҳангии мо хабар меоваранд ва дар паҳнои боварҳои қадимаи миллӣ Наврӯзро дар канори Ҷамшеди Пешдодӣ мебинем. Ин бад-он маънист, ки ҳикмати Наврӯз аз мушаххасоте амсоли озодагӣ, хирадмандӣ, меҳрпарварӣ, худсозӣ, ххештаншиносӣ, худкифоӣ ва худафрӯзӣ таркиб ёфтааст. Бо ин навъ мушаххасоти вуҷудию ахлоқӣ, ки дар маросимоти Наврӯзӣ ҳамоҳанг шудаанд, метавон ҷомеаи пешрафтаю мутамаддин сохт. Аз сӯйи дигар, Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устуравии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт.  Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми “Вандидод”-и “Авасто” Шаҳриёри Ориёӣ  аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шуруъ мекунад. Бар мабнои он,  Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, воқеият бар мовароуттабиат, рӯшанӣ бар торикӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

 Ин ки номи Зиндагӣ Наврӯз шуд,

Зинда бар Нозиндагӣ пирӯз шуд.

 Бо китоби тозаи Наврӯзи мо,

                    Миллати мо маърифатомӯз шуд.

 

       Дар асотири марбут ба Наврӯзу Ҷамшед бемаргӣ ва тасаллути инсонӣ бар нестӣ аз авлавиятҳои хосса маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ дар абёти 56-58-и Достони Ҷамшед ҷаҳони Наврӯзии Ҷамшедиро, ки орӣ аз дарду ранҷу беморию пирӣ будааст, чунин тасвир намудааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

     Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

                                    Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.

         Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:

           Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,

Дайфасли зиндагӣ ба сар омад, баҳор расид.

Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,

К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.

Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, кинахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Махсусияти калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгаройӣ, инсонсозӣ, навандешӣ, навгаройӣ, навгӯйӣ, навофарӣ, таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои мутамодӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тадовум бахшид. Ба ин маъно:

                        Ки Наврӯз эътидол асту тавозун,

                       Бурузи расму ойину таъовун.

                      Ба он шӯру шукӯҳи ҷовидонӣ

                      Расида то ба сатҳи як тамаддун.

        Ё ин ки:

                         Наврӯз, ки ҷашни орамидан бошад,

                         Расму раҳи дӯстӣ гузидан бошад.

                         Бар рағми куҳандаҳр ба неруи хирад

                        Дунёи ҷадид офаридан бошад.

Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тулонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро  тасаллут карда, дар қолиби як тамаддуни саросарии башарӣ ҷилва месозад. Ба ин маънӣ:

        Ки Наврӯз эътидол асту тавозун,

Бурузи расму ойину таъовун.

Ба он шӯру шукӯҳи ҷовидонӣ

   Расида то ба сатҳи як тамаддун.

         Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи фурӯзанда ба шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати руҳии наврӯзӣ таманно менамоем. Бошад, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду мантиқи зинда фазои Тоҷикистони соҳибистиқлолро мувозибат ва муроқибат кунад ва бо шинохти фарҳанги воқеъгароёнаи наврӯзӣ мардуми тоҷик мақому мартабаи демократизми башарӣ --- худгардонии миллӣ ва ниҳоятан, хирад ва фазилати ҷамъиро касб намуда, тамаддуни бумиро, ки аз воқеияти таърихӣ бархурдор аст, дар миқёси байналмилалӣ ифтихормандона намояндагӣ кунад.

  Мунтаҳо, Наврӯз хирадномаи миллату мардуми мост. Бо таваҷҷуҳ ба ин, онро эҳтиёт бояд кард ва гиромӣ дошт:

Ҳайи қалам он хомаи зиллат бошад,

Пашминариё ҷомаи иллат бошад.

    Дар силсиланомаҳои дерини Ватан

Наврӯз хирадномаи миллат бошад.

Наврӯзи фархундапай муборак, ҳамватанони гиромӣ!

 

Бо эҳтиром,

аъзои Маҳфили фарҳангии

“Ҷаҳони андеша”

20 марти соли 2025

 

 

Хондан 42 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Наврӯз-ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ