JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 28 Марти 2025 10:53

Маҳфили Наврӯзӣ ва паёми рӯшангарӣ (таманниёти ҷашнӣ дар ҳошияи як маҳфили фарҳангӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

    Баҳор ва Наврӯз дар сиришту табиату зоти мо тоҷикон ҷо гирифтааст ва наметавон онро аз хотираи таърихӣ ва ҳофизаи миллӣ зудуд. Ҳарчанд ки дар шароити муосири пешрафти босуръати илму фановарӣ ҳеҷ коре иҷронанашуданӣ нест, баръакс, ҳар кори саъбу душвореро ҳам метавон саҳлу осон кард ва дар ин замина, метавон шодбошию хушҳолиҳои чандҳазорсолаи моро ҳам ба коми фаною нобудӣ даркашид. Аммо боз ҳам ҳамин Наврӯз ва ҳамин баҳори ҳамешасабзи Ватан наҷотбахши мо буда метавонад, агар мо, воқеан, дар пайи ҳифзу нигаҳдошт ва тарғибу ташвиқу густариши он пайваста иқдом намоем. Дар зимн, ҳамин ҳолу ҳавои баҳорию Наврӯзист, ки бо рангомезиҳои лолазору гулистону бустонаш зиндагии моро зебу зинату маъно бахшида, ба самту сӯйи муносибе равона месозад. Ба ин маъно:

 

Зиндагӣ бо ҷашни Наврӯзӣ қашанг,

Аз шукӯҳи лолазораш озаранг.

Ҷашни Наврӯз, ай ҷавони шӯху шанг

Бошадат рамзу намоди ному нанг.

 

Акнун як кам ба замони кӯдакӣ бармегардам ва аз хилоли хотироти ширини бачагӣ иқдомоту тадорукоти ҷашнии насли он замониро иҷмолан ёд меоварам. Хуб дар ёд дорам, замоне ки дар синфҳои поёнӣ мехондам (тахмин синфи чаҳор ё панҷ мехондам), ҷашни Наврӯз ва айёми сарсабзи баҳориро пазмон мешудам ва бовар кунед, ҳамроҳи ҳамсинфону ҳамнаслонамон аз нимаи моҳи феврал шуруъ намуда, барои вуруди иди Наврӯз омодагӣ мегирифтем. Ба ростӣ, аз писарон дида, духтарони маҳаллӣ (асосан, духтарони дар синфҳои 5-7 мехонда) зиёдтар ба маросимоти баҳорӣ ҳавасманд буданд ва бештар хушҳолӣ карда, тадорукоти идона гирифта, гурӯҳҳо ташкил дода, миёни кӯчаву гузарҳои деҳот мусобиқоти Наврӯзӣ баргузор мекарданд. Тамоми тадорукоти идона аз тарафи духтарони маҳаллӣ ихтиёрӣ гирифта мешуд ва касе аз калонсолон ононро барои байни худ гузаронидани базму мусобиқоти Наврӯзӣ ташвиқ намекард. Бад-ин минвол, кулли ташаббусу ибтикорот ба таври худҷӯш ҷараён мегирифт. Расму тартиби хушҳолии духтаронро ҳангоми баргузории ҷашни Наврӯзӣ Ҳаким Низомӣ дар “Шарафнома” хеле ҷолиб ба тасвир кашидааст:

 

Рух ороста, дастҳо пурнигор,

Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.

Фурӯҳишта гесу шикан дар шикан,

Яке пойкӯбу яке дастзан.

Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,

Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ...

 

Албатта, омодагиҳои мо – бачаҳои маҳаллӣ дар қолиби бозиҳои содаи Наврӯзӣ, оростани суфраи идӣ, ба таври намоишӣ омода кардани суманаки баҳорӣ, саволу ҷавоби ҷашнӣ, мусобиқаҳои адабию варзишӣ, базмороӣ, озмунҳои суруду мусиқӣ, таронасароиҳои маҳаллӣ ва амсоли инҳо сурат мегирифтанд. Баъзан пас аз Наврӯз ҳам мо бачаҳо, ки хумори Наврӯзию идонаамон ба таври бояду шояд нашикаста буд, то нимаи моҳи апрел ва ҳатто дертар чорабиниҳои маҳдуди худро дар гузару кӯчаву маҳалҳо мегузаронидему як навъ роҳат мекардем. Аз ҳисоби бачаҳои бузургсолтару ботаҷрибатар ҳайати доварон таъйин мекардем, то ин ки ба барномарезиҳои Наврӯзӣ, ки аз маҳфилороӣ, таронасароӣ, сухангӯйӣ, шеърдонӣ, тақлидкорӣ, ширинкорӣ, зарофати фардӣ ва амсоли инҳо иборат буданд, баҳогузорӣ намоянд. Доварон ҳам, баъзан ноҳақӣ мекарданд ва ба хешу табор, ҳамгузару ҳамкӯчаи худ холҳои баландтар медоданд, вале дар маҷмуъ, ин амали носавоб ҳам ба руҳияи ҷашнӣ чандон таъсири манфӣ намерасонид. Муҳим барои мо он буд, ки Наврӯзро ба таври худ гузаронем ва аз тариқи анҷоми суннату маросимоти он хушҳолӣ кунем.

Ба ин тартиб, Соли нави аҷдодӣ Наврӯзи оламафрӯз таҷлил мешуд. Он чи ки ба сифати намуна овардам, танҳо дар ҳудуди гузару кӯчаву маҳаллаҳои деҳот иттифоқ меафтод, ҳол он ки ҷашни Наврӯзу Баҳор дар мактабу муассисаҳои музофоти ҷумҳурӣ бошукӯҳтару пурҷалолтар ҷараён мегирифт ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои Наврӯзӣ шумораи тамошобинон аз ҳисоби писарону духтарону миёнсолону калонсолон меафзуд. Хушбахтона, пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳам бар асари ташрифоти меҳмонону гардишгарони зиёди хориҷӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ хеле шулуғ буд ва чорабиниҳои идонае, ки дар кулли боғҳои фарҳангию фароғатии чаҳор гӯшаи шаҳр ба муносибати ин ҷашни бузурги аҷдодӣ доир гардиданд, мардумро аз ҳар гӯшаву канори мамлакату сайёра ҷамъ оварда, хушҳолию хушрӯзии Наврӯзиро эҳдо намуданд. Бо истифода аз фурсати муносиб, аз шаҳрдорӣ ва кулли дастандаркорону масъулини пружаҳои намоишию ҷашнии шаҳри Душанбе, ки тайи рӯзҳои истироҳатии 21, 22, 23, 24 ва 25-уми марти соли ҷорӣ дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ гузаронида шуда, хушҳолии мардумро афзуданд, самимона ташаккур мекунам. Дар зимн, ҷашни Наврӯзи фархунда ба кулли мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ва дар маҷмуъ, сайёраи инсонӣ муборак бод! Ба ин маънӣ:

 

Пироҳани зебои гулдӯзӣ муборак бод,

Бар кибру бадиву кин пирӯзӣ муборак бод.

Болида аз айёми пирӯзии Наврӯзӣ,

Ай мардуми болида, Наврӯзӣ муборак бод!

 

Ростӣ, матлабро бо ёдоварии айёми ширини бачагӣ беҳуда оғоз накардам. Он ҳолу ҳавои нотакрореро, ки дар айёми Наврӯзии замони бачагӣ доштам, тайи мулоқоти ахириам бо ҷамъи дӯстон дар қолиби як нишасти хуби илмию фарҳангӣ, ки дар арафаи вуруди Соли нави аҷдодӣ Наврӯзи фархундапай (зуҳри 20 марти соли 2025), иттифоқ афтод, дубора дарёфтам. Аз ин ҷост, ки матлабро, агарчи кутоҳу мухтасар аст, хидмати дӯстону ҳамдиёрону хонандагону корбарон қарор медиҳам. Қаблан арз медорам, ки дӯсти донишманди саршиноси мо Ҳафиз Раҳмон шаби 21 марти соли ҷорӣ тамос гирифта, ба Наврӯз табрикамон кард ва дар зимн, хабар расонид, ки матлабе ҷашнӣ дар ҳошияи нишасти фарҳангӣ (манзур нишасти фарҳангии зуҳри 20 март аст) таҳия карда, дар саҳифаи фейсбукиаш коридааст. Мо ҳам аз устод Ҳафиз илҳом гирифта, бардоштҳои муқаддимотиамонро дар робита бо он маҳфили ҷолиби фарҳангӣ рӯйи саҳифаҳои роёна рехтем. Ногуфта намонад, ки устод Ҳафиз Раҳмон аз ҷумлаи пуркортарин ва заҳматталабтарин донишмандону рӯшангарони муосири тоҷик аст, ки перомуни ҳар як таърих, ҳодиса, воқеа, падида, рухдод, мавзуъ, масъала, ҷашн, ид, солрӯз ва амсоли инҳо дар гармогармиаш изҳори назар менамояд ва дар матбуоти даврию шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби ҷолибу хондании илмӣ ва илмию оммавӣ пахшу нашр мекунад. Чун мунаққид ва адабиётшиноси муваффақ аст, сари вақт матлаб омода кардану посух додан ва изҳори назар намуданро вазифаю рисолати худ медонад. Аз тарафи дигар, устод Ҳафиз Раҳмон аз кулли адабиётшиносону забоншиносон ва ба истилоҳ, филологони таърифии имрӯзӣ бо дидгоҳи вежаи бадеию эстетикӣ, таассуроту бардоштҳои дархури фардӣ, фарохии диду ҷаҳоншиносӣ, салиқаи пажуҳишӣ, нуқтаназари фалсафӣ ва доираи фарогирии ахбору иттилооти илмию ихтисосӣ фарқ мекунад. Ин аст, ки навиштаҳояш ҷолибу хонданбоб ва корсозу дархуранд. Офарин, бар ин гуна шахсиятҳои матраҳи миллӣ, ки сари ҳар як масъалаи кучаку бузург сари вақт меандешанд ва ба таври фаврию оҷилӣ ҳосили бардоштҳояшонро рӯйи коғаз меоваранду дар сафаҳоти фейсбукӣ дурустҳисобӣ мечинанд.

Бигзарем, зуҳри 20 марти соли ҷорӣ аз Студияи марказии Радиои Тоҷикистон, ки он ҷо пахши мустақими барномаи Наврӯзии Радиои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” ҷараён дошт, мураххас шудаму саросема озими коргоҳ гардидам. Дар коргоҳ адабиётшиносу рӯшангари варзида устод Ҷамолиддин Саидзода ва антропологи ягонаи ватанӣ устод Маҳмадалӣ Музаффариро мулоқот карда, ҳар дуро ба муносибати Наврӯз шодбош гуфтам. Чанд дақиқае бо ҳам суҳбат карда, барои ҳавохурӣ ва лаззат аз боду ҳавои баҳорӣ аз коргоҳ мураххас шуда, рӯ ба хиёбони марказии ба номи устод Рӯдакӣ ниҳодем. Устод Ҷамолиддин Саидзода бар асари баъзе гирифториҳои хонаводагӣ моро тарк кард ва бо устод Маҳмадалӣ Музаффарӣ сайри ҷашниро идома додем. Ҳангоми сайругашти идона дар назди рамзи Наврӯзу баҳори Ватан тоблуи боҳашамати суманаки баҳорӣ, ки саҳни Театри опера ва балети ба номи устод С. Айниро зебу таровати тоза мебахшад, ҷамъи дӯстони равшанфикру рӯшангари миллиро бо шумули Нуриддин Шаҳобиддин, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Сайдулло Ораши Амонӣ, Сайдаҳмади Қурбон, Ҷумахон Темурзода, Салими Зарафшонфар, Ҳафиз Раҳмон, Рустами Нур ва Меҳр Собириёнро мулоқот кардем. Ин ҷамъи рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ миёни худ суҳбати ҷолиби Наврӯзӣ доштанд ва чунин як нишастеро ба вуруди Соли нави аҷдодӣ ихтисос дода буданд. Дар ҳоле ки суҳбати дӯстон хеле гарму самимӣ буд, ману устод Музаффарӣ ҳам ба ин ҷамъ пайваста, дар ҷашнгирии вуруди Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ шарик шудем. Агар иштибоҳ накунам, соати дую сифр ду дақиқа (14:02) Соли нави аҷдодӣ вориди хонадони мо шуд. Наврӯз ва вуруди Соли нави аҷдодиро ба ҳамдигар табрик кардем. Дар зимн, нишасти илмию фарҳангӣ, ки зуҳри 20 марти соли ҷорӣ шоҳидаш будем, маҳз ба ҳамин хотир доир гардида буд ва ҳозирин ҳар яке бо такя ба далелу арқоми таърихию фалсафию илмӣ перомуни масъалаҳои марбута, аз ҷумла: вежагиҳои Наврӯзӣ бостонӣ; ойину суннату маросимоти идӣ; фалсафаи ҷашнӣ; моҳияти илмию тақвимии Наврӯзи бостонӣ; руҳи муқовиматии миллӣ дар баробари таҳоҷумоти зиддинаврӯзӣ; забон ҳамчун унсури асосии ҳувияту арзишҳои бумӣ; ҷашнҳои миллӣ ба унвони пружаҳои шодзистию ҳувиятшиносӣ ва амсоли инҳо изҳори назар карданд. Махсусан, баҳсу мунозираҳои ҷолиби дӯстони файласуфи мо доктор Нуриддин Шаҳобиддин, доктор Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ва устод Маҳмадалӣ Музаффарӣ хотирмон буд. Ин ҷамъи файласуфони матраҳи миллӣ дар робита бо мушаххасоти фалсафии Наврӯз ва пайванди он бо фалсафаи ҷаҳонӣ нукоти ҷолиб ироа фармуданд. Аз гуфтумони файласуфони рӯшангарамон устод Маҳмадалӣ Музаффарӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, ки ғолибан дар қолиби мабоҳису мафоҳими фалсафӣ матраҳ гардиданд, на танҳо ман, балки кулли дӯстони ҳузурдошта лаззат бурданд. Барои исботи иддаоҳои фалсафӣ устод Музаффарӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз машоҳиру мафохири фалсафаи ҷаҳонӣ бо шумули Ҳобс, Лок, Дидро, Волтер, Монтескиё, Руссо, Ҳегел, Кант, Фейербах, Шопенҳаувер, Нича, Ҳайдеггер, Сартр, Камю, Вебер, Ҳабермас, Фуко, Ошо ва дигарон мисолҳои равшани илмӣ оварда, сатҳи баҳси академиро нигоҳ доштанд. Ба дунболи ин, соири дӯстони ҳаммаҳфили мо, минҷумла шарқшиноси варзидаи замонӣ устод Сайдаҳмади Қурбон, рӯзноманигору пажуҳишгари матраҳи ватанӣ Ҷумахон Темурзода, адабиётшиносу мунтақиди маъруфи имрӯзӣ Ҳафиз Раҳмон, шоиру рӯшангари тавонои бумӣ устод Салими Зарафшонфар, иқтисодшиносону равшанфикрони ҷасури шаҳрӣ акаи Сайдулло Ораши Амонӣ, Рустами Нури Дастонӣ ва Меҳр Собириёни гиромӣ бо мулоҳизоту назароти ҷолиби худ ба ҳусни маҳфил ҳусни дигар зам намуда, ҷашни Наврӯзиро пуршӯртару пурэҳсостару пуршукӯҳтар карданд.

Ҳар як нафари маҳфилӣ нуктае ҷолибу шуниданӣ барои гуфтан дошт ва онро бо як шӯру шавқи идона ироа кард. Кулли ширкаткунандагони нишасти онрӯзаи ҷашнӣ ба як нуқтаи меҳварӣ ва ҳамовозии ҷамъӣ дар заминаи ҳифзу бозшиносию муаррифии Наврӯзи босотонӣ расиданд ва он ин буд: “Наврӯзи бостонӣ қудрат ва шукӯҳи мост ва аз он ба унвони пружаи муқовиматию муборизавии созгори миллӣ дар набарди рӯзмарра алайҳи таҳрифгарону хирадситезону ҷаҳолатмаобони дохилию хориҷӣ васеъ истифода бояд бурд”. Бо ҳолу ҳавои ин шиори манзуми ҷашнӣ:

 

Пас, яқин Наврӯз ному нанги мост,

Қалбу руҳу хуну мағзу ранги мост,

Мазраъи разму набарду ҷанги мост,

Қудрати фарҳанги мост –

 

маҳфилиён як-як боло шуда, дар партави ин пафосу руҳбаландӣ ва шукӯҳи отифию ҷашнӣ нишасти Наврӯзӣ ҷамъбаст гардид. Дӯстон суҳбаткунон чанд лаҳзаи дигар аз ҳавои тозаи Наврӯзи диёр нафас кашида, бо тақозою хоҳиши адабиётшиноси варзида устод Ҳафиз Раҳмон дар назди рамзи Наврӯзи Ватанӣ ва тоблуи Суманаки Баҳорӣ силсилааксҳои хотиравӣ гирифта, бо таманниёти идона пушти кору бори худ шуданд.

Ба ин тартиб, як рӯзи умри мо ҳам сипарӣ гардид, вале лаҳазоташ ончунон лаззатбахшанд, ки имкони тасвирашро надорам. Нишасте, ки дар он Наврӯз минҳайси паёми шодзистию рӯшангарӣ талаққӣ шуд, ба ҳар гуна тавсифу тамҷиду ситоиш меарзад. Аҳли нишасти илмию фарҳангӣ Наврӯзро на танҳо як ҷашну суннату ойини дерини миллӣ, балки як пружаи фарогири тамаддунию фарҳангӣ медонанд, ки асрҳо ва ҳазорсолаҳо миллати моро аз газанди рӯзгор, нобудшавии тадриҷӣ ва ҳазфи физикию равонӣ эмин дошта, то ба имрӯз сиҳату саломату беосеб расонидааст. Пас. месазад, ки ин ҷашнро Пружаи ҳамешагии муназзами миллӣ муаррифӣ карда, дар доираи он барномарезиҳои гуногунсамтаи худро роҳандозӣ намуда, миллати тоҷикро ба сӯйи худогоҳию худшиносию худсозию худафрӯзию худкифоию худмадорию хирадмандию тавоноӣ раҳнамун сохт.

Дар воқеъ, ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва Сари соли баҳори нозанин бо эҳсосу отифату муҳаббату самимияту одамияту шарофату иззату азамату ҳарорату ҷасорату ҳамият аз соири маросимоту русумот фарқ мекунад. Чун Наврӯзи бостонӣ паёми баҳори нозанинро меоварад, хоҳу нохоҳ фикру руҳияи мардумиро ҳам тағйир медиҳад ва таҷдиду бозсозӣ менамояд. Беҳуда нест, ки устурашиноси номовари иронӣ устод Меҳрдоди Баҳор Наврӯзро ба унвони “ҷашни боззоӣ” муаррифӣ намудааст.

Ба ин тариқ, дар фазои бози он нишасти илмию фарҳангӣ, ки ба ифтихори фарорасии Наврӯз ва Соли нави аҷдодӣ ихтисос ёфта буд, гӯиё мурғи Ҳумойи рӯшангарию озодагӣ бол зада, аз фарҷоми хайру баракати неке мужда меовард: муждаи Наврӯзу баҳори нозанин, навиди рӯшангарию озодагии мардуми ин сарзамин ва ҳикмати ҷаҳонофарин! Бошад, ки дар ватани Наврӯзи бостонӣ чунин нишасту маҳофил зиёд гарданд ва сатҳи бедории фикрӣ ва огоҳию тавонмандии миллӣ боло рафта, миллати тоҷик ба унвони як миллати Наврӯзӣ аз худ дарак дода, аз тариқи ташаббусоту ибтикороти созанда роҳи рушду шукуфоии ҳамешагиро ҳамвор созад.

 

 

Бо дуруду таманниёти Наврӯзӣ,

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

24 марти соли 2025, душанбе, соати 14:22

 
Хондан 125 маротиба