Институти крионика бо англисӣ (Cryonics Institute (CI)) ё бо забони форсӣ муассисаи сармозистӣ буда, як бунёди ғайритиҷоратии амрикоӣ аст, ки хадамоти сармозистиро нишон медиҳад. Ин муассиса инсонҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти хонагии дар арафаи марг қарор доштаро дар нитрогени моеъ мунҷамид (карахт) мекунад ва ба умеди ин ки бо пешрафти фановарӣ дар оянда битавонанд, онҳоро бозёбӣ ва зинда кунанд. Дар Институти крионика 188 нафар дар хазинаҳои нитрогени моеъ ҳамроҳи Роберт Эттингер, ва ҳамроҳи модар ва ҳамсараш дар инҷо нигаҳдорӣ мешаванд.[1]
(Ба муносибати солгарди пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе)
Дар ибтидо тавзеҳоти иҷмолиро бар ин мазмун зарур медонам, ки матлаби мазкур 20 соли қабл (октябри соли 2004) навишта шуда, ба муносибати 80-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бахшида шуда буд. Вақте ки ба бойгонии шахсӣ сар задам, мақоларо пайдо намудам ва тасмим гирифтам, онро бидуни тасҳеҳи маъноӣ ва бо андак таҳрири имлоию забонӣ хидмати хонандагон қарор диҳам. Албатта, Душанбеи 20 соли қабл аз Душанбеи имрӯза бакуллӣ мутафовит аст: он ба як марказ ва ба истилоҳ, шаҳр-полиси матраҳи сиёсию маданию миллӣ бадал шудааст ва ба лиҳози инфрасохторӣ, эстетикаи шаҳрсозӣ, шеваи тарроҳӣ, тарзи сохтмони иншоотҳои замонавӣ, ҷобаҷогузории боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва имиҷи шаҳрофаринӣ бо марокизи бузурги минтақавию ҷаҳонӣ ҳамнабардӣ мекунад. Кайфият ва чигунагии матлабро ба маърази таҳлилу баҳогузории хонандагон вомегузорем.
Ҳукуматҳои тоталитарӣ ва яккатоз дар тӯли таърихи инсонӣ мардумро ба гурӯҳҳо, мазоҳибу равияҳои мухталиф ҷудо намуда, тухми нобоварию нифоқро байни онҳо коштанд ва дасисакорӣ ва найранги сиёсӣ то имрӯз мавриди корбурди сиёсатмадорони навин қарор гирифта истодааст. Мардум, ки аз моҳияту табиати ин ақаллиятҳои сиёсию динӣ огоҳ нест, ногузир ба доми фиреби идеологияи онҳо меафтад ва дар натиҷа, низоъҳои тӯлонӣ ва ҷангҳои хунин дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегиранд, ки бевосита ё бавосита манфиатҳои гурӯҳҳо ё ба истилоҳ тоталитарҳоро бароварда месозанд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки ҳукуматҳои худкомаи асри бист боиси сар задани ду ҷанги ҷаҳонӣ шуданд, ки дар натиҷа ҷони миллионҳо аз даст рафта, ҳазорон нафар ба вартаи фақру ноумедӣ афтиданд (таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Арент Ҳ. Тоталитаризм. Тарҷумаи Муҳсин Салосӣ. Теҳрон: Созмони интишороти «Ҷовидон», 1366. -С. 6-7).