1. Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд?
Дар солҳои 60-уми асри XX файласуфи машҳури тоҷик устод Акбари Турсон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта буд, ки «дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад». Зиёиёни он рӯзгор сари ин ибора бо ҳам баҳсу мунозираҳо намуданд. Гуфтугӯи гарми ҳар ду дӯсти шодравон Сарвар Амирҷон ва Нафасбек Раҳмонӣ то ҳол дар хотирам зинда аст... Мушкилӣ сари он буд, ки ҳар нафаре бузургиро бо меъёр ва тарозуи худ месанҷид ва назариёти ҳарифро қабул намекард. Ҳамин тавр, он баҳсҳо ба натиҷае нарасиданд ва оқибат хомӯш шуданд...
«Шароити мусоиди табиӣ ва иқлимии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.
Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2017.
Туро аз ҷаҳон, баҳра ҷанг асту бас,
Ба фарҷоми гетӣ намонад ба кас.
Фирдавсӣ
Муҳтавои матлаби мухтасари мо дар робита ба масъалаи ҷанг аз нигоҳи иҷтимоӣ аз қарори зайл аст:
. Вожаи «ҷанг» маънои набард, пайкор, разм (ниг.: Соатчӣ М. Фарҳанги донишгоҳӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1371. -С. 496), ҷидолу қитол, корзор, ситеза, ҳарб (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. –С.1)-ро дошта, ҳамчун истилоҳи илмӣ дар шакли, «полемология» (аз вожаи юнонии полемос - ҷанг ва логос - илм), яъне ҷангшиносӣ истеъмол мешавад. Ин калима (полемологияро)-ро нахустин маротиба соли 1946 донишманди урупоӣ Б. Гастон дар китоби «Сад миллион барда» пешниҳод намудааст (ГастонБ. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. -С.1).
Мувофиқи маълумоти расмӣ, содироти кишвар дар соли 2017 133,3 ва воридот 91, 5 дарсадро ташкил дод ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ 30, 2 дарсад ва воридот 69, 8 дарсад мебошад.
Ин нишондиҳандаи хуб аст. Зеро дар солҳои пешӣ содироти кишвар агар танҳо аз ҳисоби алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт, айни замон ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 дарсади соли 2015 - ум ба 30, 2 дарсад дар соли 2017 баробар гардид.