«Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буда, мактаби обутоб ва мардонагӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани ҷавонони бонангу ори вилоят шаҳодати он аст, ки онҳо чун шаҳрванди содиқи ин давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи марзу буми кишварашон саҳми босазо хоҳанд гузошт. Бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзу нигоҳдории оромию осудагии мардуми ин сарзамин қарзи фарзандии онҳост».
Раиси вилоят изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҳамсолони худ дӯш ба дӯш истода, бо ҷасорату далерӣ ва инсондӯстию ватандӯстии худ барои тамоми ҷавонони кишвар намунаи ибрат мешаванд.
Модарон бо ифтихору сарфарозӣ фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел намуда, аз онҳо даъват карданд, ки ҳар порчаи хоки муқаддаси Ватанро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоянд. Зеро маҳз бо эътимоду боварӣ ба сарбозону афсарони далери Ватан имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик оромона пайи пешбурди рӯзгор мебошад.
Даъватшудагон ба волидони худ қавл доданд, ки бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ вазифаи шаҳрвандии худро содиқона ба ҷо оварда, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар ҷони худро дареғ намедоранд.