Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ Сездаҳбадар ба унвони расми ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад. Расми «Сездаҳбадар», қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ бастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст. Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғуш мешаванд.
Эҷодиёти асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар маҳбубият ва шуҳрат дорад. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки ӯро дар қатори Байрон, Шекспир, Лесинг, Гёте, Балзак, Тагор ва дигар нависандагони ҷаҳонӣ ном мебаранд.
«Ёддоштҳо»-и устод Айниро энсиклопедияи ҳаёти то давраи инқилобии халқи тоҷик номидани тадқиқотчиён далели раднопазир аст. Гарчанде ин асар тарҷимаиҳолӣ бошад ҳам, дар он аз тасвири ҳаёти шахсии нависанда дида, бештар масъалаҳои муҳимми замон, тарзи зисту зиндагии меҳнаткашон, ҷамъомади шоирон ва рафторҳои ношоистаи табақаҳои ҳукмрони давр танқиди бадеии худро ёфтааст.
Туро гар хирад бошад андар забон,
Ба бедорӣ кӯшӣ, на хоби гарон.
Фирдавсӣ
Вақте ки перомуни забон ҳамчун унсури муҳими ҳастӣ, огоҳӣ ва бедории тафаккури инсонӣ андеша мекунем, бидуни тардид, ба минтақаи фалсафа ва биниши фалсафӣ ворид мегардем. Забон василаи фикру андеша буда, бо тафаккур пайванди азалӣ ва абадӣ дорад.
Ба масъалаи нақши забони тоҷикӣ дар ташаккули бедории фикрӣ таваҷҷуҳ намуда, муҳтавои матлаби хешро дар ин чанд нукта ҷамъбаст мекунем:
Забони форсии дарии тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги эронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедории фикрии ақвоми эрониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авесто» китобат шудааст. «Авесто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва бедории фикрию иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ тасдиқ кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари марҳилаҳои худшиносии миллию мардумӣ мебошад.