JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 05 Сентябри 2018 06:10

Полимерҳо дар ҳаёти инсон

Муаллиф:

1. Маводҳои полимерӣ – масолеҳҳои ояндасоз

 Фарогирии зиндагии ҳаррӯзаи моро бе маводҳои полимерӣ (пайвастагиҳои калонмолекулавӣ) тасаввур намудан хело душвор аст. Зеро ба кадом ҷабҳаи зиндагии ҳаррӯза, ки назар афканем, маводҳои полимерӣ онро иҳота намудаанд: аз борхалта (пакет)-ҳое, ки ҳамарӯза аз мағоза маводи ниёзи авваларо меорем, ибтидо гирифта, то ба зарфҳои як маротиб истифодашаванда, рӯйпӯши телефонҳои мобилӣ ва аксар техникаи майишӣ, чархҳои худрав (автомобил), чорчӯбаи тирезаҳо ва монанди инҳо ҳама маводҳои  масолеҳи полимерианд. Аз тарафи дигар полимерҳо як ҷузъи табиии тамоми организмҳои зинда ва олами растаниро дар бар мегиранд, ки онҳо хос табиианд ва ба биополимерҳо мансубанд.

 Полимерҳо як синфи аҷоиб ва ҳайратоварӣ моддаҳои химиявиянд. Ин моддаҳо ба худ хос бадалшавии сохт, таркиб ва хосиятҳои аҷиби физикавиву химиявиро дороянд. Ба полимерҳо на танҳо пластикҳо, ки аслан аз полимерҳои синтетикӣ гирифта мешаванд (расми 1), инчунин биополимерҳои сафедаҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои деокси-рибонукеотидӣ (КДР) ва рибонуклеотидӣ (КРН), ки қобилияти аз насл ба насл гузаронидани  аломату хусусиятҳои организмҳои зиндаро доранд, шомиланд. Ин материяи беҷон, ки моро фаро гирифтааст, қариб  ҳамаи қобилиятҳои худро маҳз бо шарофатии полимерҳо дорост.

                          

Расми 1. Намунаи маводҳои масолеҳи полимерӣ

Масолеҳҳои полимерӣ аз сабаби дорои хусусиятҳои аз дигар моддаҳои кимиёвӣ фарқкунандаи ба худ хос, дар ҳаёт ва технологияи навин мавқеи махсусро ишғол намудаанд.

  Сухан фақат оиди пластикҳо намеравад, инчунин оиди шаклҳои дигари полимерҳо низ бояд ақида ронд. Масалан, тефлон (политетрафторэтилен, истеҳсоли ИМА), тобаҳои насӯзонанда, поликарбонатҳо, полиакрилонитрилҳо, каучук, кевлар (аз он ҷавшан месозанд) ва монанди инҳо, ки дар технологияи навин бениҳоят татбиқи васеъ ёфтаанд, масолеҳҳои полимериянд.

Инчунин аз масолеҳҳои полимерӣ ҳоло барои сохтани ҷузъҳои ҳавопаймоҳо низ истифода мекунанд, ки бартарияти онҳо дар он аст, ки онҳо дорои мустаҳкамии зиёд ва ҳамчунин массаи каманд.

Таҳқиқотчиён аз институти технологии Ню-Джерси (NJIT) (ИМА) намуди нави батареяи офтобиеро дар асоси полимерҳо кашф намудаанд, ки он аз ҷиҳати нарх арзон ва бо сифат буда, метавон онро дар лавҳаҳои пластикии чандир чоп намуд.

  Ба андешаи ихтироъкори ин намуди батареяҳо -  профессор, роҳбари кафедраи химия ва муҳитҳои иҳотакунандаи институти  NJIT - Сомнат Митра  ин намуди батареяҳоро ҳар шахс метавонад бо истифода аз принтерҳои оддӣ ба даст оварад ва дар болои бомҳо ё деворҳои хона овезон намуда, дорои истгоҳи барқии шахсӣ шавад.

  Моҳияти ин технология дар он аст, ки нанотрубкаҳои карбонӣ бо фуллерен омехта шуда, шакли «найчаи морпече»-ро ҳосил менамоянд. Нурҳои Офтоб, ки ба қисмати полимерӣ меафтанд, дар полимер ҷараёнро меофаранд ва фуллерен электронҳоро ба худ мегирад. Аммо флурен, ки ҷараёнро интиқол карда наметавонад, ин ҷо нанотрубкаҳо вазифаи ноқилро иҷро менамоянд. Электронҳои забтшуда дар дохили нанотрубкаҳо ҳаракат намуда, ҷараёнро ба вуҷуд меоваранд. Ин технология ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар хонаи худ ба ҳосил намудани энергияи алтернативии арзон соҳиб гарданд.

  Имрӯзҳо дар ҳаёти мо боз як қатор маводҳои нави полимерӣ истифода карда мешаванд, ки хосият ва соҳаи истифодаи онҳоро дар ин мақола мухтасар ба Шумо пешниҳод мегардонем:

Поликарбонатҳогетерозанҷирӣ буда, аз кислотаи карбонатии эфирҳои мураккаб таркиб ёфтаанд. Карбонат дар асоси дифлон дорои мустаҳкамии зиёд буда, диэлектрик мебошад ва хусусиятҳояшро дар диапазонҳои калони ҳарорат аз – 100 то +135℃ нигоҳ дошта метавонад. Ҳудуди мустаҳкамияш ҳангоми деформатсияи кашиш 750МПа, фишориш 900МПа ва ҳангоми хамкунӣ 1100МПа мебошад. Гармоғунҷоишаш 115-127Ҷ/кг∙К буда, аз он маснуотҳои плепк ва лакҳо истеҳсол мекунанд.

Сополимерҳои  метилметакрилатӣ - дар намуди дуқабата -метилметакрилат ва стирол ва инчуни сополимери сеқабатаи метилметакрилат -стирол акрилонитрил истеҳсол карда мешаванд. Ин сополимерҳо бо сабаби дорои мустаҳкамии зиёд, хусусиятҳои олии физико-механикӣ, гармотобоварӣ ва шаффофияти зиёд аз метилметакрилат фарқ мекунанд.

Ин сополимерҳоро барои истеҳсоли филтрҳо, сарпӯшҳо ва умуман барои ҷойҳое, ки дар он ҷо талабот ба  маҳсулотҳои дорои мустаҳкамӣ ва шаффофияти баланд зиёд аст, истифода мебаранд.

Полиакрилонитрил полимери гуруҳи акрилӣ ва метакрилии кислота; барои  истеҳсоли нахҳои техникӣ ба сифати пуркунандаи қабатҳои пластик истифода мешавад.

Бутадиен – ба гурӯҳи каучукҳои синтетикӣ дохил шуда, дар сохтмон барои ҳосил кардани ширешҳо, сирешим(мастик), герметикҳо, пластобетонҳо ва пластомаҳлулҳо ва инчунин барои истеҳсоли рӯйкаши полҳо истифода  мешавад.

Полистироли зарбабардор – сополимери дучандаи стирол бо каучук - аз полистирол бо часпакии баланд ва зарбатобоварияш фарқ мекунад ва аз ин рӯ зарбабардор ё зарбатобовар ном бурда мешавад. Сополимери сечандаи стирол бо каучук ва акрилонитрил, ки  АБС номида мешавад, аз сополимери дучандаи стирол бо каучук мустаҳкамии зиёдтарро дорояст ва ин хусусияти зарбатобоварии баланд доштани ин сополимерҳо боиси татбиқи васеъи онҳо ( дар истеҳсоли маснуоти ҳаҷми калон дошта, панелҳо,ки зери таъсироти зиёди беруна қарор мегиранд ва монанди инҳо) гаштааст.

Рулопит (Булғория) – масолеҳи рӯйкаш барои деворҳо, ки дорои зебогии хос ва аз ҷиҳати гигиенӣ сифаташ баланд буда, дар намуди лӯлапечҳое, ки дорои дарозии 10-15 м, бари 30-500 мм ва ғафсии 0,2-2 мм мебошанд, истеҳсол карда мешавад.

Трокал (Германия) – профилҳои шаклҳои гуногундошта барои чорчӯбаи атрофи тирезаҳо бо рангҳои мухталиф аз ПВХ-и сахти махсус  истеҳсол карда мешавад ва таъсири газҳо, бетон, маҳлулҳои гуногун, коррозияро “ҳис” намекунад ва умри дароз мебинад. Ин масолеҳро барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода мебаранд. 

Версакор (Англия) – иборат аст аз лавҳаи сиёҳи тунукагӣ, пӯлоди галванизироватсияшуда, рӯйпӯши эпоксидӣ, хок ва плёнкаи полиэфирӣ. Ғафсии умумияш 0,7-1,5мм буда, дар намудҳои гуногун ва рангҳои гуногун ва ҳамчун профил истеҳсол карда мешавад. Барои тайёр намудани панелҳои сеқабатаи конструксияҳои девор ва бомпӯшҳо истифода мешавад.

Садурит (ҶСЧ) – масолеҳ дар асоси полимерҳо (эпоксидӣ, фенолоформалдегидӣ  ва ғайраҳо). Ба сифати пайвасткунандаи бетон, дарахт, санг ва металҳо барои сохтани фаршҳо истифода мешавад. Дар намуди ҳашт ранги ҷилодиҳанда истеҳсол карда мешавад. Масолеҳи сахтшуда ба худ адгезияи хуб ва мустаҳкамии баланди химиявиро доро мебошад. Инчунин ба таъсири баланди механикӣ тобовар буда, онро бо об шустан мумкин аст.

Теродур (ҶСЧ) – дисперсияи пигментҳои ғайриорганикӣ, пуркунандаи маҳлули тақсимнопазири полиэфирҳо дар ҳалкунандаҳои органикӣ. Бо ҳашт хел ранг истеҳсол шуда, барои тайёр намудани рӯйкашҳои рангаи бетарқиш барои фаршҳо ва барои корҳои дохилисохтмонӣ истифода бурда мешавад.

Виниплан (Финляндия) масолеҳ иборат аст аз нахҳои сунъии устувор ва сатҳаш бо ПВХ рӯйпӯшкардашуда. Аз он барои сохтани рӯйкашҳо ва гунбазҳои калон истифода мебаранд.

Ховн–70 (Финляндия) - тахтасанг (плитка)-и иборат аз винилкварси фишурдашуда, ки мустаҳкамии худро дар ҳама ҳолат ба таъсироти беруна  нигоҳ медорад. Барои рӯйпӯш кардани фаршҳо истифода карда мешавад ва дорои қаишиву часпакии зиёд буда, ба пораҳои алоҳида тақсим намешавад ва намуди яхлухтро дорад. Тахтасанг дар ҳаҷми 30×30×(2,0-2,5)мм истеҳсол карда мешавад.

Мелинекс (Англия)плёнкаи ориентатсиякардашуда, ки иборат аст аз полиэтилентерефталат ё плёнкаи полиэфирӣ, ки дорои мустаҳкамии механикии  аъло, ба таъситротҳои беруна тобовар, обҷаббанда, хусусияти электроизолятсионии хуб дошта ва аз ҷиҳати химиявӣ устувор мебошад. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои саноат (металлизатсия, рангуборгарӣ, нақшу нигору қолаббандӣ... ) татбиқ карда мешавад.

Соммер (Франсия)рӯйкаши полимерӣ барои девор, ки дар асоси пенополивинилхлорид офарида мешавад ва маҳин буда, ҳамчун маводи ороишӣ ва осон ҷобаҷо шаванда ва инчунин шусташаванда истифода бурда мешавад. Дар намуди рангҳои гуногун ҷилодиҳанда ва ба намуди лӯлапечҳои дарозии 40м, бари 1030мм ва ғафсии 2,5мм дошта  истеҳсол карда мешавад.Онро дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мактабҳо, мағозаҳо ҳамчун маводи ороишӣ истифода мебаранд.

2.Биополимерҳо ва истифодаи онҳо дар ояндаи наздик

Табиати зинда аз биополимерҳо, ки барои ҳастии одамият нақши муҳимро доранд, офарида шудааст. Аз ҳама паҳнгаштатарин биополимер дар табиат ин селлюлоза ба ҳисоб меравад, ки 90%-и дарахтон аз он таркиб ёфтаанд. Хусусиятҳои аъло (аз ҷумла вайроншавандагӣ, пӯсандагӣ) ва афзалияти зиёд доштани биополимерҳо боиси он гаштааст, ки онҳо дар бозор ва технологияи навин ҷои масолеҳи полимерҳои синтетикиро, ки ин хусусиятҳоро надоранд, гирифта истодаанд ва ҳатто дар соҳаҳои мухталиф масолеҳе нест, ки ҷои онҳоро иваз намояд.

Тайи солҳои охир ҳифзи муҳити атроф яке аз масъалаҳои  аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Ин масъала ба он расондааст, ки  бояд масолеҳҳои дар муҳити атроф вайроншаванда (пӯсанда) коркард ва татбиқ карда шаванд [1-3].

Барои истеҳсолкунандагони  маводи хӯрока муҳлат ва ҷои нигоҳдории мавод масъалаи аввалия ба ҳисоб меравад. Ҳоло барои бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои зиёд нигоҳдории маҳсулот аз масолеҳҳои махсуси полимерӣ истифода мебаранд, ки онҳо дорои  қобилияти нигоҳдории воридшавии ҳар гуна газҳо ба дохили мавод, қобилияти нигоҳдорӣ аз нам ва бӯйро дороянд, ки атмосфераи муътадилро барои мавод муҳайё месозанд, маводро эмин аз микроорганизмҳои зараррасон ва барои истеъмол дар оянда нигоҳ  медоранд. Дар алоҳидагӣ масолеҳҳои полимерӣ наметавонанд, ки ҳамаи талаботҳои истеъмолиро ба ҷо оваранд, аз ин рӯ  масолеҳҳои композитсионӣ дар асоси хусусияти комплексии додашудаи полимерҳо офарида мешаванд.

Барои бартараф намудани хавфи партовҳои зараррасон, чун партовҳои маводҳои полимерӣ истифодаи биополимерҳо дар истеҳсолоти хӯрока барои нигоҳдории маҳсулот хело муфид аст.  Ҳоло истифодаи технологияи коркарди биополимерҳоро тамоми институтҳои  тадқиқотии ҷаҳон ва ширкатҳои истеҳсолии банду басти маводҳои хӯрока  ба роҳ монда истодаанд.

Масолеҳҳои биополимерӣ, ки аз манбаъҳои табиӣ гирифта мешаванд ва ҳамчун масолеҳҳои композитсионӣ дар намуди плёнкаву рӯйпӯшҳо истифода мешаванд, дар расми 2 оварда шудаанд.

Расими 2. Биополимерҳое, ки барои болопӯш ва банду басти маводи хӯрока ва доруворӣ истифода мешаванд

Рӯйкашҳои композитсионии аз чунин биомакромалекулаҳо офаридашуда дар истеҳсолот ва зиндагии ҳаррӯза соҳаи нав ва бехатари масолеҳи борҷомагиро кушоидаанд.

Полисахаридҳо дорои сохт ва таркиби мураккаб буда, аз дигар полимерҳо бо рангорангии функсионалиашон фарқияти куллӣ доранд [1-4]. Аз баъзе полисахаридҳои сохтори хаттӣ дошта, ба монанди селлюлоза ((1-4) ß-D-глюкан)), амилоза (сохтори воҳидии крахмал, (1-4) α-D-глюкан)), хитозан ((1-4) ß-D-глюкозамин) плёнкаҳои мустаҳкам, қаиш ва шаффоф ба вуҷуд овардан мумкин аст. Плёнкаҳое, ки дар асоси ин полисахаридҳо омода карда мешаванд ба таъсири чарбу равғанҳо тобоваранд. Масалан, хитозан арзӣ бо алдегид пайваст шуда, плёнкаи хело устувор ва дар об ҳалношавандаро ҳосил менамоянд. Селлофане, ки дар натиҷаи коркарди (регенератсия)-и селлюлоза ба даст оварда мешавад, дар муҳити часпак коркард мешавад, ки дар ин ҳолат плёнка хусусияти эластикиро доро мешавад.

Якчанде аз эфирҳои мураккаби селлюлоза, чун пропионат-, асетат- ва бутират-селлюлоза дар худ масолеҳи термопластикиро таҷассум менамоянд, ки ҷабҳаи муҳими тиҷоратиро дороянд. Эфири селлюлозаи анионӣ, карбоксиметилселлюлоза (КМС) дар об ҳалшаванда буда, якҷоя бо дигар (био)-молекулаҳо хусусияти тафовутноки плёнкаофариро дороянд ва дар соҳаи сохтмон ва меморӣ васеъ истифода мешаванд.

Ба биополимерҳо сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинат, полисахаридҳо дохил мешаванд. Инчунин омехтаи биополимерҳо, масалан липопротеинҳо (комплексҳо аз сафеда ва липид), гликопротеинҳо (пайвастагиҳое, ки молекулаашон аз занҷирҳои олиго ё полисахаридӣ, ки ковалентӣ бо занҷирҳои пептидӣ пайваст ҳосил кардаанд),  липополисахаридҳо (пайвастагиҳое, ки аз липидҳо, олиго ва полисахаридҳо таркиб ёфтаанд).

Пектин – полисахариди табиӣ, ки одатан аз боқимондаи кислотаи галактуронан, аз меваву сабзавот, бехмеваҳо ва аз чанд намуд растаниҳои обӣ ба даст оварда мешавад. Элементи таркибии растанӣ буда, қобилияти ҳимоявӣ ва худнигоҳдории бардавоми растаниро афзоиш медиҳад. Муттахасисон пектинро «санитар»-и табии организм мегӯянд, зеро ин модда дорои қобилияти нигоҳ доштани баланси табии бактериологии организм буда, нахи мушакҳоро аз заҳр, моддаҳои зарарноке чун элементҳои радиоактив, пестисидҳо ва иони металҳои вазнин тоза менамояд. Бартарияти дигари пектин дар он аст, ки мубодилаи моддаҳои организмро ба танзим медарорад, раванди оксиду барқароршавиро тақвият мебахшад, гардиши хунро муътадил менамояд ва инчунин миқдори холестеринро дар хун паст менамояд.         Пектин ҳамчун бофтаи (клетчатка) ҳалшаванда якҷоя бо масолеҳҳои дигар ба рӯда ворид гашта, моддаҳои зараррасон ва холестиринро ба худ меҷабанд ва якҷоя бо худ аз организм берун менамоянд. Инчунин пектин хусусияти бо иони металҳои вазнин ва радиоактивӣ пайвастшавиро дорост, ки ин хусисияти он барои мардуми дар ҷойҳои ифлос ва бо металҳои вазнин кору фаъолият дошта бартарияти дигари онро нишон медиҳад.

Бартарияти дигари пектин дар он аст, ки вай микрофлораи рӯдаро тақвият дода, инчунин дорои хусусияти рӯйпӯшкунии захм ва илтиҳоби  меъда мебошад ва шароити оптималии шаклгирии микробиосенозро муҳайё менамояд. Ҳамаи хусусиятҳои дар боло дарҷгардидаи пектин ба он меоранд, ки онро барои ҳамагон ҳамчун ғизои ҳаррӯза тавсия бояд намуд [4].

Истифодаи пектин ҳамчун маводи хӯрока ва бо мақсадҳои табобатӣ аз замонҳои қадим сарчашма мегирад. Ҳатто дар давраи асримиёнагӣ, даврае, ки фармакотерапия ба вуҷуд омадааст, олими бузург ва барҷастаи форсу тоҷик  Абуали ибни Сино дар бораи миқдор, сифат ва вақти хӯрок махсус таъқид намудааст. Дар корҳои таҳқиқотии ӯ хӯрокаҳои бофтадор хамчун нишони банизомдарорандаи фаъолияти рудаю меъда ҳисобида мешаванд.

Пектини озод ҳангоми якҷоя бо хӯрока истифода шуданаш дар организм манбаи энергетикӣ ба вуҷуд намеоварад, вай нисбат ба дигар полисахаридҳо аз ҷиҳати функсионалӣ фарқ менамояд [4]. Дар маводҳои косметикӣ ва дорусозӣ пектинро ҳамчун маводи гелҳосилкунанда ва устуворкунанда истифода менамоянд.

Солҳои охир аз сабаби дорои хусусиятҳои беназири физико-химиявӣ ва биологӣ доштани полимерҳо соҳаҳои татбиқи масолеҳи полимерӣ хело афзудааст. Масалан, дар тиб барои нақшаи офаридани системаи интиқолкунандагони маводҳои доруворӣ (СИД) бо мақсади паст намудани заҳрнокии доруи синтетикӣ ва таъсиротҳои мақсаднок полимерҳо татбиқи васеъи худро ёфтаанд [5-12].

Истеҳсоли пектин – тиҷорати пешравандаи босуръат буда, ҳар сол ҳачми истеҳсолот ба миқдори 3-4% зиёд мегардад ва имруз ба миқдори содироти он ба 45-50 ҳазор тонна расидааст. Технологияҳои ба даст овардани пектинҳо пўшида мебошанд ва аз тарафи истеҳсолкунандагони асосии ин маҳсулот – чун ширкатҳое ба мисли CPKelco (Дания, ИМА), Herstright & Fox KG ва Degussa (Олмон), Danisco (ИМА), Cargill (Фаронса, ИМА), Yantai Andre Pectin (Хитой) ва гайраҳо,  махсус коркард мегарданд. Марказҳои асосии истифодабарандагони пектин соҳаҳои саноати хурокворӣ ва фармасевтӣ мебошанд. Айни ҳол доираи истифодабарандагони ватанӣ хеле васеъ мебошад. Инҳо корхонаҳои қаннодӣ, ширӣ, консервакунонӣ ва дорусозӣ мебошанд. Барои истеҳсоли он маҳсулотҳо маводи пектин аз хориҷ дастрас мегардад. Ҳоло олимони Институти кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияи коркарди пектинро аз ашёҳои гуногун- боқимондаҳои меваҷот (себ, лиму, зардолу, шафтолу ва дигарҳо) ва сабадчаи офтопараст ихтироъ намуданд [13, 14].

Полисахаридҳои пектинӣ ва  сафедаҳо ҳамчун полимерҳои табиии вайроншаванда ва пайвастагиҳо ҳосилкунанда дар истеҳсолоти фармасевтӣ барои тавлиди СИД васеъ истифода бурда мешаванд. Барои ба таври зарурӣ ба ҷои лозимӣ расонидани доруворӣ зарур аст, ки интиқолкунандаи полимерӣ бояд дар сатҳи берунаи гузаргоҳи рӯдаву меъда вайрон нашавад (паҳн нагардад). Аз қобилияти гелофарии пектини камметиллӣ дар якҷоягӣ бо иони металҳо, маводи гелшаклеро меофаранд, ки барои тавлиди СИД дар шакли микросферҳо,   микрокапсулаҳо ва композитсияҳо маводи асосӣ ҳисобида мешавад.

Аммо дараҷаи баланди варамкунии гели пектинӣ дар шароитҳои физиологӣ бо сабаби васеъшавии сӯрохчаҳои он маводи дорувориро  пеш аз мӯҳлат аз худ озод менамояд. Пешгирии ин равандро аз ҳисоби зиёд намудани қисми гидрофобҳои тӯрҳои полисахаридӣ ва ба он бо роҳи физикавӣ ҳамроҳ намудани полимерҳои гидрофобӣ ба даст оварда шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими олимони кимиёгарӣ ватанӣ ( Институти кимиёи АИ ҶТ) дар ин соҳа мебошад [5-12, 15-20].

Истифодаи полисахаридҳои пектинӣ ҳамчун СИД бо шарофати дорои хусусияти ҳассосияти гидродинамикӣ дар маҳлули обӣ доштани онҳо, (аз ҳолати гурӯҳҳои карбоксилии звенаҳои полигалактуронҳо вобаста аст), дорои занҷирҳои шохадор аз полисахаридҳои нейтрал будани онҳо ва дорои қобилияти ҳосилкунии бандҳои дохилӣ ва байнимолекулавии онҳо, соҳаи инноватсиониро барои офаридани СИД, роҳҳои осон ва безарари расонидани маводи дорувориро ба роҳ монд. Онҳо интиқолкунандаи потенсиалӣ ва ба таъсири ферментҳои меъдаю рӯда тобовар буда, ба рӯдаи ғафс гузашта, дар он худ бо моддаҳои лозимаи микрофлораҳо-кислотаҳои равғанини кӯтоҳзанҷир табдил мегаданд [15] ва маводи доруворӣ дар он ҷо ба хун ҷабида мешавад, ки ин усулӣ нави гузаронидани дору ба хун аст.

Бо шарофати ин таҳқиқотҳои муосири илмӣ олимони Институти кимиё ба он муваффақ гардиданд, ки имрӯз дар ҷаҳони илм яке аз авалинҳо шуда, аз маводи растаниҳои ватанӣ модаҳои фаъоли биологиро ҷудо намоянд [16-20], ки аз ташхис ва истифодабарии онҳо дар рӯзҳои наздик шинос хоҳем шуд.

Дар хулосаи ин мақола бояд қайд намоем, ки ҳамаи хусусиятҳои олии биополимерҳо ба таҳқиқотчиён заминаи нави илмиро ба вуҷуд овардаанд ва месазад, ки дар рушд ва инкишофи омӯзиши хусусиятҳои хуфяи ин синфи олиии масолеҳҳои «зиндагисоз» ва «ояндасоз» бетараф набошем.

З.Қ. Муҳидинов,

д.и.к., профессор

Исмоилов И.Б.

унвонҷӯи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

АДАБИЁТ

  1. Krochta, J. M.; De Mulder-Johnston, C.; Edible and biodegradable polymer films: challenges and opportunity. Food Technol. 1997, 51, 61-74.
  2. Tharanathan R.N. Biodegradable films and composite coatings: past, present and future. Review/ Trends in Food Science & Technology. 2003, 14, p. 71–78.
  3. Liu W., Liu T., Xin J., Zhang J., Muhidinov Z.K., Liu LS. Properties of poly(butileneadipate-co-terephtalate) and sunflower head residue biocomposites. Journal of Applied Polymer Science, 2017, v.134 (13), p.44644-44651.
  4. Мухидинов З.К., Халиков Д.Х. Пектин – лечебно-профилактический продукт для здоровых и больных, Душанбе Обзор. информ / НПИЦентр. – 60с.
  5. Pillay V, Danckwerts M.P., Muhidinov Z.K., and Fassihi R. Novel Modulation of Drug Delivery Using Binary Zinc-Alginate-Pectinate Polyspheres for Zero-Order Kinetics Over Several Days Experimental Design Strategy to Elucidate the Crosslinking Mechanis. Drug Development and Industrial Pharmacy, 2005, 31, p.191–207.
  6. Штанчаев А.Ш., Мухидинов З.К., Насриддинов А.С, Бобокалонов Д.Т.,Тешаев Х.И. Халиков Д.Х Нерастворимые комплексы белков молочной сыворотки с различными пектинами / Доклады АН РТ, том 51 ,8, 2008, С. 607-614.
  7. Muhidinov Z.K,, Teshaev Kh.I, Kasimova G. F., Nasriddinov A.S., Liu LS. Pectin-Zein Hydrogels for delivery of Drugs and Nutrients. In Gum and Stabilizers for the Food Industry 16, RSC publishing, ed. P.A. Williams and G.O. Fillips P. 2012, 401-406.
  8. Muhidinov Z.K, Shamsara O, Bobokalonov JT, Goibobva ZV, Liu L.S. 12th International Hydrocolloids Conference “Functional hydrocolloids: The key to human health”. May 5th - 9th 2014 Taipei, Taiwan Microparticles coating through interfacial complexes of biopolymers in emulsion for delivery of drug and nutrients.
  9. Bobokalonov J. T., Liesiene J., Petrauskaite O., Muhidinov Z. K., Isupov S. J., Liu L. S.. Morphology of three -dimensional pectin/hyaluronic acid scaffolds Fabricated by lyophilization. Proceedings of the international conference “CHEMISTRY AND CHEMICAL TECHNOLOGY “ Kaunas University of Technology, 25 April 2014.
  10. Shamsara O., Jafari S.M., Muhidionv Z.K. Development of double layered emulsion droplets with pectin/ β-lactoglobulin complex for bioactive delivery purposes. Journal of Molecular Liquid, 2017, 243.
  11. Shamsara O., Jafari S. M., Muhidinov Z.K. Fabrication, characterization and stability of oil in water nano-emulsion produced by apricot gum-pectin complex. International Journal of Biological Macromolecules, 2017, 103, p. 1285-1293.
  12. Shamsara O., Muhidinov Z.K, Jafari S.M., Bobokalonov J., Jonmurodov A, Taghvaei M., Vollrath M.K. Effect of ultrasonication, pH and heating on stability of apricot gum–lactoglobuline two layer nanoemulsions. International Journal of Biological Macromolecules, 2015, 81, p. 1019-1025.
  13. ЕА Патент 016871, Способ получения пектина из подсолнечника опубл. 30 августа 2012г. бюл. №8. Мухидинов З.К., М.Л. Фишман, ЛШ Лиу.
  14. UA 70046. Processing Line for Pectin Production. мая 2012, бюл.№10. Мухидинов З.К., М.Л. Фишман.
  15. Бобокалонов Д.Т. Фармакокинетика новых лекарственных форм пироксикама : дисс… канд. биол. наук : 14.03.06 / Бобокалонов Джамшед Толехмуродович ; Душанбе, 2011. – 100 л.
  16. Ашуров А.И., Усманова С.Р., Мухидинов З.К., Лиу Л.Ш..Биологически активные компоненты корнеклубней эремуруса гиссарского (Е. hissaricus) Известия высших учебных заведений. Пищевая технология, 2018, №1 (361), ст. 35-38.
  17. Muhidionov Z.K., Bobokalonov J.T., Ismoilov I.B., Liu LinSu, Strahan G, Hotchkiss A.T. Characterization of a polysaccharide from Eremurus hissaricus roots growing in Tajikistan. 7th World Congress on Biopolymers and Polymer Chemistry, June 03-June 08, 2018, Osaka , Japan.
  18. Мухидинов З.К., Усманова С.Р., Носирова Ф.Ю. Перспективы изучения прополиса в Таджикистане. Вестник Авиценны. 2017,том 19, № 3, ст. 413-421.
  19. Jonmurodov, A., Bobokalonov, J., Usmanova, S., Muhidionv Z.K., and Liu, L.S. Value Added Products from Plant Processing. Agricultural Sciences, 2017, vol.8, p.857-867.
  20. Бобокалонов Д.Т., Усманова С.Р., Исмоилов И.Б., Шерова З.У., Мухидинов З.К. Изучение полифенольных соединений корнеклубней  Эремуруса Гиссарского (E. Hissaricus)  методом капиллярного зонного электрофореза. Актуальная биотехнология 2018 (дар дасти чоп аст).
Хондан 3773 маротиба