JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 21 Июни 2018 12:04

Об зару Тоҷикистон заршинос

 (Ба ифтихори конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028” ва рӯзи Ваҳдати миллӣ)

  Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин  сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебаранд. Онро метавон чун ганҷинае  донист, ки тамоми башарият аз он  истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизої мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта месабзанд. Мо метавонем онро чунин маъниндод карда бигӯем, об як маҳлулест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе  дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Ва лизо, он аз унсури муҳими табиат буда, дар тамоми ҳаёти башарият нақши муҳимеро иҷро менамояд.

Чоршанбе, 20 Июни 2018 10:33

Инсоншиносӣ ва қобилияти шинохт

  Як ҳақиқати бебаҳсе вуҷуд дорад, ки он барои ҳамаи инсонҳо ҳамаи замонҳо баробар аст. Ҳар як инсон асосгузори тақдири худ аст. Дар навбати дигар ҳеҷ кас дониста наметавонад, ки оянда ӯро чи гуна ҳодисаҳо интизоранд. Аз азал барои то ҳадди охир донистани инсон кӯшишҳои идеалӣ карда шудаанд. Аммо ин кӯшишҳо то ҳадди охир ба шинохти табиати инсонҳо ноил нагаштаанд. Агар мо ҳама чиро дар бораи одамон медонистем, ҳоҷати навиштани асарҳо ва баҳсу мунозираҳо набуд. Зеро аз нигоҳи инсоншиносӣ «чунон ки офтоб ба ҳар як атоми эфир кураи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорас мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои инсон ақлнорас хизмат кунанд».[1] 

   Аҳамияти сармоягузории дохилӣ метавонад бо тадриҷ ва ҳамзамон бо афзудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ бештар гардад. Омилҳои асосии зиёд намудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳо дар саноати кишвар инҳо маҳсуб дониста мешаванд: корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ, қарзҳои хориҷии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, грантҳои хориҷӣ, сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ, таъсиси филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ, вусъатёбии дарозмуддати кредитӣ, истифодаи захираҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ.

 Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Сӯйистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайси васила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ ва марзи дунёмадорӣ (секуляризм) низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯӣ созмон меёбанд ва сохтори сиёсӣ ва давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи кор ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо  амалӣ мегардад.

Китобҳо