JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Сентябри 2018 05:14

Босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад (Чанд мулоҳиза дар атрофи шармандагии намояндагони ТЭТ ҲНИ дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава)

Муаллиф:

   Имрӯзҳо дар шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи САҲА «Оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ» кори худро идома медиҳад. Дар он ҳудуди 1200 вакил аз 57 кишвар ширкат дошта, ҷанбаҳои гуногуни таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳудуди кишварҳои узви созмонро баррасӣ менамоянд. Роҳбарияти фирории ТЭТ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош карданд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи ҲНИ аз ин фурсат истифода намуда, баъзе ҳадафҳои нопоки худро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон дар доираи ин ҷаласа амалӣ намоянд. Аммо, дар асл, ин ҷаласа ба саҳнаи шармандагии ин гурӯҳи экстремистию террористӣ ва ҳаммаслакони он табдил шуд.

  Дар рӯзи пеш аз оғози ҷаласа, яъне 9-уми сентябр, наҳзатиён ҳамон ҳиллаи қадимии худро ба кор бурданӣ шуда, худашон бо худашон қарордод баста, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте бо огоҳӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТЭТ ҲНИ, ягон ташкилоти мухолифи ҳукумат дар хориҷа ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуд, мувофиқи нақшаи хоҷагони худ роҳбарияти ҲНИ худашон аз ҳисоби аъзо ва муздурони худашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худашон бо худашон «эътилоф» ташкил карданд. Бинобар ин, огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистию террористӣ эҷод шудааст.

  Баробари оғоз шудани ҷаласа, дар рӯзи 10-уми сентябр, мизбонон эълон намуданд, ки намояндагони кишварҳои узви САҲА ба ин ҷо барои дар фазои ороми корӣ гӯш кардани фикру мулоҳизаҳои ҳамдигар омадаанд ва аз ин рӯ, дар дохил ва атрофи макони баргузории он барпо намудани намоишҳои эътирозӣ ва барҳам додани тартиботи умумӣ манъ мебошад. Ин қоида нишон дод, ки тамоми кишварҳои узв аз ҳузуру назмшикании ин гурӯҳаки авбошу беадаб хаста шудаанд. Зеро солҳои гузашта намояндагони ТЭТ ҲНИ аз фазои озод истифода намуда, бо  ташкили эътирозу намоишу сарусадоҳо дар дохили толори маҷлисгоҳ ба кори ин ҷаласаи байналхалқӣ халали ҷиддӣ ворид менамуданд. Аммо имсол, вақте ду намояндаи ин ташкилот талош карданд, ки назми маҷлисро вайрон кунанд, аз тарафи роҳбарияти  маҷлис аз толор берун ронда шуданд. Масъулини САҲА намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро огоҳ карданд, ки дар ҳолати такроран халалдор намудан ба кори конференсия, онҳо аз ҳуқуқи ширкати минбаъда дар чорабинӣ пурра маҳрум мегарданд.

  Ин муқаррароти нав, тамоми нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, зеро онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Бинобар ин, ҳоло ТЭТ ҲНИ қарор кард, ки намоишҳои худро садҳо километр дуртар аз Варшава, дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Латвия баргузор намояд.

  Мазмуни суханрониҳои намояндагони ТЭТ ҲНИ ва ташкилотҳои сунъии ҳошияи он низ нишон дод, ки имсол ҳам онҳо ягон ҳарфи ҷиддии гуфтанӣ ва ягон сухани нав надоранд. Баръакс, суханрониҳои Варшава баъзе ҳақиқатҳои  таърихиро ошкортар намуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи таъсисии «Паймони миллии Тоҷикистон» раиси ҲНИ М.Кабирӣ ба таври расмӣ эътироф кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-уму 3-юми асри гузашта мебошад. Ӯ ҳаракатҳои мухолифини таърихиро классификатсия намуда, таъкид кард, ки наҳзатиён дар насли дуюми босмачиён буда, кору равишу ормонҳои онҳоро давом медиҳанд. Ӯ худ ва наҳзатиёни фирорӣ дар Аврупоро насли сеюми босмачиён номид.

  Ин ҳақиқат, яъне аз ҳама ҷиҳат идомаи ҳаракати роҳзанию зиддимиллии босмачиён будани наҳзатиёнро муҳаққиқон хуб медонистанд, аммо аз тарафи раиси ҲНИ расман қабул шудани ин ҳақиқат онро хеле рӯшантар намуд. Шояд ин ягона сухани рости М.Кабирӣ дар Варшава буд.   

  Суханрониҳои намояндагони ҲНИ ва муздуронашон дар доираи худи ҷаласаи солонаи САҲА низ саросар пуч ва бемазмун буданд. М.Кабирӣ хост аз минбари ин ҷаласа истифода намуда, ҳамон шиорҳои умумии худ дар бораи гӯё нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро такрор кунад, аммо ягон чизи мушаххасе гуфта натавонист. Бинобар ин, раисикунанда сухани ӯро қатъ намуда, таъкид кард, ки дар доираи мавзӯи ҷаласа сӯҳбат кунад.

  Гадоев Шарофиддин, ки худро намояндаи ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» муаррифӣ кард, аз САҲА хоҳиш намуд, ки расонидани кумаку грантҳоро ба Тоҷикистон қатъ намуда, нисбат ба ҳукумати кишвар таҳримҳо қабул гарданд. Хиёнат ба ҷое расид, ки касе, ки бо нону намаки Тоҷикистон бузург шудааст, аз бегонагон хоҳиш кунад, ки ватани ӯ ва халқи ӯро таҳрим кунанд. Бешубҳа, чунин афроди ватанфурӯшу миллатбохта дигар ҳатто ҳуқуқ надоранд, ки калимаҳои муқаддаси «ватан», «Тоҷикистон» ва «тоҷик»-ро ба забон оранд. Зеро, ин мавқеи зиддимиллии Ш.Гадоев нишон дод, ки акнун ӯ аз ин мафҳумҳои барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас пурра ҷудо шудааст. 

  Собиқ роҳбари бахши ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд Ёқубов Илҳомҷон, ки бо супориши М.Кабирӣ акнун худро роҳбари «Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо» меномад, низ зидди давлату миллати худ суханронӣ намуда, хоҳиш кард, ки зидди Тоҷикистон «рӯйхати Магнитский», яъне таҳримҳои иловагӣ қабул карда шавад.

 Баъди суханрониҳои намояндагони мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон модератор таъкид кард, ки дар баромадҳои Шумо асосан зиёдаравӣ ҷой дошта, далелҳои мушаххас мавҷуд нест.

 Ҳамаи ин бори дигар нишон дод, ки бо вуҷуди моҳҳо тайёрӣ ва ташкили ситоди махсус, наҳзатиҳо ва муздурони онҳо дигар чизе барои гуфтан надоранд. Наворе, ки онҳо дар ҳама ҷо бо як мазмун пахш мекарданд, акнун кӯҳна шудаву аз истифода афтодааст. 

 Хулоса, чанд рӯзи аввали ҷаласаи Варшава нишон дод, ки дигар аз он нозу эркагии ТЭТ ҲНИ дар оғӯши САҲА ва аз он навозишу ҳимояти ошкори хоҷагони ғарбияш нишоне нест. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз моҳияти воқеии ин гурӯҳаки террористӣ рӯз аз рӯз ба таври амиқтар огоҳ шуда, рӯз аз рӯз аз он фосила мегирад.

 Дар тӯли ин ҳамоиш, ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳиди он шуд, ки ТЭТ ҲНИ идомаи мантиқӣ ва қисми таркибии ҳаракати байналмилаии террористӣ буда, ягон чизи нав барои гуфтан надорад. Дигар касе дар ин доираҳо ба ҳиллаю найранг, шиору суханрониҳои пуч ва изҳороту баромадҳои онҳо, ки мақсади ягонаи он ба даст овардани маблағу грантҳои нави кишварҳои иштироккунанда мебошад, аҳаммияте намедиҳад.

  Ҳамин тавр, ҷаласаи солонаи САҲА ба саҳнаи шармандагии комили ТЭТ ҲНИ табдил шуда, ин ташкилоти экстремистию террористиро як қадами дигар ба ҳошияи таърих гусел кард.

  Дар ниҳоят, ба ифротгароёну террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошед, бояд дарк намоед, ки давраи аврупоии шумоён ба охир расида истодааст. Бояд дарк кунед, ки босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо ҳаргиз аврупоӣ намешавад. Ба наздикӣ тамоми Аврупо, ки аз моҳияти террористии шумо безор аст, шуморо ба ҷойи лозимӣ хоҳад фиристод. Бинобар ин, беҳтар аст, ҳарчи тезтар ба ҳамон Қуму Теҳрони худ баргардед, ба ҷойе, ки обу нону билету барномаю вазифаҳои шуморо таҳия мекунанд, ба ҷое, ки шумо ҳанӯз истифода доред. Албатта он ҳам муваққатист.

 Абдулло Ғафуров,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Хондан 1516 маротиба