JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Фалсафа ва илми Юнони атиқа аз асрҳои VII - VI пеш аз милод оғоз гардида, ибтидо дар шаҳр - давлатҳои юнонӣ, яъне қисмати ғарбии Осиёи Хурд, баъд аз он дар шаҳрҳои Италияи ҷанубӣ, ҷазираи Ситсилия ва ахиран дар худи Юнон, дар шаҳри Афина арзи ҳастӣ намудааст. Фалсафаи атиқии Юнон, ин маҷмӯи таълимоти фалсафиест, ки давраи хеле ҳам тӯлонӣ, яъне аз асри VII пеш аз милод то асри VI - и милодиро дар бар мегирад. Омӯзиши таърихи фалсафа ва илм нишон медиҳад, ки пайдоиши илми Юнонзамин ба илму фарҳанги Шарқи бостон пайванди ногусастанӣ дорад. Хусусан, пайдоиши тамаддун, хат, асотир, баъзе нишонаҳои илм оид ба ҳодисоти табиату фалсафа дар Миср, Вавилон, Бобулистон, Ҳинд, Чину Эрон ба ташаккули илм ва фалсафаи Юнон таъсири амиқ гузоштаанд. Ҷиҳати фарқкунандаи фалсафаи Юнони атиқа робитаи бевоситаи он бо табииёт мебошад, ки дертар дар ин замина илмҳои астрономия, физика ва зоология ба вуҷуд омаданд. Ва ин тараққиёти илмҳои ҷудогона ба соҳаҳои мухталифи ҳунармандӣ, тиҷорат, санъат, адабиёт ва фарҳанг низ таъсири калон расонида, нақши онҳоро баланд мебардоштанд. Ҳамин тариқ, омӯзиши мероси гаронбаҳои илму фалсафаи Юнони қадим моро ба олами беканори илму фарҳанг ва афкори безаволи мутафаккирони он ошно месозад, ки мо иддае аз онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳем дод.

Дар тамоми қисмҳои физика аз механикаи классикӣ сар карда то механикаи релятивию квантӣ инсон танҳо ба як масъала рӯ ба рӯ мегардад, ин ҳам бошад, тағйирёбии ҳолати системаи дилхоҳ бо гузаштани вақт аст. Дар қисми механикаи классикӣ танҳо тағйирёбии раванди макроскопиро муайян мекунанд, вале тарзи ҳалли масъала мухталиф аст. Дар механикаи Нютон - Галилей ё механикаи классикӣ тағйирёбии система дар зери таъсири қувваҳои беруна ба амал меояд, дар физикаи молекулавӣ ва термодинамика бошад, баръакс. Агар дар механика тағйирёбии ҳолати система аз рӯи се қонуни Нютон, дар астрономия ҳаракати сайёраҳо дар атрофи Офтоб аз рӯи се қонуни Кеплер муайян карда шавад, монанд ба ҳамин дар физикаи молекулавӣ ҳолати раванд (протсесс) аз рӯи се қонуни термодинамика муайян карда мешавад.     

  Илм шакли махсуси фаъолияти амалии табиатомӯзии инсон мебошад. Илм - ин як шакли фаъолияти умумии инсон аст, ки вазифаи асосии он коркарди назария ва усулҳои дарк намудани олам буда, ё бо ибораи дигар ба танзим даровардани донишҳо дар бораи олами моро иҳотакунанда ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ҷустуҷӯҳои илмӣ донистани ҳақиқати объективии олам мебошад. Ҳама гуна олам бо сабаби воқеияти обективӣ буданаш мутлақу ягона аст. Аммо донишҳои илмии инсон дар бораи табиат нисбӣ ва номукаммалу маҳдуданд. Ҳақиқати мутлақ бошад, ин аниқу пурра донистани воқеият мебошад. Дониши нисбии инсон низ вобаста ба дараҷаи инкишофаш ҳақиқати мутлақро то андозае таҷассум намуда, то ҳудуди муайян бо он ба тадриҷ наздик мешавад.

  Илм - яке аз соҳаҳои фаъолияти маънавии инсон буда, вазифаи муҳимтарини он ба вуҷуд овардан ва мураттаб сохтани донишҳо роҷеъ ба табиат, ҷамъият, инсон ва тафаккури вай мебошад. Илм чунин фаъолияти инсонро тақозо менамояд, ки дар ҷараёни он доир ба ин ё он тарафи олам дониш ҳосил карда шавад. Ва ҳамаи шаклҳои фаъолияти бошууронаи инсоният ба ҳамдигар сахт алоқаи зич доранд. Илмҳои табиатшиносӣ ҳамчун як шакли фаъолияти инсон ба шаклҳои дигари фаъолияти ҷамъиятӣ, бо иқтисоду истеҳсолот, фарҳангу сиёсат, адабиёту санъат, дину ахлоқ ва ғайра робитаи ногусастанӣ доранд. Пешрафти иқтисодиёти ҷомеа пеш аз ҳама ба дараҷаи пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ таъин мешавад. Дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва воситаҳои истеҳсолот бошад, ба пешрафти илмӣ - техникии ҷомеа вобаста буда, асоси ин пешрафтро дастоварду ихтирооти илмҳои табиатшиносӣ ташкил медиҳад. Дар замони муосир на танҳо иқтисоду истеҳсолот, балки ҳаёти одамонро бе истифодаи нерӯи барқ, ки дар заминаи кашфи илқои (индуксияи) электромагнитӣ ва назарияи электродинамикӣ амалӣ шудааст, тасаввур намудан амри маҳол аст.

Китобҳо