JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота кардаанд - фазои беинтиҳои коинот, галактикаҳои бешумор, Офтоб ва ситораҳо, сайёрҳо ва Замини мо, ҷисмҳои рангоранги органикию ғайриорганикӣ - ҳаво, об, ҳайвоноту наботот ва инчунин, ҳамаи он ашёҳои бо дасти инсон сохташуда табиатро ташкил менамоянд. Худи инсон низ як ҷузъи ҳамин табиат аст. Ва ин табиат ҳеҷ гоҳ бетағйир намемонад. Дар он ба таври бефосила ва бардавом ҳар гуна тағйирот рӯй медиҳад. Барои мисол, ситора ва дигар ҷирмҳои осмонӣ на ин ки мавқеи худро дар коинот дигар мекунанд, балки онҳо нопадид мегарданд ва аз нав намудор мешаванд, ҳатто хосиятҳои худро тағйир медиҳанд. Ивазшавии шабу рӯз, фаслҳои сол, тағйирёбии боду ҳаво ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Гармӣ хунукиро иваз мекунад, як модда ба моддаи дигар табдил меёбад, моддаҳои мухталиф дар шароитҳои гуногун сахт, моеъ, газ, плазма шуда метавонанд ва ҳоказо.

  Дар замони муосир соҳаҳои мухталифи илм ба ҳам то рафт наздиктару алоқамандтар шуда истодаанд. Дар заминаи ба ҳам наздик шудани шохаҳои илмҳои гуногун дар солҳои охир илмҳои нави муштарак, аз қабили физикаи химиявӣ, физикаи биологӣ (биофизика), физикаи геологӣ (геофизика), химияи биологӣ (биохимия), кибернетика, геоинформатика, биоинформатика, евгеника ва ғайраву кашфиёти илмии сарҳадӣ ба миён омаданд. Мисоли хуби тасдиқи ин гуфтаҳо, пайдоиш ва инкишофи илми нав - синергетика мебошад. Дар синергетика дастовардҳои илмҳои гуногун, аз алгебра, физика, астрофизика, химия, биология, геология ва иқтисод истифода мешаванд. Мавзӯи асосии ин риштаи илм дарки ҷараёни ташаккули худмураттабии системаҳои кушод аст. Ин ҷо пурсише ба миён меояд, ки системаҳо чӣ тавр аз як ҳолати бенизомӣ ба дараҷаи низоми мукаммал меоянд? Барои инсон бисёр аҷиб аст, ки чӣ тавр аз чанги фазои кайҳонӣ сайёраву ситораҳо, галактикаҳо, чӣ тавр аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ба вуҷуд меоянд ва ҳаёти воқеӣ пайдо мешавад. Бояд таъкид кард, ки дар табиат ва ҷомеа тамоми системаҳои мавҷуда кушод буда, хосияти ҳамтаъсироти онҳо таназзулу пешрафти табиату ҷамъиятро таъмин менамояд.

  Тамоми қонунҳое, ки дар механикаи классикӣ омӯхта мешаванд, характери универсалӣ доранд, яъне ин қонунҳо ба ҳама объектҳо тааллуқ доранд. Масалан, ҳаракати механикӣ шакли аз ҳама оддитарин ҳаракат буда, хоси тамоми ҷисмҳои хурду калон мебошад. Қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ бошад, ба ҳама ҷисмҳо новобаста аз ҳаҷму вазнашон татбиқшаванда аст. Хусусияти фарқкунандагии қонунияти мазкур аз он иборат аст, ки пешгӯиҳои дар асоси ин қонунҳо ба даст меомада тавсифи дуруст ва як қимат доранд. Ин гуна қонунҳоро қонунҳои динамикӣ меноманд. Дар нимаи дуюми асри XIX, яъне баъд аз инқилоб дар табиатшиносӣ дар илм қонунҳое пайдо шуданд, ки пешгӯиҳои дар асоси онҳо ба амал меомада якқимата набуда, балки характери эҳтимолӣ доранд. Характери эҳтимолӣ доштани ин қонунҳо боиси он гардид, ки солҳои аввал онҳоро дар илм ҳамчун қонун қабул намекарданд. Танҳо пас аз он, ки механикаи квантӣ ҳамчун илм бунёд гардид, муносибат ба ин қонунҳо куллан тағйир ёфта, онҳоро қонунҳои статистикӣ номиданд. Дар замони муосир ин гуна қонунҳо дар физика, биология, геология, демография, фаъолияти суғурта, статистикаи иҷтимоӣ ва дигар илмҳои табиию гуманитарӣ низ васеъ истифода мешаванд.

 Илму дониш зодаи табъу завқи қавму нажоди ҷудогона набуда, дар заминаи ҷустуҷӯҳои насл ба насли муҳаққиқони халқу миллатҳои мухталиф сурат гирифтааст ва ба ин маънӣ аз аввал тамоюли байналхалқӣ дошт. Ин нуктаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии мутафаккирони тоҷику форс ба таври хеле мухтасар шарҳу тафсир медиҳем.

Китобҳо