JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои бесарунӯг ва аслан бемаъние доман паҳн кардаанд ва ҳар кадом аз ашхоси гуногун дар дохил ва хориҷи кишварамон  кӯшиш мекунад ба савол дар бораи он ки забони мардуми Тоҷикистон бояд чӣ ном дошта бошад, аз рӯи фаҳмиши худ посух бигӯяд. Дар ин бора – нигориши  навбатии президенти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ:

Сешанбе, 02 Январи 2018 04:58

Морфологияи инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Морфологияи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Назми форсӣ аз замони пайдоиш, ки онро пас аз истилои араб медонанд, то имрӯз даврони мухталифро аз сар гузаронид. Ибтидо назми форсӣ содаву равон буд ва бо мурури замон аз содагӣ ба мураккабӣ тамоюл пайдо кард. Вобаста ба давру замон сабкҳои шеърӣ низ иваз шуданд. Назми форсӣ дорои шаклу санъатҳои гуногуни шеърӣ гардид. Шуаро дар тамоми намуди санъатҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда, доди суханро доданд ва забони миллии худро аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал расониданд.

Нуқтаи  бо ҳам пайваст шудани арзишҳои динӣ ва миллӣ  ин ҳаёти  ин дунёии  инсон аст ва танҳо дар раванди ҳаёти воқеии инсон  нақш доранд. Ҳаёти инсон динро маънӣ медиҳад ва берун аз ҳаёти инсон дин моҳияту маъно пайдо карда наметавонад ва ҳатто охират инъикос ва ҷамъбасти аъмоли ин дунё аст.

Бояд зикр намуд, ки ҳувияти миллӣ дар такя ба заминаҳои таърихи рушд меёбад ва дар раванди рушди иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа ва ташаккули шуури миллӣ нақши бориз дорад. Маҳз бо таҳкими ҳувияти миллӣ ҳар кас як ҷузъи миллат будани худро дарк мекунад ва дар амал татбиқ намудани  сиёсати давлати миллиро вазифаи худ бояд шуморад ва барои ягонагии миллат, худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ кӯшиш намояд. Бояд зикр кард, ки  фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ, ҷашну маросимҳо арзишҳое ҳастанд, ки  дар рафти  ҳаёти инсон ташаккул меёбанд ва онҳо таҷассумгарӣ ҳаёти ин ё он миллату қавм мебошанд ва сабаби бақои миллат  дар раванди таърих мебошанд. 

Китобҳо