JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Апрели 2025 06:42

Наврӯзи бостонӣ ва ҳамбастагии миллӣ

Муаллиф:

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд  рӯзи 5 апрели соли 2025, соати 10:30 дар маҷлисгоҳи АМИТ баргузор гардид)

Дипломатияи муваффақ пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як давлат, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ пешбурди дипломатияи муваффақ — ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилоте аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди асосӣ дар дипломатияи муваффақ — ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.

    Баҳор ва Наврӯз дар сиришту табиату зоти мо тоҷикон ҷо гирифтааст ва наметавон онро аз хотираи таърихӣ ва ҳофизаи миллӣ зудуд. Ҳарчанд ки дар шароити муосири пешрафти босуръати илму фановарӣ ҳеҷ коре иҷронанашуданӣ нест, баръакс, ҳар кори саъбу душвореро ҳам метавон саҳлу осон кард ва дар ин замина, метавон шодбошию хушҳолиҳои чандҳазорсолаи моро ҳам ба коми фаною нобудӣ даркашид. Аммо боз ҳам ҳамин Наврӯз ва ҳамин баҳори ҳамешасабзи Ватан наҷотбахши мо буда метавонад, агар мо, воқеан, дар пайи ҳифзу нигаҳдошт ва тарғибу ташвиқу густариши он пайваста иқдом намоем. Дар зимн, ҳамин ҳолу ҳавои баҳорию Наврӯзист, ки бо рангомезиҳои лолазору гулистону бустонаш зиндагии моро зебу зинату маъно бахшида, ба самту сӯйи муносибе равона месозад. Ба ин маъно:

      Накуйи расму роҳу пешаи мост,

    Хирад парвардаи андешаи мост.

Китобҳо