JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Феврали 2024 05:40

Астероидҳо: хатари онҳо ба Замин ва роҳҳои батарафкунии хатар

Муаллиф: Ҳусейн Асоев

  Аввалин астероидро 31 декабри соли 1801 олими итолиёвӣ Ҷузеппе Пиатси кашф намуд. Онро Серера ном ниҳоданд. Серера калонтарин астероид ба шумор меравад, ки андозааш ба 977 км баробар аст. Масофаи миёнаи байни Офтобу Серера ба 2,77 в.а. (1в.а. – 1 воҳиди астрономӣ = 150 млн. км) баробар аст. Ногуфта намонад, ки ҳоло Серераро ба гурӯҳи паканасайёраҳо дохил намудаанд. Истилоҳи астероид аз калимаи юнонии астро-«ситора» ва оид «монанд» гирифта шуда,  маънояш «ситорамонанд» мебошад. Истилоҳи астероидро олими машҳури асри 18  Уилям Ҳершел ба илми ситорашиносӣ дохил кард. Азбаски ин ҷирмҳо ҳангоми бо телескоп мушоҳида кардан  чун ситораҳо медурахшанд, бинобар ин онҳоро бо чунин истилоҳ номгузорӣ кардаанд.

  Мувофиқи муқаррароти Иттифоқи ҷамъияти астрономҳо, астероид ин ҷисми сахтест, ки андозааш аз 1 м зиёд ва аз  паканасайёраҳо хурд буда, дар фазои байнисайёравӣ ҳаракат мекунад ва ҳеҷ гуна фаъолият, ба монанди партоби газ, чанг ё тавлиди метеороидҳо нишон намедиҳад.

  Астероидҳо чун кометаҳо, ҷисмҳои метеороидӣ муҳити байнисайёравӣ ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ дохил мешаванд. Азбаски андозаи онҳо  аз андозаи сайёраҳо хело хурд аст, бинобар ин онҳоро сайёраҳои хурд низ меноманд. Қутри астероидҳо дар ҳудуди аз даҳҳо метр то ҳазор км мехобад.  Астероидҳо  ҷисмҳои сахти санги буда, ба монанди сайёраҳо аз рӯи мадори эллипсӣ дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунанд.

Мақоларо муфассалтар дар шакли pdf боргирӣ намуда мутолиа намоед.

Хондан 1513 маротиба