JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Октябри 2020 06:05

Квазарҳо

Муаллиф: Асоев Ҳусейн

  Дар соли 1963 диққати олимонро ҷирмҳои ситорамонанде ҷалб намуданд, ки онҳо манбаъи пурзӯри афканишоти радиогӣ буданд. Пас аз он, ки спектри ин ҷирмҳо тањлил карда шуд, маълум шуд, ки  ин ҷирмҳо аз Замин дар масофаҳои  миллиардҳо соли рӯшноӣ ҷойгиранд. Баъдан чунин объектҳоро квазарҳо номиданд.

  Истилоҳи англисии квазар (quasar) аз калимаи quasistellar ва radiosource  гирифта шуда, маънояш «квазиситора» , «Ба ситора монанд»  ё («радиоманбаъ») мебошад. Ба шакли тарҷумаи тањтуллафзиаш «квазиситораҳои радиоманбаъ» мебошад. Квази маънояш монанд аст. Ба таври хеле сода гӯем ин объектҳо ҷирмҳои ситорамонанде, мебошанд, ки онҳо манбаъи пурзӯри афканиши мавҷҳои радиогӣ мебошанд.

Расми 1. Квазар

  Лағжиши сурхи спектралии квазарҳо нисбат ба ситораҳо ва галактикаҳои наздик хеле зиёд аст. Лағжиши сурхи спектралии квазарҳо ин ифодагари он аст, ки ин объектњо бо суръати хеле зиёд аз мо дур шуда истодаанд. Масофаи байни Замин ва квазарҳоро ба воситаи лағжиши сурхи спектралиашон чен мекунанд. Квазаре, ки лағжиши сурхи спектралиаш ба 0,2 баробар аст, он аз мо бо суръати 60 000 км/с дур мешавад.  Ҳар қадаре, ки квазар, галактика ва умуман объект аз мо дар масофаи дур воrеъ бошад, суръати дуршавии он ҳамон қадар зиёд мешавад. Масалан агар объект аз мо дар масофаи 10 миллиард соли рӯшноӣ воrеъ бошад, суръати дуршавии он ба 230 000 км/с баробар мешавад. Квазарҳо аз мо дар масофаҳои миллиардҳо соли рӯшноӣ  ҷойгиранд. Квазарҳое, ки аз мо дар масофаи 13 – 13.5 млрд. соли рӯшноӣ  ҷойгиранд, суръати дуршавиашон ба суръати рӯшноӣ наздик аст.

 

  Масофаи байни Замин ва квазари наздиктарин ки 3С 273 ном дорад, ба 1,9 млрд. соли рӯшноӣ мерасад. Қадри зоҳирии ситорагии ин квазар ба 13m баробар аст. Чунин квазарро бо телескопи на онқадар калон мушоҳида кардан мумкин аст. Афканиши ин квазари наздиктарин аз афканиши Офтоб қариб 1,4 триллион маротиба зиёд аст. Миқдори энергияе, ки ин квазар дар як сония меафканад, ба миқдори энергияе баробар аст, ки онро Офтоб дар муддати  44 000 сол меафканад. Камшавии массаи ин квазар дар муддати як сония аз ҳисоби афканишаш ба 6 × 1018 тонна баробар аст. Ин квазар дар муддати 16,6 дақиқа баробари массаи Замин массаашро талаф медиҳад. Ин квазар аз мо бо суръати 48 000 км/с дур шуда истодааст. Қадри мутлақи ситорагии ин квазар тақрибан ба  – 26m баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки агар ин квазар аз Замин дар масофаи 10 парсек  ё  32,6 соли рӯшноӣ ҷойгир бошад, баробари равшании Офтоб ба мо равшанӣ медиҳад. Ҳоло он, ки худи Офтоб аз чунин масофа як ситораи ба зӯр дидашаванда менамояд.

  Квазарҳо андозаи наонқадар калон дошта, андозаашон на зиёда аз 100 - 150 воҳиди астрономиро ( 1 воҳиди астрономӣ ба масофаи миёнаи байни Замину Офтоб баробар аст. ) ташкил медињад. Бо вуҷуди андозаи хурд доштанашон квазарҳо манбаъи пурзӯри афканиш мебошанд. Дурахшонии квазарҳо ба  1039 — 1040 Вт/с мерасад.  Афканиши баъзе аз квазарҳо чунон баланд аст, ки он ба афканиши  ҳазорҳо галактика ҳамчун галактикаи мо баробар аст.  Иқтидори афканиши миёнаи квазарҳо ба зиёда аз  10 триллион  афканиши Офтоби мо баробар мешавад.  Квазари  3С9, ки аз мо дар масофаи 12 миллиард соли рӯшонӣ қарор дорад, иқтидори афканишаш ба 1038 Вт/с  баробар аст, ки ин ба 250 миллиард афканиши Офтоб баробар аст. Миқдори энергияи гармии ҷудокардаи  ин квазар дар як сония  ба миқдори энергияе баробар мешавад, ки  чунин энергияро Офтоб дар тӯли тақрибан 10 000 сол истеҳсол мекунад.

  Квазарҳое афканишашон миёна ҳисобида мешавад, афканишашон  ба  1039 Вт/с  мерасад, ки  ин аз афканиши Офтоб 10 триллион маротиба зиёд аст. Миқдори энергияе, ки ин  квазарҳо дар муддати як сония људо мекунанд, чунин энергияро Офтоб танҳо дар муддати 100 000 сол истеҳсол мекунад! Массаи квазарҳо миллионҳо ва миллиардҳо массаи Офтобро ташкил мекунад.

 

 

  Яке аз хусусиятҳои хоси квазарҳо дар тағйирёбии афканиши оптикӣ ва радиогии онҳо зоҳир мегардад. Лаппиши дурахшонии онҳо ба таври нодуруст, дар муддати як сол, як моҳ ва ҳатто як ҳафта ба амал меояд.

  Андозаи кунҷии хурд  доштани квазарҳо, тақсимоти энергияи онҳо дар спектр ва  тағйирёбии афканиши оптикӣ ва радиогӣ, ки баъзан вақт  дар квазарҳо мушоҳида мешавад, аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ядрои фаъоли галактикаҳо мебошанд. Квазарҳо инҳо  ядрои фаъоли галактикаҳо мебошанд.  

  Механизми ҳосил кардани  чунин энергияи бағоят бузург аз тарафи квазарҳо ва ядрои фаъоли галактикањо онқадар маълум нест. Ягона фарзияи афканишоти бузурги ин объектҳо чунин аст: чи тавре, ки дар боло ишорат кардем, квазарҳо ядрои фаъоли галактикаҳо мебошанд. Дар маркази галактикаҳои ядрои фаъолдошта вартаи сиёҳ (черная дыра) мавҷуд аст. Механизми афканиш ва энергияи гармӣ истеҳсолкунандагии  квазар на хусусияти реаксияҳои термоядроӣ, балки он хусусияти ҷозибавӣ дорад. Яъне афканиши квазарҳо на аз ҳисоби реаксияҳои термоядроӣ, балки аз ҳисоби фишурдашавии ҷозибавии газ ба амал меояд. Мувофиқи ҳисоботҳо афканиш аз ҳисоби фишурдашавии ҷозибавии газ дар квазарҳо нисбат ба реаксияҳои термоядроӣ,  ки дар ситораҳо амал мекунанд, хеле бартарӣ  дорад ва фаъолтар аст. 

  Вақте, ки гази атрофи квазар ба маркази он,  яъне ба вартаи сиёҳ меафтад, дар таҳти ҷозибаи бузурги он сахт фишурда шуда ҳарораташ бениҳоят баланд мешавад. Дар натиҷаи фишурдашавӣ ва баланд шудани ҳарорати газ он дар ҳудудҳои дидашаванда ва рентгении  рӯшноӣ ба афканиш кардан шурӯъ мекунад. Афканиши равшан асосан дар ҳалқаи гази тафсони аккресионие ҳосил мешевад, ки он бо суръати хеле баланд дар атрофи вартаи сиёҳ давр мезанад. Ин афканишот боиси ҷудошавии энергияи гармии зиёд шуда, боиси ба муҳити атроф партофта шудани плазмаи тафсон  ва фаъол шудани квазарҳо мегардад.

  Солҳои  90 – уми  асри гузашта ба воситаи мушоҳидаҳои заминӣ ва берун аз Заминӣ, ки барои  як қатор галактикаҳо гузаронида шуд,  муяссар шуд, ки суръати чархзании газ ва ситора дар масофаҳои  хурд (даҳҳо соли рӯшноӣ ) нисбат ба маркази галактика ҳисоб карда шавад. Массаи ғуншуда дар маркази галактика, ки аз рӯи суръати ҳаракати гази тафсон ва ситораҳои ба марказ наздик муайян шуд, хеле калон баромад. Массаи муайяншуда ба миллионҳо ва миллиардҳо массаи Офтоб баробар буд. Ин қимат ба фарзияи он,  ки дар маркази галактикаҳо новобаста аз он, ки ядрои фаъол доранд ё не вартаи сиёҳи бузургмасса мављуд аст, мувофиқ аст. Вобаста ба ин фаъолиятнокии ядрои галактика дар ҳамон вақт хеле зиёд мешавад, ки агар  дар наздикии вартаи сиёҳи галактика ба таври аккресионӣ чархзананда  миrдори зиёди газ мавҷуд бошад.

  Астрономҳо хатарнокӣ ва зарари  объектҳои кайҳониро нисбат ба Низоми офтобӣ  ва Замин омӯхта истода, ба хулосае омаданд, ки квазарҳо яке аз хатарноктарин ва зараровартарин объектҳо дар кайҳон ба шумор мераванд. Онҳо метавонанд ҳаётро дар Замин ва умуман Низоми офтобиро  нест кунад. Квазарҳо бо афканиш ва ҷозибаи бузурги худ метавонанд ҳатто галактикаи моро аз байн баранд.

  Астрономҳо квазарҳоро чароғҳои роҳнамои кайҳонӣ меноманд, зеро онҳо аз масофаҳои хеле дур намоён буда, то масофаҳои миллиардҳо соли рӯшноӣ фазои кайҳонро равшан мекунанд.

 

Чи тавре, ки дар боло қайд карда шуд, квазарҳо инҳо пурқувваттарин объектҳои афканишкунанда дар кайҳон мебошанд, ки дар марказашон вартаҳои сиёҳи бузургмасса ҷойгир аст. Квазарҳо аз он сабаб хатарноктарин ҷирмҳои кайҳонӣ мебошанд, ки онҳо дар натиҷаи њаракаташон объектҳои аз пешашон меомадаро пурра фурӯ мебаранд. Дар натиҷаи фурӯбарии объектҳои  атроф  андоза ва массаи он зиёд шудан мегирад. Вақте, ки массаи квазарҳо аз сабаби фурӯбарии объектҳои атроф зиёд шудан гирифта,  ба ягон  дараҷаи интиҳоии инкишофи худ мерасанд, онҳо ба таркишҳои бузург дучор мешаванд. Дар натиҷаи таркиш  аз квазар ба фазои кайҳон миrдори бениҳоят зиёди энергия партофта шуда, он ба масофаҳои  ҳазорҳо  соли рӯшноӣ паҳн мешавад. Дар натиҷаи чунин таркиши бузург метавонад боз квазарҳои нав пайдо шуда, боз фаъолияти худро идома дода ин равандҳо идома ёфтан гиранд.  Олимон дар чунин ақидаанд, ки дар натиҷаи такроршавии чунин таркишҳо метавонад дар наздикии Низоми офтобии мо квазарҳои нав пайдо шуда, бо қувва ва афканиши бузурги худ онро аз байн барад.  Аммо барои рух додани чунин ҳодиса на камтар аз 15 миллиард сол  лозим аст.  То ҳоло квазарҳое, ки қадри ситорагиашон ба  20m  мерасад , ба  зиёда аз 100 000 адад кашф шудааст.

 Асоев Ҳусейн

ходими хурди илмии Институти астрофизикаи  АМИТ

Манбаъҳои маълумот:

  1. Галактики/ред – сост. В.Г. Сурдин. – М.:ФИЗМАТЛИТ, 2013 – 413 с.
  2. https://ru.wikipedia.org/wiki
  3. http://physics.bsu.by/sites/all/other/astronomy/6-4-quasars.html
  4. Большая энциклопедия астрономии / Сост. Л. А. Феоктистов. — М.: ЗАО «РОСМЭН-ПРЕСС», 2009. — 200 с.
Хондан 1529 маротиба