JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 13 Сентябри 2022 06:05

Тақвими шамсӣ

Муаллиф: Шарипова Н.Т.

  Астрономия аз илмҳои қадимтарин аст, ки дар натиҷаи талаботи моддию маънавии инсоният ба вуҷуд омадааст. Ивазшавии  шабу рӯз, ҳаракати Замин, Моҳу Офтоб, ҳаракати сайёраҳо  дар гумбади ситоразор, тағйирёбии фазаҳои Моҳ, пайдоиши  ситораҳои думдор, ситораҳо, ҳазорҳо воқеаҳои табии олам аз пеши назар гузаштан мегиранд, ки ҳеҷ гоҳ одамонро бетаваҷҷух нагузоштаанд. Одамонро бафикру андеша меоварданд, онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи кашфи ҳодисаҳо  шуда, ҳазор солаҳо аз пайи дастовардҳо, таҳлилу барасии ҳақиқатҳои воқеии ин гумбади  нилгун мешудаанд. Мардум чунин ҳодисаҳои зиёди  табииро мушоҳида намуда ба саволҳои худ ҷавоб меҷустанд. Дар асри бистум радифҳои зиёди маснӯъ, киштиҳои зиёди кайҳонӣ сохта  шуданд, ки инсон  акнун на аз Замин, хонаву ҷойи зист балки аз Кайҳон, дар миёни ҷирмҳои  зиёди осмонӣ моҳову солҳо фаъолият намуда, олами воқеии ситоразорро аз наздик бо нодиртарин асбобу дастгоҳҳои ҳозира таҳқиқ менамояд.

  Нахустин тақвим тақрибан 4000 сол пеш аз милод дар Мисри қадим тартиб дода шуда буд. Он 360 шабонарӯз ва 12 мохро дарбар мегирифт хар як мох 30 рӯз иборат буд. Чаро як сол ба 360 руз баробар буд?

  Гап дар сари он аст, ки зиндагии Мисриёни қадим аз паси деҳқони мегузашт ва ҳар сол оби дарёи Нил баланд шуда, заминҳои атрофро пахш мекард. Онҳо мехостанд, ки бидонанд кай обхезии дарё ба амал меояд ва кишти зироатро оғоз намоянд ва бо мақсади муайян кардани он ба осмони ситоразор муроҷиат мекарданд. Ситораи аз ҳама равшани осмон Баҳромро (Сириус) Мисриён Сотис ё Анибус ва баъзан «Каникула» меномиданд. Зеро бори аввал дар саҳари намудоршавии Баҳром ба саршавии фасли гармо рост меояд. Дар ин фасли сол ба ҳама намуди кор танаффус эълон карда мешуд ва аз ҳамин сабаб ҳам Баҳромро «Каникула» (таътил) номиданд. Аз мушоҳидаҳои бисёр асраи худ Мисриёни қадим маълум намуда буданд, ки баромади нахустини Баҳром дар саҳари ба обхезии дарёи Нил рост меояд ва ин ҳодиса бо тантана қайд карда мешуд. Ба ҳамин тариқ, аз рӯи мушоҳидаи Баҳром муайян карда шуд, ки давомоти сол 360 рӯз аст. Ҳар як моҳ аз се ҳафтаи 10 рӯза ё худ аз шаш ҳафтаи хурди 5 рӯза иборат буд. Юнониҳо он ҳафтаҳоро «бекадаҳо» ва «пентадаҳо» номида буданд. Дарозии давраи эклиптика барои ҳисоби ситораҳои равшани атрофи он ба нишонаҳои махсуси 10 дараҷаи камони тақсим карда шуда буд. Аз ҳамон замон дарозии давра баробари 360 дараҷаи камони қабул шудааст. Дар оянда аз рӯи мушоҳидаҳои Баҳром маълум карда шуда буд, ки давомоти сол ба 360 рӯз баробар набуда, баръакс ба 365 рӯз баробар аст. Фиръавниҳо ҳангоми ба тахт нишастан савганд ёд мекарданд, ки давомоти солро тағийр намедиҳанд. Бинобар он 5 рузи ошкор гардида берун аз моҳҳои 30-рӯза монд ва дар охири сол ҳамчун рӯзи мавлуди худо кайд карда мешуд. Давомоти чунин тақвим ба давомоти соли шамсӣ хело наздик буд. Соли 1866 дар натиҷаи кофтукови археологӣ аз резишгоҳи дарёи Нил тахтасанге ёфт шуд, ки дар рӯи он бо Юнони декретӣ шоҳи Мисри Қадим аз санаи 7 марти соли 238 пеш аз милод сабт шудааст ва мазмуни он чунин аст: аз баски ситораи (Баҳром) дар ҳар як чор сол як рӯз пеш меравад ва идҳое, ки дар тобистон қайд мешавад, дар оянда ба зимистон меояд, пас барои пешгирии он дар соли чорум як рӯз бояд илова намуд.

    Аз ин рӯ барои ба тақвим дохил намудани соли кабиса кушиши зиёд намудаанд ва давомоти солро 365,25 шабонарӯз пешниҳод кардаанд. Мувофиқи маълумотҳо тақвими мазкур аз 10 моҳ ва 304 рӯз иборат буд. Агар нисбати гардиши шабонарӯзи Замин дар атрофии меҳвараш ва ҳаракати солонаи он дар атрофии Офтоб таносубе вуҷуд медошт, он гоҳ ҳисоби рӯз дар давоми сол мушкил намешуд. Аммо давомнокии, соле ки ҳоло мо бо он умр ба сар мебарем (бо саҳеҳи 0,1сония) ба 365,2422руз ва давомноки моҳи моҳтобӣ (моҳи синодӣ) ба 29,5306 рӯз баробар аст. Аз муқоисаи ин ададҳо бар меояд, ки ба давомнокии сол ва дар айни ҳол давомноки моҳи моҳтобӣ ва давомноки шабонарӯз бо ягон адади аниқ яъне на бо ададҳои касрӣ ва на бо ададҳои бутун ифода карда намешавад. Дар асоси ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб ва бо назардошти садҳо фикру ақидаҳои пешниҳодшуда тақвими шамсӣ тартиб дода шуд, ки онро ҳоло тақвими григорионӣ (тақвиме, ки шумо дар даст доред) меноманд. Тақвими мазкурро дар аксарияти давлатҳо аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Чихеле, ки медонем давомнокии соли тропикӣ 365,24220 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Барои ҳамин соли тақвимӣ дар тақвими шамсӣ бояд 365 шабонарӯз – соли оддӣ ё 366 шабонарӯз соли кабисаро ташкил диҳад. Барои давомнокии миёнаи соли тақвимӣ ба давомнокии соли тропикӣ наздик будан зарур аст, ки системаи рӯзҳои кабиса гузошта шаванд. Барои муайян намудани давомнокии соли тропикӣ ҷузъи касрӣ ё касри занчирӣ гузоштан мумкин аст.

     Тақсимоти ин каср дар гузариши марҳилаҳои гуногун мумкин аст, қонунияти баъдиро барои солҳои кабиса бо дурӯстихои гуногун пеш орад, чуноне ки

дар ин ҷо махраҷ миқдори сол дар даври тақвимӣ ва сурат миқдори солҳои кабисаро дар ин тақвим нишон медиҳад. Барои ҳамин давомоти миёнаи соли тақвимӣ дар шабонарӯз дар ин системаи тақвимӣ чунин ба даст меояд:

365, 25000; 365, 24138; 365, 24242; 365, 24219; . . . . .

            Роҳҳои тақвият бахшидан ё мукаммал гардони тақвими юлианӣ якум маротиба набуда тайи садсолаҳо мавриди омӯзиш карор гирифтааст. Тақвими нав аз як тараф бояд дуруст бошад ва аз тарафи дигар аз тақвими юлианӣ фарқияти кам дошта бошад. Дар тақвими григориянӣ қариб ба пурраги солҳои кабиса бе тағйирот гузошта шуда: қонуне ҷори гардида буд, ки бояд солҳои кабисаи асрӣ ба миқдори садсолаҳо ба 4 бебақия тақсим шаванд. Бо ин роҳ аз 400 сол 3 рӯзи зиёдати партофта мешавад ва дар асл даври пурраи таквими григорианӣ 400 солро ташкил медиҳад, аммо давомоти миёнаи он

 

 

   Хатогии як рӯз дар муддати тақрибан 3300 сол гузошта мешавад.

  Гарчанде соли тропикӣ ҳамчун даври гузариши Офтоб байни ду нуқтаи этидол мебошад, пас музокирот барои дурустии тақвим мухтасар нуқтаи эътидоли баҳорӣ гуфта мешавад. Ҳамин тавр талабот ба тақвими шамсӣ он воқеияте мебошад, ки баромади Офтоб дар нуқтаи эъдидоли баҳорӣ аз гузаштани даври тақвимӣ бояд дар як сана рост ояд. Аввалин системаи зам кунии соли кабиса дар чор сол дар тақвими юлианӣ пайдо шудааст. Ҳамин тавр гузариши миёнаи соли тақвими юлианӣ 0,00780 зиёдтар аз соли тропикӣ буд ва дар 128 сол як рӯз хатогӣ зам карда шуда эътидоли баҳорӣ ба зимистон рост меомад. Даври 29 – сола ҳеч вақт истифода нашудааст. Даври 33 – сола аз тарафи Умари Хайём пешниҳод карда шуда асоси тақвими форсиро ташкил медод. Даври 128 – сола аз тарафи Иоганн Медлер дар соли 1864 пешниҳод карда шуда вале дар ягон тақвиме қабул карда нашудааст.

  Дар ибтидо моҳҳо ном надоштанд ва онҳоро рақамҳои тартибии якум, дуюм, сеюм ва ғайра ифода мекарданд. Баъдтар ба баъзеи онҳо номгӯзори намуданд. Масалан, ба моҳи якум гарчанде ки оиди пайдоиши тақвими римӣ маълумоти аниқ нест, вале маълум аст, ки дар замони Ромул тақрибан миёнаҳои қарни VIII - и пеш аз милод, римиҳо аз тақвим истифода мебурданд. Матиус (Марс) ба шарафи худои ҷанг, ба моҳи дуюм Амприлис (Апрел). Ин калима лотини буда, маънояш (Кушодашавӣ) аст, яъне дар ин моҳ ҳарорат баланд мешавад ва муғчаҳои дарахтон шукуфон мешаванд. Моҳи сеюм ба шарафи модари худои Аторуд Майус (Май) ва моҳи чаҳорум ба шарафи худои Осмонӣ Юнон Юниус (Июн) гузошта шудааст. Моҳҳои бокимонда рақамҳои тартибианд: Квантилис - «панҷум», секилис – «шашум», сентембер - «ҳафтум», октобер - «ҳаштум», новембер - «нуҳум», ва десембер - «даҳум».

  Баъдтар римиҳои қадим тақвими қамариро қабул карданд. Дар миёни римиёни қадим ақидае мавҷуд буд, ки гӯё адади тоқ хушбахтӣ меорад. Бинобар ин онҳо ба болои 304 рӯз ба ҷои 50 рӯз 51 рӯз ҷамъ намуда давомоти солро ба 355 рӯз баробар намуданд.

  Дар Бобулистон соли қамарӣ аз 12 моҳ иборат буд. Римиҳо низ ба тақвими худ боз ду моҳи дигарро хамроҳ карданд. Моҳи сездаҳумро ба шарафи худои дуруяи вақт Янус (Январ) ва моҳи дувоздаҳум, ки ба аввали баҳор наздик буд, фебриус (феврал) моҳи тозагӣ ном гузоштанд. Аз 51 рӯз ба тақвим илова карда ду моҳ тартиб додан мушкили буд ва дар тақвими куҳна 6 моҳ 30 рӯзӣ ва 4 моҳ 31 рӯзӣ буд. Аз моҳҳои 30 рӯза як рӯзиро гирифта, ба 51 рӯз боз 6 рӯзро ҷамъ намудаанд. Дар натиҷа ба ҷои 51 рӯз 57 рӯз ҳосил шуд ва ба январ 29 рӯз ва ба феврал 28 тақсим шуд. Ҳамин тавр, дар Рими қадим тақвими 12 моҳаи қамарӣ пайдо шуд. Вале тақвими пайдо шуда ба ивазшавии фаслҳои сол рост намеомад, барои ба аввали баҳор рост омадани он ба тақвими моҳи 22-23 рӯза илова карда мешуд. Ба ғайр аз ин фатводиҳандаҳо бо хоҳиши худ давомоти солро дароз ва ё кутоҳ мекарданд ва дар охир сарусомони тақвим гум шуд. Нависандаи машҳури Франсия Вальтер дар карни XVIII навишта буд: (Сарлашкарони Рим ҳама вақт ғалаба мекарданд, вале онҳо намедонистанд, ки дар кадом рӯз рух додааст). Ба ҳамаи бесарусомониҳо дар тақвим ҷой дошта, танҳо ходими давлатии Рим ва сарлашкар Юлий Сезар соли 46 – и пеш аз милод хотима бахшид. Ӯ борҳо ба Миср, ба Маркази илму маърифат сафарҳо карда буд ва ба тақвими мисриён таваҷҷуҳи зиёде пайдо карда буд. Сезар мехост тақвими мисриёни қадимро дар Рим ҷори кунад.

  Бо ин мақсад як гурӯҳ астраномҳои искандариягиро (Алекскндрия) бо роҳбарии Созиген муттаҳид намуд ва барои тартиб додани тақвим супориш дод. Мақсади ислоҳот аз он иборат буд, ки асоси тақвимро чойивазкунии зоҳирии Офтоб дар байни ситораҳо ташкил кунанд. Давомоти соли тақвимӣ 365,25 шабонарӯз қабул карда шуд ва он ба давомоти соли тропикӣ (шамсӣ) дар он замон муайян карда шуда хело наздик буд. Ғайр аз ин қарор дода шуда буд, ки се сол паси ҳам давомоти соли шамсӣ 365 рӯз қабул карда шавад.

  Соли дароз карда шударо кабиса номиданд, эҳтимол Созиген медонист, ки Ҳипарх тақрибан 75 сол пеш аз рӯи мушоҳидаҳои худ қайд карда буд, ки соли шамсӣ аз астрономӣ андаке (ба 20 дақиқаю 24 сония) кӯтоҳ аст. Шояд аз сабаби ночиз будани он Созиген ба он аҳмият надода бошад. Созиген соли шамсиро ба 12 тақсим намуда, дар онҳо миқдори рӯзҳоро муайян кард ва номҳои қадимаи онҳоро нигоҳ дошт, моҳҳое, ки рақами тартибиашон тоқанд аз 31 рӯз ва моҳҳои рақами тартибиашон ҷуфтанд аз 30 рӯз иборат шудаанд. Вале ба моҳи феврал 29 руз расид ва дар соли кабиса он 30 рӯз мешуд. Ҳамчун моҳи ибтидои сол моҳи январ қабул карда шуд, зеро он аз соли 153 пеш аз милод сар карда консулҳои интихобшудаи Рим аз якуми январ ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ мекарданд. Баъди вафоти Юлий Сезар, хизматҳои уро ба назар гирифта, бо пешниҳоди ходими сиёсии Рим Марк Антоний, соли 44 – и пеш аз милод, ба моҳи Квинтилис (панҷум) номи Юлий Сезар дар моҳи июл ба дунё омада буд. Солшуморӣ аз рӯи тақвими нави шамсӣ, ки номи Юлианиро гирифта буд, аз 1 январи соли 45 – и пеш аз милод шуруъ шуд, мебоист иҷроиши ҳисоби вақт таҳти назорати қатъи гирифта мешуд, вале ин тавр нашуд. Ба мақсади ислоҳоти Созиген бисёриҳо сарфаҳм нарафтанд. Ба ҷои он, ки баъди се сол дар соли чаҳорум ба тақвим якрӯз илова намояд, баръакс баъди ду сол дар соли сеюм як руз илова карданд. Дар натиҷа дар тақвим боз бесомони рух дод ин бесомони танҳо соли 8 пеш аз милод дар замони император Август ошкор карда шуд ва боз ислоҳот талаб мекард. Ислоҳот якчанд сол давом кард ва баъд тақвим мавқеъи пешинаи худро гирифт. Баъд аз ислоҳот Сенат қарор қабул намуд, ки хизматҳои император Августро ба назар гирифта, мохи секистилис (шашум) ба шарафи ӯ дар оянда Август номида шавад. Моҳи Август мувофиқи тақсимоти Созиген 30 рӯз дошт ва дар моҳи июл 31 рӯз буд. Барои он, ки моҳи август ҳам 31 - рӯзи шавад аз моҳи феврал як рӯзро гирифта, ба август ҳамроҳ карданд ва дар моҳи феврал 28 рӯз монд. Се моҳ июл, август ва сентябр паси ҳам 31 рӯзи шудаанд ва ин ба римиҳои қадим маъқул наомад. Бинобар ин аз сентябр як рӯзро ба октябр ва аз ноябр як рӯзро ба декабр ҷамъ карданд. Ҳамин тавр тақсимоти рӯзро дар моҳҳо ва номи моҳҳо то замони мо омада расидаанд. Соли 325 юлиани императори Рим Константин барои барқарор кардани идҳои дини насронӣ анҷумани руҳониёнро даъват карда буд. Дар он вақт эътидоли бахорӣ ба 21 март рост омада буд ва ба ақидаи руҳониёни насронӣ тақвими шамсӣ - юлианӣ аниқ ва лоиқи қабул аст Вале тақвими юлианӣ аз хатогӣ эмин набуд. Баътар маълум шуд, ки вақти баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ бо тақвими юлианӣ мувофиқат намекунад ва баъди 128 сол як рӯз пеш фаро мерасад. Агар соли 325 эътидоли баҳорӣ ба 21 март рост омада бошад, пас баъд аз 128 сол ба 20 март омада буд. Сабаби чунин пешравии соли тақвимӣ нисбати соли шамсӣ дар чист? Чи тавре, ки дар боло қайдкарда шуда буд давомоти соли шамсӣ ба 365,2422 рӯз ва давомоти соли тақвимӣ ба 365,25 рӯз баробар аст. Фарқи байни онҳо дар як сол 0,0078 рӯзро ташкил мекунад. Аз фарқиятҳо дида мешавад, ки соли тақвимӣ дар ҳазор сол ба 7,8 рӯз пеш меравад. Дар нимаи дуюми карни XVI соли таквими ба 10 рӯз пеш омада буд. Дар соли 1582 папаи Рим Григорий 13 баҳри гузаронидани ислоҳот дар тақвими юлианӣ комисияи махсус ташкил намуд ва ба он профессори астрономия ва риёзиёти донишгоҳи Балонӣ И. Данте ҳамроҳ карда шуд. Ба комиссия супориш дода шуд, ки лоиҳаҳои пешниҳод шударо дида бароянд ва агар маъқул нашавад тақвими навро кор карда бароянд. Баъд аз шиносоӣ ба лоиҳаҳои пешниҳод шуда комиссия ба хулоса омад ки лоиҳаҳои матиматик, омӯзгори донишгоҳи шаҳри Перучӣ, Луичи Лилио беҳтарин аст. Ин лоиҳаро папаи Рим қабул намуд ва 24 феврали соли 1582 фармон баровард. Мувофиқи он баъди рӯзи панҷшанбеи 4 октябри соли 1582 рӯзи ҷумъа панҷуми октябр нею 15 октябр ҳисобида шуд. Бо ҳамин фарқияте, ки баъди анҷумани руҳониҳои насронӣ дар тақвими юлианӣ пайдо шуда буд, бартараф карда шуд ва эътидоли баҳорӣ боз ба 21 март рост омад. Тақвими нав номи григорианиро гирифт. Агар дар тақвими юлианӣ аз 400 – сол сад солаш кабиса бошад, дар тақвими григорианӣ 97 – сол соли кабиса гардид. Зеро тақвими куҳна дар 400 – сол тақрибан се рӯз пеш рафт ва барои дар оянда содир нашудани хатогии се рӯзро аз ҳисоб берун сохта, соли кабисаро 97 – сол қабул карданд. Дар тақвими юлианӣ соли кабиса ҳамон сол ба ҳисоб мерафт, ки агар шумораи солҳо ба чор бе бақия тақсим шавад. Масалан, солҳои 1700 – 1996 ва ғайра. Аммо мо дар тақвими нав бошад, солҳои 1700, 1800, 1900, 2100 оддӣ буда, солҳои 1600, 2000, 2400 ва ғайра кабисаанд. Ҳар як навигарие, ки дар илм ва дар ҷамъият пайдо мешавад, ба осони роҳи худро ёфта наметавонанд. Тақвими нави шамсӣ ҳам бо мушкилҳои зиёд дастгири умум гашт. Дар мамоликҳое, ки дини асосиашон католики аст (Франсия, Испания, Португалия, Полша ва ғайра) соли 1582 ҷори шуд. Дар Руссия бошад танҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷорӣ гардад. Умари Хайём яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Форсу – Тоҷик аст. Ӯ натанҳо бо рубоиҳои дилангези худ дар байни оламиён маълуму машҳур гаштааст, балки ҳамчун риёзидон, мунаҷҷим ва файласуфи бузурги асри худ дар Ғарбу Шарқ шуҳрат ёфтааст. Ба шарофати қобилияти баланди худододаш Ӯ ба дарбори султони Салчуқиён, Маликшоҳ даъват карда мешавад. Дар он ҷо Хайём ба омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ, риёзиёт ва ғайра машғул мешавад. Соли 1079 Хайём дар Исфаҳон маркази Маликшоҳ бо ҳамкории ёрдамчиёни худ Расадхони астрономӣ бунёд мекунад, ки дар он замон яке аз калонтарин расадхонаҳо ба шумор мерафт. Расадхона то соли 1092, яъне то аз олам рафтани султон арзи вуҷуд кард. Дар расадхона таҳти роҳбарии Хайём «Зиҷи Маликшоҳ» - и тартиб дода шуд ва як қисми он, тақрибан зиҷи сад ситораҳои равшан, то замони мо омада расидааст. Олими машҳури Осиёи Миёна Абурайҳони Берунӣ қайд намудааст, ки астрономҳои Эрони қадим давомоти соли шамсиро 365 – рӯз қабул намуда, касри он, ки чоряки шабонарӯзиро ташкил мекунад, мепартофтаанд, то ки дар давоми 120 сол як моҳро ташкил кунад ва баъд ба як сол моҳи пурра ҳамроҳ мекарданд. Ғайр аз ин рӯзи якуми соли нав бо рӯзи этидоли баҳорӣ мувофиқат мекард. Вале байни ҳам мувофиқат накардани тақвим ва ҳодисаҳои табиат ба бесомонӣ оварда расонд. Барои ба тартиб овардани тақвим Маликшоҳ комиссияи махсус ташкил намуда, ба он астрономҳо ва матиматикҳои машҳурро ҷалб кард ва роҳбарии камисияро ба уҳдаи Хайём гузошт. Асоси тақвими Хайёмро касри ҳашт тақсими сиюсе ташкил мекунад, яъне дар 33 – сол 8 – сол кабиса буда 25 – сол оддӣ мебошад. Барои он ки дар давоми давраи 33- сола мавқеъи эътидоли баҳори аз нисфи рӯз зиёд тағйир наёбад ҳафт соли кабиса баъд аз се сол дар соли чорум ва як сол баъди чаҳор сол дар соли панҷум қабул карда шуд. Тақвими Хайём ба 365, 24242 рӯз баробар аст. Агар мо онро ба соли шамсӣ муқоиса намоем, пас мебинем ки фарқи байни онхо 1,000022 рӯзро ташкил мекунад. Хатогӣ дар як рӯз дар зарфи 4500 сол пайдо мешавад. Аз ин рӯ тақвими тартибдодаи Хайём аз ҳамаи тақвимҳои шамсӣ мавҷуда, аз он ҷумла нисбати тақвими григорианӣ саҳеҳтарин ба шумор меравад. Комессияи тақвими Умари Хайём ибтидои эътидоли баҳориро мувофиқи тақвими юлианӣ ба давраи 15 марти соли 1079 таъин намуд. Зеро то ба ин давра тақвими юлианӣ тақрибан 6 рӯз пеш рафта буд. Ҳамин тавр, Наврӯз ва эътидоли баҳорӣ ба ҳам оварда шуд ва санаи мазкур ҳамчун милоди Ҷалолиддин қабул шуда буд. Соли тақвимӣ аз 12 моҳ иборат аст. Ними эклиптикаро, аз эътидоли тирамоҳӣ то ба эътидоли баҳорӣ, дар зарфи 179 шабонарӯз ва ними дигари онро аз эътидоли баҳорӣ то ба эътидоли тирамоҳи, дар мудати 186 шабонарӯз тай мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Замин дар атрофии Офтоб номунтазам гардиш мекунад бинобар ин моҳҳои нимаи якуми тақвим дорои 31 рӯзанд ва нимаи дуюми сол дорои 30 рӯзианд. Моҳи охири соли тақвими Исфандармуз дар соли кабиса 30 рӯз мешавад ва дар солҳои оддӣ вай дорои 29 рӯз аст. Аҷоибии дигари моҳҳои форсию тоҷикӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ба бурҷҳои дувоздаҳгона алоқаманданд.Масалан, якуми моҳи Фарвардин аз якуми Ҳамал (бара), якуми моҳи Урдубиҳишт аз якуми Савр (гусола) ва ғайра оғоз меёбад.

  Ҳоло тақвими григорианиро дар аксарияти давлатҳо аз ҷумла дар Ҷумҳурии Точикистон низ истифода мебаранд. Дар таърихи бунёди тақвимҳо ҳиссаи Умари Хайём хело арзанда аст. Тақвиме, ки Ӯ дар замони худ тартиб додааст. Дар давоми 4900 сол тагйироти назарасе аз сар намегузаронад.

  Дар тақвими Хайём давомоти сол ба 365,24242 рӯз баробар аст. Агар мо онро бо соли шамсӣ муқоиса намоем, пас мебинем ки фарқи байни онҳо ҳамаги 0,00022 рӯзро ташкил мекунад. Хатоги дар як рӯз дар зарфи 4500 сол пайдо мешавад. Аз ин рӯ тақвими тартибдодаи Хайём аз ҳама тақвимҳои шамсӣ мавҷуда аз он ҷумла нисбати тақвими григорианӣ саҳеҳтарин ба шумор меравад. Ба андешаи ман Умари Хайём яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи форсу точик аст. Ӯ на танҳо бо рубоиҳои дилангези худ дар байни оламиён маълуму машҳур гаштааст, балки ҳамчун риёзидон, мунаҷҷим ва файласуфи бузурги асри худ дар Ғарбу Шарқ шуҳрат ёфтааст.

Шарипова Н. Т.

Лаборанти калони

Институти астрофизикаи АМИТ

Адабиёт:

  1. С. И. Селешников. «История календаря и хронология», М., «Наука», 1970с.
  2. И. А. Климишин. «Календар и Хронология», М., «Наука», 1981с.
  3. Мачидов Х. Нозимов О. Нучум. Китоби дарси барои синфи 11 – уми макоти тахсилоти умуми. Дунанбе, КММ «Насиба», 152с.
  4. А. П. Клищенко, В. И. Шупляк. Астрономия. Москва 2001с.
Хондан 2246 маротиба