JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, донишманди тоҷик Зафари Мирзоён иштирок намуданд.  Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷанбаҳои хештаншиносӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панҷшанбе, 09 Феврали 2023 10:44

Тарғибгари дастовардҳои олимони тоҷик

 Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби муарриху сертараддуду пуркор Ширин Қурбонова ва рӯзноманигори дақиқбину тозагуфтор Машраби Абдуллоҳ таҳти унвони «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҳаҷми 278 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ интишор гардида, муҳаррири он академики АМИТ Маҳмадюсуф Имомзода мебошад ва ба китоб узви вобастаи АМТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тарқиз навиштааст.

 (Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти ҳунарманди маҳбуби миллӣ, хунёгари асили ватанӣ, устод Чиллахони Хол)

  Аъзои Маҳфили «Ҷаҳони андеша» аз марги бармаҳали овозхони маъруф ва ҳунарманди  асили миллӣ, устод Чиллахони Хол сахт андӯҳгин шуда, ба хешу ақрабо, дӯстону пайвандон, ёрону рафиқон ва алоқамандону ихлосмандони ин шахсияти матраҳи хунёгарии ватанӣ самимона таслият арз мекунад.

  Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброҳимов Холназар дар мавзуи "Саноатикунонии босуръат ва аҳмияти иқтисодию иҷтимоӣ он”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.