JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:23

Асосҳои нанотехнология

  Дар замони муосир нанотехнология дар баробари биотехнология ва технологияи иттилоотӣ яке аз равандҳои ҷадидтарини илми имрўза ба шумор меравад. Ҳарчанд мафҳуми «нанотехнология» дар сарчашма ва адабиётҳои илмӣ ва таълимӣ борҳо ёдрас шуда бошад ҳам, вале то имрўз таърифи ягонаю умумии он вуҷуд надорад. Илми нанотехнологияро ба таври мухтасар чунин шарҳ додан мумкин аст. Нанотехнология - илми муосири фосилавии бунёдӣ, амалӣ ва техникӣ буда, натиҷаҳои ба даст овардаи онро дар равандҳои атомӣ, электронӣ ва молекулавӣ тавассути усулҳои назариявӣ, амалӣ, таҳлил ва синтез, ҷамбаст мекунанд ва дар ҳаёт татбиқ менамоянд. Ё бо ибораи дигар, нанотехнология, ин маҷмўи усулҳое мебошад, ки барои ҳосил, таҳқиқ ва истифодаи маводҳои сохторашон дар сатҳи атомию молекулӣ қарордошта хобида, истифода мешаванд.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:36

Чаро ситораҳо медурахшанд?

  Шабона  ҳангоми ба осмони софу беабр назар намудан, мо шумораи бениҳоят зиёди ситорагонро мебинем, ки бо чашмакзаниву дурахшониашон бо як манзараи тамошобобу дилкаш ва бениҳоят зебо ба ҳар  кас ҳаловат мебахшанд (бо вуҷуди  аз Замин дур  ҷойгир буданашон). Шумораи ситораҳое, ки шабона  дида мешаванд, пеш аз ҳама аз обу ҳаво ва маҳалли ҷойгиршавии мушоҳида вобаста аст.

  Эҳтимол нест, нафаре ки дар кӯдакиаш ба манзараи кафшер нигоҳ накарда бошад, ҳарчанд  бо вуҷуди  маън  намудани  калонсолон. Зеро  шарораи зебое, ки ҳангоми кафшер ба амал меояд  диққати ҳар кӯдакро  ба худаш ҷалб месозад. Пасон, бо гузашти вақт ва ба сиини болиғӣ расидан бе таҷҳизотҳои  ҳимоявӣ  нигоҳ  намудан  ба манзараи кафшер  ва дарки таъсири  манфии он   ба саломатии инсон, аз он ҷумла ба узви босир (чашм) ба амал омадан мегирад. Пеш аз оне, ки сабаби зарари нурҳои  кафшерро  ба шумо бигӯем, каме дар  бораи худи кафшер маълумот медиҳем.  Ба ҳар яки мо  маълум  аст, ки бо ёрии  кафшер  ашёҳоеро,  ки аз  маҷмӯи гуногуни металлҳо  сохта шудаанд, пайваст  ва  ба қисматҳои алоҳида  ҷудо кардан мумкин аст. Инчунин, кафшерро дар ғайриметаллҳо–палсмассаҳо,   дар кулолгарӣ  ва  пайвастнамоии онҳо низ истифода мебаранд.  Дар кафшер  манбаҳои  гуногуни  энергия  истифода бурда мешавад, аз  он  ҷумла камони электрикӣ, ҷараёни электрикӣ, шуълаи газӣ, афканишоти  лазерӣ, нурҳои  электронӣ, соиш ва  ултрасадо.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:40

Барои чӣ барф сафед аст

   Саволеро, ки  дар сарлавҳаи ин мавзуъ мебинед, бисёртар кӯдакон ба он таваҷҷӯҳ доранд ва ҳама  вақт аз  мо суол мекунанд. Албатта  ин хело хуб аст, ки кӯдакони  болаёқат ва кунҷков  ин гуна саволҳои аҷибро  ба мо медиҳанд. Дар асл  ин савол одист, вале  на ҳама вақт мо ҷавобашро медонем. Умуман барои ба ин савол  ҷавоби мушаххас гирифтан ҳатман барои хондани навиштаҳои зер танбалӣ нанамоед.

Ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову  зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро  бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду  дигаре  фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад. Хуллас табиат зебост.